Сафар Боев

  safarboyСафар Боев 28 октябри соли 1952 дар ноҳияи Ванҷ, деҳаи Ғумаст таваллуд шудааст. Аз соли 1973 то 1983 корманди милиса. Аз соли 1983 баъди тир хӯрдан маъюби гурӯҳи якум.
  Моҳи июни соли 1994 дар марафони байналхалқӣ аз ш.С.Петебург то Алма-Ато дар масофи 9000 км ширкат варзид. 2 декбари соли 1994 дар вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия Елсин Борис Николаевич дар золи Георгиеви Кремл ва мукофотонидани иштирокчиён марафон бо ордени “Мардонагӣ”- и дараҷаи сеюм мукофтонида шуд. Дорои ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1997 ғолиби мусобиқаи Спартакиадаи меҳнаткашони Федератсия Русия шуда, медали тилло гирифт. Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди шоистаи варзиши ҶТ, Президенти Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.