Раҳмон Раҷабов

  rajabrahmonРаҳмон Раҷабов 1 феврали соли 1939 дар деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Баъди таълими мактаби миёна, аз соли 1957 дар курси таёрии Донишкадаи тиббии давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, соли 1958 ба институти номбурда дохил шуд. Онро соли 1964 бо ихтисоси духтури табобатӣ хатм кард.
  Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1964 дар беморхонаи участкавии деҳшӯрои Язғулом ба ҳайси мудири беморхона оғоз намуда, то моҳи сентябри сол1966 дар ин вазифа буд. Фаъолияти касбии Р. Раҷабов, оянда чунин сурат гирифтааст: солҳои 1966-1970 дар беморхонаи маркази ноҳия духтури касалиҳои дарунӣ (терапевт), ҷонишипи сардухтури беморхонаи мазкур оид ба корҳои ташкилӣ ва методӣ. Солҳои 1970-1972 сардухутури стансияи санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Ванҷ, 1972-1985 сардухтури стансияи санитарӣ-эпидемиологии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон. Аз моҳи ноябри соли 1985 бо дархости коллективи касалхонаи маркази ноҳияи Ванҷ Р.Раҷабов ба ҳайси сардухтури беморхона таъин шуда, то ҳол ин вазифаро ба дӯш дорад.
  Ҳамчун сарвари касалхона тамоми қувва ва ғайрати худро баҳри пешбурди нигоҳдории тандурустӣ, дар амалияи тиб ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам, мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои табобатӣ-профилактикии ноҳия дареғ намедорад.
  Барои кори босамару муваффақиятнокаш дар мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникӣ муассисаҳои табобатй меҳнати ӯ бо нишонаи “Аълочии нигоҳдории тандурустии ИҶШС”, ифтихорномаи КМ ИҶШС, Шӯрои Вазирони ИҶШС, Иттифоқи касабаи ИҶШС, як қатор ифтихорномаҳои Вазорати нигоҳдории тандурустии ИҶШС, ҷамъияти Иттифоқи Ҳилоли Аҳмар, Вазорати нигаҳдории тандурустии ҶШС Тоҷикистон, Кумитаи назорати халқии ҷумҳурӣ мукофотонида шудааст.
  Р. Раҷабов дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок дорад. Депутати халқии ИҶШС ва вакили Маҷлиси вакилони ВМКБ интихоб шудааст. Р.Раҷабов бо ин таҷриба ва камолоти касбии хеш тайёр аст, ки боз даҳсолаҳо дар хизмати мардуми диёр бошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.