Деҳаи Ғӯмас

  Деҳаи Ғӯмас аз деҳоти ҷониби чапи Ванҷоб, минтақаи Ванҷи Боло буда, шомили Ҷамоати деҳоти Рованд аст. Деҳа дар ҳамворӣ ҷойгир буда, бо ҷангалу мавзеоти марғуби атрофаш намуди хеле зебо дорад. Он пас аз деҳаи Вишхарвак, аз мавзеи Пуни Ҷангал, ки дар гузашта деҳа будааст ва пас фаромадани тарма аҳли он онро тарк намудаанд, оғоз шуда, то мавзеи Лангар, ки он ҳам дар гузашта деҳа буда, мардумаш онро аз хавфи селу тарма тарк кардаанд, тӯл кашида, пас аз он деҳаи Рованд оғоз мегардад.
  Деҳаро даргов, ки аз дараи ғӯмасӣ поён мешорад, ду тақсим менамояд. Даргови он аз лозурҳои дараи ғӯмасӣ ибтидо мегирад, дар ҳама фасл сероб аст ва он сабаби сабзу хуррамии деҳ аст. Дар дараи Лангар конҳои маъдан мавҷуданд ва дар замони шӯравӣ аз онҳо маъдан истихроҷ мекарданд. Бисёре аз мардуми диёр дар он ҷо кор мекарданд. Бо барҳамхӯрии шӯравӣ кор дар он ҷо қатъ гардид. Дар деҳа мактаб, бунгои тиббӣ, мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум мавҷуд аст. Дар замони пеш дар деҳа фермаи калони говпарварӣ вуҷуд дошт, ки мардуми минтақаро аз маҳсулоти ширӣ таъмин менамуд.
  Дар деҳа афроди шарифу зарифу барӯманде гузаштаанд. Имрӯз ходмони илму ҷамъиятӣ аз ин деҳа дар сатҳи диёру кишвар касби мақому обрӯ намудаанд. Мулло Одина яке аз улламову устодони замони пеш аз аҳли ин деҳ буд. Афроде мисли Назриддин Асоев, Дастам Маҳкамов, Саид Боев ва дигарон муаррифигарони ин деҳа дар диёру кишвар мебошанд. Дар поён порае аз китоби Дастам Маҳкамов аз ҳаёти гузаштаи деҳа пешкаш мегардад.

Деҳаи ман

  “Деҳае, ки ман дар он таваллуд ёфтаам Ғӯмаст ном дорад ва дар ноҳияи зебоманзари Ванҷ воқеъ мебошад. Ин деҳа дар гузашта ниҳоят хурд ва ноайён буда, саршумори сокинонаш ниҳоят кам буданд. Имрӯз инкишоф ёфта шумораи аҳолияш торафт зиёд шуда истодааст.
  Дар солҳои ҷавонии мо,ки ба солҳои баъди ҷангӣ рост меоянд дар ин деҳа ҳамагӣ хоҷагиҳои зерин мавҷуд буданд:
1.Хоҷагии Маҳрамовҳо, ки ба он Иматшо, Лозрӣ, Пулод, Ташриф дохил буданд ва дар як хонаи калон мезистанд.
2.Хоҷагии Давлатовҳо, ки дар он бобои Хумор, Ширин, Исроил ва Оина бо фарзандонашон Миҳтоҷ ,Зур , Нусрат , Кишвар ,Сироҷ , Гулистон дар як хонаи калони бобогӣ умр мегузарониданд.
3.Хоҷагии Насибовҳо, ки дар он бобои Бой, Пирмаҳмад, Ғозӣ, Мулло, Рӯзак мавқеъ доштанд ва ҳамаашон дар якҷоягӣ мезистанд.
4.Хоҷагии Қамаровњо аз амаки Асо, Хушмаҳмад, бобои Иғбол ва Пирумшоҳ ташкил ёфта буд.
5.Хоҷагии Наимовҳо аз Наим, Насриддин, Мудин, иборат буда, оянда ба он Бурҳон, Маҳкам, Ҳаким, Зайниддин, Наҷмиддин, Ҳурфон, Ёр ворид гардиданд.
  Лекин обхезию сели 1953 боиси зиёд шудани аҳолии ин мавзеъ гардид. Сели соли 1953 боиси ба хок яксон гардидани деҳањои Лангару Язго гардид, ки аҳолияш ба қишлоқҳои атроф тақсим шудаанд. Аз ҳисоби онҳо хоҷагии Хусравовҳо ва Шариповҳо аз Лангар ба деҳаи Ғӯмаст омада муқимӣ гардиданд. Аз Язгои барҳамхӯрда оилаҳои Юсуповҳо, Шобеговҳо ва Мазамов ба қишлоқи мо омада зиндагии осудаҳолонаро ихтиёр карданд. Инчунин хоҷагии Асрор баъди муҳоҷир шуда ба ноҳияи Куйбеш рафтанашон бо гармиҳо тоб наоварда, соли 1953 аз нав ба қишлоқ бар гашта, дар хоки ин мавзеъ ҳам зистанду ҳам дар хоки он ба худ хонаи охират ёфтанд.
  Ҳамин тавр дар солҳои 50 асри ХХ аҳолии деҳаи мо дар ҳаҷми ҳафт- ҳашт хоҷагӣ қарор дошт. Хусусияти деҳаи мо чунин аст, ки дар домани кӯҳ ҷойгир гардида, кӯҳҳои сар ба фалак онро печонида гирифтаанд. Дар фасли замистон деҳа қариб офтабро номебинад. Офтоб танҳо соати 2 баромада каме ҳукумфармоӣ карда ғайб мезанад. Зодгоҳи мо дар масъалаи обу ҷангал ва чарогоҳи ҳайвоноти хонагӣ дар ҷои худодод ҷойгир буда, инчунин чашма ва боғҳои фаровон дорад. Табиаташ ниҳоят форам ва дилкаш мебошад, шахси дар он як маротиба меҳмоншуда доим орзу мекунад, ки бори дигар ба он ҷо бар гардад. Дар деҳа табиат шароити фаровони истифода аз ҳосили бодом, яхман, қорт, ангат ва дигар гиёҳҳоро овардааст. Камолу гиёҳҳои табобатӣ ҳам дар ин ҷо ниҳоят фаровонанд ва дорои ҳайвоноти нодири кӯҳӣ мебошад.
  Деҳаи мо аз солҳои 60 сар карда оҳиста – оҳиста рӯ ба пешравӣ ниҳод. Зеро ки дар ин давра захмҳои солҳои ҷанг шифо ёфта зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ҳамон ҳафт хоҷагии калони патриархалӣ рӯ ба парокандашавӣ ва ҷудоию мустақилшавӣ ниҳоданд. Аз хоҷагии Маҳрамовҳо минбаъд хоҷагии Иматшо, Лозрӣ, Пулод, Ғайрат, Исмоил, Ало ҳамсояи онҳо Гулмаҳмад ва Довути мустақил шуда баромаданд. Аз хоҷагии Давлатовҳо дар оянда оилаҳои мустақили Миҳтоҷ, Кишвар, Сироҷ, Зур, Нусрат баромаданд, ки имрӯз фарзандони онҳо низ хонаҳои ҷудогона сохта мустақил умр ба сар мебаранд ва қисме аз онҳо дар ноҳияи Қабодиён дар рӯзгори обод умр ба сар мебаранд. Хоҷагии Насибовҳо мустақил гардида Мулло, Марҳамад, Азамат, Баҳром, Ғазал, Амоншо хоҷагиҳои худро таъсис доданд. Имрӯз бошад фарзандони онҳо хоҷагиҳои мустақилро ташкил дода, дар пахлӯяшон хоқагии Шамсов Рӯзибой қомат афрохтааст. Аз хоҷагии Наимовҳо як қисмашон ба Қабодиён кӯч бастанд, Ҳумрон, Қирон, Пайшамб, Аҳтам, Хайрӣ бо фарзандонашон зиндагиро дар қишлоқ ихтиёр карданд. Дар бораи хоҷагии амаки Ёр ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки бо хоҳари янгаи Сомиҳа хонадор шуда, дар ҳамсоягии Юсуфҳо хона сохт. Зиндагии хубе ташкил карда, фарзандони зиёде ба дунё овард. Аммо бисёри фарзандонаш бар маҳал аз дунё гузаштанд, ки ин модари бечора ҳамеша месӯхту мегирист. Аз зиндагии якҷояи онҳо танҳо Сафару Шукри монданд. Сафар ҳоло дар Душанбе бо фарзандонаш зиндагӣ ва рӯзгор дорад, Шукри бошад, солҳои дароз мешавад, ки дар Россия бо аҳлу байташ зиндагӣ дорад. Аз Назриевҳо Ҳаким, Маҳкам, аммаи Қурбумо ва Рухсор монда буданд, ки бо фарзандони худ Ёдгор, Раҳмон, Замон, Дастам, Чоршамб, Ғалимат, Маҳбуба, Ҳабиба, Муривват, Нозикмо ва Рамазон дар ин деҳа ҳаёти арзанда ба сар мебурданд. Пас аз мактабро хатм кардан фарзандонашон барои касбу ҳунар гирифтан ба таҳсил рафтанд ва қисми зиёди онҳо дар шаҳрҳо монданд.
  Аз ҳисоби кӯчида омадагиҳо хоҷагии Юсупову Мазамовҳо, аппаи Гург, акаи Ҳукумат, Ҳадолат, Бег, Музаффар, Ҷафар, Хуршед, Маҳмадшо ва ғайраҳо хоҷагињои ҷудогонаро ташкил дода рӯзгор мебаранд. Хусравовҳо яке аз оилаҳои калонтарин буданд , ки як қисмашон баъди хонаҳояшонро вайрон кардани сел ба қишлоқи мо ва як қисмашон ба қишлоқи Рован кӯчиданд. Ҳоло дар қишлоқи мо фарзандони бобои Ниҷот ва Сирон зиндагӣ доранд. Намояндагони хонадони Шариповҳо амаки Зубайд ва Азора буданд, ки ворисони онҳо Тоҷ, Шодмон, Савлат, Зинатшо, Иззатшо, Саидшо, Зиёратшо, Саодат, Содиқ ва фарзандони онҳо мебошанд, ки зиндагии хубе доранд. Амаки Сулаймон, Барон, Ҳисмон он солҳо ба рӯйхати кӯчандаҳо дохил гардида, ҳамроҳи аҳлу байташон ба шаҳри Душанбе кӯчида, тамоми умр дар километри ҳафтум зиндагӣ карда, ҳоло фарзандонашон дар он ҷо зиндагӣ доранд.
  Соли 1969 барфи зиёд зад, ки боиси фалокатҳои пай дар пай гардид. Худи ҳамон замистон қишлоқи хурдакаки Пуниҷангал зери тарма монда, хонаву ҷои оилаи Одинаевҳо вайрону валангор гардид. Мардуми меҳмоннавози деҳаи мо ба рӯи ин фалокатзадаҳо оғӯши меҳрубонию навозиши худро кушоданд. Ҳама чун як тану ҷон ба онҳо дасти ёрӣ ва мадади худро дароз карданд. Ҳамин тавр оилаи нави Фазлиддин, Шобиддин ва фарзандони онҳо ташкил ёфтанд. Боқимондаи онҳо ба монанди Гулиста, Сафар, Нурак ба Душанбе ва Қурғонтеппа кӯч бастанд. Имрӯз аз ҳар як хоҷагии деҳот як ду нафар фарзандон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ зиндагию фаъолият доранд. Деҳа масоҳаташ он қадар калон набуда, қариб тамоми мавзеҳояш аз хонаю боғу роғ пур шудааст. Имконияти дигари додани ҷой барои сохтмони хонаю манзилро қишлоқ надорад. Аз ин рӯ ба дашти Ушхарваку Язго муҳоҷират кардан бояд оғоз гардад, ва вақти он расидааст, ки он ҷойҳо аз осори сел обод карда шаванд.
  Дар деҳа аввалҳо мактаби ибтидоӣ мавҷуд буд, ки аз солҳои 60 ба мактаби 8-сола, минбаъд ба 9-сола ва ҳоло ба миёна табдил дода шудааст. Муассисаҳои маданӣ – равшаннамоӣ дар деҳа вуҷуд надоштанд. Тамоми намоишҳои кино ва маҷлисҳои деҳа дар хонаи кӯҳнаи бобогии Давлатовҳо баргузор мегардид. Курсиҳо мавҷуд набуданд ва ҳар кас чизе пайдо мекард барои нишасташ гирифта меовард. Мардуми деҳа ҳама ба боғдорӣ, чорводорӣ, зироаткорӣ, асалпарварӣ, парандапарварӣ машғул мебошанд. Дар байни онҳо дар алоқа бо ҳаёти иқтисодии мамлакат фаъолияти соҳибкорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ дар авҷ мебошад. Бо сабабҳои мӯҳтоҷии иқтисодӣ мардуми қишлоқ фарзандошонро баъди хатми мактаби миёна на барои давом додани таҳсилу гирифтани маълумот, балки ба кор ба Руссия ё дигар кишварҳо мефиристонанд, ки ба фикри ман ин хатогии ислоҳнашаванда мебошад. Дар он ҷо онҳоро чандин хавфу хатар домангир аст, лекин падару модар аз маҷбурияти иқтисодӣ тавакал мекунанд ва барои сафари фарзандонашон ба ватани бегона розигӣ медиҳанд. Агар дар он ҷо ба мисли солҳои пешин корҳои геологӣ ба роҳ монда мешуд, қисми зиёди мардум соҳиби ҷои кори мавсимӣ мешуданд. Табиат, обу ҳаво ва алафу гиёҳҳои шифобахши ин минтақа кам омӯхта шуда, қариб тамоман истифода намешаванд. Ҳатто имконияти ғунучин ва коркарди онҳоро ба роҳ мондан мавҷуд аст, лекин касе ба ин кори хайр даст намезанад. Дар ноҳия имконияти муҳайё сохтани корхонаҳои кансервакунӣ, сангтарошӣ, коркарди чӯб мавҷуд аст, аммо касе ба ин масъала диққат намедиҳад. Мардум дурбин нестанд, манфиати худро дарк намекунанд, намефаҳманд, ки фарзанде, ки ба ҷое дохил нашуда, маълумотро сари вақт нагирад, имконият аз даст меравад. Аксар кӯшиш мекунанд, ки писаронашонро ба омўзишгоҳу коллеҷо супоранд. Бо ин амал хам худашон, ҳам фарзандон ва ҳам ояндаи Ванҷро фиреб медиҳанд. Фарзандонро ба мактабҳои арзанда супоридан даркор, ки кадри ояндадор шаванд ва ба халқу ватан манфиаташон бештар расад. Тамоми заҳмати мо барои ояндаи мусоиди онҳо мебошад ва бояд тамоми тадбирҳоро андешем, ки маълумоти арзанда ва касби зарурӣ гиранд. 

 Аз китоби «Тифлию домони модар»-и Дастами Маҳкам.

Расмҳои деҳа:

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.