Бустон Сулаймонова

  Фаъолияти меҳнатии Б. Сулаймонова гарчанде берун аз ноҳияи Ванҷ сурат гирифта бошад ҳам, ин зани зодаи диёр боиси ифтихори тамоми Тоҷикистон гаштааст. Бӯстон Сулаймонова 19 апрели соли 1922 дар деҳаи Одешти ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Хушбахтона, бо тақозои қисмат ва замон ӯ ба яке кормандони масъули дастгоҳи ҳизбу иҷроияи ноҳия Саттор Рашидов, ки бо тавсияи марказ барои ба ин ноҳия фиристода шуда буд, тақдираш пайваста, ин оилаи ҷавон ҳаёту фаъолияташонро барои рушду нумӯи ноҳияи Куйбишеви вилояти Қӯрғонтеппа бахшидааст.
  Фаъолияти меҳнатии Б.Сулаймонова ин тавр ҷараён гирифтааст: солҳои 1940-1945 мудири кабинети сиёсии кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷ, аз солҳои 1945 дар ноҳияи Куйбишев аввал мудирии китобхонаи кумитаи ҳизбӣ, сипас дар колхози навбунёди “Озарбойҷон” ба ҳайси сардори бригадаи пахтакорӣ.
 Дар муддати кӯтоҳ бригадаи Бӯстон ба яке аз бригадаҳои намунавӣ дар ноҳия ва вилоят табдил ёфт. Агар соли аввали кишт ҳосилнокии замини бригада аз ҳар гектар ҳамагӣ 14 сентнерро  ташкил медод, ин нишондиҳанда батадриҷ баланд шуда, ба 40-48 сентнер расид. Боло бардоштани ҳосилнокии зироати қиматтарини техникӣ пахтаро фақат як қисми кори худ ҳисоб мекард.  Қисми муҳимтарини фаъолияташ ободу зебо гардонидани участка, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аъзоёни бригада, пешравии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию маишии участкаи “Озарбойҷон” ҳисоб меёфт.
 Маҳз бо ташаббуси Б.Сулаймонова дар ин ҷо аввалин боғчаи замонавии мавсимӣ барои фарзандони аъзоёни бригада, роҳҳои мумфарш, хонаҳои истиқомати навъи шаҳрӣ , яке аз беҳтарин бинои мактаби миёнаи ноҳия, бинои нуқтаи (пункт) тиббӣ, комбинати хизмати маишӣ, кинотеатр ва ғайра сохта, ба  истифода дода шудаанд. Маҳаллаи бригадаи Б. Сулаймонова ҷойдошта, маҳаллаи шаҳри ҳозиразамонро мемонд.
  Бо туфайли ин меҳнати бурдборона Б.Сулаймонова натанҳо дар вилояти Қурғонтеппа (Хатлон), балки дар тамоми қаламравӣ ҷумҳурӣ маълуму машҳур шуд. Ӯ дар се даъват (6, 8) бо депутатии Шӯрои Олии Тоҷикистон, дар Анҷуманҳои 15 ва 16 номзад ба аъзогӣ ва дар Анҷумани 17 аъзоии КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шудааст.
  Ҳатто баъд аз ба нафақа баромадан, то рӯзҳои охирини ҳаёташ (14 апрели соли 1984) ин зани дарёдилу бузургмеҳр ва қавиирода фаъолияти баланди меҳнатии худро идома додааст. Хизматҳои Б. Сулаймонова аз тарафи роҳбарияти ҳизбӣ ва шӯравӣ баҳои баланд гирифтаанд. Мушарраф шудани ӯ бо орденҳои Ленин, Инқилоби Октябр, Байрақи Сурхи меҳнат, чандин медалҳо ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, КМ ҳизби коммунист ва ҳукумати ҷумҳурӣ, инъикоси равшани ин қадршиносист.
  Бо қарори Кумитаи иҷоия, соли 1986 Б.Сулаймонова номгурозӣ шудани деҳшӯрои “Иттифоқ” ба “Бӯстон” боиси абадӣ гаштани хотираи фарзанди диёри Ванҷ гардидааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев. Ҳуруфчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.