Лахш

  Дар деҳаи Лахш наздик ба 30 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Дар деҳа мактаби ибтидоии №42, маркази саломатӣ, як маркази савдо ба мардум хизмат мерасонанд. Аҳолии деҳа дар ҳақиқат меҳнаткашу кишоварз ва боғдори хубе ҳастанд. Заминҳои деҳа бо ду ҷӯйборе, ки аз рӯди (даргов) дараи Вравз сохта оварда шудаанд, обёрӣ мешаванд.
  Лахш зодгоҳи се корманди шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳофизи зиндаёд Абдулло Маҳмадшоев, профессор, таърихнигори шинохта Ҳайдаршо Пирумшоев, рассоми моҳир Салимшо Пирумшоев, инчунин геологи машҳури диёр Ҳомид Хостихудоев ва Аълочии маорифи халқ, устод ва омӯзгори варзида Маҳмадамир Давлатов мебошад. Давлатмир Давлатов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.