Қирон Нодиров

  NodirqironҚирон Нодиров соли 1906 дар деҳаи Даштаки миразории Водхуди амлокдории Ванҷ дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Яке аз фаъолони ҳаракати колхозӣ, ӯ аз соли аввал ба сифати сардории бригада ва аз соли 1943 то муттаҳид намудани колхозҳои майдаи деҳшӯрои Водхуд 1951 ба колхози “Сотсиализм” раисии колхози ба номи Микоянро ба ӯҳда доштааст.
  Қирон Нодиров барои баланд бардоштани истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҳосилнокии меҳнати колхозчиён саҳми арзандае гузоштааст. Дар ҳолати паст будани базаи истеҳсолӣ ва тангдастии шароити кӯҳистон ҳосилнокии ғалларо аз ҳар гектар ба 15-30 сентнерӣ расонидан нишондиҳандаи баландтарин ҳисоб меёфт, ки ба тӯфайли меҳнати ҳалол заҳмати гарон ин деҳқони асилу роҳбари кордони хоҷагӣ ба даст оварда буд.
  Ҳамчунин, Қирон Нодиров дар сохтмони шоҳроҳи Сталинобод – Хоруғ (соли 1940) фаъолияти намунавии  меҳнатӣ нишон додааст. Қобилияту маҳорати баланди роҳбарии ӯ махсусан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аён гашт. Чун дигар роҳбарони ноҳия ва тамоми ҷумҳурӣ шиори “Ҳама барои Фронт, ҳама барои ғалаба”-ро сармашқи фаъолияти истеҳсолии хеш намуда, ҳаҷми маҳсулоти барои ҷабҳа муайяншуда ва кӯмаки шахсии ҳар аъзои хоҷагии ӯ сарварбуда, торафт меафзуд.
  Фаъолияти намунавии Қирон Нодиров роҳбарияти Иттифоқ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Нишони фахрӣ” ва чандин медалу ифтихорномаҳо расман эътироф намудааст. Фаъолияти меҳнатии ин деҳқони асил то рӯзҳои охирини ҳаёти ( 25 январи соли 1989) идома  ёфтааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.