Жовуд

  Таърих гувоҳ аст, аммо ҳақиқат нест, то он даме, ки чакидае дар лавҳи дили масокинаш надошта бошад. Чуноне, ки Мавлонои Румӣ бузургворона гуфтааст:
Бишнавед, эй дустон, ин достон,
Худ ҳақиқат шарҳи ҳоли мост, он.
  Вақте ки дурдонаҳои сухан аз таърих оғоз мешавад, албатта, ки моро водор ба донистани гузашта (солҳо, асрҳо) менамояд. Ин таърихи абарқудратҳо ё атиқаҳо нест. Таърихест, ки бунёдаш басо мушкилу ғайриодист. Таърихест, бо хун оғушта!. Таърихест, аз таърихи деҳаи Жовид!.
  Пеш аз оне, ки деҳаи Жовид бигӯем, ҷангали жовид гуфтан айни муддаост. Чунки то омадани бошандагони деҳа ҷангалзор будааст. Ҳоло каме ҳам бошад, мепардозем ба таърихи кӯчаки Жовид.
  Ба қавли пирони кори деҳа ва баёни назарияҳои онҳо Жовид аз ду маҳалла иборат аст: Жовидтаг ва Сари Жовид. Ҳангоме, ки мардуми Жовиди Таг (поён) ба ин маҳалла барои зиндагӣ омаданд,  мардуми Сари Жовид бошандагони маҳаллаи Заг буданд. Ба гуфтаи баъзе пирони солдида мардуми Сари  Жовид аз минтақаҳои Дарвоз (Сағрдашт) ба ин ҷо кӯч баста омадаанд. Аммо дар бораи омадани мардуми Жовиди Таг (Жовидтаг) ягона мадорики аниқу дақиқе, ки баёнгари таърихи ин мардум аст, пшихарвӣ будани онҳост.
  Вале Пшихарв ҳам макони муқимӣ ва аввалинаи онҳо набудааст. Падари ҳамаи пшихарвиёни Жовид – Абдуллобек аз Бухоро буда, як муддат дар аморат боҷу хироҷгири мири Бухоро (дар инҷо мир номаълум аст) дар заминҳои деҳқонии деҳаҳои атроф будааст. Вале бо мурури замон Абдуллобек бо фармони мир ба Ҳисор фиристода мешавад ва чанд муддате дар Ҳисор зиндагӣ карда, дар он ҷо чашм аз олами фонӣ мепӯшад.
  Писарони Абдуллобек – Ғаффор, Шариф ва Довудӣ шояд аз нобасомониҳои замон Ҳисорро тарк карда, ба Дарвоз меоянд ва он ҷоро маҳалли сукунати доимӣ ихтиёр мекунанд. Ғаффор, ки марди тануманду шикорчӣ буд, рӯзе барои сайди нахчир роҳи дараи Курговадиро пеш гирифта, барои қути лоямут меравад. Ба гуфтаи пирони деҳа ҳангоме, ки Ғаффор аз дараи Курговадӣ гузар мекунад, сайде намеёбаду боз роҳи гирифтаи  хешро бо азми қавию ҳаракати ҷасурона давом медиҳад, ки билохира роҳи давомдодааш дар Дараи Пшихарвӣ ба анҷом мерасад.
  Дараи Пшихарвӣ аз ҳама ҷои сернахчир дар минтақаи кӯҳистон ба ҳисоб рафта, ҳамагон борҳо аз сайди нахчираш дар он замон лаззат бурдаанд. Ба гуфтаи халқ “Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем”. Ғаффор ин суханро гуфтаву ба хонааш бармегардад. Ин бозгашти охирин буд, ки ӯ ба Дарвоз рафт. Аз он ҳангом Ғаффор бо панҷ писари хеш – Давлатиёр, Шехабдол, Одина, Маҳмадрасул ва Зулфиқор мулки Дарвозро хайрбод гуфта, ба деҳаи Пшихарв меоянд.
  Муддате дар Пшихарв зиндагӣ кардан барои Ғаффор ва фарзандонаш он қадар лаззатбахш нагузашт. Дар натиҷаи як ҷанги қабилавӣ Ғаффор писари сеюми худ Маҳмадрасулро аз даст медиҳад ва ин зарбаи шадиде буд барои зиндагии минбаъдаи ӯ. Баъди писарро ба хок супурдан маҷбур мешавад, ки ба мири он вақтаи Ванҷ (пирони деҳа номи мирро Зобутшо гуфтанд) барои гирифтани маҳалле ҳадс занад.
  Мири онвақтаи Ванҷ барои додани ҷои зист ба Ғаффор пешниҳоди шартӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар кӯҳҳои Рохарв нахчире ҳаст, ки аз як шохи хеш маҳрум аст ва ҳеҷ кас тобу тавони шикори ӯро дар минтақа надорад. Ғаффор, ки дар он вақт аз қувваи дасту бозуи ҷавонӣ монда буду то андозае аз шикор канорагирӣ карда буд, сирро дар дил ниҳон медораду ба шарти мир розӣ мешавад.
  Ҳангоми  азми шикор шудан, писари калонӣ Давлатиёр милтиқро (пилтакамун) аз дасти падар гирифта, ба ӯ ваъда медиҳад, ки дар муддати ду рӯз аз ӯҳдаи шикори нахчир мебароям. Давлатиё ба ваъдаи хеш вафо карду ду рӯз пас ба хона баргашта, ба падараш Ғаффор мегӯяд, ки рав мирро бигӯ, ки панҷ нафарро равон карда, нахчири мехостаашро биёранд.
  Мир ба шунидани ин сухан бовар намекунад, вале ночор аскарони хешро равон мекунад. “Шунидан кай бувад, монанди дидан”. Муддате пас одамони мир нахчирро ба пешаш ҳозир мекунанд, ки мир аз дидани ин манзара бисёр хушҳол шуда, аз хурсандӣ гашта ба Ғаффор мегӯяд, ки дар водӣ кадом ҷое, ки писандат омад, ҷои иқомат ихтиёр кун. Ғаффор бо писарони хеш дар маҳалҳои Рохарв, пасон дар деҳаи Ширговад ва билохир амри тақдир онҳоро ба Жовид овард, ки он замон ҷангал будааст.
  Ҳоло агар ба хонаҳои аввалин сохтаи Ғаффор ва фарзандҳояш нигарем, ҳама чӯбаш аз дарахти ангет аст, ки ин барои исботи сухани болост. Нахустин шуда хонаи калоне, ки дарозӣ ва паҳноияш 12х12 м аст, месозанд ва пасон барои сохтани замин ба нобуд кардани ҷангал шурӯъ мекунанд. Ҳангоме ки замини аз ҳад зиёди деҳаро  корам мекунанд, барои кишти ғалла дар деҳа об набуд.
  Ғаффор бо фарзандони хеш аз кӯҳҳои деҳаи Потов оҳангсанг оварда, олоти рӯзгорро аз қабили бел, каланд, зоғнӯл, каноҷ ва ғайра месозад. Онҳо ба таври ҳашар ҷӯйбори Жовидро, ки бо номи Ҷӯйбори Пшихарвиё ва ё Ҷӯйбори Шаҳид маълуму машҳур аст, камари ҳиммат мебанданд. Давлатиёр, ки шикорчӣ буд, рӯз то дами шаб барои мардуми ҳашаромада нахчир сайд мекард. Яъне хӯрдондани ҳашариён ба дасти ӯ буд.
  Мардум бо чигина, аспҳо, хар сабад ва барзаговҳо аз Заг ғеш бурида ба нимаи кӯҳ мебаровардан, то ҷӯйбор мустаҳкаму устувор гардад. Дарозии ҷӯйбор 2,5 км буда, бо ин ҳама сахтии замон нигоҳ накарда, онро сохта баровардан, ки ин барои мардуми баъдина як ҳадияи меросӣ ва пурарзиш боқӣ монд, ҳаст ва мемонад. Ҷӯйбор дар байни деҳа ба ду қисми рост, ки онро душохабанга мегӯянд, ҷудо шуд. Аз ин ду қисм якто ба мардуми Сари Жовид ва дигараш ба мардуми Жовиди Таг, ки ҳамин пшихарвиёни номбурда буданд, дода шуд.
  Баъди овардани об поёнтар аз душохабанга осиёб сохтаанд, ки ҳоло бо мурури замон аз кор мондааст. Ҳамин тариқ, насли Ғаффор Жовиди Тагро аз як хоҷагии сохтагӣ ба решаҳои калон ҷудо кард. Ҳоло дар Жовиди Таг, ки бошандагонаш пшихарвимардуманд, 18 хоҷагӣ ва Сари Жовид дорои 32 хоҷагӣ ва маҳаллаи Заг ва Срога (асосан Саровга аст, барои он ки сароб аст ва ба об наздик), ки мардуми таҳҷоии ин маҳаланд дорои 14 хоҷагӣ мебошанд. Шарифҷон Мирзоев. (Расмҳо аз Шарифҷон Мирзоев).

Расмҳои деҳа

1 Назар

  1. Аз тариқе, ки мо шунидем ҷебори Жовуда мири Дарвоз кор карда баровардааст ва дар нахи ҷебор нмад хов каран, чунки селай.

Добавить комментарий для Зухуриддини Нуриддин Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.