Маҳмадшариф Сулаймонов

  mhmadsharifПаҳлавони машҳури ҷумҳурӣ Маҳмадшариф Сулаймонов 1 январи соли 1953 дар оилаи кишоварзу ҳунарманд, варзишгари шинохтаи диёр Сулаймонпаҳлавон ба дунё омадааст. Баъди таҳсили мактаби миёна шавқи варзиши суннатӣ ӯро ба Донишкадаи варзишии Тоҷикистон овард.
  Баъди хатми донишкада соли 1974, бо тавсияи устодон, ки на фақат ба дастовардҳои варзишӣ, инчунин ба маҳорати омӯзгорию тарбиявиаш баҳои мувофиқу муносиб дода тавонистанд, ба сифати омӯзгору устоди варзиш дар кафедраи гӯштӣ ва бозиҳои миллӣ фаъолияти меҳнатиашро оғоз намуд. У то имрӯз шуғли ин касби дӯстдоштаашро ба дӯш дораду садҳо ҷавонони лаёқатманди варзиши ҷумҳурӣ аз фотеҳаи касбиаш бархӯрдор гаштаанд.
  Маҳмадшариф Сулаймонов аз зумраи он паҳлавонони номдорест, ки шарафи варзиши ҷумҳуриро дар бонуфузтарин майдонҳои варзишй ҳимоя намудааст. Ин паҳлавон дар ҳақиқат номбардори асили анъанаҳои суннатии варзиши аҷдодист.
  Шавқи ин шуғлро дар дили ӯ падари бузургвораш Сулаймоншоҳ, ки баъди аз тарафи ҳамдиёрон пазируфтани унвони ифтихории паҳлавонӣ ин ном бо ихтисори “шоҳ” ва ҳамроҳ намудани ибораи касбии “паҳлавон”, яъне Сулаймонпаҳлавон расман қабул шудааст, бедор намуд. Маҳмадшариф аз дастовардҳои варзишии падару бобояш ифтихор дошт ва пайваста машқ мекард. Ҳанӯз дар давраи таҳсил дар баъзе аз мусобиқаҳои ноҳиявию вилоятии мактабхонон ширкат намуда, дастболо ҳам шуда буд. Ин ба қавли ванҷиҳо “писарчаи беқарор” то арафаи хатми мактаб ба ҳамаи намудҳои варзиши анъанавӣ шиноварӣ, чавгонбозӣ, сангбардорӣ ва ғайра ба ин ё он андоза даст задаасту дар ҳар кадомаш нисбати ҳамсолон ҳамеша пешсаф будааст.
  Ба замми ин дар ниҳоди ӯ муҳаббат нисбати суруду мусиқӣ, мутолиаи ашъори бузургон то рафт боло мегирифту аз назари аҳли оила ва ҳамдеҳагон ин завқи табииаш пинҳон намонд. Паҳлавони оянда акнун дар тӯй ва базмҳои деҳа бо хоҳиши хешу ҳамдиёрон аввал шармгинона ва баъд озодона суруд мехондагӣ шуд. Аз ҳунари ӯ дар ин ҷода ширкати фаъолонааш дар озмунҳои ноҳиявию вилоятй ва ҳатто ҷумҳуриявй, ки дар ҳама ҷо мақбули тамошобинон гашта буд, гувоҳӣ медиҳад.
  Маҳмадшариф Сулаймонов бешубҳа метавонист овозхони касбӣ шавад, вале ӯ наметавонист ба шугли дӯстдоштаи падару бобояш беэътино бошад. Шояд ҳамин масъулият сабаб шуд, ки маҳз гӯштӣ шуғли касбиаш шуду ӯро шӯҳратманд сохт. Вале бояд эътироф кард, ки имрӯз ҳам аз тарафи ҳамдиёрон чун ҳофизи хушсалиқа шинохта шудаасту бо овози ширадори худ тӯю базмҳои дӯстону ҳамдиёронро ободу хотири меҳмононро шод мегардонад. Аммо барояш гӯштӣ беҳтарин аз шуғлҳост. Ӯ ин ҳунарро дар солҳои донишҷӯию устоди донишкадаи варзиши будан, дар зери роҳбарии паҳлавонони шинохтаи умумииттифоқию ҷумҳуриявӣ ва устодони серталабу ғамхор Амирсултон Наботов ва Ғиёс Қаюмов сайқал дода, худ ба дараҷаи баландтарини касбӣ расид. Вале танҳо гӯштии миллӣ ӯро қаноат карда наметавонист. Бояд бо он қуввату ҷасорате, ки дошт, ба майдони васеи гӯштии умумииттифоқӣ мебаромад. Инро паҳлавони варзида, мураббии нозукбин, устоди дастаи яккачини гӯштии ҷумҳурӣ оиди тарзи “самбо” Исмат Абдуллоев ба хубӣ пайхас карда, Маҳмадшарифро ба командаи худ даъват намуд. Дсре нагузашта паҳлавони ҷавон дар мусобиқаҳои байни мактабҳои олӣ ва умумиҷумҳурӣ ҳамоно дастболо мешуду мақоми худро мустаҳкам мекард.
  Маҳмадшариф соли 1973 сазовори ҷои аввал дар мусобиқаи ҷумҳурии Тоҷикистон оиди самбо гашта, баъд аз рӯи ин намуд дар миқёси ИҶШС дастболо шуд. Дар ҳамин сол дар шаҳри Донетски Украина, дар мусобиқаи умумипттифоқӣ оиди намуди гӯштии дзюдо ҷои аввалро соҳиб шуда, соҳиби унвони ифтихории Устоди варзиши ИҶШС гардид. Тирамоҳи ҳамин сол дар шаҳри Уфа дар мусобиқаи умумииттифоқй оиди тарзи гӯштии самбо ширкат карда, ба гирифтани ҷои аввал ва унвони устоди варзиши ИҶШС оиди тарзи гӯштии самбо сазовор дониста шуд.
  Маҳмадшариф Сулаймонов аз соли 1970 то соли 1989 пайваста дар намоёнтарин мусобиқаҳои ҷумҳурию умумииттифоқӣ оиди тарзҳои мухталифи гӯштӣ ширкат варзида, дар аксари онҳо дастболо ва қаҳрамон эълон шудааст.
  Аз дастовардҳои бузургу мавқеи олии варзишии ин паҳлавони ванҷӣ ҳатто қаламдоди хеле кӯтоҳу сатҳиаш дар мусобиқаҳою маъракаҳои мухталиф гувоҳӣ медиҳанд.
  Маҳмадшарифпаҳлавон дар солҳои 70-80-ум қариб дар тамоми мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оиди намудҳои гӯштии миллӣ, самбо ва дзюдо дар вазнҳои вазнину мутлақ ҷои аввалро гирифта, қаҳрамони ин варзишҳо эълон шудааст.
  Ба ин марди майдон муяссар гаштааст, ки 12 карат дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ доир ба самбо, дзюдо дар баландтарин зинаи ҷамъбасткунанда ҷой гирифта барои шунидани Суруди миллии Тоҷикистон ва наззораи Байроқи он ҳозиринро аз ҷой бархезонаду бо кафкӯбию табрикоти зиёде қаҳрамони майдонро қабул намоянд. Ҳамчунин ба ӯ гирифтани ҷоизаи якуми мусобиқаи умумииттифоқии варзишгарони деҳот дар шаҳри Москва соли 1977 муяссар гаштааст.
  Маҳмадшариф Сулаймонов дорандаи медали нуқра дар бозиҳои ҷамъияти варзишии деҳот, бозиҳои IV донишҷӯён, мусобиқаи ҷамъияти иттифоқҳои касаба ва гайра дар сатҳи умумииттифоқ мебошад.
  Сазовор гаштан ба медалҳои тиллою нуқра дар мусобиқаи байналмиллалй барои мукофоти ба номи маршали Иттиҳоди Шӯравй В.К.Блюхер солҳои 1977 ва 1979 дар шаҳри Рибинск дастоварди хеле муҳими ин варзашгари номӣ шинохта мешаванд. Маҳмадшарифпаҳлавон се карат барандаи ҷоизаи тилло ва унвони қаҳрамони варзиши минтақаи Осиёи Миёна дар мусобиқаҳои Ашқобод, Бухоро ва Кӯлоб баргузоршуда мебошад. Ин марди тавоно бо чунин гӯштигирони варзидаи сатҳи умумииттифоқй ва ҷаҳонй монанди Г.Харшиладзе, Ниниашвили, Чингин, Пушнитса, Юнусов, Мазёнкин, Солодухин, Бадалов ва боз даҳҳо дигарон қувваозмой намуда, шӯҳрат ва варзиши то- ҷикро баланд бардоштааст.
  Ӯ гузашти солро намеписандад ва ҳанӯз ин майдонро тарк накардааст. Соли 2001 дар Фаронса ва соли 2002 дар Юнон дар чемпионати ҷаҳон байни устодони собиқадори “самбо” ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм ва ниҳоят соли 2003 ба унвони чемпионй ноил гардид.
  Фақат номгӯи ширкати мусобиқаҳои мухталифе, ки ин марди майдон дар сатҳи ҷумҳурӣ, умумииттифоқӣ ва байналмиллалӣ варзидаасту натиҷаҳои баланд ноил гаштааст, метавонад чандин сафҳаи китобро пур кунад. Вале ҳамин нишондиҳандаи сатҳии дар боло овардашуда худ гувоҳи муваффақиятҳои беназири ин паҳлавон дар баландтарин сатҳҳост. Дар паси ҳамаи ин рақамҳои дар назар хушк машқи бардавом, матонату ҷасурӣ, суботу мардонагӣ, заҳмати сангин барои баланд нигоҳ доштани нанги авлодӣ маҳфуз аст. Ин заҳмату шӯҳрат таҳлили махсус металабад.
  Маҳмадшариф Сулаймоновро фақат ҳамчун паҳлавон шинохтан, ҳанӯз ӯро пурра шинохтан нест. Тарафи дигар ва хеле муҳими фаъолияти касбии ӯ омӯзгорию тарбиятгарист. У пайваста дар байни ҷавонон асту нозукиҳои санъати гӯштиро барояшон меомӯзад. Бисёре аз шогирдонаш ба дараҷаи баланди касбӣ, ба гирифтани унвонҳои устоди варзиши ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ ноил гаштаанд. Дар байни онҳо Чангихон Давлатов, Носир Хусравов, Муборакшо Иронов, Аҳтам Мавзудов, Давлатшо Охиров, Акбаршо Муҳаббатов, Муҳаммадӣ Муҳаббатов, Давлатшо Бачабеков ва бисёр дигарон дар мусобиқаҳои зиёди ҷумҳурию минтақавй ва умумииттифоқию байналмиллалй борқо ширкат варзидаву дастболо шудаанд.
  Маҳмадшарифпаҳлавон аз соли 1986 ин ҷониб масъулияти сарпарастии (тренери) дастаи яккачини ҷумҳурӣ оиди гӯштпп тарзи самборо ба ӯҳда дорад. Таи ин солҳо паҳлавон зиёда аз 15 нафар устодони дараҷаи баландтарини варзишро ба воя расондааст, ки чанде аз онҳо чун устодони варзиши дараҷаи байналмиллалӣ расман шинохта шудаанд. Аз ҷумла, Аминҷон Назиров – дорандаи 3 медали нуқраи мусобиқаҳои байналмилалми солҳои 1994-1996, Баҳриддин Ҷамолов – медали нуқраи мии тақаи Осиё, Ҷаҳонгир Сулаймонов – қаҳрамони варзиши Тоҷики стон, дорандаи медали нуқра дар мусобиқа барои ҷоизаи “Ҷоми ҷаҳон”, Аҳтам Хокироев – қаҳрамони варзиши Тоҷикистон, дорандаи мақоми 4-ум дар бозиҳои ҷаҳонии ҷавонон дар шаҳри Москва соли 1998 оиди дзюдо, Далер Гулмаҳмадов, ғолиби мусобиқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали нуқра дар мусобиқаи умумииттифоқии мактабхонон, Холиқ Сулаймонов – қаҳрамони варзиши Тоҷикистон доир ба самбо. Ҳамчунин шогирдони ин устоди варзида О.Бегиҷонов, М.Сатторов, Д.Ғаниев, М.Зиёев, Ш.Сулаймонов ва дигарон ба нишондиҳандаҳои назарраси варзишӣ оиди намудҳои мухталифи гӯштӣ ноил гаштаанд. Умед ҳаст, ки ин ҷавонони пурғайрат номбардори мактаби устодашон хоҳанд гашт.
  Ин паҳлавони шӯҳратёри тоҷик чун мураббии ниҳоят пухтакор шинохта шудааст. Таи се соли охир ӯ чун беҳтарин роҳбари (мураббӣ ё тренер) варзиш оиди намудҳои дзюдо ва самбои ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ эълон шудааст. У пайваста мудирии кафедраи Донишгоҳи варзиши Тоҷикистон оиди гӯштии самборо ба ӯҳда дорад.
  Маҳмадшариф Сулаймонов барои хизматҳои шоиста ва фаъолияти арзандаи меҳнатӣ дар пешбурди варзиши тоҷик соли 2002 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ардени “Шараф” қадршиносӣ шудааст.
  Паҳлавони номбурда ба серкории худ нигоҳ накарда, маҳорати хешро чун мутрибу овозхон, устои моҳиру чӯбтарошу хонасоз, човандозу шиновар, футболу волейболбоз ва гайра бо як дилбохтагию самимият ба дӯстону ҳамдиёрон намоиш медиҳад. Сулаймонпаҳлавон дар эҷоди шеър низ худро санҷидаву муваффақият пайдо кардааст, порае аз шеъри ӯ “Ҷашн муборак” гувоҳи ҳол аст:

Эй кишвари хушбоду ҳаво, Ванҷи азизам,
Эй гулшани пурнуру сафо, Ванҷи азизам.
Ҳар лаҳза, ки ёдат бикунам, шукри ту гӯям,
Эй олиҳаи меҳру вафо, Ванҷи азизам.
Мавлуди ту имсол ба ҳафтод расидаст,
Меҳрат ба дилу дидаи аҷдод расидаст.
Мардонагиат бар ҳама авлод расидаст,
Эй махзани пурганҷу сафо, Ванҷи азизам.

  Бигузор боз даҳсолаҳо ин байрақбардори аиъанаҳои суннатию авлодӣ ва миллӣ барои пешрафти варзиши ҷумҳурӣ хизмат намуда, ӯро ба васеътарину баландтарин майдону зинаҳои умумибашарӣ барорад. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.