Ширинбег Давлатов

  ShirnbegШиринбег Давлатов дар деҳаи Рованди амлокдории Ванҷ соли 1903 ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш хеле барвақт оғоз ёфт. Ширинбег соли 1930-1931 дар мактаби муаллимтайёркунии шаҳри Самарқанд таҳсил намуда, баъди он дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ба сифати муаллим ва директори мактаб кор кардааст. Баъди он солҳои зиёд ба сифати директори мактаби бачагонаи ятиму бепарасторони ноҳияи Ванҷ адои вазифа дошт. Баъди баргузори Пленуми ҲКИШ соли 1947, ки дар он масъалаи зиёд намудани чорвои ҷамъиятро дида мебароянд, Давлатов Ширинбегро ба вазифаи сардори комбинати гӯшту шири ноҳияи Ванҷ тавсия намуданд. Он солҳо барои зиёд намудани  саршумори чорвои ҷамъиятӣ аз ҳисоби аҳолӣ чорво ҷамъ менамуданд. Ӯ дар давраи хизматаш дар ин коргоҳ чорвои зиёде ҷамъ оварда тавонист. Бо ин амали хеш нишондиҳандаи чорвои умумии ноҳияро ғайричашмдошт хеле баланд бардошт.
  Давраи пастравии истеҳсоли кишоварзӣ, алалхусус ғалла, ибтидои солҳои 60-ум дар миқёси умумиттифоқ водор сохт, ки сарварони ноҳияҳо дар ин ҷода чораҳои зарурӣ андешанд. Ба хоҳиши китоби якуми кумитаи ҳизбии ноҳия Сайфиддин Раҷабов ва раиси колхози “Съезди 20 партия” Маҳмадҷон Ҷорӯбкашов Давлатов Ширинбег сардори бригадаро ба ӯҳда гирифт.
То он солҳо бригада дар масоҳати 25-30га замин ғалладона кишт мекард ва ба ҳисоби миёна соле 200-300га сентнер ҳосил меғундошт. Соли аввали бригадириаш Ширинбег дар майдони 34га ғалладона кишт намуда, 800 сентнер дон гирифт. Соли оянда майдони киштро то 45га зиёд кард. Заминҳои лалмии бекорхобидаро ба кор андохта, ба ҳар як корхонаи ноҳиявӣ қитъа ҷудо кард. Коркарди онро ба роҳи ҳашар пеш мебурд. Аз он ҷумла, кумитаи ҳизбии ноҳия дар “ Лалмаи Сурх”  кишти гандум гузаронда, ҳосили онро ҷамъоварӣ намуд. Бригада 1358 сентнер  ҳосил ҷамъоварӣ намуда мардумро  аз танқисии нон раҳонид. Ҳатто намунаи ҳосили онро гирифта, ба Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС ба шаҳри Маскав бурданд ва Ш. Давлатовро бо медали нуқраи  НКХХ ИҶШС сарфароз гардониданд.
  Ширинбег Давлатов бештар аз 40 соли ҳаёташро ба тарбияи насли наврас сарф намудааст. Дар ин давра шогирдони зиёдеро ба камол расонидааст. Заҳматм ӯро ба назар гирифта, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба унвони “Аълочии маорифи Халқ” қадршиносӣ намудааст.
  Албатта, дар ин ҷо метавонистем ба маълумоти оиди фаъолияти Ш. Давлатов доштаамон хотима бахшем, вале аз падидаи ғолибе, ки ба ин марди меҳнат ва авлодаш вобастагии табиӣ ва рамзӣ дорад, сарфи назар карда наметавонем. Ин арари азимҷуссаест, ки хона ё ошёни авлодии қавмро аз саравлодаш Осмонбег сар карда, то ба Ширинбегу набераҳояш бе он тасаввур кардан мумкин нест. Соли 1973 як гурӯҳ олимони пажӯҳишгоҳи биологии  шаҳри Ленинград аз ин диёр дидан намуда, синни араро 800-900 сол муайян карданд. Дар солҳои қабл аз Инқилоби Октябр даруни ин арарро ба сифати мактаб истифода мебурданд.
  Ба ғайр аз Ширинбег, бародари калониаш Авазбек Давлатов дар бағали ин арар дар солҳои шӯравӣ камол ёфтааст. Шодравон Авазбек Давлатов  иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватани дорандаи 29 ордену  медалҳои ҷангӣ ки он ду тояш ордени Шарафи дараҷаи са ва ду мебошад. Дар воқеъ, ҳар ду ҳам арару ҳам ин марди солдида бобои Ширинбег, ки аз як аср бештар умр дидааст дар замири хеш таърихи Ванҷро ҷилвагар намудаанд. Онҳо шоҳиди зиндаи дигаргунсозиҳои қарни 20 буда, ба ояндаи рахшони диёр бо чашми умеду боварибахш менигаранд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.