Қудрат Қурбонов

  Ҳар маҳал мафкура ва одатҳои махсус ба шароиту ҳудуди хешро дошта, дараҷаи тафаккуру ҷаҳонбинӣ баста ба андозаи вусъату мавқеи маҳал аст. Дар шаҳрҳо ба туфайли теъдоди табақаву тавоифу шуғлу пешаҳои мухталиф афрод мутобиқ ба завқу мафкура дар доираи ҳампешаву ҳамандешагони хеш махлут мешаванд. Вале дар деҳот, ки андешаю ҷаҳонбинӣ баста ба маҳдудаи маҳал аст, афроди аз доира фароандешанда аз омма ҷудо ба назар расанда мешаванд.
Муаллими Қудрат шахси донишманде буд, ки дарку андешаи ӯ фаротар аз сатҳи фаҳму биниши русто буд. Пас аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳ баргашта, дар мактаб машғули тадрис шуд. Ба иллати беморӣ аз кори мактаб канор рафта, бо мутолиа умр гузаронд. Дар хона китобхонаи ғанӣ дошт ва нодиртарин китобҳо дар он ёфт мешуд. Ба хешу дӯстони ба шаҳрҳо сафаркарда китоб фармоиш медод. Қариб ба ҳама рӯзномаву маҷаллоти даврӣ обуна буда, шумораҳои онҳоро ҷамъ оварда буд. Нусхаҳое аз рӯзномаҳои пешини тоҷикӣ бо хати форсиву кирилик ва афғонӣ ҳам дошт.

  Ба ҷуз рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ дар китобхонаи ӯ дарзаҳои рӯзномаҳои маъруфи шӯравӣ “Известия”, “Правда”, “Труд”, “Аргументы и факты», “Советский спорт” ва шумораҳои мураттаби бисёрсолаи маҷаллаҳои «Садои Шарқ”, Илм ва ҳаёт”, «Наука и жизнь», «Вокруг света», «Огонёк», “Новое время”, “Юность” ҷамъ оварда шуда буданд. Танҳо ба шахсони мавриди эътимодаш иҷозаи мутолиа дар он ҷоро медод. Ба ҷуз китобу рӯзнома намунаи ғании қаламҳои (ручка) замонро ҷамъ оварда буд. Китобхона барояш ганҷинаи арзишманд буда, дигар ашё барояш аҳамият надошт.
  Қудрат Қурбонов 3 марти соли 1945 дар деҳаи Мудехарв таваллуд шуда, пас хатми мактаби деҳа маълумоти миёнаро дар мактаб-интернати (детдом) ноҳия гирифта, таҳсилро дар факултаи биология ва ҷуғрофия Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Шевченко идома додааст. Яке аз донишҷӯёни беҳтарини донишкада ва шогирдони Қандил Ҷӯраев буда, бо устод муносибату қаробат доштааст. Ба устод дар корҳои хона ёрӣ доша, ҳамчун шахси мӯътамад корҳои шахсияшро аҷом медодааст.
  Муаллими Қудрат ҳар чизи ҷамънамудаашро хонда буд. Мактабу донишгоҳро хуб хонда ва ба сабаби мутолиаи мудовими тӯлонӣ шахси ҳамадон гардида буд. Аз сӯҳбатҳои аввомона хешро канор гирифта, бо мардуми аҳли илму фарҳанг майли часбу ҳамнишинӣ дошт. Олимони маъруфи диёр ӯро хуб мешинохтанд, ҳангоми ташриф дар диёр ба ҳузураш мерафтанд ва тӯҳфае ба китобхонаш мебурданд.
  Ба аҳли илму фарҳанг муҳаббат дошт. Босаводон ва касонеро, ки ба донишу омӯхтан рабт доштанд, эҳтиром мекард. Ба ҳузури донишҷӯёне, ки аз шаҳр ба таътил меомаданд, рафта, нишасту сӯҳбат мекард. Ба нишаст бо умуму мавзӯи сӯҳбаташон кам майл дошт. Вале фарди аҳли фаҳму дониш аз сӯҳбаташ зуд раҳо намеёфт.
Ман хонандаи мактаб будам ва дарсҳои мактабиро хонда баҳои хубу аъло мегифтам. Ӯ маро фаротар аз китобҳои дарсӣ пурсу суол карда, шурӯъ ба шарҳу гуфтор мекард. Рӯзнома ва маҷаллаҳои маъруфи шӯравиро (“Известия”, ”Труд”, “Аргументы и факты”, «Наука и жизнь», «Огонёк», “Новое время”, «Вокруг света») пайваста мутолиа ва масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиро таҳлилу баррасӣ мекард. Ман суханони ӯро дар бораи авзои сиёсии замон (дидорҳои Рейгану Горбачёв, найрангу сиёсатбозиҳои эшон, авзои Авғонистону Фаластин), вазъи иқтисодии ҷаҳон, аз тазодҳои Ленину Плеханову Тротскӣ, дасисаҳои Сталину Берияву дигарон, сиёсату шахсияти Хрушёву Брежеву Черненкову Андропову Горбачёв), Наполеону Ҳитлеру Темурлангу қиёси эшон, амокину шигифтиҳои ҷаҳон бо мароқи том соатҳо гӯш мекардам. Ӯ худ коршиносу таҳлилгар буд ва назари таҳлилгарони маъруфи шӯравиро баррасӣ карда, нуқтаи назари хешро дар маворид иброз медошт.
  Шахси адабу шеъру фарҳангдӯст буд. Ашъори клоссиконро бисёр медонист. Ибни Синоро бисёр хонда буд. Ба Муҳаммад Иқбол бештар шавқ дошт. Ашъори зиёдашро аз бар карда, аз фалсафаи ӯ сухан мегуфт. Ҳангоми болидарӯҳӣ ашъори бузургонро замзама мекард. Ҳамчун марди ҳушманд рӯйдоду ҳаводисро дар дафтари махсус бо таърихи вуқӯъ сабт мекард. Муаллими Қудрат марди тануманд ва соҳиби зӯри бозуи фавқулодда буд. Доим ба машқу тарбияти бадан машғул буд. Дигарон тавони бардошту истифодаи вазна ва дигар афзорҳои варзишии ӯро надоштанд.
  Бо ҳазорон таассуф, пас аз фавти муаллим китобхона бо тамоми ашёи гирдовардааш ба нобудӣ рафтанд. Дар замони талабагӣ ҳамчун шахси мӯътамади муаллим китобу маҷаллаҳои мусаввари ӯро варақ мезадам, баъд аз вафоти вай дар замони донишҷӯӣ хабар аз он ҷо гирифтам, аммо он гирдоварди арзишмандро надидам. Муаллими Қудрат 20 июни соли 1995 дар синни 50 солагӣ тарки дунё карданд. Ашраф Акрам.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.