Амоншо Палавонов

Рӯзгоре барои ибрат
Сухане чанд дар ҳошияи ҷашни нимасраи инсони наҷиб, олиму омӯзгори асил ва шахсияти шинохта Амоншо Палавонов

Ҳар фард, ки ҷон ба ҷони кишвар монад,
Тоҷи шарафаш замона бар сар монад.

  Инсони равшанзамиру поктинат ва марди соҳибмаърифат ба чароғе монанд аст, ки дар зулмоти шаб нур бахшида, ба дили кас аз фардои дурахшону нуронӣ умеде эҳдо менамояд. Ин тоифа шахсиятҳои нексиришт дуруст зиндагӣ карданро рисолати аслии хеш дониста, дар ҳар ҷодае, ки маҷрои зиндагӣ онҳоро ба пайкору талош равона мекунад, фазилатҳои бузурги инсониро фаромӯш намесозанд. Агар чунин шахсиятҳо касби омӯзгориро пешаи хеш карда бошанд, пас бемуболиға метавон гуфт, ки эшон пайрав ва меросбарони паёмбаронанд, зеро паёмбарон низ чун муаллим зуҳур кардаву ҳидояткунандаи роҳи дурусти одамон буданд.

  Дар он рӯзе, ки бо ҳам омада фарзонаву фозил,
  Фаромӯшам нагардад суҳбати арбоби дарёдил.
  Дар он ҷое, ки мардум баҳри ободӣ фидокор аст,
  Дар он ҷое, ки чашму ақлу дил пайваста бедор аст.

  Идомаи сухани мо намунаест аз рӯзгори инсони баргузида ва омӯзгори ботаҷриба, марди сарсупурдаю фидоии касби хеш ва инсони ниҳоят хоксору заминӣ, номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони   кафедраи психология ва сотсиологияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Палавонов Амоншо Муминович, ки зиёда аз 30-соли умри пурбаракати хешро сарфи кори мактабу маориф кардааст.
  Камина муддати тӯлонист, ки бо ин шахсияти равшанзамир аз наздик шиносоӣ дорам. Агарчи ин муддати хело ночиз аст, аммо банда тайи гузашти ин фурсати андак дарк намудам, ки зиндагӣ, кору фаъолият ва хислату рафтори Палавонов Амоншо Муминович худ як мактаби бузурги ибрат ва омӯзгорӣ, пажӯҳишгарӣ ва одамгарию инсонпарварӣ мебошад, аз ин рӯ мехостем як лаҳзае бошад ҳам  онро  дар арафаи ҷашни нимасраи умри пурбаракаташ онро варақгардон намоем.
  Агар мо дар бобати муваффақиятҳои омӯзгорӣ, илмӣ ва пажӯҳишгарии устоди азизу гиромӣ Палавонов Амоншо Муминович сухан ронем, зарурати навиштани сафҳаҳои зиёд пеш меояд. Ин ҷо банда то андозае ва ба қадри имкон дар ин матлаб андешаҳои худро атрофи наҷибтарин хислатҳои ин марди соҳибхирад, донишманд ва хеле хоксору заминӣ рӯйи авроқ овардам.
  Палавонов Амоншо Муминович 15-уми баҳманмоҳи (феврали) соли 1975 дар деҳаи хушбоду ҳаво ва басо ҳам зебоманзари Удоби ноҳияи Ванҷ, дар хонаводаи муаллими мактаби миёна чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падари бузургворашон, муаллими шинохта ва инсони донишманду соҳибмаърифат ва зодаву парвардаи кӯҳсорони баланди сар ба афлок кашида Палавонов Муминшо на танҳо омӯзгори фарҳехта, балки чун шахси ободкор, роҳбари адолатпешаю ҳақиқатҷӯй ва боғбони номӣ маъруф буда, шогирдони зиёде аз дасти ӯ таълим гирифта, шинохтаи диёру меҳан гаштаанд.Ва инчунин себу ноки боғаш коми инсонҳои зиёдеро шодоб кардааст.Ба гуфти шоир шаҳири музофотӣ, зиндаёд Шариф Исматӣ:

  Омадам бар деҳаат, дил аз само ахтар гирифт,
  Себи хубонию карлӣ лаззати шакар гирифт…
  Дар Удобат худ чу дидам, хоки зархезат зарин,
  Ганҷи Ванҷу ранҷу заҳматҳои ту чун ангубин…

  Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро мавсуф дар дабистони зодгоҳаш деҳаи Удоб гирифта, дар аксари озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ ва вилоятӣ аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва таърихи халқи тоҷик ҷойҳои аввал ва намоёнро ишғол намудааст.
  Мавсуф мактаби миёнаи №14-и деҳаи Удобро соли 1992 бомуваффақият хатм намуда, ба маркази вилоят, шаҳри Хоруғ ба мақсади идома додани таҳсил рӯ овардааст. Соли 1992 ба Донишгоҳи давлати Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев дохил шуда, соли 1997 онро бо ихтисоси муаллими фанҳои таърих ва ҷамъиятшиносӣ бомуваффақият хатм кардааст.
  Ба амри тақдир даврони донишҷӯияш ба замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад, аммо номбурда ба мушкилоти он замон нигоҳ накарда, ҷасорат, нангу номус ва ҳисси масъулияту ҷавонмардии ин инсони наҷиб нагузоштанд, ки ӯ тарки илму тадрис кунад.
  Солҳои 1996 — 2004 дар зодгоҳи хеш деҳаи Удоб дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и ноҳияи Ванҷ ба кори пурмасъули омӯзгорӣ оғоз кардааст. Барои тарбияи дурусти шогирдон ва меҳнати фидокоронаи чамъиятӣ соли 2004 ба дараҷаи тахассуси 1-уми педагогӣ мушарраф гардидааст.
  Лозим ба тазаккур аст, ки Амоншо Палавонов бинобар иваз кардани ҷойи истиқоматаш фаъолияти омӯзгориашро солҳои 2004-2019 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №32, №66, №67-и шаҳри Душанбе идома бахшидааст. Соли 2009 барои кори пурмаҳсул ва омода намудани шогирдони беҳтарин аз тарафи Шуъбаи маорифи ноҳияи Сино ба дараҷаи тахассусии олӣ расидааст. Аз моҳи сентябри соли 2019 то соли 2022 дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ҳамчун муаллими фанҳои таърих ва ҷомеашиносӣ кору фаъолият намудааст. Барои фаъолияти бенуқсон, тарбияи шогирдони баркамол ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ моҳи ноябри соли 2021 бо унвони муаллими калон мушарраф гардонида шудааст.
  Аз соли 2022 то инҷониб ба сифати муаллими калони кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои омӯзгорӣ, илмӣ ва таҳқиқотӣ машғул мебошад.
  Палавонов Амоншо Муминович солҳои 1920-1923 ба сифати унвонҷӯ дар шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ — педагогии Пажӯҳишгоҳи  рушди  маорифи  Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  таҳсил намудааст. Мавзуи рисолаи номзадиаш: “Баландбардории самаранокии таълими  фанни таърихи халқи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифодаи технологияҳои  муосири инноватсионӣ”, ки дар Шурои олимони Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  таҳти № 08 аз санаи 30.09.2020 тасдиқ  гардидааст. Фаъолияти илмию таҳқиқотиро вобаста ба мавзуи кори илмиаш мураттаб сохта, ҳамзамон корро дар асоси талаботи таҳқиқоти муосири илмӣ ба роҳ мондаааст.
  Палавонов Амоншо Муминович 22-юми ноябри соли 2024 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-023-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Баланбардории самаранокии фанни таърихи халқи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар асоси технологияҳои муосири инноватсионӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.05 — Назария ва методикаи фанҳои ҷамъиятӣ (таҳсилоти миёнаи умумӣ)) таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Иматзода Лутфия Маҳмадулло бомуваффақият ҳимоя намудааст.
  Баҳри амалӣ кардани таҳқиқоти илмӣ — инфиродиаш кӯшиш менамояд, ки асосҳои илмию  методии таълимоти муосирро дар пажуҳиши худ истифода бурда, инчунин таҳқиқоти судманд анҷом диҳад.
  Палавонов Амоншо Муминович пайваста аз пешравӣ ва дигаргуниҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва ҷаҳони муосир шинос гашта, фаъолияташро бо ҳаёти имрӯза мувофиқ кунонида, ҳамаҷониба кӯшиш менамояд, ки дарсҳояшро шавқовару пурмаҳсул ташкил намуда, шогирдони беҳтарин ва барои давлат ва ҷомеа даркориро тарбия намояд.Палавонов Амоншо Муминович ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорати касбӣ, омода намудани маводҳои аёнӣ, истифодаи шабакаи умумиҷаҳонии интернет, кор бо компютер, истифодаи тахтаи электронӣ, васеъ истифода бурдани усулҳои нави таълим, таълими фосилавӣ, тарзи навишти реферату маърӯзаҳо, кор бо харитаҳо борҳо соҳиби ифтихорномаю раҳматномаҳо гаштааст. Аз ҷумла, моҳи марти соли 2021 бо «Ифтихорнома»-и  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
  Муаллим дар корҳои ҷамъиятӣ, ҷамъомадҳои иттиҳодияи методӣ фаъолона иштирок карда, ҳамзамон супоришҳои маъмуриятро сари вақт ва пурра иҷро менамояд. Инсони ҳалим ва хоксор буда, бо ҳамкасбон муносибати хуб дорад. Палавонов Амоншо Муминович дар пешбурди корҳои илмӣ — таҳқиқотии  кафедраи  психология ва сотсиологияи идоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда дошта, пайваста мақолаҳои илмӣ, методӣ ва омавии вай дар рӯзномаю маҷаллаҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ чоп мешаванд.
  Палавонов Амоншо Муминович муаллифи зиёда аз 50 номгӯй корҳои илмӣ ва илмӣ — методӣ низ мебошад. Аз ҷумла, аз 25-тои онҳоро васоити методию таълимӣ, 22 мақолаи  илмӣ, 3 дастури таълимӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишгоҳҳо ташкил медиҳанд. Дар мулоқоту ҳамойишҳои (конфронсҳои) мухталифи дохилӣ ва байналмилалӣ ба унвони тарҷумони касбӣ ширкат варзида, сазовори ифтихорномаву тақдирномаҳо гаштааст.  Оиладор аст, 3 фарзанд дорад.
  Инсони беғараз ва хислатҳои неку ҳамидаи ин шахсияти некзамир боиси соҳибмартаба ва соҳибэҳтиром гаштани ӯ ҳам дар зодгоҳ, ҳам дар байни ҳамсояҳо дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар ҷойи фаъолияти ҳамарӯзаи омӯзгориаш  гаштааст. Амоншо Палавонов марди наҷибест, ки ӯро дар зодгоҳаш ва деҳоти атрофу акноф хуб мешиносанд ва хонандагон аз устодии ӯ бо муҳаббат ёдовариҳо намуда, дар нисбаташ хеле эҳтиром доранд. Ҳамчунин, дар назди наслҳои хурду бузурги деҳа ҳурмату икром дорад.
  Амоншо шахсест, ки аз дасту забони ӯ касе озор надидааст. Афъоли бади инсонӣ: ҳасад, тамаъ, бахилӣ, нифоқ, ғайбату суханчинӣ, фиребу дурӯғгӯйӣ, бадзабонию бадгӯйӣ аз тинаташ баид аст. Аз ҷидолу низоъ ва соири корҳои норавои атрофиён бо ибораи “мо одами беғаразем” канораҷӯйӣ намуда, чунин аъмолро маҳкуму мазаммат мекунад. Амоншо Палавонов марди бонангу номусест, ки ба қавли ҳолдонҳо доиман бо “сари баланд” гашта, дар пеши касе сар хам намекунад. Вожаи “номус” барои ӯ аҳамияти вижа дошта, он аз забони вай бисёр шунида мешавад. Номусро шарафу ифтихори инсонӣ дониста, ҳамзамон аз таъбироти хоси худситоӣ сухане ба забон овардан шарм медорад ва танҳо аз номусдории худ меболад.
  Аслан гирем, дар фаҳмиши авомонаи маҳал бономус (ваномис) касеро меноманд, ки ба ҳар раҳу василае соҳиби молу сарвату қасру хонаи муҳташам гашта бошад. Аммо ба фаҳми муаллим Амоншо Палавонов номус ҳифозати шаъни инсонӣ дар ҳама ҳолат: ҳам фақр ва ҳам ғаност. Худ барои ниёз ҳаргиз дар назди касе сар фуруд намеорад, бар тамаллуқ нафрат дорад ва ба чоплусон ошкор носазо мегӯяд. Бори миннатро намепазирад. Дар бораи Амоншо Палавонов гуфтану зикре аз хонаводааш кардан сазост, зеро тазаккур аз ин афроду чунин хонаводаҳо намунае барои ислоҳу панд аст.
  Қиблагоҳашон, муаллими накӯноми ин диёри номдори паҳлавонон Палавонов Муминшо, ки қариб 45-соли ҳаёти хешро сарфи кори таълиму тадриси шогирдон намудаанд. Ҳамаи фарзандоншон дорои маълумоти олӣ буда, ду нафар номзади илм ва чаҳор нафарашон донишгоҳро бо шаҳодатномаи мумтоз хатм намудаанд. Ҳангоми дар мансабҳои масъули давлатӣ ва роҳбари муассисаи деҳа буданашон танҳо дар андешаи ободу зебо намудани Ватан ва диёр буданд ва алъон ҳам мебошанд. Шогирдони ин шахсияти маъруф 2 — нафарашон академик ва 5 — нафарашон номзади илм мебошанд. Маҳз бо кӯшишу заҳматҳои эшон мактаби асосии деҳаи хушбоду ҳавою дилрабои Удоб, ки  8-сола буд, ба мактаби миёнаи умумӣ табдил дода шуд. Бо роҳбарии эшон сохтмони бинои нави мактаб дар деҳа оғоз гардид.
  Модарашон Шехова Лолазор зиёда аз 50 сол ҳамчун табиб шабу рӯз на танҳо дар хизмати одамони деҳа, балки деҳаҳои атроф буданд ва ҳоло ҳам ба солхӯрдагии худ нигоҳ накарда, аз пайи давою дармони мардуми диёр мебошанд. Албатта, чунин шахсиятҳое, ки умри азизи хешро сарфи таълиму тарбия ва солимии бошандагони музофоти дурдасти кишварамон ва инчунин ободу зебо намудани Ватани азизамонанду нисфи умри пурбаракати худро баҳри хизмати беғаразонаи мардуми диёр масраф намудаанд, имрӯзҳо фарзандони онҳо  низ давомдиҳандагони ин амалҳои бузург ва наҷиби эшон мебошанд.
  Ҳамсари эшон Дилафрӯз Ганҷибоева низ 30 сол боз аз пайи давою дармони мардум аст ва мисли ҳамсарашон соҳиби ахлоқи писандида, поквиҷдону ҳалолкор ва миёни ҳамкорон  эътибори вижае дорад. Фарзандони онҳо Сабрина ва Ганҷина, ки пешаи падар — омӯзгориро интихоб намудаанд, аз зумраи муваффақтарин омӯзгорон мебошанд, ки сазовори таҳсину эҳтироми толибилмон ва ҳамкорон гардидаанд.
  Палавонов Амоншо Муминович ҳамчун омӯзгор кӯшиш менамояд, ки дар ҷаҳони пуртазоду ташаккулёфтаистода ҳам худаш ва ҳам шогирдон мавқеи худро ёфта тавонанд ва саҳми хешро дар ободонии Ватани азизамон гузоранду ҳамзамон аз дастурҳои муфиду фармудаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кору фаъолияташон  ҳаматарафа истифода баранд.
  Дар фарҷоми гуфтор ба Устоди арҷманду гиромиқадри худ Амоншо Палавонов умри дарозу ризқи фароз таманно намуда, ҳамзамон дар ҷодаи пешбурди муваффақонаи касби пурифтихори омӯзгорӣ ва фаъолияти пурмаҳсули илмиашон барору тавфиқ хоста ва ин марди шарифу сарсупурда ва фидоии илму маорифу ирфони тоҷикро бо ҷашни фарруху фархундаи  нимасраи солгарди умрашон ва ҳимояи муваффақонаи рисолаи илмиашон  самимона табрику таҳният гуфта, чунин таманно менамоем:

  Бероҳаи умри ту ҳама роҳ шавад,
  Олам ҳама аз бахти ту огоҳ шавад.
  Шасти ту ба умр кам мабодо ҳаргиз,
  Панҷоҳи ту, эй кош, ду панҷоҳ шавад!

Мухбирҷон Кӯҳсорӣ, рӯзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз соли 1992.

Фарди кӯшо ва пӯё

  Кас бо сабру таҳаммул дар кору пеша дар зинаҳои нардбони ҳирфа боло меравад ва ҳамчунин, таҳаммул дар андеша далолат бар доштани хулқи воло мекунад. Агар касбу пеша ба нафъи ҷомеа бошад, соҳиби касб дар назди мардум мӯҳтарам мешавад.
  На ҳама тобу тавони бардошти мушкилот дар корро доранд ва зуд ҷисману рӯҳан хаста шуда, тарки шуғлу пеша мекунанд. Аммо ононе мушкилотро ба матонат паси сар мекунанд, дар натиҷа самарае ба даст меоранд.
  Фарде кӯшову пӯё аз он зумра афрод бародари арҷманди мо Амоншои Паҳлавон мебошанд, ки хисоли писандидаи инсониро андар тинат доранд ва бо армуғоне арзанда – унвони илмӣ ба синни панҷоҳ расиданд.
  Замоне дар Хоруғ донишҷӯ шудем, даврони ҷангу қаҳтӣ буд. Утоқи сарду бузурге хобгоҳамон буд. Ба ҷуз катҳои қатори оҳанину рахтихоб чизе, ҳатто миз надошт. Биноро донишгоҳ аз муассисае барои донишҷӯён ба кироя гирифта буд. Китобу дафтар ба даст дар катҳо ба пушту шикам ёзида, дарс мехонданд.
  Дар ибтидо теъдоди зиёд аз донишҷӯён мезистанд, ҳар кас дар ҷое чизе хӯрда, омада мехобид, тадриҷан, ба сабаби гуруснагиву сардӣ аксар тарки хобгоҳу ҳатто донишгоҳ карда, чор-панҷ нафар боқӣ мондем. Амоншо яке аз он афрод буд, ки ҳамли азоби қаҳтиву сардӣ карда, аз таҳсил рӯ натофт.
  Бисёре аз донишҷӯён як-ду дафтар дар бағал ниҳода, дастҳо дар ҷайб олуфташева ба дарс мерафтанд. Амоншо аз ҷумлаи камшуморе буд, ки бастаи китобу дафтар дар даст ба дарс мерафт ва барои маводи лозима ба тавсияи устодон ба китобхона рафтуо мекард.
  Мо аз деҳа ба шаҳри бегона рафта будем, забону шеваи рафтор дар ин шаҳрро намедонистем, Амоншо як сол дар он ҷо хонда буд, моро раҳнамоиву саробонӣ менамуд. Бархе солҳои тӯлонӣ дар ин шаҳр зиста, шуғниро намефаҳмиданд, вале Амоншоро ҳангоми гуфтор мардуми таҳҷоӣ худӣ мепиндоштанд. Мардуми кору гузорафтодаи ҳамдиёру ғарибафтодаи дигарро ба андозаи тавону имкон кӯмаку имдод мекард.
  Амоншо шахси ростқавлу дурусткор аст. Пас аз хатми донишгоҳ дар баробари муаллимӣ барои пешбурди рӯзгор шуғли тиҷоратӣ ҳам дошт. Маъмулан, дар диёр дар бобати тоҷирон ҳама сухани хуб намегӯянд, агарчанде яке росткор ҳам бошад, яку дуе шикваву озоре доранд. Вале дар бораи Амоншо ҳамчун соҳибкор аз касе ҳарфи баде ба ҷуз тавсифи росткории ӯ нашунидам.
  Дар замоне, ки ҷавонмардон тарки деҳот мекарданд, Амоншо Паҳлавонов муаллимиро пеша карда, ба таълиму тарбияи насли наврас пардохт. Мушкиливу сахтиҳои он замонро таҳаммул карда, дар баробари он ба корҳои изофӣ машғул шуда, пешаро канор нагузошт. Баъди кӯчидан ба пойтахт дар макотиб муаллимӣ карда, пас ба коллеҷу муассисоти олӣ гузашт ва самараи заҳматҳояш шарафёбӣ ба дараҷаи номзадии илм шуд ва мо мутмаинем, ки ин нуқтаи охир да ин кораш нахоҳад буд.
  Амоншо шахси хушхулқу одоб, нармрафору нармгуфтор, ҳалиму ростқавлу росткор аст. Меросбари ахлоқи падари бузургворашон Мӯъмини Паҳлавон — устоди собиқадор ва обрӯманди диёр аст. Модари мӯҳтарамашон корманди соҳаи тиб солҳо хидматгузории мардум карда, ҳазоронро давою муолиҷа ва эътибори хосаро дар миёни мардум касб кардааст.
  Ин бузургворон фарзандони боилму адабу фарҳанге мисли худ тарбия кардаанд, ки соҳиби маълумоту касбу пешаанд ва ҳар кадоме ба қадри тавон дар ҷомеа саҳмгузоранд.
Бар бародари гиромиқадр Амоншои Паҳлавон аз Худованди бузург тавфиқу баракат ва зиёдат дар ҳаёту пешрафту бурдбориҳо дар кору пеша таманно дорем!. Ашраф Акрам. 08.02.2025. 20:58. Масков.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.