Гулаҳмад Сафаров

  glahmadГулаҳмад Сафаров соли 1953 дар деҳаи Ғуҷовасти деҳшӯрои Рованд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ҳанӯз дар солҳои мактабхонӣ шуғли варзиш дошт. Аввалин маротиба дар мусобиқаи расмии ноҳиявӣ соли 1968 баромад карда, дастболо гардид. Худи ҳамин сол дар ВМКБ ба ҷои аввал соҳиб шуда, дар ҳайати дастаи варзишии вилоят дар мусобиқаи расмии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар байни мактаббачагону наврасон ҷои якумро гирифта, чемпиони ҷумҳурӣ эълон шуд.
  Соли 1970 Гулаҳмад дар мусобиқаи ҷумҳуриявии расмии болигон иштирок намуда, дастболо гардид. Дар давраи гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати қувваҳои ҳарбии ИҶШС дар Олмони демократӣ, соли 1972 дар мусобиқаи байни қисмҳои қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ варзишгари якум, аз рӯи гӯштии тарзи озод эълон шуд. Дар тамоми давраи хизмат дар мусобиқаҳои байналхалқию умумииттифоқӣ дар ҷои аввал буд.
  Баъди адои хизмат дар мусобиқаҳои расмии ҷумҳурӣ дар Регар – соли 1974, Душанбе – 1975, Хоруғ – 1975, чемпионати ҷумҳуриявӣ дар Душанбе – соли 1980, чемпионати умумииттифоқӣ, вилоятию, чумҳуриявӣ – 1983, 1984, 1985, 1988 Гулаҳ- мад Сафаров дар ҷойҳои аввал ё дар яке аз ҷойҳои аввал будааст. Дар тамоми ин давра чемпиони мутлақи вилоятӣ эълон шудааст.
  Гулаҳмадпаҳлавон дар ҳаёт ҷавонмарди ҳалим, самимӣ ва сӯҳбатороест, ки то имрӯз, аз фаъолияти варзишӣ дур нест. Шогирдони зиёде тарбия кардааст. Падари 9 фарзанд, аз ҷумла 5 нафарашон маълумоти олӣ гирифта, дар хизмати халқанд. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.