Ёр Шомаҳмад

  YorshomahЁр Шомаҳмад соли 1912 дар деҳаи Вравз, миразории Водхуди амлокдории Ванҷ, дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиаш хеле пештар аз давраи наврасӣ оғоз ёфтааст. Ёр Шомаҳмад аз зумраи он ашхосест, ки яке аз аввалинҳо шуда, ҳаракати колхозиро пазируфтаю дар ин маърака иштироки фаъолона доштааст. Дар колхози навбунёд ӯ ҳамчун деҳқони оддӣ, дертар сардори бригадаи зироаткорӣ шуда меҳнат кардааст.
  Соли 1936 кордонии Ёр Шомаҳмадро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи котибии колхоз пешниҳод намуданд. Дар солҳои минбаъда фаъолияти меҳнатии ӯ ба тариқи зайл сурат мезирад: солҳои 1940-1950 раиси ҷамоати (деҳшӯро) Водхуд, сардори Управленияи кишоварзии ноҳия, 1950-1960 раиси колхози “Сотсиализм” ва “Комунизм”, 1960 то ба нафақа баромадан ҷонишини раис ва агрономи колхоз.
  Маҳз дар солҳои раис буданаш кордонӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва санъати роҳбарии Ёр Шомаҳмад бараъало мушоҳида мешуд. Ӯ бо як ҳалимию самимияти падаронаю бародарона ба кормандони хоҷагӣ ва деҳқонони қаторӣ муносибат мекард. Бо туфайли хислатҳои ҳамида, ин фақат ба кам андар ками роҳбарон хос аст, дар байни тамоми хосу оми ноҳия ба иззату эҳтироми хоса соҳиб гашта буд.
  Эътирофи хизмати намунавиаш дар интихоб шудани ӯ соли 1954 бо депутатии Шӯрои Олии ИҶШС зоҳир мегардад. Дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи меҳнатиаш қариб 20 сол ба сифат депутатии Шӯрои вилоятӣ манфиати ноҳияро ҳимоя намудааст. Ӯ вакили Анҷумани Х ҲК Тоҷикистон буд.
  Фаъолияти баланди меҳнатӣ ва намунавии Ёр Шомаҳмад бо ордени “Нишони фахрӣ”, чандин медалу ифтихорномаҳо қадр шудааст. Вале аз ҳама мукофоти баланд эҳсоси самимияту эҳтироми ҳамдиёронаш нисбати ӯ буд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Аз Ванҷ то Маскав

  Деҳаи тамошобоб ва хуштабиату хуррами Вравз. Рӯди аз саргаҳи кӯҳсорон ҷоришаванда миёни деҳаро бурида, ба ду қисм тақсим мекунад, ки ин ба деҳа зебоии дигаре илова мекунад.Тарафи чапи деҳа, хело хурд буда, ин мавзеь номаш Аравн аст. Қаҳрамоне, ки мо дар борааш сухан хоҳем кард, зодаи ҳамин мавзеъ мебошад. Марде, ки тамоми ҳаёт ва ҳастияшро барои ободӣ, сарсабзу хуррамгардондани диёри худ сарф намуд ва дар ин роҳ ба мақсуди хеш расиду соҳибэҳтироми хосу омми диёр гардид, Шомаҳмад Ёров мебошад.
  Шомаҳмади Ёрмаҳмад соли 1912 дар деҳаи Вравз, ноҳияи Ванҷ дар хонадони деҳқон Ёрмаҳмад таваллуд шудааст. Ӯ аз наврасӣ ба ғайр аз деҳқонӣ, инчунин дар оҳангарӣ низ маҳорат дошт, чун амакаш устои моҳир ва чирадаст Усточа Сафиев меҳри ин касбро дар дилаш бедор кардан буд ва мададгори доимии усто буд. Бобии Шомаҳмад аз нахустинҳое буд, ки сохти колхозиро хуш пазируфт. Фаъолияти хубашро ба назар гирифта, вазифаи котиби колхозро ба ӯ бовар мекунанд.
  Солҳои 1933–1935 ӯ чун роҳбари коргарони ванҷӣ дар сохтмони канали калони Вахш кор кардааст. Баьдан, ҳамчун котиби ҷамоат фаьолият кардааст. Солхои 1940-1950 раиси деҳшӯрои Водхуд ва дар Раёсати кишоварзии ноҳияи Ванҷ кор мекунад. Аз соли 1950 то 1960, яьне то ба нафақа вазифаи раисии колхозҳои “Сотсиализм” ва “Коммунизм”-ро иҷро кардааст.
  Мардм аз рӯи меҳр соли 1954 ӯро намоянда, яьне Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (20 сол), депутати вилоятӣ ва вакили Съезди Х ҲК Тоҷикистон интихоб карданд. Ёров Шомаҳмад барои хизматхояш бо ордени “Нишони фахрӣ” ва медалу Ифтихорномахо сазовор гардидааст. Ӯ 24 октябри соли 1989 вафот кард. Мардуми диёри Водхуд барои абадӣ гардондани хотирааш ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқониро “Хоҷагии деҳқонии Ёр Шомаҳмад” номгзорӣ карданд. Давлатмир Давлатов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.