Деҳаи Баравни Водхуд

  Баравн дуввумин деҳаи Ҷамоати деҳоти Водхуд аз ҷониби марказ буда, аз ду қисмат: Баравни Таг ва Баравни Тор иборат аст. Баравни Таг дар соҳили дарёи Панҷ ҷойгир буда, шоҳроҳи мошингард аз миёни он мегузарад. Баравни Тор дар ҷои нисбатан баланд, вале ҳамвор ҷой гирифта, то ба он ҷо роҳи мошигард сохта шудааст. ояд қайд намуд, ки деҳаи дигаре бо номи Баравн дар Ванҷи Боло воқеъ аст.
  Дар деҳа аз муассисаҳои давлатӣ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №41 ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд мебошанд. Инчунин, қисми ҳарбии сарҳадбонӣ низ мавҷуд аст. Бо дастгирии соҳибкорони ҳамдиёр Ҳикоят Муминова ва Сомиа Муминова ва маблағгузории ҳукумати Ҷопон дар деҳа ду насоси обкашӣ пайдарпай барои обёрӣ ва ба боғоту мавзеи зист табдил додани мавзеи Реги Баравн ба роҳ андохта шуд. Ҳамчунин, дар чарогоҳи тобистонаи деҳа мавзеи Ункад шола бо усули болопӯш сохта шуда, дар мавзеи Зормори пуштаи деҳа Бузонг барои бо оби ошомиданӣ тамин намудани чӯпонон ва чорвои деҳа ба масофаи 2500 м хати обгузар кашонда шуд. Ин ду барнома дар ҳамкории мақомоти худидоракунии маҳал ва Барномаи рушди манотиқи кӯҳистони Оғохон соли 2018 амалӣ карда шуд.
  Мо аз ҳамдеҳагони худ, ки дар рушди тамоми соҳаҳои ҷумхурӣ саҳми худро гузоштаанд, ба некӣ ном мебарем. Онҳо ҳофизони мардумӣ Бобои Шобек, Бачабеки Шобек, Ҳофизи халкии Точикистон Шумқор Одинабек, номзади илмхои физика ва математика, досент Абдураҳим Раҳимов, номзади илмҳои филологӣ, муаллими калон. Салом Нуриёни Баравнӣ, муаллими калон Гавҳар Худойдодов, Устоди варзиши шӯравӣ Муриватшо Бачабеков, омӯзгорони варзида Ҷаьфар Қосимов, Абдулкарим Каримов, Абдусаттор Паҳлавонов, Юнус Давлатов, Зикриё Икромов, Муборакшо Нилобеков, Сиддиқ Нилобеков мебошанд, ифтихор мекунем.

МТМУи №41

  Мактаб солҳои 30-уми асри XX ҳамчун мактаби ибтидоӣ бунёд шудааст. Сипас 50-ум ба мактаби ҳафтсола табдил шуда, аз соли 1966 то соли 1989 боз мактаби ибтидоӣ буд. Бо талош ва дархостҳои устодон Юнус Давлатов, Абдулкарим Каримов, Шоҳкарим Каримов, Фамбулло Давлатов (ёдашон ба хайр), Зикирё Икромов, Муборакшо Нилобеков, Салим Каримов ва аҳли деҳа соли 1989 ба мактаби асосӣ ва аз 1-уми сентябри соли 2017 ба мактаби миёна табдил шуд. Соли 2009-2010 бинои нави мактаб ба истифода дода шуд. Мактаб ба номи яке аз фарзонафарзандони деҳа, яке аз нахустин муаллимони соҳибмаълумоти ҷумҳурӣ Наврӯз Давлатов гузошта шудааст.

Обёрии мавзеи Паси Рег

  Бо кӯшиши ду фарзанди барӯманди деҳа, занҳои соҳибкор Ҳикоят Муминова ва Сомиҳа Муминова нақшаи бо об таъмин намудан ва ба ҷои зисту боғот табдил додани мавзеи Паси Реги деҳа сохта шуда, пешниҳод гардид. Ин лоиҳа аз ҷониби мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷонибдорӣ шуда, ба маблағгузорон пешниҳод шуд. Сафорати Ҷопон маблағгузории ин лоиҳаро маъқул шуморида маблағи зиёда аз 80000 доллари амрикоӣ ҷудо намуд. Ҳамаи ашёи обкашӣ ва масолеҳи сохтмонӣ аз Душанбе харидорӣ ва ба деҳа оварда шуд.
  Бунёди иншоотро дастаи коргарони маҳаллӣ муҳандис Идрис Саидов, коргарон Қаҳҳор Муминов, Талбидагӣ Саидов, Зарифбек Маҳмадбеков, Ҳолимшо Ҳоҷиев, Ҷурабек, Қурбон, Иброн ва Аслон Давлатовҳо, Дилдор Ҳоҷиев ва Сирус Давлатов бо сифатӣ баланд ба анҷом расонданд. Иншоот аз трансформатор (200Квт), 2 насоси обкаш ва 2 ҳавзи обу қубурҳо иборат мебошанд.
  Тирамоҳи соли 2017 ҷамъомади тантанавии ба истифода додани хати обкаш бо иштироки бевоситаи сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, раиси собиқи ноҳия Давлатбибӣ Раҷабова, собиқ ҷонишинаш Одинашо Мардов ва аҳли деҳа баргузор гардид. Ҳоло дар ин мавзеъ 10 га боғ бунёд шуда, ба эҳтиёҷмандон замини наздиҳавлигӣ дода, боғ низ мувофиқи тақсимот вобаст карда мешавад. Дар бунёди боғ саҳми раиси ноҳия, ки он вақт муовини раиси ноҳия ва сарпарасти бахши кишоварзӣ буд, дӯст ва бародари гиромии ман Ҷаббор Қосим низ зиёд аст.Умедворем,ки дар оянда ин мавзеъ бо заҳмати аҳли деҳа ба гулистон табдил хоҳад шуд.

Обкашии мавзеи Зормор

  Мавзеи Зормори дараи Бузонги деҳаи Баравни Водхуд, хеле ҷои зебо, тамошобоб ва аслан чарогоҳи тобистонаи мардуми деҳа ба ҳисоб мерафт, вале мушкилоти дурии об ва роҳи пурхатар ба оби чшмаи Сурхку боис мешуд, ки рамаро барои обнӯшӣ ба ҷои дур, фақат ба назди кадҳо ба пеши Чшмаи Овчк биёранд.
  Мардум, мақомоти худидоракунии маҳал роҳи ҳалли онро ёфтанд. Раиси мақомот, шахси кордон Қаҳҳор Муминов бо дастгирии муҳандиси варзидаи соҳаи об,мки дар ин соҳа Шӯъбаи хоҷагии оби ноҳияи Ванҷро солҳои дароз роҳбарӣ кардааст, сокини деҳа Идрис Саидов нақша – смета сохта, ба бахши рушди манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон пешниҳод карданд. Дар натиҷа, ин барнома соли 2018 тасдиқ ва маблағ ҷудо шуд. Мавод аз шаҳри Дшанбе дастрас шуда, тобистони соли 2018 аз дараи Сурхку ба Зормор дар масофаи 2500 м ба воситаи лӯла оби нӯшиданӣ оварданд ва мушкилии об ва дурии роҳ ҳал шуд.

Ай зодгаҳам, диёри зебо,
Хушрӯю қашангу зеби дунё.
Бо номи накӯт фахр созам,
Ай, беҳтарин макони воло.
Деҳаи Баравн – диёри аҷдодӣ, фахру ғурури ман. Бо ту дӯст дорам Ванҷи пурганҷам. Бо оби ширини ту танҳо ташнагиям бишканад. Бароям бисёр муқаддасӣ, чунонат дӯст дорам, ки тасвираш мушкил аст, чун андоза надорад. Ту ибтидо ва интиҳо, ҳаёту мамоти манӣ. Баравни бостонӣ, бо ту мефахрам, бо бузургону фарзонагонат, доимо сарабз бошӣ, деҳи ман!. 

Баравн

Эй деҳаи хушманзару хуш обу ҳавоям,
Ай зодгаҳу маншаи илҳому нумӯям.
Андар бағалат зодаму ҳам зист намудам,
Тавсифи туро рӯзу шабон боз бигӯям.
Зебост ҳама боғу чӣ некӯст заминат,
Гар васфи туро гӯяму гар ҳеҷ нагӯям.
Олист канорат баҳри ман деҳи азизам,
Ман хор наям, бар ҳама ҷо нек бирӯям.

Муаллифи матн ва аксҳои сафҳа  Давлатмир Давлатов.

Манзараҳои деҳа

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.