Тағйири боду ҳаво

  bafrfubodЗимистони имсола бо барфу бод ва сардии ногаҳонӣ фаро расид. Барфу боде, ки дар шаби бистуякуми моҳи ноябр ба минтақа расид, якбора обу ҳаво ва фаслро тағйир дод. Ин тағйироти обуҳавоӣ минтақаро бетаъсир нагузошта, пайомадҳои ногуворе барои аҳли он ба бор овард.
  Дар минтақаи Ванҷи Боло бар асари боридани барфи зиёд шохи дарахтон, аз ҷумла шумори зиёди дарахтони босамар шикаста, хисорат оварданд, зеро боғот василае барои касби даромад барои рӯзгори мардум ин ҷо мебошанд. Бар зами ин симҳои интиқолдиҳандаи нерӯи барқ дар чанд мавзеъ канда шуда, мардуми ин минтақа аз қувваи барқе, ки аз соати 8-и шаб то вақти бомдод ба онҳо медоданд, маҳрум гаштанд. Ба сабаби беқувва мондани телефонҳои мобилӣ алоқаи мардуми минтақа бо наздикони раҳдурияшон канда гашт.
 Баъди ба анҷом додани корҳои таъмирӣ, васл кардани симҳои канда, интиқоли қувваи барқи ҳашт соат дар шабонарӯзро аз шаби биступанҷуми ноябр барқарор карданд.

Садамаи маргбор дар Твер

  sdmtverБар асари садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Твер – Ржеви вилояти Твери Русистон се нафар ҳалок ва як нафар маҷрӯҳ гаштаанд. Ҳодиса дар соати панҷи бегоҳи рӯзи 11-уми ноябр дар пайи бархурди мошини сабукрави тамғаи “Volkswagen“ бо автомобили боркаш рух додааст, ки се мусофири он ҷон бохта, ронанда дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ гашта ва ронандаи автомобили боркаш осеб надидаст.
  Ҳодиса дар ҳоли таҳқиқ буда, сабаби онро дар шароити обу ҳавоӣ номусоиди зимистонӣ аз даст додани идораи автомобили сабукрав аз ҷониби ронандааш ва надоштани чархҳои зимистонӣ шарҳ додаанд.
  Тавре ки Орзу Даҳбошиев – раиси ҷамъияти тоҷикони ноҳияи Рамешкии вилояти Твер ба торнамои “Ванҷи ман” иттилоъ дод, фавтидагон ҳамдиёрони мо Саодатов Алиҷон Назарович (соли таваллудаш 1963), Ёров Зуҳур Чӯпонович (соли таваллудаш 1965) ва Акрамов Имат Қадамович (соли таваллудаш 1965) мебошанд. Ронанда Ёров Фируз дар беморхона қарор дорад.
  Ба хешу пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба эшон аз Худованд сабри ҷамил ва ба гузаштагон раҳмату мағфират талаб дорем.

Иршод Сулаймонӣ Ҷоизаи Лоҳутиро сазовор шуд

  irshjoizaИршод Сулаймонӣ, шореҳи сиёсии гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” Ҷоизаи Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутиро дар бахши матбуоти сиёсии таҳлилӣ сазовор шуд. Ин Ҷоиза ба Иршод Сулаймонӣ ва дигар барандагони он дар як мароисми хоси ҷоизасупорӣ рӯзи 17-октябри соли равон дар театри ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе бо иштироки мушовирини раисҷумҳур, вазирон ва раисони вазорату кумитаҳои марбута, устодони донишгоҳҳои кишвар ва рӯзноманигорону фарҳангиёни кишвар супурда шуд. Иршод Сулаймонӣ собиқи зиёди кор ва мудирият дар расонаҳои сиёсии сатҳи кишварро дошта, дар ҳоли ҳозир аз таҳлилгарони сиёсии фаъоли расонаҳои дохилӣ ва байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Медали тилои навраси 17-солаи тоҷик дар мусобиқаи умумирусиягии ҷудо

 tilojudo Маҳмадбек Маҳмадбеков, навраси 17-солаи тоҷик дар мусобиқаи сартосарии ҷудои Русия миёни ҷавонон мақоми аввалро сазовор шуд. Ин мусобиқа ба хотираи ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, генерал-лейтинант ва конструктори маъруф М.Т.Калашников бахшида шуда, дар шаҳри Ижевски Ҷумҳурии Удмуртияи Русия ҷараён дорад. 
  Маҳмадбек Маҳмадбеков дар рӯзи аввали ин мусобиқа – 3-юми ноябр байни ҷудокорони то 21-сола дар вазни 60 кг соҳиби медали тилло шуд. Ӯ то марҳилаи ниҳоӣ панҷ ҳарифи худро мағлуб сохта, дар даври ниҳоӣ бар Азамат Ачмизов, намояндаи Краснодар пирӯз шуд.
 Маҳмадбек Маҳмадбеков чанд сол аст, ки дар бошгоҳи варзишии “Мори” таҳти парастории амакаш Эргаш Маҳмадбеков,президенти Федератсияи ҷудо ва самбои вилояти Иркутски Русия тамрин мекунад ва дар ин мусобиқа бо намояндагӣ аз вилояти Иркутск иштирок намуд. Дар ин мусобиқа ҳамчунин Шаҳзод Амонов, навраси дигари тоҷик дар вазни 55 кг соҳиби мақоми сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Сипосномаи раиси Шӯрои вазирони Амороти муттаҳидаи Араб ба духтари тоҷик

  siposarabОмина Неъматова, хонандаи яке аз мактабҳои ҳамагонии Аморати муттаҳидаи Араб барои пирӯзӣ ва иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “Қироати арабӣ” бо сипосномаи Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум – ноиби раиси Давлат, раиси Шӯрои вазирони Аморот ва Ҳокими Дубай қадрдонӣ шудааст. 
  Ин тоҷикдухтар дар марҳилаҳои мактабӣ ва Аморати Аҷмани мусобиқаи мазкур пирӯз шуда, дар марҳилаи сатҳи Аморот барои иштирок бо сипоснома сарфароз гардидааст. Дар сипосномаи Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум аз ҷумла гуфта мешавад: “Ин сипосномаро бо қадрдонӣ барои ба анҷом расондани хондани 50 китоб дар мусобиқаи китобхонӣ дар соли таҳсили 2015-2016 бароят мефиристам. Ба шумо дар ҷодаи илму маърифат муваффақияти ҳамешагӣ ва комёбӣ хоҳонам”.
Омина Неъматова хонандаи мактаби ҳамагонӣ дар Аморати Аҷман мебошад. Хонаводаи ӯ аз охири солҳои 90-уми қарни гузшта дар Амороти муттаҳидаи Араб зиндагӣ мекунад. Омина духтари бародари ҳамдиёри мо Муҳаммадрозиқ Неъматзоди Пшихарвӣ мебошад.

Тоҷикдухтаре, ки беҳтарин хонандаи Твер эътироф гардид

  atestiloiНушофарин Ғиёсова, як тоҷикдухтар, ки макбати миёнаро дар вилояти Твер бо медали тилло ва мадраки сурх хатм намуда, беҳтарин хатмкунандаи вилоят эътироф шуд, донишҷӯи Академияи тиббӣ гардидааст. 
  Вақте дар поёни соли хониши сипаришуда ӯро беҳтарин хатмкунанда эълон карданд, зикр шуд, ки барои шомил шудан ба дилхоҳ муассисаи олии Русия имтиёз хоҳад дошт. Ба қавли вай, дар ҳоле, ки бисёре аз сокинони таҳҷойии Русия наметавонанд дар ин даргоҳ таҳсил кунанд, барояш бисёр ифтихорангез аст, ки тавонист бидуни имтиҳон ва ба таври ройгон ба ин даргоҳ ворид шавад. Нушофарин Ғиёсова дар Душанбе таваллуд шудааст. Хонаводаи ӯ соли 2001 ба Русия муҳоҷират мекунад ва вай таҳсилро дар Русия шурӯъ мекунад. Падари Нушофарин Сайидалӣ Ғиёсов мегӯяд, аслан дар ноҳияи Ванҷ зода шудааст ва солҳои қабл аз муҳоҷирати хонаводагӣ дар Душанбе зиндагӣ мекарданд: “Чун кори дурусту мувофиқе дар Душанбе пайдо нашуд, маҷбур шудем ба Русия биоем”. Вазорати маорифи вилояти Твер бо фармони вижа номи Нушофаринро барои соҳиби медали тилло ва мадрак (аттестат)-и сурх шудан, 28 июни соли равон ба Китоби Ифтихории хатмкунандаҳои мактабҳои ҳамагонӣ ворид кардааст. Губернатори вилояти Твер ҳам бо ирсоли як сипоснома падару модари ӯро табрик кардааст.