Хайлобек Ҳодиев

  Соли 2000 бандаро ба курси такмили ихтисос, ки дар маркази ноҳия мегузашт, даъват карданд. Ин давраи 12 рӯза аз пагоҳ то бегоҳ давом мекард. Аз ин рӯ, ба мо дар бинои яслӣ барои хоб ҷой ҷудо намуданд. Бегоҳӣ ҳама ҷамъ шудему маҳз шиносоии мо аз ин ин ҷо оғоз шуд.
  Дар урфият дуруст гуфтаанд: “Ту ҳарф бизан ман гӯям, ки ту киӣ!”. Аз суханонаш, аз рафтору муносибати некаш, бузургиашро пай бурдам. Дар ҳақиқат марди фарҳангӣ ва тарбиятдидаю тарбиятгари хубест Хайлобек Ҳодиев. Тамоми умри пурбаракати хешро сарфи пешаи омӯзгорӣ намудааст ва менамояд.
  Хайлобек зодаи деҳаи зебои Рав, ҷамоати Ҷовидони Ванҷзамин аст. Таҳсилоти миёнаро дар мактаби №36-и зодгоҳ ва мактаби миёнаи №15-и деҳаи Жовид гирифтааст. Баъдан, Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи ноҳияи Ғармро (ҳоло Рашт) хатм кардааст. Баъди хатми омӯзишгоҳ ба ноҳия баргашта, ба тадрис машғул гаштаасту шогирдони зиёдеро таълиму тарбия намудааст.
  Ӯ дар баробари омӯзгорӣ аз ҳунари сарояндагию ромишгарӣ ва суханварӣ некӯ бархурдор аст. Дар маҳфилу шабнишиниҳое, ки ҳангоми курсҳо гузаронда мешуд, маҳфилоро, ровӣ ва гули сари сабади маърака буд. Аз ин рӯ, байни омӯзгорони вилоят аз эҳтироми хосса бархурдор аст.
  Яке аз ширкаткунандагони фаъоли маъракаҳои сатҳи ноҳиявӣ мебошад. Ин хизматҳояш ва заҳматҳояшро дар таълиму тарбия ба назар гирифта, соли 2004-ум ӯро ба унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” сарфароз гардонданд.
  Хайлобек соҳиби тахассуси дараҷаи якуми омӯзгорӣ мебошад ва имрӯз ин касби пуршарафи муаллимиро дар мактаби №36-и зодгоҳаш давом медиҳад. Ман ба дӯст ва ҳамкасбам Хайлобек Ҳодиев сараввал аз даргоҳи Яздони пок тандурустию хонаободӣ ва дар ҷодаи омӯзгорӣ муваффақият таманно дорам. Давлатмир Давлатов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.