Хрсо дар китоби срху одамо да китоби белқоба

  Мардми мо ай руи хусусият ва феълу атвори авлоду аҷдодишн ҳамаи чзера, ки бай саршн миёя, ва хандаву шӯхӣ қабул мекнан. Ай тори саршн ага санг ам ббора механдан, набора ам механдан, некӣ дар ҳақиқат дар ноомадии кор ва ягон фоҷеаву бадбахтӣ ам ай ҳама ови чшми шашқатори пр бо ам мардми мо доранд.
  Ҳамасола мардми Ванҷ дар се фасли сол ранҷи пр мекашан, дар баҳор ай селу борндгӣ, дар товистун ай овхезиву рабандӣ, дар фасли зимистун ай боришоти ай ҳад вурӯи барфу фрмаани тармаву рабандиву бераӣ. Ва гфти шоири равоншод бобии Мло Ёр : – ”Амин борндгиву ову чал кам бин ки… ,, бо мардми мора намин ду се соли охир тарси тохтутози хрсо то андозаера безобита ва мушавашхотир караст. Ва ҳамаи ин ташвишу изтиробои мардм ҳакатан ам ҷо дора, зеро ки бар зами оне, ки хрсо бай молу ҳоли мардм таҳдиди ҷиддӣ мекнан, рӯз ай рӯз хавфи ҳамла каран ва ба саломатии мардм зарар расундан ай тарафи хрсо ай эҳтимолам дур нест.
  Хрс ай рӯи хусусияту феълу атворш ҷнвари бадқаҳрай, баъзан хд ай хд мдате чанд ба қаҳру ғазабам миея, бисе ҷнвари бақувватай, ва зарбаи як чапот сутунмӯҳраи барзгови чорсолара озодона мешкана, дандунои дроз ва чанголои дрозам дора, хусусан, модахрсое, ки бачадор астан бениҳоят хатарнокан.
  Ҳини сафар ай зодгох ба тарафи шаҳр як хамсафармн ай деҳаи Рован сӯҳбат кар, ки як се чор рӯз пештар, дар як поси шав, дар деҳа хрсу бачаш дари оғли молои акаи Тоира меканан, моло меброян, тора мезанан сни боло, катахрс ай дмшн болоӣ медава, хрсбача сни повн. Акаи Тоир дарак миёва, меброя ай дми моло, дар ғайри шав дар пеши дари оғл чхт мекна, ки хирси калун молора уй мекнаву медава бай тарафи акаи Тоира. Акаи Тоирам рӯш бай хрс доду фарёд кара, ақибакӣ мерава, ки дар як чӯв пешпо мехра, меғалта ва тахтаи пушт.
  Мҷараде пуштакӣ меғалта дига фрҷаи хестан намиева, катахрс амн замон болоша мегира, ай рӯи чақ-чақи ҳамсафармн ва нақли акаи Тоир ҳар гоҳе хрс сни акаи Тоир ҳарасту параст мекараст, дандноша гиз мекараст, кафкои даҳанш мепарян да сару рӯи акаи Тоир. Насиби залал неву бахти акаи Тоир бландӣ мекна, ки да амин лаҳзаи ҳассосу ҳалкнанда ай пойнтари деҳа ай қаъри торикии шав хрсбача садо мекна. Хрси ката садои бачаша мешнава, акаи Тоири ай тарсу ваҳм беҳолу мадора ба ҳоли хдш мемунаву медаву бай амн тарафи садораву да пардаи торики шав нопадид мегара.
  Аслан, имсоло хрсо рӯи деҳои Ванҷи Боло ба маротибае чанд афзоиш ёфтан ва хелеам берӯву беибо шиян, дар вахтое, ки мо кам-кам хрсвардорӣ мекарем, хрсо ам камтар бину нисбатан ай одам ва ай сояву шамоли одам сахт метарсин, ай одамо ам то андозаера канораҷӯи мекарану рӯи дашту бармоло мечарину бай деҳоо то хб маҷбур намешин, нӯли бнишна рӯ намедохтан. Дар мудати ҳзур доштанм дар ватан як шав хела хрсвардорӣ карм ва боварии комил ҳосил карм, ки рсо ҳакатан на ай одам ва на ай саг нимзара наметарсиян.
Як вегаи тақрибан соҳатои ними нуи шав саг бисё ҷағасту вағаст кар, монӣ фанарика грфтем брафтем ай дми саг бай параи змина, дар параи змин дар як ҷои севу сепорахшкнӣ хрса дарёв карем. Ай дияни мо чандон нороҳат нашӣ, фақат майда-майда бай лави ҷара рафт, дар лави ҷар вакун кар, фақат лху лх нига мекару тамом, гоҳ-гоҳ бай тарафи саг, ки ва ҷақянош безорш мекар, як ду-се қадам медавӣ, бо амта чхтако ақиб-ақиб мерафт, дар ҷош мешист. Некӣ нурои фанарик чшмоша албат хира мекаран, ки ай ҳолати рост чорпоя мешӣ, бай ақибу ин тарафу ун тарафш иза нига мекару бо рост мехест, бай мо лху лх нигакнӣ мегрфт.
  Хлоса сангшапаки прш карем, ночор амта майда-майда ва лави ҷар сни пойн рафт, дар як ҷои ҷғели бай тарафи равгаи ҳамсоя гзашт, монӣ гаштем бай хунара. Ай байн ним соҳат нагзашта бӣ, ки бо саг дар ҷақян зо, фанарика грфтм брмам, дар як севи певандии пеши хуна шоха хам дасту заестаст, бо доду войу сангкориш карем, рафт дар як кнҷи обчакорӣ позитсияра грфту чхт кару бо лху лх нигакнӣ грфт бай мо. Фанарика дар чшмош пр дохтему сангкориш карем, саг ам ба ҷуну ҳолш намундш, оқибат дар ҷун ума, ки дар як ҷангали анбӯҳи бушоло калағӯт зо, гзашт брафт бай тарафи равгаи ҳамсояи дсти роста. Ва хамин дига варш нахӯрм то уманма.
  Таҳдид ай тарафи хрсо бай одамора ҷой дора ва ҳозирандаш якта-нимта оличаву жужу бушолу зелол рӯи сари шохо фромушт мундаст. Хрсо вачангшн мекнану изакӣ орман, вахт ам тангайу змстунам тез ума, хрсо барои хови фароғат рафтан, барои грфтани як миқдор чарвии иловагӣ часпу талош доран. Дар ҳолати нагрфтани миқдори муайяни рӯғани бадан да тирамои сари қавс бисё бадхашм мегаран, вонга Хдо ншун нада, илоҷи воқеа пеш ай вуқӯъ гфтан ва Парвардигори яктову беҳамто ҳамаи мову шумора ай ҳамаи офату бало нигадор боша!. Азиз Қадамов. Тирамоҳи 2018.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.