Чормағз ва хусусиятҳои шифобахшии он

Чормағзро дар забони форсӣ гирдакон, ҷавз ва гирду низ мегӯянд.

Сахтӣ кашанд чорапарастони рӯзгор,
Аз захми санг чора надорад чормағз. (Бедил).Maghz

Гирдаконе чандаш андар ҷайб кард,
Ки ту тифлӣ гир, ин мебоз фард. (Румӣ).

Партави некон нагирад он, ки бунёдаш бад аст,
Тарбият ноаҳлро чун гирдакон дар гунбад аст.(Саъдӣ).

Одамиро забон расво кунад,
Ҷавзи бемағзро сабуксорӣ. (Зарбулмасал).

Ҳар гирдӣ гирду нест. (Зарбулмасал).

  Оилаи чормағзҳо зиёданд. Аммо чормағзе, ки дар диёри мо мерӯяд, дарахте аст, ки баландиаш аз 4 то 25 метр ва ҳатто зиёдтар низ қад мекашад. Ғафсии танааш то 1,5 метр мерасад. Чормағз шоху барги анбӯҳ ва баргҳои паҳну ҷудо-ҷудо дорад. Гулҳояш майда ва мисли гушвор овезон ҳастанд. Баргҳояш бӯи равғани эфир доранд. Мевааш бо мурури замон хушк шуда, ба ду қисм ҷудо мешавад. Ҳар донаи чормағз як пусти сабз ва як пусти сахти чӯбин дорад. Пусти чӯбини он дукафа аст ва дар миёни он мағз қарор дорад. Мағзи чормағз дорои маводи ғизоии бисёр аст. Иқтидори ғизоӣ ва равғаннокии он то ҳадде аст, ки дар 100г чормағз 654 ККал вуҷуд дорад. Аз бисёр хурданаш фарбеҳӣ ба вуҷуд меояд. Барои одамони вазнашон бисёр зиёд тавсия намешавад.
  ShoxklulaТаркиб ва қурби ғизоии он: сафеда, равған, карбогидрат, об, ангиштоб, ғизонокии ККал16,2 г 60 11 4 16 654. Маншаи дарахти чормағзро дар Осиёи Арабӣ ва навоҳии Ҳимолой медонанд. Дарахти чормағз аз дарахтони бисёр боарзиш ва аз паҳнбаргон аст. Дар бисёре аз нукоти ҷаҳон, дар нимкураи шимолӣ аз марказ то шарқи Аврупо ва Қафқоз, аз шимолу маркази Эрон то доманаҳои Ҳимолой то кишварҳои Чину Ҷопон ва ҳамчунон гунаҳое аз он, дар Амрикои шимолию ҷанубӣ ба таври табиӣ мерӯянд ва кошта мешаванд. Танҳо ҷангали табии боқимонда аз ин маҳсул дар дунё ҳамакнун дар Қирғизистон ва дар шароити бисёр хуб мавҷуд аст.
 Аз чормағзҳои мавҷуд дар дунё маъруф чормағзи эронӣ аст. Зеро ибтидо аз Эрон ба Ховари Миёна ва аз онҷо ба Юнону Рум ва сипас ба Инглистон ва баъд ба Амрико бурда шудааст. Нуқта: Чормағзе, ки дар диёри мо вуҷуд дорад, дар сарчашмаҳои илмӣ бо чормағзи юнонӣ машҳур аст, аммо дар боло ватани онро Эрон баён кардем. Ба ҳар ҳол ҳадафи мо дигар аст. Фақат як чиз боиси ёдоварист, ки ҷангали табиии боқимонда аз онро Қиргизистон зикр карданд, дар ҳоле, ки дар диёри мо, Ванҷи Боло низ ҷангали табии худрӯи ин дарахт вуҷуд дорад.

Чормағз ва фоидаи он:

   Назоратчии вазн. Чормағз миқдори қобили тавваҷӯҳи фибрро дар даруни худ ҷой додааст ва ҳамон сабаб мешавад, ки пас аз масрафаш барои муддати тулонӣ эҳсоси серӣ дошта бошад. Агар ғизонокӣ яке аз таркиботи даруни чормағз аст, вале масрафи рӯзонаи он роҳи муносиб барои идораи вазн аст.
  Кӯмак ба хоби беҳтар. Триптофан яке аз таркиботи чормағз аст, ки доштани хоби ором, бокайфият ва афзоиши мизони серотонинро дар бадан кӯмак мекунад. Илова бар ин чормағз як манбаи табии барои таъмини мепотонин аст, ки маъсулияти танзими хобро дар бадан ба ӯҳда дорад.
  Пешгиркунандаи резиши мӯй. Яке аз роиҷтарин мушкилоти имрӯз барои занону мардон резиши мӯй аст. Чормағз ба далели вуҷуди витамини В7 яке аз хурокҳое аст, ки ба тақвияту рушди бештару беҳтари мӯй кӯмак мекунад.    
  Камранг сохтани нишонаҳои пирӣ. Агар нигарони пир шудани пӯст ва пайдоиши ожанг дар даври чашм ҳастед, ҳаррӯза масраф кардани чормағзро фаромӯш накунед, ки ба далели вуҷуди антиоксид монеи бурузи осебҳои пӯст мешавад. Ҳамчунин омегаҳои мавҷуд дар он мӯҷиби ҳифзи латофати пӯст мешавад.
  Оромбахш ва коҳишдиҳандаи стерсс. Аз он ҷо, ки чормағз манбаи саршор аз фибр, антиоксидон ва тезоби чарби ҷамънашуда аст, кӯмаки шоёне ба коҳиши стерсс мекунад. Бинобар таҳқиқотҳо таъсири чормағз дар коҳиши фишори хун, нақши муҳиме дар аз байн рафтани стресс ва изтироб иҷро мекунад. Агар 200гр қисми чӯбии чормағзро бо як кило асал омехта карда, истемол кунанд, омоси ғадудҳоро (адиномаро) аз байн мебарад.
  Фоидаҳои дигари чормағз. Чормағз ба мағзи сар монанд буда барои саломатии инсон фоидаи зиёд дорад. Хурдани чормағз дар фасли гармо, ҳарорати бадан ва захмҳои баданро таҳрик медиҳад ва дар мавсими сардӣ гурдаҳоро гарм нигоҳ дошта, сарморо аз ин узви бадан дур мекунад.Kulula
  Ҳамаи қисмҳои ин дарахт дорои моддаҳои фаъоли биологӣ мебошанд. Дар пустӣ он тритерлепоидҳо, стероидҳо, алкалоидҳо, витамини С ва ғайра дарёфт шудааст. Гарчанде ки дар таркиби чормағз равғани зиёд бошад ҳам, ӯ барои паст кардани холестерин дар таркиби рагҳои хунгард кӯмак мекунад. Чормағзҳои пухта расида ғизои комил ва доруи баландсифат ба шумор меояд. Ғизонокии чормағз ду баробар аз нони гандуми дараҷаи аъло болотар аст. Онҳоро барои муолиҷаи дарди артерияҳо ва нарасидани витаминҳо дар бадан тавсия медиҳанд. Ҳуҷайраҳо ва равғани дар таркиби чормағз вуҷуд дошта кори рудаҳоро зиёд мекунад. Дар солҳо қабл равғани чормағзро барои бемории сил истифода мебурданд. Бо доштани қобилияти мубориза бо газакҳо, равғани чормағз бо муваффақият барои муолиҷаи бемориҳои илтиҳобии пӯст, луобҳо, васеъшавии рагҳо истифода мешавад. Инчунин, равғани чормағзро барои пешгирии радиатсиаҳои химиявӣ ба кор мебаранд.  
  Донишгоҳи таҳқиқии Колифорния инро собит мегардонад, ки баъди истифодаи чорҳафтаинаи равғани чормағз холестерин дар хун ба муддати чанд моҳ, кам шудан мегирад. Равғани чормағз барои харобшавӣ ва ҷавонкунии бадан истифода мешавад. Мағзи чормағз бо доро будани витамини Д барои кудакони мубталои камхунӣ фоида дорад. Бо доштани каме оҳак боиси зиёд шудани хун ва мустаҳкам шудани устухонҳо мегардад. Асбаски дар таркибаш фосфор ҳаст, барои касоне, ки корҳои фикрӣ доранд, фоида дорад. Бо доштани витаминҳои Р, А, Е ва гурӯҳи витаминҳои В ва микроэлементҳои J, Ca, Мg, Сu, Zn, Fe, P ва дигар моддаҳои фаъоли органикӣ барои касоне, ки касалиҳои қанд, рӯда, пастфишорӣ ва бемориҳои ишемявии дил доранд фоида дорад. Дар пӯсти сабзи чормағз ва барги он моддае вуҷуд дорад, ки дар рангрезӣ ба кор меравад. Аз барги чормағз доруе тайёр мекунанд, ки меъдаро қувват медиҳад ва камкунандаи миқдори қанди хун аст.
  Шира ва қиёми барги чормағз илтиҳоби дохили даҳон, гулӯ, хунравии гираҳои дандонро аз байн мебарад. Хӯрдани чормағз аз ташкили санги гурда, санги кисаи сафро ҷилавгирӣ мекунад. Чарбуҳои муфиди мавҷуд дар чормағз холестероли бади хунро коҳиш дода, аз тасаллуби шоҳрагҳо пешгирӣ мекунад. Мутолеъоти анҷомшуда баёнгари ин матлаб аст, ки масрафи чормағз хатари марги ногаҳонии ношӣ аз ихтилооти қалбӣ ва гирифтагии рагҳоро коҳиш медиҳад.
  Фоидаи он дар истеҳсолот.Чуби он сахт ва сохти дарунии он бисёр зебост, ки барои сохтани ашёҳои чубини гаронбаҳо ба кор меравад. Дар диёри мо аз чуби чормағз табақ, бели чӯбин барои барфрӯби, қошуқ, ва супор барои кишт кардани замин месозанд.
  JangchormЧормағзпарварӣ соҳаи даромаднок буда, дар амалӣ гардонидани фармони Президенти кишвар дар бораи бунёди 46901га боғу токзорҳои нав дар давоми солҳои 2011-2014 бояд дар минтақаҳои шароити табииаш ба биологияи чормағз мувофиқ бунёди чормағзҳои нав дар ҷойи аввал бошад. Аз ҷиҳати давомнокии давраи ҳосилдиҳи чормағз дар байни дарахтони мевадиҳанда дар ҷойи аввал меистад. Ҳангоми дуруст нигоҳубин кардан дар шароити обӣ ниҳолҳои пайвандӣ дар 5-6 салагӣ ва ниҳолҳои бепайванд дар 10-12 солагӣ ҳосил медиҳанд. Навъҳои тезҳосилдиҳанда бошад, дар 3-4 солагӣ ба ҳосилбандӣ сар мекунанд.
Кори амалии хонандаи сифи 8-уми муассисаи таҳсилоти умумии №4 Суҳайлои Ёдовар.

1 Назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.