Бахтиёр Шоҳкаримов

  Афрод ба ҳар навъ ному эътибор ба даст меоранд. Яке бо адои аъмоли нек маъруф ва дигаре бо бадкорӣ машҳур мегардад. Албатта, шӯҳрати мусбӣ сабаби иззату обрӯи одамӣ ва шӯҳраи манфӣ мӯҷиби бадии номи инсонӣ мешавад.
  Бахтиёр Шоҳкаримов фарде ба илму тақво дар диёр номвар аст. Бо одобу кирдори некӯи инсонӣ дар зодгоҳ соҳиби иззату эҳтиром аст. Ӯ аз наберагони устои моҳиру номдори диёр Усто Шоҳкарим мебошад.
  Шокаримов Бахтиёр Нурулхонович 15 январи соли 1977 дар шаҳраки Рохарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Соли 1984 ба мактаби миёнаи №4-и ба номи Юсуф Қудратов барои таҳсил рафта, онро соли 1994 бо муваффақият хатм намуд.
  Моҳи ноябри соли 1998 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои хизмат рафта, соли 2000 хизмати ҳарбиро адо кард. Соли 2003 ба Факултаи механика-риёзиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2008 хатм намуд. Бахтиёр Шоҳкаримов аз соли 2018 ҳамчун сармуҳосиб кор ва фаъолият дорад.
  Бахтиёр ҳамчунин улуми шаръиро омӯхтааст ва ҳамчун шахси олиму шоиста аз ҷонби ҷамоати масҷид ба ҳайси имом пазируфта шуда, анқариби бист сол имоми панҷвақтаи масҷиди марказии ноҳия буд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.