Деҳаи Ғуҷовас

  Ғуҷоваст яке аз деҳаҳои зебоманзари Ванҷи Боло, шомили Ҷамоати деҳоти Рованд буда, дар ҷониби чапи Ванҷоб воқеъ аст. Аз поён бо деҳаи Равгада ва аз боло бо деҳаи Вишхарвак ҳамҷавор аст. Деҳа табиат ва намуди назаррабо дошта, даргови ғуҷовасӣ онро ба ду қисмат тақсим менамояд. Қисмати бештари он дар ҳамворӣ ва ду маҳаллаи болоии он дар баландӣ ва мавзеи ҳамвор ҷой гирифтаанд.
  Дар гузашта бештари идораҳои давлатӣ дар ин деҳа буданд. Идораи совхоз, мактаби миёна, интернат, сехи дӯзандагӣ ва дигар муассисоте дар ин деҳа буданд, ки он маркази муҳими ҷамоат маҳсуб мешуд. Ҳоло дар деҳа идораи хоҷагии деҳқонии “Ватан”, мактаби ибтидоӣ, мактаби миёнаи №1, хонаи маданият, корхонаи истеҳсоли равғани ангат, чанд мағозаи фурӯши мол мавҷуданд.
  Деҳа аз ду қисмати асосӣ: Ибара ва Убара иборат аст. Ибара аз маҳаллаҳои Пун, Минаи Маҳалла, Дашт, Торва ва Убара аз Таг, Тор, Торшер иборатанд. Ибара ва Убараро монанди соири деҳот даргови ғуҷовасӣ ҷудо месозад. Ин даргов аз лозурҳои дараи ғуҷовасӣ ибтидо гирифта, дар ҳама фасл оби софу сафед дорад. Дар дараи ғуҷовасӣ кони кварс мавҷуд аст. Дар замони шӯравӣ онро аз он ҷо истихроҷ мекарданд.
  Яке аз мавзеъҳои зебои деҳа ва Ванҷи Боло заги паҳну ҳамвори Харгад буд, ки он ҷои баргузории иду бозиҳои варзишӣ буда, дар атрофи он заминҳои зиёди кишти мардум воқеъ гашта буданд. Мутаассифона, дар солҳои ахир Ванҷоб қисмати бештари онро канда, ба сангу регзор табдил дод. Ҷангали бузурги канори он низ тӯъмаи дарё шуд.
  Мактаби №1-и деҳа яке аз муассисоти аввалин ва беҳтарини ноҳия буда, бисёре афроди барӯманди диёрро таълиму тарбия додааст. Зуҳур Ёрови маъруф, Савлатшо Иброҳимов, Хол Ёров, Санавбар Давлатов, Мурод Шарипов, Музаффар Шарипов, Саидшоҳ Лашкаров ва дигар афроди олиму ходими сатҳи ҷумҳуриявӣ аз дастпарварони ин мактаб мебошанд. Ашраф Акрам.

Расмҳои деҳа:

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.