Бибимо Юсуфова

  Бибимо Юсупова соли 1908 дар деҳаи Лахши миразории Водхуд, амлокдории Ванҷ, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омада, фаъолияти худро аз 13 солагӣ оғоз намудааст. Соли 1926 баъди ба Набот Сахиев ба шавҳар баромадан, маркази Ванҷ деҳаи Рохарв ҷои истиқомати доимияш шуд. Дар қатори дигарон аз курси маҳви бесаводи гузаштааст.
  Дере нагузашта Бибимо ҳамчун пешқадами истеҳсолоти колхоз ном баровард. Кордонию меҳнатдӯстиаш буд, ки ӯро сардори бригада таъин намуданд. Ӯ баробари мардон худаш ҷуфт меронд. Қувваи мукаммали ҷисмонӣ, ғайрати мардона, имкон медод, ки ба тамоми корҳои вазнин даст занад.
  Ташаббуси кории баланди Бибиморо ба назар гирифта, моҳи ноябри соли 1939 ӯро ба раисии Правленияи колхози ба номи Андреев пешбарӣ намуданд. Колхози номбурда дар тамоми давраи (13 сол) раисии ӯ яке аз хоҷагиҳои пешқадами вилоят ба ҳисоб мерафт.
  Соли 1947 дар ҳаёти Бибимо Юсупова соли фаромӯшнашаванда буд. Ҳамин сол номзадии ӯро колхозчиёни колхозҳои ба номи Андреев, “Роҳи Ленин”,  “Калинин”, “Зарбдор” ба депутатии Шӯрои Олии  ҶШС Тоҷикистон пешниҳод намуданд ва якдилона барояш овоз доданд. Акнун ин зани оддии кӯҳистон, ки вазифаи раисии хоҷагиро сарбаландона иҷро мекард, дар қонунгузории ҷумҳурӣ ширкат дошт, бо ҳамин ҷиддият манфиати халқро аз минбари Шӯрои Олӣ муҳофизат менамуд.
  Қобилияти баланди корӣ, санъати ташкилотчигии Бибимо Юсуфова ҳангоми аз миёнаи солҳои 50-ум сарварии бригадаи истеҳсолиро ба ӯҳда доштанаш низ баръало мушоҳида мешуд. Ӯ ҳатто ҳангоми ба нафақа баромадан низ бо ҷиддият ба халқ содиқ будани хешро нишон медод. Риштаи ҳаёти ин зани дилбастаи меҳнату диёри азизаш соли 1966ба таври фаҷиавӣ канда шуд. Фаъолияти меҳнатии Бибимо Юсуфова бо ордени “Байрақи Сурхи Меҳнат” ва чандин медалу ифтихономаҳо қадр шудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.