Умаршо Шеров

  umarsherfУмаршо Шеров 15 июни соли 1922_дар деҳаи Гишхун таваллуд шудааст. Ӯ мактаби Ломоносовро (ҳоло мактаби №5) хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгор соли 1942 дар мактаби 7-солаи ба номи Ленин оғоз намуд. Солҳои 1943-1944 шунавандаи курси фаннӣ дар шаҳри Хоруг, сипас фаъолияти касбии У.Шеров ин тавр идома ёфт: солҳои 1944-1950 директори мактаби 7-солаи ба номи Кирови деҳаи Гишхун, 1950-1952 донишҷӯи мактаби муаллимтайёркун дар шаҳри Душанбе, 1952-1954 директори мактаби миёнаи нопурраи ба номи Киров, 1954-1956 муҳаррири газетаи “Ҳақиқати Ванҷ”, 1956-1959 боз аз нав директори мактаби 7-солаи ба номи С.М.Киров, 1959-1962 муаллими мактаби номбурда, 1962-1970 директори мактаби номбурда, 1970-1982 муаллими ҳамин мактаб.
  Фаъолияти меҳнатии У.Шеровро қадр намуда, ӯро бо унвони ифтихории “Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардониданд. Ин устоди касби худ ҳамчунин дорандаи чандин медалу ифтихорномаҳои сатҳи умумиттифоқӣ ва ҷумҳурӣ мебошад.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.