Ванҷи бостон, кишварест афсонавӣ… Атвори бошандагони ин миллат чунин аст, ки бо хулқу маниши падида, бо ақлу идроки нек, бо меҳмоннавозию накӯкорӣ қалби ҳар бандаро мусаххар месозад. Оиди тамаддуни ин кишвар рисолаҳои зиёди илмӣ интишор гаштааст.
Дар кушоиши ин муаммо олимон – таърихшиносон, бостоншиносон, сиккашиносон, забоншиносон саҳми босазое гузоштанд. Бозёфт ва истеҳсоли фузулоти ин кишвар, аз ҷумла гудохтани оҳан, истеҳсоли тилло ва қӯрғошим, истеҳсоли лоҷувард ва кварс, истеҳсоли мармару бадахш аз ғановатҳое ба шумор мераванд, ки ҷаҳониёнро шефтаи худ намудаанд. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё ҳамаи масъалаҳои марбути ин диёр ҳалли худро ёфтааст. Таърих гувоҳ аст, ки ин кишвар асрҳо боз мавзӯи баҳсу андешаҳои олимон, сайёҳони дунё, инчунин мутафаккирони олам қарор гирифтааст. Ва боз интизори таҳқиқ, омӯзиш ва бозёфтҳои навин мебошад.
Ориёиён ё худ қавми эронӣ, ки ба сарзамини аслии худ, яъне ба “Иронвич” робитаи махсус доранд, пас аз вуруд ба хоки Эрон бо як ҷасорати комил дар ин марзу бум, сарзамини аслии худ, Иронвичро маскуни озодагони асил номгузорӣ кардаанд.
Дар Авасто роҷеъ ба мавқеияти “Иронвич” чунин омадааст: “Нахустин ҷоеро, ки Аҳурамаздо дар рӯи замин барои сукунат ва ороиши инсон офарид, “Иронвич” буд.” Аз рӯи иқтибоси фавқ маълум мешавад, ки қавми аслии Ориёиҳо ва қавми саккоиҳо ва юзҷҳои қадим, ки мардуми Язғуломи куҳан аз он маншаъ гирифтаанд, нахустин гурӯҳи мардуми ҷаҳон ба шумор мерафтанд, ки пас аз иқомати чандинҳазорсолаи худ дар “Иронвич” аз сабаби обу ҳаво ва ҳамчунин номусоид будани шароити зист барои сукунати доимӣ ба сӯйи сарзамини паҳновар раҳсипар гаштаанд. То билохира, аз роҳи шимолу шарқӣ ва шимолу ғарбӣ ба хоки Эрон ворид шаванд. Дар фасли дуввуми Авасто иллати муҳоҷирати Ориёиёнро аз сардӣ ва номусоидии ҳаво инкор карда мегӯянд: Чун аз салтанати Ҷамшед муддате гузашт, сарзамини “Иронвич” пур аз инсон ва чорпоён шуд, ба тавре ки дигар ҷо барои мондани пой боқӣ намонд. Пас Ҷамшед бо амри Аҳурамаздо ба тарафи ҷануб пеш рафт ва замини тозаро бо говон шухм намуд (шудгор кард) ва барои сукунати инсон ва чорпоён ҷой падидор гашт.
Бояд иброз дошт, ки Ориёиҳо ба мисли аҷдодони чандинҳазорсолаи хеш – язғуломиён ва барздомиён пеш аз ҳама домпарвар, чорводор ва чодарнишин буданд. Вале пас аз ба кишоварзӣ ва шаҳрнишинӣ рӯй овардан, хонаҳои худро аз гилу санг, хишту оҷур, инчунин чапарбофтҳои кэртӣ зиннат медоданд.
Дар китоби муқаддаси “Авасто” ривояте ҳаст, ки аввалин бор хонадони ашрофони Ориёиҳо бо номи Паризата маҳз дар Бохтари қадим подшоҳӣ кардааст, мансубият дошт. Онҳо бо номи Пешдодиён дар асотирҳо ва ҳамосаҳо сабт гаштаанд ва нахустподшоҳи ин салтанат Ҳушанг будааст. Ҳушанг аввалин бор хонасозиро дар олам оғоз карда, мардумро аз шикофи кӯҳҳо ва ғорҳо берун оварда, онҳоро ба зиндагии осуда ва ҷовидона ҳидоят намудааст.
Кишвари авастоии “Нисайа” дар Ванҷи бостон (аз он тарафи Афғонистон), инчунин дар дараи рӯди Мурғоб ба қавли муаррихи рус М.М.Дяконов дар ноҳияи “ Нисайа” Туркманистони имрӯза, дар масири байни Марв ва Бохтар – Балх ҷой доштааст. Сарзамини марказии эрониёни шарқӣ – тоҷикон дар “Авасто” бо номи “Хароуйу-Харайва” вилояти имрӯзаи Ҳирот дар водии рӯди Ҳароруд -Теҷанди Афғонистон ҷойгир будааст.
Дар тамаддуни Ориёӣ фулузоти мухталиф аз қабили тилло (Пири – Сариоби хех, дар Барздоми куҳан), нуқра, биринҷӣ ва мармар (дар Барздом – Барнавад) ва Ванҷи бостон – Даштак мавҷудияти ибодатгоҳҳои хуштарҳ ба мисли (Масҷиди бузурги ҷомеъи Мулло Эмом дар Мотравн), Мазори бузурги Бадри Ато ва Садри Ато дар Поймазори Ванҷи бостон, Мазори подшоҳ – Искандари Зулқарнайн дар Навни Барздом, Мазори Кавсад, дар Жафаг, инчунин дахмаҳо, асбобҳои рӯзгор: рэбаг, пун, дэн, бели чӯбин, дегдон, табарзин, табар, давн, теша, ханҷар, шамшер, асбобҳои ороишӣ: лоҷувард, ақиқ, марҷон, кахч, гэлибанд, калбитс чун шавоҳиди асосии ин тамаддуни ҷаҳонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз маъхазҳо ва ҳафриёти олимон ҳувайдост, ки Кохи шоҳони Ванҷи бостонро қасри пурҳашамате, ки дар рӯ ба рӯйи Гушхун воқеъ аст, зинат медодааст. Дар ин диёр ҳунари оҳангарӣ, оҳангудозӣ, табақтарошӣ, чорводорӣ, хонасозӣ, кишоварзӣ, шикору паҳлавонӣ аз қадимулаём ривоҷ дошт ва онҳо то имрӯз чун рукни азалии родмардони таърих таҷлил мешаванд. Ванҷи бостон, ки дорои таърихи беш аз шашҳазорсола мебошад, майдони фарохи беҳамтои он дар сарнавишти аҷдодони даврони пешин ҷовидон мондааст.
Академик Б.Ғафуров қайд кардааст, ки ҳанӯз дар асри IX пеш аз милод, саргаҳи Язғуломи кӯҳанро родмардони таърих бо меҳнати ҳалол ва пирӯзиашон умри ҷовидона бахшидаанд. Дар тамаддуни Ориёӣ чунин расм ҷорӣ буд, ки аҷдодони Язғуломи куҳан майитро дар ҷое ба хок месупурданд, ки ба манзили зисташон наздик бошад.
Дар тамоми марзҳои Язғуломи куҳан: Мардун, Хававд, Бедон, Эндэрбарг, Жамаг, Зайч, Жафаг, Рағзов, Кавсад, Реғ, Рағҷаг, Пазари ғар, Хэвэскиг, аз ҷумла кӯҳҳои сарбафалаккашидаи ин диёр: Эндэрғаз Мармара, Шобэлойи хағд, Дакинсэдех, Теппаҳои Загао, Хэмбэлхумб, Лалм, Пуст, Тсэлйагравн, Қаторавн ҷасади мурдагонро дар баландиҳои шедҳо (шахҳо), дар ҷойҳои махсус нигоҳ дошта, баъди хушк шудан онҳоро ғундошта ба хок месупориданд. Дар баландиҳои кӯҳу пуштаҳо дафн намудани мурдаҳо чунин маъно дошт, ки дар рисолати дини Ориёиён ё худ қавоидҳои мазҳабии онҳо об, хок, ҳаво, оташ муқаддастарин офаридгори илоҳӣ дониста мешуданд ва палид гардонидани ин чаҳор унсур гуноҳи азим ба шумор мерафт. Бояд зикр кард, ки устухонҳои ҷасадҳо намуди бузург дошта, қавораҳои васеъ, паҳн, сутунмӯҳраҳои солим худ бозгӯи он буд, ки пешгузаштагони мо саккоиҳо ва юзҷҳои қадими Язғуломи бостонӣ нисбати дигар нажодҳои Ирониён солиму бардам, паҳлавону қавипайкар, инчунин ҷасуру ҷанговар буданд. Аз ин рӯ, ин авлодро барои ҳифозати ватан ва бештар баҳри пойгоҳи низомӣ истифода мебурданд.
Қаҳрамонии беҳамто, покизагию озодандешӣ, меҳанпарастию накӯкорӣ, нангу номуси ин миллат, чун маниши Суғдиёни асил, боқӣ хоҳад монд. Чӣ тавре ки қайд гардид, касби асосӣ ва пурифтихори ин миллати Ориёӣ домпарварӣ яъне чорводорӣ ва сумсаворӣ буд. Ин нажод нахустин мардумоне буданд, ки ҷонварони ваҳшӣ аз ҷумла галаи аспону хачирҳо, шеру паланг ва даррандагонро ром карда истифода мебурданд. Дар кору пайкори рӯзмарра хирс, сагҳои азимҷусса чун ёварони асили хонадон барои ҳифозати амволи хона саҳм доштаанд. Говҳои бузургҷусса ва аспҳои ваҳшӣ низ дар хоҷагӣ истифода мешуданд. Сохтани аробаҳо ва чархҳои осиё, пӯшонидани пулу марзаҳо бо анвоъи мухталифи ин хунармандӣ ривоҷ дошт. Онҳо дар замони сукунати аҷдодӣ истеҳсоли фулузотро ба мисли биринҷӣ ва оҳан низ густариш доданд. Дар асри биринҷӣ тилло, мис, қалъагӣ ва омехтаи онҳо барои сохтани баъзе аз афзор истифода мешуд. Ориёиён дар куҷое, ки сукунат дошта бошанд, расму русуми аҷдодонашон, илму фарҳанг, парастиши Осмон, Хуршед, Моҳ, Ситораҳо ва ҷойҳои муқаддасро пос медоштанд.
Дар Авасто роҷеъ ба қавми Ориёӣ омадааст, ки макони аслии ирониён “Иронвич” мебошад. Оиди истгоҳи ин миллат дар байни олимон ва донишмандон ихтилофҳо мавҷуданд. Иддае ин қавмро сокини шимоли Осиё ва Аврупо, дигарон сокини Помир мехонанд. Иддае бар онанд, ки “Иронвич” дар минтақаи хеле сард – яъне қутби Шимол воқеъ будааст. Бархе аз пажӯҳишгарон мепиндоранд, ки Ориёиён дар даштҳои Помир зиндагӣ мекарданд ва дар ҳазорҳои шашуму панҷуми пеш аз мавдули Исои Масеҳ аз зодгоҳи худ ҷудо гашта, ба сӯи Эрону Ҳиндустон рӯй оварда, мардумони таҳҷоии ин кишварҳо шудаанд.
Яке аз рукнҳои асосии тамаддуни Ориёӣ тарзи гузоштани ном ба шумор мерафт. Ин омил дар “Авасто” муфассал инъикос гардидааст, масалан Рохарв, Торгод, Роғ, Жарф, Жамаг, Рованд, Юздом ва Барздом ва ғайра, ки “Авасто” чун қомуси ҷаҳонӣ ва нотакрор ҳазорҳо сол инҷониб анъана бузургиҳои ин тамаддуни бузургро ҳифз карда меояд. Ин китоб аз ибтидо (аз оғози пайдоиши бобои одам – Ванҷа), то интиҳо ҳастии инсонро дар рӯи олам шаҳомат мебахшад ва тамоми рукнҳои асосии зиндагиро дар бар мегирад…
Аз аҷдодони Ориёиёни бузург сакоиҳо ва юзҷҳои қадим шаш ҳазору сад сол муқаддам ба Осиёи Марказӣ сафар намуда, кӯҳистони Тоҷикистони имрӯзаро маркази асосии зиндагии хеш қарор додаанд. Онҳо чорводор буданд ва ҳар шеду марғазорҳоро, ки писандашон мешуд, сукунатгоҳ қарор дода, ба онҳо ном мегузоштанд. Дар китоби муқаддаси “Авасто” ва соири сарчашмаҳои ба тамаддуни Ориёӣ мансуб вожаи Ваҷа, Ванҷа, Ванҷ дар якчанд маъхазҳо такрор ёфта, маънои гуногунро ифода менамояд. Дар “Авасто”-и бузург калимаи Ванҷа аз ду вохиди асосӣ «ван» ва суффикси “ҷ” иборат аст. Дар тафсир калимаи «ван» ба маънои ҷангалзор, буттазор, боғи биҳишт ва бешаи бузургон ёдовар шуда, воҳиди “ҷ” чун суффикси калимасоз истеъмол гардидааст. Ин вожа дар забони язғуломӣ, ки яке аз забонҳои қадимтарини Ориёӣ ба шумор меравад, дар шакли озод дучор мегардад. Масалан дар ибораҳои фразеологии «Ван-а ванег шэ-ту кэхт» – Худованд (туро) ба мисли шохаҳои бед сабзу хуррам ва ҷовидон нигоҳ дорад; «Ду олиму наж манори ханаҷ Ван-а-ванег» – Ҳамоно олим аз хондани зиёд ба мисли шохаҳои бед сарсабз – ҷовидон мондааст.
Дар тафсири дигар омадааст, ки гӯё худованди мутаъол дар таълимоти Ориёӣ Ванҷаро аввалин инсон бо номи Камемард (гилшоҳ, одами хокӣ) ва ҳайвони нахустин Говмата- Говмардро офарид, ки онҳоро худованди бадӣ – Аҳриман дар сини чиҳилсолагӣ ба шаҳодат расонид. Мувофиқи ривояти «Бундаҳишн» ин воқеа шаш ҳазор сол пеш аз таваллуди Зардушт ба вуқӯъ пайваста будааст.
Вожаи «Рохарв» аз ду воҳид – «Рух» ё худ «рохн» – сафед ва «харв» – дарёчаи шӯхи кӯҳӣ шакл гирифтааст. Олимони машҳури соҳаи эроншиносӣ В.А.Абаев, Боголюбов , Л.Г. Герценберг, Р.Х. Додхудоев, А. Хромов, А. Каримов, ки аслан донандагони забони авастоӣ буданд, топонимикаи мазкурро дар чунин маънӣ тафсир кардаанд. Умуман вожаи «Рохарв» авастоӣ буда, дар забони язғуломӣ дар шакли озод, бетағйир мондааст, чунончӣ: Мох да Рехарв бадэм – Мо ба Рохарв меравем.
Агар ба таърихи дуру дарози вожаи авастоӣ, ки дар забонҳо ва лаҳҷаҳои гурӯҳи эронӣ мавҷуданд, назар афканем, бармеояд, ки баъзе аз топонимҳо дар тӯли асрҳо тағйир ёфта, маънои аслии хешро аз даст додаанд. Вале шарҳи баъзе аз он маводҳоро ёдовар шудан ҷоиз аст. Масалан, топонимикаи «Вахк» – ба маънии хушк, манзили беоб, қариб дар тамоми забонҳо ва лаҳҷаҳои ҷануб истеъмол ёфтааст. Вале шарҳи этимологии ин калима танҳо бо забони суғдӣ – язғуломӣ мансуб мебошад: «Вахкхарву мамлакати ободта, хех-ай на йаст» – Вишхарв мамлакати хеле обод аст, вале об надорад. Лаҳҷаи Дарвоз: «Ай дэруни Вишхарвак рафтэму ҳэзум кашим»; Лаҳҷаи Ванҷ: «Ага Вишхарв обод гара, змину замона ғалла зер мекэна».
Чӣ тавре ки қайд шуд, басти дуюми калима – «харв» маънои дарёро дошта, дар тамоми забонҳо ва лаҳҷаҳои ҷанубӣ истеъмол гардидааст, ки таърихи пайдоишаш суғдӣ-язғуломӣ мебошад. Яке аз асосгузорони илми эроншиносӣ И.И.Зарубин дар сарахбори асараш қайд карда буд, ки дар Ванҷи бостон (дар Ванҷи боло) забоне вуҷуд дорад, ки ба яке аз забонҳои суғдӣ – авастоӣ шабоҳат дорад ва ӯ аз ин забон 34 калимаи суғдиро сабт карда, ки дорои қимати бузурги илмӣ мебошанд, монанди: шинсад, Мардун, Хававд, Бебон, Астур, Эндербаг, Жамаг, Зайч, жафаг. Тсатсерн, Тсэрадиг, Бэгур, Рагзов, Пэскарав, Рагчаг ва ғайра.
Дар шароити кунунӣ ин забон аз байн рафта, танҳо баъзе калимаҳо ва номҳои қадимаи ҷуғгрофӣ боқӣ мондаанд, ки аз тамаддуни чандинҳазорсолаи аҷдодони саккоиҳо аз юзҷҳои қадим дарак медиҳанд. Дар забони язғуломӣ калимаи «васк», «варз», «барз», «бурз», «баг», «багн», ки аслан вожаҳои суғдианд, маънои баланд, баландӣ, баландгустар, баландмақом ва ғайраро дороанд. Ин калима дар тадқиқоти олими забардасти рус М.А. Розенфельд, ки муҳаққиқи яке аз забонҳои гурӯҳи эронии Ванҷи бостон мебошад, зикр гардидааст. Муаллиф қисмати аввали калимаро, ки аслан язғуломӣ буда, (васк) маънои баландиро дорад, иштибоҳан ба токи ангур шабоҳат медиҳад, ки хатои маҳз аст. Аз рӯи маълумоти маъхазҳо ин калима на танҳо дар Эрони бостон, балки дар дигар кишварҳои ҳамсоя низ дучор мегардад, ки маънои “кӯҳи баландро” –ро дорад. Дар дастуре, ки ба забонҳои авастоӣ ва паҳлавӣ мансуб шудааст, ин калима дар забони қадимаи эронӣ дар шакли “Харбуз” маъно дошт, ки ин ном дар забони қадимаи эронӣ дар шакли “Гарбараза” сабт гардидааст. Чунонки калимаҳои авастоии «ғайра», суғдии «ғар», язғуломӣ – «ғар», шуғнонӣ – «жир», рӯшонӣ – «жер», забони арманӣ – «кара», забони русӣ – «гара» маънои кӯҳро доранд. Масалан: язғуломии «Хэдованд шэту гар-гэрбант» – Худованд туро санг гардонад. «Мох-и херай ғарчуги халай» – шаҳри мо пур аз кӯҳсор аст (фразеология).
Мувофиқи эътирофи донишмандон дар забони қадими Эрон воҳиди “ғайра” маънои кӯҳро ифода менамуд. Ҳамин калима дар забонҳои имрӯзаи эронӣ аз қабили пушту, язғуломӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, ваххонӣ, яғнобӣ дар шакли «ғар» ва «жер», арманӣ – «кара» дар истеъмол аст. Калимаи русии «гора» бо воҳидҳои зикршуда қаробати таърихӣ дорад.
Ҷузъи дуюми ин ном – «бурз» дар “Авасто” ба маънои «бараз», дар суғдӣ ва язғуломӣ дар сурати «варз», «барз» истеъмол гардидааст. Воҳиди аввали ҷузъи Барздом низ аз ҳамин калима таркиб ёфтааст. Чӣ тавре ки қайд кардем, шарҳу эзоҳи ҳар топоним аз рӯи қонуни этимологӣ ва аз рӯи заминаи забонҳои эронӣ бо далелҳои боэътимод, балки таърихию лингвистӣ собит карда шудаанд. Дар даврони пешин кишвари Арманро «Карастана» меномиданд, ки ин вожа таърихи кӯҳистони тоҷиконро мемонад.
Язғуломи бостонӣ мисли дигар мукнатҳои аҷдодони Ориёӣ дар сохтани манзилу сукунатгоҳ беназир аст. Ин аст, ки дар тӯли таърих ин падида думбол мегирад. Дар забони язғуломӣ хонаро “куд”, «кад», шуғнонӣ – «чид», ванҷӣ – «кад», «кадак» мегӯянд. Даромади хона бо даҳлез оғоз меёбад, ки аз ду тарафаш бо манораҳои баланд зинат ёфтааст. Дарвозаи хонаро «дэвур», язғуломӣ – «дэвур», шуғнонӣ «дэву», рӯшонӣ – «дэвур», яғнобӣ – «дэву» мегӯянд. Даромади он аз «падан» оғоз ёфта, пушти дарро «конҷ» гӯянд, ки сирф авастоӣ мебошанд. Калимаи «зэрхана» – яъне ба номи «зархона» ё худ «зэрхона», «зерихона» маҳфуз аст, ки дар “Авасто” онро «зирахина»-маскани чавоҳирот гӯянд. Суфраҳои баланд ва базебе, ки бо чӯбҳои нақшин оро дода шудаанд, дар забони язғуломӣ – «санҷ», авастоӣ – «санҷа», рӯшонӣ, шуғнонӣ – «санҷа» ва лаҳҷаи Ванҷ «санҷ» гӯянд. Вожаи «рэҷон» – равзан дар забони язғуломӣ «рэҷон», рӯшонӣ – «руз», «гэлруз» – равзани хона бошад, ки дар «Бундаҳишн» ин калима ҳамчун равзана ёд мешавад. Калимаи «марза» аслан авастоист ва дар забони язғуломӣ – номи чӯбест, ки аз байни хона гузашта самти биноро ба ду таксим месозад. Калимаи «раж» – тахте, ки ҷои меҳмонон бошад, дар Авасто бо унвони «ража» маҳфуз аст. Ин вожа ба тағйироти фонетикӣ дучор гардида, мисли калимаи «фэрғемч» – ҳайвони бокира (бузу гӯсфандро дар назар дорад) маълум аст.
Дар фарҷом бояд иброз дошт, ки масъалаи пажӯҳиши робита ва хешигарии забонҳои гурӯҳи эронӣ аз ҷумла авастоӣ, суғдӣ, саккоӣ ва юзҷҳои қадим, ки ҳазорҳо сол ин ҷониб дар гӯишу дар зиндагии мардум нақш баста, то имрӯз дар забони мардум ҷовидон мондаанд ва эҳё намудани ганҷинаҳои нотакрори забони ниёгони мо вазифаи аввалиндараҷаи олимони соҳаи эроншиносӣ маҳсуб мегардад.
Вожаҳои калидӣ: Авасто, Ванҷи бостон, тамаддуни Ориёӣ, Язғулом, саккоиҳо, юзҷҳои қадим, Иронвич, забони авастоӣ, забонҳо ва лаҳҷаҳои гурӯҳи эронӣ.
Исмоил Раҳимӣ – профессори ДДҲБСТ; Гулбаҳор Шералишоева – сармуаллимаи кафедраи Забонҳои тоҷикӣ ва арабии ДДҲБСТ.
АДАБИЁТ:
1. Абаев В.И. Историко – этимологический словарь осетинского языка. Т II.
Издательство «Наука», Ленинградское отделение, 1973, – 448с.
2. Додихудоев Р.Х., Герценберг Л.Г. Таърихи забони тоҷикӣ.- Душанбе,
«Маориф», 1988, 215с.
3. Гафуров Б.Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история.
М.,1972
4. Соколов С.Н. Язык Авесты – Основы иранского языкознания.
Древнеиранские языки. М., с. 129-233.
5. Карамшоев Д. Шугнанско – русский, словарь. Том 3,- М., издательство
«Восточная литература» РАН, 1997.- 568с.
6. Аҳмади Тафаззулӣ. Корномаи Ардашери Бобакон.-Теҳрон, 1325, с.12
И. Раҳимӣ, Шералишоева Г.
Древний Вандж – Колыбель арийской цивилизации
В статье на основании анализа наиболее древнего пласта слов, до настоящего
времени употребляемого населением Ванджа – одного из районов Памира,
доказывается положение о том, что эта историческая область также является
колыбелью арийской цивилизации.
I.Rahimi, Sheralishoeva G.
Ancient Vanj- The Cradle Of Arian Civilization
On the basis of analyses of the ancient words layers till nowadays used by the population of Vanj- one of the Pamir’s districts, is proved that this historical place is the cradle of arian civilization.
Таьрихи кухистони Бадахшон бояд хар чи бештар омухта шавад ва акнун навбати фарзандони ин диер расидааст ки ин рисолатро ба чо оваранд. Офарин.
Дар ҳақиқат устод Исмоил Раҳимӣ дар рушду нумуи забони язгуломӣ ва ҳамаи забонҳои Бадахшон саҳми арзандаe дорад.
Устод Раҳими барои мардуми Язгулом бисёр хизмати бузург кардааст ва таърихи ин диёри куҳанро хуб омухтааст офарин Устод!