Шавгад

  Шавгадҳоро аз қадим дар доманакӯҳҳо дар хати роҳҳои сафари тулонӣ барои шабгузаронии  шикорчиён, чӯпонону одамони сафаракие, ки тавассути дараҳо ба дигар минтақаҳо сафар мекарданд, месохтанд.  Баъзан, шахсони шикоракӣ дар ҳамин гуна кадҳо роҳи омадани галаи нахчирҳоро то субҳидам поида, дар “молиш”[1] меистанд.
  Ба сабабе, ки шавгад кади бисёр истифода баранда набудааст, онро аз қадим бе бом (бунг) месохтанд ва ё дар танаи санги калону шахи бузурги ковоке бино мекарданд. Чунки шахсоне, ки як ё ду шабро дар ҳамин гуна кадҳо рӯз мекарданд, барои онхо фақат тавассути деворҳои ин бино шабонгаҳ аз шамолҳои хунуки кӯҳистон эмин модан муҳим будааст.
  Дар кӯҳдоманҳои диёри мо чунин шавгадҳо дар лалмаҳои[2] хамб[3] ва дар танаҳои шахҳои бузург сохта хело зиёданд, ки аз ин гуна сохтмонҳоро то замони мо мардуми таҳҷоӣ бо номҳои “шавгади фалунӣ” ва “шавгади бисмадунӣ” ном мебаранд. Азиз Қадамов.
  Дар акс шавгади Чойбрек дар дараи деҳаи хушманзараи Вишхарвак. Аксбардор Рӯстам Маҳкамов.

[1] Дар молиш истодан – дар интизори сайд камин гирифтани сайёд
[2] Лалма – путаи ҳамвор
[3] Хамб – ҳамвор

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.