Шовайс Ҷалолов

  ShovaysjalШовайс Ҷалолов соли 1933 дар деҳаи Бунаи деҳшӯрои Жовид таваллуд шуда, солҳои 1941-1947 дар хонаи бачагони ноҳияи Ванҷ, сипас соли хониши 1947-48 дар хонаи бачагони Шаҳринав таҳсилро идома додааст. Солҳои 1948-1950 дар омӯзишгоҳи касбии рақами 6-и шаҳри Душанбе дониш андӯхтааст. Солҳои 1952-1955 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намуда, баъди адои он се сол дар Экспедитсияи геологии Помир (рақами 114) ба сифати пармагар кор кардааст.
  Ш.Ҷалолов пас аз дар Душанбе иқомати доимӣ ихтиёр  намудан, касби оҳантароширо  (харротӣ)  чун шуғли дӯстдоштаи хеш интихоб намуда, дар ин шуғл аз соли 1961 то соли 1988, то ба нафақа баромадан содиқ монд.
  Дар давоми фаъолияти меҳнатии хеш дар ин самт Ш.Ҷалолов чун ихтироъкор зиёда аз 60 такмилоту навоварӣ (ратсионализаторӣ) пешниҳоду амалӣ гардонд, ки барои пешрафти истеҳсолот мусоидат намуда, садҳо ҳазор сӯм фоида овардаанд. Ҳамин фаъолияти намунавии меҳнатӣ буд, ки ӯро соли 1967 ба депутатии Шӯроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 7) интихоб намудаанд. Ш.Ҷалолов дорандаи чандин мукофоту ифтихорномаҳои сатҳи давлатист. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев. Ҳуруфчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.