Зани қаҳрамон

  Ин зан ғайр аз мактаби миёна дар ҷое таҳсил накарда буд. Аз синни ҳаждаҳсолагӣ ба зиндагии мустақил қадам гузошт, дар синни бистунӯҳсолагӣ соҳиби шаш фарзанд буду фарзанди хурдияш, ки боре ҳам рӯи нозанини падарро надидааст, дар батнаш буд. Ҳамсафари зиндагияш, падари ҳафт фарзандаш ӯро танҳо гузошту ин дунёро тарк кард.
  Бори гарони зиндагӣ, кори хонаву саҳро, нигоҳубини он ҳафт тифли ятим, ёфтани хӯроку либос баҳри он тифлакони ҷудо аз падар бар гарданаш бор шуд. Ҳама ин сахтиву машаққат бар дӯши ин зани қаҳрамон буд. Бо ин хама, ба ҳамли бори гарони зиндагӣ хамеша дастархони кушода дошт ва то ҳол нашудааст, ки касе аз хонааш норизо баромада бошад.
  Илми олӣ надошт, аммо фарзандоне ба воя расонд, ки ҳама соҳиби илми олиянд. Хатмкардаи донишгоҳе набуд, вале ин зани қаҳрамони илмдӯст бо вуҷуди ҳама сахтиҳои рӯзгор вақт пайдо карда, китоб мехонд. Ба наберагон ба ҷои афсонахои бофтаю сохтаи бемаънӣ аз қаҳрамону қаҳрамониҳои халқи тоҷик аз китоби “Тоҷикон” қисса мекард. Унвон надорад, вале баробари баъзе олимон дар улуми таъриху шеър дорад.
  Ин зани қаҳрамон, бибиҷонам, маро низ дар тӯли ҳашт сол парваридааст, ин модари меҳрубон, фариштахисол аст. Худованд умри дарозу бобаракат насибат гардонад, дарду ранҷро набиниву ҳамеша шоду сарбаланд, ҳамеша соябони сари фарзандон бошӣ!. Масрури Аъзамшоҳ. 05.11.2020.

Пайнавишт: Абдуллоева Гулнор Муллоевна дар соли 1951 дар деҳаи Мдехарв дар оилаи яке аз афроди донишманду барӯманд, яке аз муаллимони соҳибмаълумоти нахустин Абдуллоев Мулло таваллуд шуда, ба деҳаи Ширговад ба муаллим Дилбаршо Қӯқаншоев (Худованд раҳмату мағфираташон кунад) ба шавҳар ба шавҳар баромада буд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.