Зуҳур Ёров

   Академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон Зуҳур Ёров соли 1938 дар деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқони асил, котиби ҷамоат, яке аз фаъолони ҳаракати колхозии ноҳия Ёрмуҳаммад таваллуд шудааст. Маълумоти миёнаро дар мактаб-интернати шаҳри Хоруғ гирифта, солҳои 1956-1961 дар факултаи табиатшиносӣ, шӯъбаи геология таҳсил намудааст. Баъди хатми он фаъолияти касбии Зуҳур Ёров ин тавр ҷараён гирифтааст: солҳои 1961-1971 техник-геолог, сардори гурӯҳи (партия) геологӣ, 1971-1975 роҳбари гурӯҳи геологҳои шӯравӣ дар Афғонистон, 1975-1981 роҳбари гурӯҳи ҷустуҷӯӣ-геологӣ дар Управленияи экспедитсияи геологии Помир, 1981 -1997 сардори Иттиҳодияи сангҳои гаронбаҳо ва ороишии Помир (Помиркварцсамосвет)-и Умумииттифоқӣ дар минтақаи Осиёи Миёна, 1996 корманди масъули Кумитаи сангҳои гаронбаҳо ва ороишии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 1997 Зуҳур Ёров боз ба вазифаи пештараи худ сардори Эспедитсияи иктишофии (ковишӣ-геологӣ) геологии Помир – Геологияи тоҷики назди Ҳукумати Тоҷикистон бармегардад.
  Зуҳур Ёров, бешубҳа яке аз беҳтарин мутахассисони соҳаи геология буда, дар тӯли заҳмати зиёда аз 40-солаи хеш, дар рушду нумӯи ин самти муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурӣ нақши пойдор дорад.
  Дониши фаровони ин марди фозил дар бисёр самтҳои илм касро ба ваҷд наоварда наметавонад. Китоби ба тозагӣ рӯи чоп дидаи Зуҳур Ёров достони “Таърихи Сайёра”-ро (Душанбе, 2003) бешак фалсафаи таърихи табиату ҳаёт, ки ба шакли назм баён ёфтааст, номидан ҷоиз аст.
  Дар пешгуфтори ин китоб, ки ба қалами, муаррихи намоёни тоҷик Ҳақназар Назаров тааллуқ дорад омадааст: “Хизматҳои арҷманди Зуҳур Ёрович дар соҳаи геологияи Тоҷикистон хеле пурарзиш аст ва гузоришоти сершумори геологии вай ҳар кадом дорои арзиши муҳими илмӣ мебошанд ва ба пешравии хизмати геологии ҷумҳурӣ мусоидат намудаанд ва онҳо дар бунёдҳои махсус нигаҳдорӣ мешаванд… Вале ҳоло он чи ки моро дар хусуси истеъдод махсуси Зуҳур Ёрович моту мабҳут сохтааст, достони манзуми вайдар бораи пайдоиши замин ва рушду инкишофи он мебошад… Дарриштаи назм тасвир кардани сайри сайёраи Замин як масъалаи мушкил ва мураккаби заминшиносӣ аст, ки аз муаллиф истеъдоди хосамехоҳад… Ба назар мерасад, ки ташаббуси Зуҳур Ёрович дар назми муосири тоҷик як иқдоми бикру тоза мебошад ва аз ҳар ҷиҳатқобили дастгирӣ ва тақдир хоҳад буд”.
  Дар ҳақиқат Зуҳур Ёров муаллифи дахҳо мақолаву гузоришҳоирӯзмарраи илмист. Бесабаб иест, ки ин хизмати илмиашро ба назаргирифта, ӯро бо унвони тахассусии академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон ҷоиз донистаанд.
  Хизмати геологи хизматнишондодаи чумҳурӣ Зуҳур Ёров бо чандин мукофоту ифтихорномаҳои умумиттифоқию чумҳуриявӣ қадрёбӣ шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).
  Зуҳур Ёров дар таърихи 12.05.2020 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Дар сӯги устод Зуҳур Ёров

Бурдӣ ба дил пур ҳамагӣ конӣ ганҷи Ванҷ,
Бо рафтанат устоди азиз гаштаем ба ранҷ.
Моро раҳо намуда, бирафтӣ ба кӯи дӯст,
Эй кони панду маърифати Ванҷи пур зи ганҷ,
Мину муборакат, ба он мулки ҷовидон,
Моем, дар ин саройи вуҷудӣ, дар сипанҷ.
  Ванҷ имсол ҳар лаҳзаву ҳар соат фарзонафарзандон ва абармардони худро дорад, аз даст медиҳад, ашк шабу рӯз аз дидагон ҷорист, чи ғазабе дорад, Худованди меҳрубон бо мо, Худоё, аз ту пӯзиш мехоҳем, моро бибахшо!.  Абдулқодир Алавӣ, 12.05.2020, шаҳри Маскав.

  1. Хабари фавти олиме боз ҳузне дар дилҳо гузошт. Уламо аслан таътили амал надоранд. Чун аз вазифа ба рафти сол канор раванд, то оне тавон дар ҷисм доранд, мушовире, дастгире, ёваре, таълифгару насиҳатгаре боқӣ мемонанд. Фавти эшон дар ҳар овони умр хисора баҳри ҷомеа аст.
    Зуҳур Ёров коршинос, олим, мутахассиси беназири соҳаи геология, академики Академияи муҳандисӣ, мутафаккир, шоир дар тӯли беш аз 40 сол дар ин соҳа хидмат намудааст. Равонатон шод боду хонаи охирататон обод!.

  2. Зухур Еров, устоди бузургвор ва яке донишмандони Осиеи Миена ва хатто СНГ мебошад. Ба синну сол ва саломатиаш нигох накарда то охири умраш дар хизмати халк буд. Хизматхои шоенааш дар васфи халку Ватан абади хоханд монд ва барои наслхои оянда хизмат хоханд кард. Едаш ба хайр бод, чояш чаннат ва макони охираташ обод бод Омин. Алвидоь, алвидоь алвидоь устоди азиз!

Посух додан ба Ашраф Акрам Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.