Бобоназар Сайёрабеков дар деҳаи Ванан таваллуд шуда ва ба воя расида, маълумоти миёнаро дар деҳа ва мактаб-интернати ноҳия гирифтааст. Баъди итмоми мактаби миёна ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, онро бо ихтисоси физик-математик хатм кардааст. Бобоназар дар он давра яке аз паҳлавонони номии донишгоҳ ҳисоб меёфт.
Баъди хатми донишгоҳ ба мактаб-интернати Ҳисор роҳхат гирифта, дар он ҷо ба омӯзгорӣ машғул шуд. Аз тарафи раёсати маориф ба ӯ дар деҳаи Қипчоқи дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор хонаи истиқоматӣ доданд. Вай дар он ҷо бо Гулназира, ки аз тотордухтарҳои Регар буд, ошно шуда, оила барпо карданд ва онҳо ҳоло соҳиби се фарзанд мебошанд. Вай ҳамчунин дар шаҳри Регар дар хона бино кард.
Баъд аз кашмакашҳои солҳои навадуми асри бистум хонаро фурӯхта, ба шаҳри Душанбе кӯчид. Баъдан бо аҳли хонавода ба кишвари Русия кӯчида, ҳоло дар он ҷо зиндагӣ дорад. Шаҳрванди Русия ва соҳиби се писар мебошад. Шоҳин Абдуллоев.
Назари хешро иброз кунед