Азиз Қадамов

  Азиз Қадамов яке аз афроди соҳибхираду фаҳму фарҳанг ва озодандеши диёр аст. Ба илму фарҳанг, хусусан, фарҳанги диёр дилбастагӣ дорад. Ҳамеша дар талоши пажӯҳиши фарҳанги диёр аст. Имрӯзҳо бисёре аз урфу русуми таҳҷоӣ, ки арзиши таърихӣ доранд, аз байн рафта ва ё дар ҳоли аз байн рафтананд. Азиз дар пажӯҳиш ва эҳёи онҳо кори шоистаи таҳсинро адо намудаст ва барои идомаи он дастбакор аст. Баъзе аз пажӯҳишоти ӯ дар ин раванд дар ҳамин торнамо мунташир гардидаанд.
  Азиз Қадамов 14 марти соли 1969 дар деҳаи Мдехарви Ванҷ дида ба дунё кушодааст. Мактаби асосии №12-и деҳа ва миёнаи №1-и деҳаи Ғуҷовастро хатм намуда, баъдан дар шаҳри Кирови Ҳавзаи низомии Урал адои хидмати аскарӣ кардааст. Пас аз хидмат таҳсилро дар Омӯзишгоҳи №62-и Душанбе бо ихтиссоси аккосӣ идома додааст.
  Замони ҷавонии онҳо ба ҷангу кашмакашиҳои кишвар рост омад ва онҳо ба фирор ба диёр ҷони хешро раҳонданд. Баъдан, ба сабаби хавфу ноамнӣ дар пойтахт ба муҳоҷират ба Русистон рафта, солҳои тӯлониро дар он ҷо сипарӣ карданд.
  Азиз истеъдоди рассомӣ дошта, дар аккосӣ маҳорати устодӣ дорад. Бо вуҷуди нигориши расмҳои зебо ба ин кор камтар машғул мешавад, вале расмҳои гирифтаи ӯ, хусусан, аксҳои манозири дилнишини диёр дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақбули боздидкунандагон буда, далели маҳорати хуб доштанаш дар ин пеша мебошанд.
  Азиз Қадамов нависандаи воқеъиятнигор аст. Дида ва аз сар гузарондаро ба маҳорати хоси хеш ба қалам мекашад. Аз оламу одам, табиату манозири он дарки вижа дорад, ки сайр тавассути тасовири ӯ аз муҳиту зебоиҳои он дар нигоштаҳоят кайфияту ҳаловат дорад.
  Азиз Қадамов ба масоили иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ дошта, ба яке аз мавзӯъҳои муҳим ва мубрами замон – муҳоҷират бештар мудахил аст. Ӯ чун ҳазорон нафар афроди миллат дар айёми аввали оғози раванди муҳоҷирати ҳамватанон ба кишвари Русистон ба он ҷо рафта, азобу уқубати ҳаёти муҳоҷириро худ ҳамл намуда ва машаққати муҳоҷиронро ба чашми хеш дидааст. Аз ин рӯ, ҳоли ғарибонро дар навиштаҳояш ба дарку эҳсоси воқеӣ тасвир менамояд.
  Намунаи чанде аз навиштаҳои ӯ дар зер мундариҷ гаштаанд.

Дар интизории падар

  Ба он бародарони ғӯрамарге, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан зинда барнагаштанд ва мутаассифона, шумораи онҳо дар ин ду даҳсолаи мухочирати иҷборӣ дар шароити сахту тоқатфарсои мулки Русия аз ҳазорон нафар ҳам бештар буд, ки дар мулки ғарибӣ дур аз ёди ёру диёр ва зану фарзанд бо сад ҳасрату хориву зорӣ ҷони худро бохтаанд, бахшида мешавад. Идома

Чоҳи лахчасӯз ва қопдоз

  Дар поёнбоғи маҳаллаи мо чоҳи лахчасӯзе ҳанӯз аз давраи пеш боқӣ мондааст. Чуқурии дохили чоҳи лахчасӯзи мазкур тақрибан ду-дуюним метр буда, сохти дохилии чоҳ курашакл, аз поён то миёнаш ваъсетар ва аз миёна то болояш тангтару кӯрашакл аст. Идома

Ғарибӣ дарди сахт аст, эй бародар

  Одина, ки акнун имрӯз таспаш ба қадри ҳол каме фаромада буд, хаставу афгор ба тарафи тиреза харакат карда, бо остинаш болои оинаи тирезаро, ки аз сардии ҳаво қирав баста буд, тоза карда, ба берун нигарист. Аз роҳи мошингузар трамвае ғурросзанон ба боло ҳаракат мекард. Идома

Доди Худо

  Замоне ки дар шаҳри Санкт-Петербург дар бозори Сенной кор ва фаъолият мекардам. Бо ҳамватане, ки исми шарифаш Амрхуҷа буд, шинос ва оҳиста-оҳиста дӯст шуда будем. Амрхуҷа шахсе буд қавипайкар, бо чеҳраи кушода ва бениҳоят самимиву хоксор. Идома

Раҳоӣ аз Володия

  Дар соли ҳазору нуҳсаду наваду панҷ дар паи як муноқиша бо гурӯҳи қафқозитаборон, ки аз савдогарони мевафурӯши узбектабор пуштибонӣ мекарданд, аз хонаи истиқоматиямон дар маҳаллаи Тачиллинии шаҳри Новокузнетск маҳрум мондем. Идома

Бозори Сеной

  Бозори Сеной, ки дар ноҳияи Адмиралтейскийи шаҳри санкт Петербурги давлати Русия ҷойгир аст, қариб ба гузашти ду даҳсола хонаи умед ва манбаи даромади ҳазорон муҳоҷири тоҷик гаштааст. Банда, ки шурӯъ аз соли 2004 то 2009 дар ҳамин бозор кор ва фаъолият мекардам… Идома

Андар бобати ватандорӣ

  Агарчанде ки ин обанборро дар даврони шӯравӣ ба мӯҳлати чил сол ба Узбекистон барои истифодаи муваққатӣ иҷора дода бошанд ҳам, бо мӯҳлати сипари гаштани чил сол давлати Узбекистон дар фикри бозпас гардондани ин обанбор набуд ва ҳатто даъво мекард, ки ин обанбор дар ҳудуди давлати Узбекистон сохта шудааст… Идома

Модаркабк

  Агарчанде ки кабкҷӯҷаҳо баъди баромадани офтоб аз тухм берун баромада бошанд, то нисфи рӯз модаркабки пир имкон намеёфт, ки ҳаштто кабкҷӯҷаҳояшро аз лонааш ақалан чил-панҷоҳ метр дуртар барад. Идома

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.