Солҳои аввали донишҷӯӣ. Ҳангоми шиносоӣ ҳамдарсон чун мефаҳмиданд, ки аз Ванҷем, даррав номи касе аз ҳамдиёрони мо, ки бо амри тақдир дар диёри онҳо кору фаъолият намудааст, ба некӣ ба забон меоварданд, бахусус агар он шахс омӯзгор мебуд. Намедонам, шояд ин ифодагари хиради азалии мардуми боилму бофарҳанг, хушрафтору хушмуомилаи мо бошад, ки соҳиби эҳтироми хоссае дар кишвар гаштаем. Ба ҳар ҳол, ин боиси ифтихору сарбаландии банда ва ба андешаи ман ҳамдиёрон ҳам аст.
Ду се сол пеш дар деҳаамон маъракае буду устодро дар сӯҳбат бо сардухтури ҷамоати Водхуд, хоҳари мушфиқу меҳрубон Рухшона, ки зодаи деҳаи Хоҷа Қатаған (ҳоло Зарафшон)-и шаҳри Ваҳдат ва хатмкардаи Донишгоҳи тибии пойтахти кишвар, ки бо амри тақдир ба ҳамдарсаш, ҳамдиёри мо ба шавҳар баромадааст, дарёфт карда будам. Чун фаҳмидам, ки Рухшона шогирдаш ҳаст, ба устод барои тарбияи чунин шогирдон таҳсин хондам. Муаллим изҳор карданд: – “Давлатмир амак, зиёда аз 20 нафар шогирдонам мисли Рухшона Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Синоро хатм намудаанд ва бо арзи эҳтиром доимо аз ман хабар мегиранду доимо дар хизмати бандаанд”.
Пас месазад бо чунин ҳамдиёрон дар ҳақиқат ифтихор кард. Ин шахсият. ҳамдиёри мо яке аз устодони маъруфи фанни химия, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ, дорандаи чандин мукофотҳо, ифтихорномаҳои раёсати маорифи ноҳияҳои Куйбишев (А.Ҷомӣ) ва шаҳри Ваҳдат, дорандаи тахассуси дараҷаи олии омӯзгорӣ, марди соҳибэҳтиром, Аҳмад Нозимов (1944-2018) мебошанд.
Амаки Аҳмад зодаи минтақаи Баравни Тори деҳаи Баравни Водхуд буда, таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби деҳа мегирад. Маълумоти миёнаро дар мактаби миенаи №4-и маркази ноҳия гирифтааст. Маҳз дар ин даргоҳи маърифат меҳри илми химияро дар ӯ устодаш, яке аз омӯзгорони номдори ҷумҳурӣ Анвар Давлатов бедор намудааст.
Соли 1961 баъди хатми мактаби миёна бо тавсияи устодаш ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи химияи Институти педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОД ба номи С.Айнӣ) супурда, ин даргоҳро 1966 бо муваффақият хатм мекунад. Бо роҳхати Вазорати маорифи кишвар ба ноҳияи Куйбишев (ҳоло А.Ҷомӣ) фиристода мешавад. Баъди чанд соле ба шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат), деҳаи Хоҷа Қатаған кӯчида, дар онҷо ба кори омӯзгорӣ идома медиҳад.
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту якест, ҳазор гардад.
Дар тӯли тамоми фаълияти омӯзгорияш устод Аҳмад Нозимов сарварии Иттиҳодияи муаллимони химияи мактаб ва ноҳия, сарвари семинарҳои омӯзгорони фанни химияи шаҳри Ваҳдат ва яке аз беҳтарин омӯзгорони фанни мазкур дар ҷумҳурӣ мансуб мешуданд. Шогирдонаш дар озмунҳои фаннӣ дар шаҳр ва ҷумҳурӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд. Ӯро дар саросари шаҳру ноҳияи Ваҳдат мешинохтанду эҳтиромаш мекарданд ва бо некӣ то кунун номашро ба забон мегиранд.
Фарзандонаш соҳиби иззату эҳтироми ҳамсоягону ҳамдиёронанд. Аз меҳмоннавозию меҳмондории ин марди шариф аз ҳамдеҳагонаш бисёр шунидаам. Ёдат ба хайр, устод ва марди накӯном!. Давлатмир Юнусзода.
Назари хешро иброз кунед