Ҳадияи Эргаш ба паҳлавонон

  TuhfaergashБа муносибати ҷашни Наврӯз паҳлавони шинохта Эргаш Маҳмадбеков хотири паҳлавонон ва собиқадорони соҳаи варзиши куштигириро бо тӯҳфаҳои арзанда шод намуд. Ӯ ба хотири қадрдонӣ ба паҳлавонони собиқ ва ташвиқу рӯҳбаландии ҷавонпаҳлавонон ба онҳо аз ҳисоби хеш тӯҳфаҳои пулию молии бобаҳо супурд. Ӯ, ки худ ба тарбияи насли наву ривоҷи ҳунари паҳлавонӣ шуғл дорад, ба сабаби ҷашн ба диёр омада буд.
  Тавре ки борҳо ёдоварӣ намудем, Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо дар шаҳри Иркутски кишвари Русистон мактаби ҷудои хешро таъсис дода, дар тӯли чанд соли фаолияти варзишӣ мактаби эшон дар ин кишвар эътибор касб карда, шогирдонашон дар мусобиқоти дохилию байналхалқӣ соҳиби ҷойҳои шоиста гаштаанд. Ҳадафи Эргаш аз ин ташриф, асосан ҷустан ва ҷалби ҷавонони боистеъдоди диёр ба мактаби хеш ва расондан ба зинаҳои баланд аст.

Иди наврӯзӣ дар Ванҷ

  HidivanjБо ташаббуси ҳукумати ноҳия ва дастгирии зодагони дохилу хориҷи диёр дар рӯзҳои 25 ва 26 март ба муносибати ҷашни Наврӯз ид баргузор гардид. Ид дар майдони Рохарв, тибқи одоти имрӯза аз рақсу сурудхонии сарояндагон оғоз гашта, мусобиқаҳои варзишӣ онро дунбола доштанд. Мусобиқаҳои бандкашӣ, вазнбардорӣ, дастхобонӣ ва сабқати муҳиму асосии ҷашн куштигирӣ барпо карда шуданд.
  Барои ширкат дар мусобиқаи куштигирӣ паҳлавонони диёру навоҳии ҳамсоя аз Рӯшону Дарвозу Шуғнон омада, ҳунарнамоӣ карданд. Бештари паҳлавонони диёр аз ҳама гӯшаву канор ҷамъ омада буданд. Барои паҳлавонон ду мошин ва анвои дигари ҷоизаҳо гузошта буданд ва дар интиҳо шоҳҷоизаҳоро Фарёд Шайхов дар вазни гарон ва Ёқуб Боқиев дар вазни сабук соҳиб шуданд. Ҷоми Наврӯзиро ба Зафар Олимшоев барои дастовардҳои баланди ҷаҳонӣ эҳдо карданд.

Комёбии ҷавонпаҳлавонони диёр

  MirzshkoriҶавонпаҳлавони ояндадори диёр Мирзо Шукориев дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ҷудои ҷавонони Аврупо, ки дар шаҳри Каимбераи кишвари Португал баргузор шуд, дар вазни то 81кг соҳиби медали нуқраи ин сабқат гардид. Дигар ҷавонпаҳлавони номдори диёр Сомон Маҳмадбеков низ дар ин мусобиқа соҳиби ҷои дуввум ва медали нуқра гардид. Ӯ дар қувваозмоӣ бар ҳариф бартарӣ дошт, вале барои истифодаи аз “фанд”-и хатарнок ҷарима ва аз қувваозмоӣ хориҷ карда шуд. Мирзо ҳам аз ҳамдиёрони муқими кишвари Русистон буда, аз тарбиятгирандагони мактаби ҷудои бародарон Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо мебошад. Паҳлавонони маъруфи диёр, бародарон Эргаш ва Фотеҳ дар шаҳри Иркутски ин кишвар мактаби ҷудоӣ хешро таъсис дода, солҳост ба тарбияти шогирдон шуғл доранд ва он дар айни ҳол яке аз беҳтарин макотиби ҷудо эътироф шудааст. 18.03.2018.

Сайёд дар Миср қаҳрамон шуд

  SayurfonСайёд Урфонов паҳлавони номдори диёр дар Мусобиқаи кушода оид ба ҷию ҷитсу Egypt Open Championship дар шаҳри Қоҳираи кишвари Миср қаҳрамон шуд. Ӯ дар навъҳои ҷию ҷитсуи Gi ва ҷию ҷитсуи No Gi дар вазни то 70кг қувваозмоӣ карда, панҷ ҳарифашро мағлуб сохта, соҳиби ҷои аввал ва медали тилои мусобиқаи мазкур гардид.
  Сайёд аз беҳтарин паҳлавонони диёр дар риштаи варзиши размӣ буда, ӯ бештар дар кишвари Русистон зисту фаъоият дошта, дар мусобиқоти сатҳи гуногун кишвари хешро муаррифӣ карда, соҳиби унвонҳо гаштааст. Бар зами ин, ба тарбияи насли наврас дар ин ҷода талош дошта, дар ин роҳ низ комёбиҳо касб намудааст. Лозим ба тазаккур аст, ки ӯ дар солҳои ахир ҳамчун муррабӣ ба тарбияи шогирдон машғул буда, дар тӯли шаш сол ба майдон набаромада буд. Бо итминону ҷасорат дар сиyни 37 солагӣ вориди майдон шуда, тавонист ҷавонпаҳлавонони қавию зурдастро шикаст диҳад. 16.03.2018.

Толори варзишӣ кушода шуд

  TolormdexarvДар деҳаи Мдехарв толори варзишӣ таҳти сарпарастии мураббӣ Тоҳир Давлатшоев дар риштаи гӯштини миллӣ ба фаъолят оғоз кард. Зимни сӯҳбате бо Тоҳир Давлатшоев доштем, зикр кард, ки солҳои охир дар деҳа ҷавонон ба варзиш ва машқу тамринқ қариб машғул намешаванд. Онхо вақти пурқимати худро зиёдтар беҳуда мегузаронанд, агарчанде ҷавонони нерӯманд дар деҳа зиёданд. Мутаассифона, барои машқу тамрин на ҷое доштанду на шароите, дар ин самт ҳоло ҳам камбудиҳо зиёданд, аммо мо рӯҳафтода нестем, ин қадами уствури авалини мо буд ва моро мебояд, ки дар ин ҷода саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дихем. Дар мавриди аввал беҳтарин варзишгарони ин толорро барои мусобиқаҳои байни ҷамоатҳои Ванҷ ва баъдан мусобиқаҳои ноҳиявӣ дар кӯтоҳтарин мӯҳлат бояд омода созем ва боварӣ дорем, ки бо кӯшиши тарафайн дар оянда ба натиҷаҳои назаррас ноил мешавем. Гузориши Азиз Қадам.

Ҷаҳонгир беҳтарин барномасози соли 2017

  JahtulforҶаҳонгир Тулфоров беҳтарин барномасози ҷавони соли 2017 гардида, Ҷоизаи барномасози ҷавонро соҳиб шуд. Бар Ҷаҳонгир муборак бод! Ҷаҳонгир Тулфоров аз шумори ҷавононест, ки дар саҳму муаррифӣ ва мақоми илми диёр, минҷумла, фанҳои дақиқ мақоми беназир дораду бо кушишҳои пайгирона дар пайи дастовардҳои созандаву беҳтарин аст. Ин ҷавони хоксорро аз овони толибилмӣ мешинохтаму бо ҳам дӯст, бародар ва иштирокчиёни ҳаракати олимпии мактаббачагони диёр будем.
  Каме агар дуртар аз Ванҷи диёрамон назар кунем дар сатҳи вилоятӣ рақибе наёфт, ки сабқати фанниву илмӣ кунад. Билохира, мақоми аввалро аз фанни физика ба даст овард. Баъзан, ӯро бо номи Эйнштейн садо мекардем. Омӯзгоре, ба фикрам аз ноҳияи Ишкошим бо таассуфу ҳасрат гуфта буд: – “Мутаассифона, имсол Эйнштейн аз Ишкошим ба Ванҷ рафт”. Чунки ҳамон соли 2014 ҳам аз синфи 10 ва ҳам 11-ро толибилмони боғайрату фидокори роҳи илму фанни диёр соҳиб шуданд. Сипас, Ҷаҳонгир роҳро ба самти ҷумҳур пеш гирифт. 
Идома...