Баҳриддин Хоҷаев

  Баҳриддин Хоҷаев зодаи деҳаи овозадори Поймазор буда, 14 майи соли 1981 дар оилаи родмарди диёр Маҳмуди Хоҷа ба дунё омадааст. Маълумоти асосиро дар деҳа гирифта, мактаби миёнаро дар деҳаи Ванван хатм намудааст. Яке аз беҳтарин ва хонандагони аълохони мактаб буда, устодони ин макотиб то имрӯз аз ӯ таърифу тамҷид мекунанд.
  Натиҷа донишандӯзии хуб буд, ки пас за хатми мактаб бо дониши хеш ба Факулати электроника ва радиофизикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуд. Аммо, мутаассифона, пас аз ду соли таҳсил шароит ӯро иҷбор кард, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари Русистон равад ва мисли садҳо ҳамватан барои муддати тӯлонӣ дар он ҷо монад.
  Баҳриддин нуздаҳ сол аст, ки дар мулки ғариб ба сар мебарад. Дар тӯли ин солҳо азобу уқубати зиёди муҳоҷиратро паси сар намудааст. Сарфи назар аз ин, ки барои зист ва таъмини хонавода дар шаҳри Маскав соатҳои тӯлонӣ машғули кор аст, аз илму фарҳанг баид набуда, омӯзишу мутолиа дорад.
  Баҳриддин Хоҷаев хешро дар миёни ҳамдиёру ҳаммеҳанон дар мулки ғариб ҳамчун як ҷавонмарди бо илму фарҳанг, соҳиби адабу ахлоқи некӯ, ҳалиму саховатманд муаррифӣ карда, эътибору обрӯ касб кардааст. Дар нисбати дигарон бетафовут набуда, дар ғаму шодӣ, мусибату хурсандии ҳаммеҳанон шарик аст. Дар аъмоли хайр, кӯмаку имдоди корафтодагону дармондагон фаъолона ширкат мекунад ва худ яке аз ташаббускорон дар адои ин аъмол мебошад.
  Баҳриддин ҳамчун як фарди фарҳангӣ дар тарғиби илму фарҳанг саҳим аст. Шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз майдони фаъолиятҳои иртиботию илмию фарҳангӣ гаштаанд ва Баҳриддин яке аз ташвиқотгарони фаъоли илму фарҳанги миллӣ буда, ҳазорон нафар аз коштаҳои ӯ ғизои маънавӣ мегиранд.

  1. Уро хуб мешиносам. Додари Хилватшои Маҳмуд аст ва дар мактаби миёна ва ҳам дар оила аз ин шермард дарси адабу фарҳанг омӯхтааст

  2. Ман бисёр хурсандам,ки ҷурай хуб дорам ва чорабиние шавад дар шаҳри Москва ҳатман ҳамроҳ сӯҳбат мекунем, сиҳату саломату сарбаланд боши Баҳриддинбой!.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.