Таҳқиқот дар бораи Мулло Ёри Ванҷӣ

Таҳқиқотҳо дар бораи
Мулло Ёри Ванҷӣ
(Ба ҷашни 190-солагии шоир
Мулло Ёри Ванҷӣ бахшида мешавад)
Душанбе
«Ирфон» 2019
ББК 84 Тоҷик 7-4-5
Ҳ-47
                 Мураттиби китоб ва муаллифи сарсухан
                                                    Ғаффор Мирзоев
               Муҳаррири масъул    Муфарраҳ Муҳаббатов
              Муҳаррири техникӣ  Шаша Қӯқаншоев
Таҳқиқотҳо дар бораи Мулло Ёри Ванҷӣ.-
 Душанбе, «Ирфон», 2019, 118  саҳ.
Китоб бо дастгирии молии ширкати «Рухом»
нашр мешавад.
                 ISBN 978-99975-1-024-2
                                                       © Ғаффор Мирзоев, 2019

Мавлои Ванҷ

Оташе дар зиндагӣ моро ниёз,
Хому хомиҳои моро пухтасоз.
Шоирон бо оташи гуфтори нарм,
Сардии дилҳои мо бинмуда гарм,
Умрро марғубу ширин мекунанд,
Руҳро авроқи рангин мекунанд.
Ёриро табъу забони оташ аст,
Сатри мавзуну каломи дилкаш аст.
                                                      Басир Расо

МУҚАДДИМА

  Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Мулло Ёрмуҳаммад маъруф бо тахаллуси Мулло Ёри Ванҷӣ ва ё дар пажӯҳишҳои дигар Мулло Ёри Дарвозӣ солҳои ҳаёташ тақрибан 1829 -1913 як андоза таҳқиқотҳо дар сатҳи мақолаҳои илмиву адабӣ ва китобчаҳои алоҳида ба анҷом расидаву нашр шудаанд. Мероси боқимондаи ӯ аз ҷиҳати миқдор зиёд набошад ҳам, вале аз ҷиҳати маънову  мазмун, ифодаҳои бадеӣ, ифодаи вазъи рӯзгори номусоиди мардум, инъикоси ҳодисаҳои таърихии замон, мазамати амалдорону мансабдорони давр, ки боиси ҷабру зулми оммаи халқ мешуданд ва ғайраҳо ниҳоят бою рангин мебошад. Забон ва тарзи баён шоир дар эҷодиёташ фасеҳу равони форсиву тоҷикӣ буда, як қисмати он бо лаҳҷаи маҳалӣ таълиф ёфтааст. Ин хусусияти эҷодиёти шоир ашъори ӯро дар байни мардум марғубтар ва мақбули ҳамагон гардонидааст. Муҳаққиқи осори  Мулло Ёр Басир Расо дар ин маврид зикр менамояд, ки дар қаламрави Бадахшон,  алалхусус дар  Ванҷу Вахё ва Дарвоз эҳтирому маҳбубияти ин шоири оташзабон то ба ҳаддест, ки бе ном бурдани вай гӯё дар ин тобеот шеъру шоирӣ вуҷуд надошта бошад. Аз назари мухаққиқ сабаби маҳбубияти шоир дар байни мардум пеш аз ҳама дар он аст, ки ашъораш, гарчи ба лаҳни ниҳоят тезу тунд ҳам бошад,  вале он ифодагари нидои дарду алами рӯзгори номусоиди мардуми бе пушту паноҳ ва бехонумонгашта мебошад.
     Дигар пажӯҳишгарони хеле аввали эҷодиёти Мулло Ёр шарқшиноси шӯравӣ С. И. Климчитский, ки солҳои 1925-1930 дар экспедитсияи мардумшиносӣ ва лаҳҷашиносӣ дар Дарвоз иштирок намудааст, ҳам бо забони адабии классикии форсиву тоҷикӣ ва ҳам бо лаҳҷаи маҳалӣ шеър иншо намудани Ёриро як чизи оддӣ ва анъанавӣ дар адабиёти форсу тоҷик ба қалам додааст. Дар ин маврид ӯ зикр мекунад, ки шоирони шинохтаи ин адабиёт аз Ҳофизу Саъдӣ  то ба  Бобо Тоҳири Урён ва дигарон низ, дар баробари забони адабӣ бо гӯишҳои мардуми зодгоҳи худ ҳам шеърҳо сурудаанд. Дигар хусусияти баҳодиҳии Климчитский дар бораи Мулло Ёр иборат аз он аст, ки ӯ таълифоти шиорони зиёди қарни ХIХ ва ибтидои  қарни ХХ дар ҳавзаи Дарвоз, аз қабили Ҳабои Дарвозӣ, Баҳрини Дарвозӣ, Фитрати Дарвозӣ, Мулло Ёри Ванҷӣ, Розӣ, Мирзо Лиқо, Ноҷӣ, Ғофил, Орӣ, Шафеъ, Кайфии Дарвозӣ, Иззатшоҳи Дарвозӣ ва дигаронро, ки аксарашон соҳибдевон буданд, ба риштаи таҳқиқ кашида, Мулло Ёрро дар раъси онҳо ва аз ҳама шоири баркамол эътироф мекунад. Ба қавли ин муҳақиқ аз байни ҳама ин шоирон Мулло Ёр дар ҳавзаи адабии Дарвоз ва умуман Бухорои Шарқӣ шӯҳрати зиёд дошта, шеъраш дар байни хосу ом мавриди баҳрабардорӣ аст. Ҳар ҷо,  ки сухан аз шеъру адаб меравад, аввал номи ин шоирро  ба забон меорад. ӯ мартабаи Ёрӣ ва шеъри ӯро дар қаламрави Дарвоз ба мақому мартабаи Мушфиқӣ дар Бухоро баробар донистааст. Муҳаққиқ қайд мекунад, ки аз рӯи маълумоти ба ӯ расида, девони ашъори Мулло Ёр дар Дарвоз вуҷуд дорад, вале худаш то ҳанӯз онро надидааст. Ин андешаҳояшро Климчитский дар қисмати «Фаҳлавиёти Дарвоз»,  бахши  «Осори базаи Тоҷикистонии АУ СССР»; қ. IX. 1938с. (пеш аз ин ҳам бахши мазкур соли 1936 дар шакли кӯтоҳтар ба нашр расидааст) ворид намудааст, ки яке аз аввалин таҳқиқотҳо дар бораи Ёрӣ аст. Зикр намудан ба маврид аст, ки Климчитский аксари маводашро аз шоир ва зиёии ин диёр Авлиё Ҳусайн Мағмуми Дарвозӣ (Кевронӣ) ба даст овардааст.Чунин баҳодиҳӣ дар бораи симои воқеии Ёрӣ дар таълифоти дигар муҳаққиқон низ ба назар мерасад. Тасаввуроте пайдо мешавад, ки он замон байни мардум ашъори мавҷудаи Мулло Ёр бештар аз ин буданд, ки мо онҳоро имрӯз дар даст дорем.
   Вале як чизро қайд намуданием, ки ин муҳақиқ бештар ба хусусияти забонии ашъори шоир таваҷҷуҳ дошт ва чанд намунаи ашъори Ёрӣ аз қабили «Мусулмоно, чӣ нишлиқ бӣ, ки Рохарв овар ай рӯмун», «Мусулмоно, аҷаб ҳолам батар шӣ» ва чанд шеъри дигарро, ки овардааст, ҳама шеърҳое  мебошанд, ки  бо лаҳҷаи маҳалӣ гуфта шудаанд. Дар боқимонда таҳқиқотҳои баъдина аксаран ҳамин шеърҳо такрор ба такрор меоянд. Ба фикри мо,  Климчитский намунаи дигари шеърҳои адабии Мулло Ёрро дар даст дошт, ё ҳадди аққал имкони пайдо намудани онҳоро доро буд, вале барои ӯ эҷодиёти гӯишҳои мардумӣ бештар аҳамият доштанд ва сари онҳо кор мекард. Мутаассифона, муҳаққиқони баъдина ба истиснои устод Басир Расо аз доираи ковишҳои ин пажӯҳишгар на чандон дур рафтанд, ё дар давраҳои баъдӣ ба иллати мушкилоти иҷтимоӣ  имкони пайдо намудани девони шоир ва ашъори нави боқимондааш хеле маҳдуд шуда буд.
     Ба ҳар ҳол барои ҷамъоварӣ ва омӯзиши ашъори ин шоири то ҳанӯз камшинохтаи тоҷик муҳақиқону пажӯҳишгарони зиёд заҳмат кашидаанд, ки дар баробари Мағмуми Дарвозӣ ва Климчитский ба ин қатор Н. А. Кисляков, А. З. Розенфельд, Басир Расо,  Г. Галимова, А. Ҳабибов, Шоҳабдуллои Бадахшӣ, Ҳиҷрати Дарвозӣ, Байзовӣ, Н. Одилов, Ёсин Назар, К. Бекзода, С. Н. Баравнӣ,  Ҳ. Пирумшоев, Б. Назурдинов ва дигаронро ном бурдан  мумкин аст. Инчунин соли 1990 бо ибтикори Ёсин Назар ва чанд нафар аз фарҳангиёни кишвар ҷашни солгарди шоир дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил шуда, дар бораи ҳаёту фаъолият ва мероси адабияш мақолаву таҳқиқотҳои нав ба табъ расиданд. Дар зодгоҳи шоир пайкараи ӯ насб шуда, дар шаҳри Душанбе кӯчае ба номи ӯ гузошта шуд, ки ҷиҳати  зинда гардонидани номи ин шоири қудратманд ва муаррифӣ намудани ашъори камназираш  як талоши ҷиддие буд.
      Мо дар ин маҷмӯа чанде таҳқиқотҳои ин пажӯҳишгаронро дар бораи эҷодиёту фаолияти Мулло Ёр, ки дар солҳои мухталиф нашр шудаанд, ба қадри имкон ҷамъоварӣ намудаву баъзеи онҳоро аз сари нав ба таври хронологӣ ба табъ  расонидем. Шеърҳои шоирро бошад, барои такро нашудан дар нашрияҳои аввал мавқуф гузошта, онҳоро дар охир аз китоби устод Басир Расо «Мулло Ёри Ванҷӣ. Табъи оташбор. Шеърҳо».-Душанбе-2008, ки аз назари мо дар байни ин пажӯҳишҳо таҳқиқоти мукаммалтар аст,  пешниҳод менамоем.

ҒАФФОР МИРЗОЕВ

1. / С.И. Климчицкий. ДАРВАЗСКИЕ ФАХЛАВИЙОТ. АКАДЕМИЯ НАУК СССР. ТРУДЫ ТАДЖИКИСТАНСКОЙ БАЗЫ. т. IX. 1938  / 

АКАДЕМИЯ НАУК СССР. ТРУДЫ ТАДЖИКИСТАНСКОЙ БАЗЫ. т. IX. 1938 ,Academia des Sciences de 1′URSS. Travaax de la Filiale de Tadjikistan. Vol. IX, 1938            

                      С.И.КЛИМЧИЦКИЙ

                                ДАРВАЗСКИЕ ФАХЛАВИЙОТ 

   Предмет настоящей статьи – не описание одного из дарвазских говоров таджикского языка, а отражение этих говоров в литературных произведениях дарвазских поэтов преимущественно конца второй поло- вины прошлого столетия, написанных не на таджикском литературном языке этого периода, а на местном диалекте. Материал по этому вопросу был собран мной во время поездок по Дарвазу в 1925 и 1930 гг.
  Литературные произведения на местных диалектах не являются новостью в персидской литературе. Ряд персидских поэтов, как, например Баба Тагир, Хафиз, Шейх Саади, Амир Пазавари и др., писали стихи и на родном диалекте[1]. Из произведений, написанных на диалектах персидского языка, имеются не только поэтические, но и прозаические произведения, как, например   «Jawidani Kabir»   и др. Подобного рода творчество имеет место и в настоящее время.[2] Наши сведения об аналогичных фахлавийот в таджикской литературе очень скудны.
  В этом отношении заслуживает внимания приведенная в сочинении Бадаи ал-Вакаи самаркандского поэта XVI в. Васифи[3] самаркандская газель, графика которой фиксирует некоторые особенности произношения, морфологии и синтаксиса самаркандского диалекта начала XVI в., как, например, произношение   sapab   причина вместо  sabab,  отраженное в графике как سوب, употребление предлога  bar  بر  в функции послелога направления, аналогичное употреблению послелога Ьа  (< barс этим же значением в самаркандском говоре,  и др.
  Сбор и систематизация этой «областной» поэзии Таджикистана являются неотложной задачей и должны составить новую главу в истории таджикской литературы и таджикского языка.
  Приводимые в настоящей статье произведения дарвазских поэтов принадлежат перу лиц, в совершенстве владевших таджикским языком -своего времени, о чем можно судить по их многочисленным стихотворениям, разбросанным по различным баязам и написанным на таджикском литературном языке. Дарвазский говор в поэтических произведениях этих поэтов следует объяснить не неумением писать на литературном языке (что имеет место для некоторых народных поэтов и сказителей таджикского эпоса)  и не только желанием увековечить свой родной говор в литературном и литературном произведении, но и стилистическим приемом – применением своего рода «низкого штиля» к «низким» темам, изгнанным литератратурной традицией прошлого из поэтического творчества. Как следствие этого – тесная связь между формой и содержанием этих произведении. Описание местной жизни, осмеяние какого – либо лица или события, сопрождаемое нередко скабрезной шуткой, таково их обычное содержание.
  Оно нисколько не умаляет их литературной ценности. Реализм в отображении местных нравов и описании событий и отдельных лиц увеличивает их социально-историческую значимость. Эти же произведения являются ценными документами, фиксирующими особенности живого говора. Их ценность в этом отношении еще более увеличивается, если эти произведения имеют некоторую давность и сохраняют изменившийся или уже вовсе исчезнувший говор. Впрочем, лингвистическую значимость подобного рода произведений не следует преувеличивать. Записанный арабским алфавитом текст иногда в очень малой степени отражает особенности местного говора, нередко же сам поэт, придерживаясь  scriptio plena  в графике, согласует требование метра с произносительной нормой живого языка, и в этом случае стихотворение в чтении местным поэтом отклоняется от его же записи, в ряде случаев, наоборот, требования размера и рифма заставляют поэта употребить вместо желаемого местного слова слово из литературного языка, неупотребительное в местном говоре. Иногда в целях достижения большего эффекта имеет место нарочитое смешение литературного языка и местного говора, а то и нарочитое смешение нескольких говоров в одном и том же стихотворении. Примером подобного рода нарочитого смешения может служить текст № XIII: автор этого стихотворения  Joni,  уроженец Калайхумба, использовал в своем стихотворении не только слова и обороты калайхумбского говора, но и ряд особенностей других дарвазских говоров и в частности, дарвазского говора афганского селения   Jawai,  о языке которого дарвазцы говорят, что он   galiztarmi lafzho ast   самый исковерканный из языков’, крайним выражением подобного рода смешения говоров в одном произведении являются двуязычные стихотворения – таджикско-шугнанские и таджикско – ваханские, которые мне приходилось встречать в сборниках стихотворений дарвазских поэтов….
  Многие из особенностей дарвазских говоров, как, например, редук- ция краткого и в э – явление общее для всех дарвазских говоров, не будучи отражены графикой текста, выявляются в стихотворении только в скандировании его самим дарвазцем, что побудило меня дать параллельно с арабской графикой текста и фонетическую запись его произношения в устах современных поэтов  Дарваза.
  Следует иметь в виду, что при переписке (нередко на слух) стихотворений из баяза в баяз и от одного поэта другим поэтом графика вариировалась в соответствии со степенью грамотности переписчика и его навыками в написании слов местного говора. Этим объясняется некоторое непостоянство в написании одних и тех же слов местного говора. Изображение изафета является обычной особенностью среднеазиатской орфографии и наблюдается и в разбираемых текстах.
  В отношении метрики следует отметить следующее: наиболее-излюбленными метрами являются  хазаджи,  раджазы  и  рамали. Размер в большинстве случаев соблюден с той поправкой, что долгий закрытый слог и слог, закрытый двумя согласными, рассматривается то как простой, долгий, то как полуторный, а не обязательно как полуторный. Например в первом полустишии (VI, 13), написанном размером هزج   مثمی  اخرب
مكفوف  مقصور, правильность метра соблюдена, если начальное слово  میر рассматривать как простой долгий слог, а во втором случае уже как полуторный……
  Считаю приятной обязанностью выразить благодарность А. Н. Болдыреву за ряд ценных указаний относительно метрических особенностей нижеприводимых текстов и проф. Е. Э. Бертельсу за просмотр всей работы.
  Относительно современных дарвазских говоров ограничусь следую- щими замечаниями: территория распространения дарвазских говоров лежит по левобережью р. Хингоу, к востоку от сел.  Тавильдара, включает все правобережье р. Пяндж от сел.  Хостоу  вверх по долине до долины р. Ванч. Говор селений этой долины также относится к дарвазским говорам, о распространении дарвазских говоров на территории афганского Дарваза сведений не имеется.  Имея ряд общих черт, противополагающих их другим южным такжикским говорам, дарвазские говоры могут быть разделены на четыре основных говора:  1) вахьоболинский[4]   2) калайхумбский, 3) ванчский и  4) йогитский.
  В пределах распространения калайхумбского говора имеются незна- чительные различия между говорами отдельных селений. Приведенные А. А. Семеновым записи таджикских сказок долины рек Об-и-Хингоу и Ванч не дают достаточного представления о разговорном языке этой территории, благодаря некоторой литературности их языка. Так как о писание дарвазских говоров не входит в задачу настоящей статьи, ограничусь лишь несколькими примерами записей фраз разговорной речи для сравнения с речью приводимых письменных текстов:

Сел. Зинг по

  • u maraka gaftam ко rami      بد آن مرد كفتم کجی ميروى
  • аmi odam pir si  همان آدم .بير-و شد
  • ow yorame alowa gtru klname آب ميارد الورا كيران ميكند
  • man in kora na tame kara من اين كار رنمتوانم كرد

(5) u dos ٩٦لعلآة9٣ةج او با داس ميد رود                                                               
(6) b e dos derail na garame بى داس درو نميشود
(7)  ndya faru . از ان جا
Сел. Рохарв  (долина р. Ванч)
Sg. man beгае  Pl.  mо Ьэгеmёm
to baraml                sumo barime
uy baravame          wuno baravamen

  Отметим, что в последнее время с развитием дорожного строительства, усилением экономических связей Дарваза с другими районами, ростом сети начальных школ в Дарвазе и охватом населения школами ликбеза дарвазские говоры все более и более утрачивают свои особенности и сближаются с левобережными говорами Каратегина.
  Наиболее известными в Дарвазе поэтами, произведения которых встречаются в местных баязах, являются:  Mullo Yor Mahmad  из селения  Yиmауак долины р. Ванч, писавший под псевдонимом Yori; Mullo ‘Azim из сел. Sangewn, пользовавшийся псевдонимом Kayfi; Mahmudi Hindustoni, Mullo Mir Xoja – псевдоним Noci – и Sayid Ahmad из сел. Рузвай, писавший под псевдонимом Ori.
 Все эти поэты второй половины прошлого столетия, на ряду с произ ведениями на литературном таджикском языке, писали стихи и на местном дарвазском говоре. Во время моего пребывания в Калайхумбе я имел возможность ознакомиться с диваном поэта Кайфи, из которого мною выписан приводимый в числе других образцов текст № II. Остальные стихи выбраны мною из различных баязов, виденных мною в Дарвазе. Мне сообщили также о существовании на территории Дарваза диванов. Mullo Yor’a, Mirzo Habo и Mirzo  IzzatShoh.  Видеть эти диваны мне не пришлось.
  Из других дарвазских поэтов, стихи которых как на литературном таджикском языке, так и на местном говоре разбросаны по различным стихотворным_ сборникам, встречавшимся мне в Дарвазе, назову следую- щих: Buzurg Xoja, псевдоним Mazlum, из сел. Хиг по р. Оби-Хингоу; Mirzo Gulob, псевдоним Doi, из сел. Хиг; Muhabbatshoh, псевдоним Banda, из сел. Xumb-i-vali; Avliyo Ниsaun, псевдоним Маymum, из сел. Кеврон; Darvozi из сел. Kevron; Mahmud Nazar, псевдоним Mujrum; Mirso Safi; из сел. Kurgovat; Maslak из сел. Nusay (афганская территор’ия); Hazrati Oxani Sarjavayl, Hubo из сел. Zigаr  и Mahmad Nabi из сел. Lojir.
  В заключение отмечу йогитского поэта Mullo Dust. Стихи его в баязах мне не встречались и переданы мне им самим. Интерес их в том, что они написаны на йогитском говоре.
  Наиболее выдающимися из перечисленных поэтов являются Мулло Йор-Йори и Мулло Азим -Кайфи. Биография последнего поэта мне неизвестна за исключением того, что он был родом из сел. Сангевн и жил в прошлом столетии, о Мулло Йоре сохранилось больше сведений. Приводимые ниже биографические данные об этом поэте взяты мною из баяза, составленного дарвазским же поэтом Аулио Хусайном. Мулло Йор Махмад, как сообщается в этом баязе, происходив родом из кишлака Yumауак Ванчского кента и родился в 1825 г. Одно время он был мирзой дарвазского шаха, но не поладив с ним, уехал в Мекку и более в Дарваз не возвращался.
  В одном из стихотворений дарвазского же поэта Хамидулло-бека, который при последнем дарвазском шахе Сиродж-хане был сослан в долину р. Ванч и находился в приятельских отношениях с Мулло Йором, дается  шуточная характеристика внешности Мулло Йора.
  Произведения Мулло Йора весьма разнообразны. Творчество Мулло Йора представляет большой интерес для истории таджикской литературы, тем более что в его стихах отражен ряд событий, нравы и обычаи дарвазско го шахства, а не эмирской Бухары. Во многих чертах творчество Мулло Йора можно было бы сравнить с творчеством приобретшего широкую известность в Бухаре и Самарканде – поэта Мулло Мушфики, работа над произведениями которого еще ждет своего исследователя. Между прочим, в одной из дарвазских легенд рассказывается о том, что Мулло Мушфики отправился из Бухары в Дарваз с целью померяться своими силами с поэтами Дарваза и был посрамлен в искусстве сочинять экспромты простой дарвазской женщиной;  после этого Мулло Мушфики не решился появиться в Калайхумбе –центре Дарваза –и возвратился обратно в Бухару.
  В числе приведенных ниже образцов дарвазской литературы мною выбраны, независимо от содержания, лишь те стихи Мулло Йора, которые имеют непосредственное отношение к затронутой в настоящей работе теме – дарвазскому говору в произведениях дарвазских поэтов

  1. PS. (Ин мақола дар шакли кӯтоҳшудааш, аз он қисматҳое, ки ба Мулло Ёр ва эҷодиёти ӯ дахл доранд, нашр карда мешавад. Аз овардани намунаҳои ашъори Ёрӣ, ки муаллифи мақола бо хати форсӣ овардааст,  барои такрор нашудани онҳо худдорӣ менамоем. Дар боқимонда мақолаҳо низ матни аслӣ оварда шуда, намунаи шеърҳоро дар охир меорем. Зеро ин шеърҳо дар охири китоб дар қисмати навиштаи Басир Расо оварда мешаванд.)

[1] Е. G. Browne, Some Notes on the Poetry of the Persian Dialects, The Jonrna of the Royal Asiatic Society, London, 1895, pp. 773—825. — E. G.
[2] Б. В. Миллер, О диалекте. г. Шустера, Иран, III؛ стр. 71. Тр. Тадж. базы, IX
[3] А.Н. Больдырев. Мемуары Зайнуддина Восифи. Труды Отдела истории, культуры и  искусства Востока. II, 1940, стр. 219-220
[4] См. Н. Кисляков, Описание говора таджиков Вахио боло, Труды Таджикистана базы  Академии Наук СССР, т. III, 1936, стр. 29.

2./ Намунаҳои фольклори Дарвоз. Ҷамъкунанда ва тартибдиҳанда А. 3. Розенфельд. Муҳаррирон Р. Амонов ва 3. Воҳидов, Сталинобод, соли 1955. /

       А. З. Розенфельд

  Гарчанде эҷодиёти шоирони маҳаллиро эҷодиёти даҳанакии халқ ҳисоб кардан дуруст нест, вале аз он нуқтаи назар, ки асарҳои Мулло Ёр барин шоирони дарвозӣ бевосита ба фольклори Дарвоз дохил шудаанд, мо баъзе намунаҳои онҳоро дар ин маҷмӯа дохил намудаем. Асарҳои Мулло Ёр ҳеҷ гоҳ чоп карда нашудаанд,[1] шеърҳои ӯ дар Дарвоз ва Ванҷ васеъ паҳн шу­даанд, онҳо аксаран бо лаҳҷаи дарвозӣ навишта шуда, ба репертуари ҳофизони халқӣ дохил гаштаанд. Як қисми дигари сурудҳо аз шоирони маҳаллӣ, махсусан аз муаллимон навишта гирифта шудаанд.

                                                                                МУЛЛО ЁР                                                                               

  Мулло Ёри Ванҷӣ яке аз машҳуртарин шоирони Дарвоз мебошад. Номи ӯ ба бисьёр қисса ва латифаҳои халқӣ дохил шудааст ва қариб ҳар як шеъри Мулло Ёр ба ягон ҳодиса нисбат дода мешавад.
  Эҳтимол девон ва тарҷимаи ҳоли ӯ ҳозир ҳам мавҷуд бошад, вале то ҳол ёфт нашудааст.
  Дар асоси маълумотҳои нопурраи дар ватани шоир ҷамъ кардашуда тарҷимаи ҳоли мухтасари ӯ чунин аст:
Мулло Ёр дар қишлоқи Ғӯмаяк, ки дар соҳили чапи дарьёи Панҷ, наздикии маркази район–Рохарв воқеъ шудааст, таваллуд ёфтааст. Модари ӯ аз қишлоқи Сангевни райони Қалъаи Хумб мебошад. Падараш деҳкони як андоза таъминшуда буд. Мулло Ёр дар ҷавониаш дар дарбори охирин шоҳи Дарвоз–Саид Муҳаммад Сироҷхон, ки соли 1877–78 аз тарафи амири Бухоро аз тахт фуроварда шуда буд, хизмати мирзогӣ иҷро мекард.
  Аз рӯи ҳикояҳо якчанд сол пеш аз фароварда шудани Сироҷхон дар байни Мулло Ёр ва ӯ носозӣ ба амал омад ва аз йн сабаб Мулло Ёр дар ҳаққи ӯ .шеъ­ри ҳаҷвӣ эҷод намудааст. Ва баъд аз ин Мулло Ёр ба Бухоро гурехта рафта ба мадраса  дохил шудааст.
  Дар мадраса аз шоирии Мулло Ёр хабар ёфта ба ӯ таклиф намудаанд, ки бахшида ба амир Абдулаҳад қасида нависад.
  Хикоя мекунанд, ки шоирони дигар шеъри ӯро хон­да ҳасад бурдаанд, ӯро тарсондаанд, ки шеъраш ба амир маъкул нашудааст, бинобар он ӯро ба дор хоҳанд кашид. Гӯё амир дар ҳозирии Мулло Ёр пурсидааст, ки ин шеърро ки навиштааст. Яке аз дарбориён бо забони ӯзбекӣ «бу киши“ (ин одам)–гӯён ҷавоб додааст. Мулло Ёр, ки узбекиро намедонист, ин суханро ба тоҷикӣ–ӯро куш–фаҳмидааст ва аз ғояти тарс аз Бухоро ба Макка гурехтааст.
  Дар ҳақиқат Мулло Ёр сафари ҳаҷ карда, аз он ҷо барнагашта буд. Вале сабаби ҳақиқати ҳиҷрати Мулло Ёр холо маълум нест.
  Мулло Ёр марди қадпаст буда, мӯи сару риши сурх доштааст. Зани Мулло Ёр Амчигул, аз қишлоқи Висхарв буда, дар соли 1930 вафот ёфтааст. Аз ӯ ду писар таваллуд ёфта, яке Ғиёс ва дигарӣ Мирзоча ном дошта аст. Духтари Ғиёс Сафармо (тав. 1911) ҳозир дар қишлоқи Ғӯмаяк зиндагӣ мекунад.
  Дар бораи ӯ, ба ватанаш, гӯё то солҳои 30-йӯм ха­бар меомад. Як мӯйсафеде, ки ба ҳаҷ рафта будааст, ҳикоя кард, ки Мулло Ёрро дар аввали солҳои 30-йӯм дидааст. ӯ пири фарсуда шуда, китобе дар даст, садақа металабидааст. Аммо ин маълумотҳоро ба ҳақиқат наздик гуфтан душвор аст.
  Эҷодиёти Мулло Ёр шаклан бой ва гуногунмазмун аст. Мулло Ёр қисми зиёди шеърҳои худро ба тасвири аҳволди  вазнини деҳқонони Дарвоз бахшндааст. Шеърҳои қариб сад сол пеш аз ин навиштаи ӯ бо фольклор омехта шудаанд. Аз ин рӯ вариантҳои бисьёри шеърхои у дучор мешаванд.
  Шеърхои то замони мо омада расидаи Мулло Ёр зиндагонии замони шоирро ба таври ҳақконӣ инъикос мекунад. Шеъри «Мусулмуну чи нишлиқ бӣ, ки Рохарв овар ай рӯму“ мисоли равшани ин даъво шуда метавонад. Шоир дар ин шеър дар бораи вазнинии аҳволи меҳнаткашони кӯҳистонӣ, дар бораи ҷоғар, ки то революция миқдори зиёди аҳолии Ванҷ гирифтори он буд, сухан меронад.
  Дар байни мероси шеърии Мулло Ёр асарҳое ҳам мавҷуданд, ки шоир дар онҳо хасисӣ ва аҳмақии рӯҳониёни мусулмониро фош менамояд.
  Дар назми Мулло Ёр шеърхои лирикӣ мавқеи муҳиммеро ишғол менамоянд, бисьёрии онҳо ба монанди: «Умрҳо шуд, ки гирифтори тум, э ҳилагарӣ» аз тарафи ҳофизони халқӣ ба музыка дароварда шуда суруда мешаванд.
  Дар байни шеърҳои Мулло Ёр ва шеърҳои ба ӯ нисбат додашаванда миқдори зиёди ҳаҷвия ва сатираҳои тезу тунди ба воқеаҳои гуногун бахшидашуда мавҷуд аст.
  Махсусан ин фактро қайд намудан зарур аст, ки ак- сарияти шеърҳои Мулло Ёр бо лаҳҷаи маҳаллӣ–лаҳҷаи Ванҷӣ навишта шудааст, ки ин қимати махсуси эҷодиёти ӯро ташкил медиҳад. Дар шеърҳои ӯ бисьёр калимаҳои архаистии ҳоло аз истеъмол беруншуда низ нигоҳ дошта шудаанд. Шеърҳои Мулло Ёрро мо дар давоми кори экспедицияи диалектологӣ, ки дар Ванҷ, солҳои 1949 ва 1951 гузаронида шуда буд, аз муовини раиси комитета иҷрояи райони Ванҷ рафиқ Хоҷаев ва дар Рохарв аз Давлат Абдуллозода ва дигарон навиш­та гирифта будем.
                                         1.
Мусулмуну,[2] чи нэшлэқ,[3] бӣ, ки Рохарв овар ай рӯму[4],
Хӯрокму[5] оши боқлегиву тарси ҷоғар[6] ай рӯму.
Хамӣ ову чалу[7] борундагӣ бай закияна[8] бас бин,[9]
Заҳаст[10] боз ига[11] фикри мурани[12] гову хар ай рӯму.
Ба хоки даҳр яксун[13] гаштаям тагпали коҳ ворӣ,[14]
Лиғаи сум[15] мекэнад як подаи гӯлу кар ай рӯму.
Таи хешэт[16] жувуқмун мекэнй[17] охир чй зулм аст ин!
Ту, э девори меҳнат, ита бисьёр нажгар[18] ай рӯму.
Ва ранги тухми кирмак паҳлигардун рағди қоқэнда[19],
Ва ҳардам золи дуньё мешапа хокистар ай рӯму.
Намунад ҳамта мирзогӣ ва ранги модагови фар,
Ба пода мисли тевил мепара як лаг нар ай рӯму.
Таи бори гами дуньё ва ранги тагдарӣ,[20] Ёре,
Сутун мундем амзо[21] боз мезад подар[22] ай рӯму.
          
                                 2.
Мусулмоно ачаб ҳолэм батар[23] шӣ,
Ки бахту толеҳам дар кӯҳу ҷар шӣ.
Ба хар кас лофи найранге задам ман,
Ба ман душмантар аз каждуми зар[24] шӣ.
Надим дар ҳумри хэд яксоҳати нек[25],
Ба ҳар мэлке, ки рафтем шурӯ шар шӣ.
Бэшундэм[26] беди маҷнуну шй ангет,[27]
Бэдохтэм харбуза ӯ каҷкапар[28] шӣ.
Герэфтэм як лави нун[29] то ки бэхрэм,
Нуволам дар макэм[30] чун лэқи[31] дар шӣ.           
Бэхӯрдэм ов ай болошу зо кэрт, [32]
Ки поюнтар бэрафту тэмбатар[33] шӣ.
Ба боғи хамб[34] бэмундэм остаҳак[35] по,
Бзвардоштэм,[36] ки мағзоям бадар[37] шӣ.
Ба ҳар хуна, ки рафтэм соҳиби ӯ,
Анзз[38] дар пога[39] бим,[40] ки ӯ бадар шӣ.
Ту, Ёрй, чанд зи бахти хеш нолӣ,
Ки толех аз азал ин буду бар шӣ.

Худовандо, зи ман ҳастӣ ту роӣ,
Нигаҳ дор аз хурӯши қавми қозӣ.
На зулм аз қозиву на аз раисам,
Мулул аз муфтии мазҳар нависам.
Хэдшон[41] гаштанд бо эшон мушавваш,
Асо дар даст бо кӯрон асокаш,
Хздшон гаштанд ҳамчун ҳалқаи ҷим,
Дилошон[42] танг ҳамчун чашмаки мим.
Нигини табъ чу дар ангишт дозед,
Ҳар онга… Ёрй мушт созед.
Занед хар як ба… худ ду-се бор,
Ки то огах шавэд аз назму ашъор.[43]

                                  4.
Мани дармунда хар чанде, ки мекнэм потелзк[44] янда,[45]
Нашӣ ҳеч ҳосилам як пилтаи токи шилэк[46] янда.

[1] Аввалин бор номи Мулло Ёр дар очерки Н. А. Кисляков «Мардумони Ванҷ» (маъалаи «Резец», Ленинград, № 23, 1934) зикр карда шуд. Инчунии якчанд шеър ва баъзе маълумот аз тарҷимаи ҳоли Мулло Ёр ҳам дар мақолаи «Фаҳлавиёри Дарвозӣ» С. И. Климчицкий (труды таджикистанского филиала АН СССР, т. VII, 1937) оварда шуда буд.
[2] Мусулмуну–мусулмонон.
[3] Нэшлэқ (нишлиқ) – сиёҳӣ, ки мувофики тасаввуроти кӯҳна; баъзан одамонро дар хоб пахш мекунад.
[4] Ай рӯму–аз рӯямон, аз болоямон.
[5] Хӯрокму–хўрокамон.
[6] Ҷоғар–буқоқ ғуррӣ.
[7] Чал–лой.
[8] Бай зэкияна–барои зиқ шудан, ғам хӯрдан.
[9] Бас бин–бас буданд, кифоя буданд.
[10] Заҳаст–задааст.
[11] Боз ига–дигар боз.
[12] Муран–мурдан.
[13] Яксун–яксон.
[14] Тагпали коҳ ворӣ–тагпахлукаҳ барин.
[15] Лиғай сум кардан–зери по кардан, пахш кардан.
[16] Таи хешэт–дар зери худат.
[17] Жувуқмун мекэнӣ–пахш мекунӣ.
[18] Ита нажғар–ин тавр нагард.
[19] Мазмуни мисраъ: ба мисли тухми кирмаки пилла дар замини  кок паҳлугардонам.
[20] Тагдарӣ–остона.
[21] Амзо–хар кадар, ки ҳар чанд ки.
[22] Подар–подари, пояи дар.
[23] Батар–бадтар.
[24] Зар–захр.
[25] Мазмуни мисраъ–надидам дар умри худ як соати нек.
[26] Бэшундем–шинондам.
[27] Ангет–дарахти хордор.
[28] Кажкапар–качкалу.
[29] Нун–нон.
[30] Мак–халк.
[31] Чун лаққи дар–куфли чӯбини дар.
[32] Зом қэрт–фурӯ бурдам.
[33] Тэмбатар шй–бадтар дармонд.
[34] Хамб– хамвор.
[35] Остањак–оҳистакак.
[36] Бэеардоштэм–бардоштам.
[37] Бадар шӣ–берун шуд, баромад.
[38] Анэз–ханӯз.
[39] Пога–пойгах,
[40] Бим–дар ин чо ба маънои будам.
[41] Хэдшон–худашон.
[42] Дилошон–дилхояшон.
[43] Накл мекунад, ки тирамохе муфтии Ванҷ Мулло Соир бо муллобачагон дар қишлоқхо гашта пул чамъ менамуд. Боре онҳо Мулло Ёрро ба назди худ чеғ заданд, вале ӯ рад кард. Дар вақти бозгашт онҳо Мулло Ёрро масхара карданд, вай бошад ба онҳо бо ин шеър чавоб гардонидааст.
[44] Потэлэк–пой задан (дар вакте зуромад).
[45] Янда–ин чо.
[46] Шилэк– кӯҳна.

3./Басиров Р. Намунаҳои фольклори Дарвоз // Комсомоли Тоҷикистон. 10.  1956./

                Басиров Р

                    Намунаҳои фольклори Дарвоз[1]

  Дар зери ҳамон сарлавҳа Нашриёти Давлатии Тоҷикистон маҷмӯаи эҷодиёти даҳанакии Дарвозро аз чоп баровард.
Нашр шудани ин маҷмӯа бешубҳа аҳамияти калон дорад, зеро он эҷодиёти бои даҳанакии халқи Дарвозро дастраси хонандаи тоҷик мегардонад.
  Маҷмӯа натиҷаи якчанд экспедицияҳои илмие мебошад, ки худи тартибдиҳанда дар онҳо иштирок намудааст. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки хонандаро бо намунаҳои бсҳтарини эҷодиёти даҳанакии Дарвоз шинос намояд.
  Маҷмӯа аз ду қисм – насрӣ ва назмӣ иборат аст, қисми назмии он ба бобҳои (рубоӣ, сурудҳо, фольклори бачагона, шоирони маҳаллӣ ва фольклори советӣ тақсим мешавад. Дар боби «шоирони маҳаллӣ»  аз Мулло Ёр, Қозӣ Набот, Мулло Хӯҷа, Урфон Беназиров ва Раҳмон Саидаттор (Атторӣ) намунаҳои шеърӣ оварда шудааст. Дар қисмати фольклори советӣ бошад, аз эҷодиёти Назрӣ Юнусов (дар маҷмӯа Юсуфов, Давлат Абдуллозода, Мухтор, Раҳмон Саидаттор (Атторӣ) ва Абдулло порчаҳои шеърӣ оварда шудаанд.
  Дар тартиб додани маҷмӯа ба системаи ягона ва муайяни ба қисмҳо ҷудо кардани материал пурра риоя карда нашудааст.
  Аз кадом сабаб бошад, ки муаллиф аз якчанд шоирони маҳаллӣ намунаҳои шеърӣ оварда, қисми дигари онҳоро ба фольклори советӣ дохил намудааст. Шеърҳои Саидатторро мо ҳам дар қисмати шоирони маҳаллӣ ва ҳам фольклори советӣ дучор мекунем. Шеърҳои шоири халқӣ Аҳмадӣ бошад, ба ҳеҷ  яке аз ин қисматҳо дохил карда нашудаанд. Танҳо як шеъри вай бо сарлавҳаи «Эй рафиқон» (саҳифаи 115) дар қисмати сурудҳо оварда шудааст. Ибораи «Шоирони маҳаллӣ» низ нодуруст аст, зеро ин шоирон на танҳо «маҳалла»-и худро, балки тамоми сарзамими тореволюционӣ ва советии тоҷикро васф намудаанд.
  Агар муаллиф қисми назмии маҷмӯаро ба давраҳои тореволюционӣ ва советӣ ҷудо карда, сонӣ асарҳоро аз рӯи жанрашон ба қисмҳо тақсим менамуд, мутолиакунии материал барои хонанда бешубҳа осонтар мешуд. Аммо мутаассифона ин тавр нашудааст. Дар қисми фольклори советӣ ба ғайр аз намунаҳои шеърии шоирони халқӣ дигар чизи ҷолиби диққат кам дида мешавад.
  Дар маҷмӯа такроршавии вариантҳои гуногуни намунаҳои шеърӣ ва вайронии асарҳои даҳанакии халқӣ низ дида мешавад. Масалан, рубоиҳои дар саҳифаи 17 овардашуда, дар саҳифаи 108 бо рақами 63 ва саҳифаи 102 бо рақами 35 такрор мешаванд. Дар саҳифаи 11 дар зери рақами 2 рубоие оварда шудааст, ки мо онро дар саҳифаи 108 бо рақами 64 вомехӯрем. Аммо муаллиф ин рубоиро накарот (фаровард) мешуморад.
  Дар сурудхониҳои Дарвоз нақарот аз ду мисраи аввали ягон шеър гирифта шуда, вай ҳар доим такрор меёбад, рубоиҳо бошанд, такрор намешаванд. Агар шеър дар ҳангоми сурудхонӣ кӯтоҳӣ кунад, рубоиҳо ҳамроҳ карда мешаванд, лекин на ба сифати нақарот.
  Сурудҳои маросими тӯй-арӯсӣ, ки ба Ванҷ тааллуқ доранд, дар маҷмӯа вайрон буда, ба қоидаҳои шеърӣ ва нормаи лаҳҷагӣ риоя карда нашудааст. Масалан, варианти дар маҷмӯа овардаи муаллифро гирем (дар ин ҷо аз тартиби транскрипция мебароем).

Аҷаб нигорме, хам-хам задаст гулфонат,
Ширин нигорме, гирди лабу даҳонат.
Ширин нигорме, фардо мешавад баҳор,
Гулҳо мешукуфанд қатор, дар фасли баҳор.
Гул рафтасту мондаст хор, о нигорме.
Ширин нигорме, зулфонта бизан  шона.
Аҷаб нигорме, бозори кабутар гир, 
Ширин нигорме, парвоз мекунад,  чун тир.
Вала нигорме, во нигорме. (саҳ. 121).

Варианти беҳтарини ин суруд, ки дар байни халқ бештар маъруфаст, ин мебошад:

Аҷаб нигоруме, хам-хам зада зулфонат,
Ширин нигоруме, гирди лаби хандонат,
Турфа нигоруме, фардо мешавад  баҳор,
Ширин нигоруме, гулҳо мешкуфан қатор,
Дар фасли баҳор, во нигоруме.
Аҷаб нигоруме, кавгон мехӯран дона,
Ширин нигоруме, зулфонта  бизан шона.
Турфа ннгоруме, бозори  кабутаргир,
Ширин ннгорме, павоз мекунан чун тир,
Моем ба ту ёр, во нигоруме.

  Дар маҷмӯа аз сабаби бедиққатии муаллиф чуиин рубоӣ ва ибораҳое оварда шудаанд, ки ба маънои аслиашон тӯғрӣ намеоянд. Барои мисол рубоии рақами 73-ро аз саҳифаи 110 меором:

Имрӯз ману мешаки гумкардабара,
Мешӯраму мекобам атрофи дара(?).

  Дар ин рубоӣ ду мисраи аввал ягон маъное надорад. Варианти дурусттари ин рубоӣ дар Ванҷ чунин аст:

Имрӯз мани мешаки гумкардабара,
Мешӯраму мекобам атрофи дара…

  Инчунин дар шеъри «Гунҷишк» (саҳ. 127) «Роҳи Лаҳлмо роҳи дур» мисрае оварда шудааст, ки ин нодуруст аст. Аз худи маънои шеър маълум аст, ки «Лаҳлмо» (Лаълмоҳ) номи зан аст ва дар шеър муносибате надорад. Дар асл «Лалмо» (лалмаҳо) мебошад, ки мувофиқи мазмун аст.
  Дар маҷмӯа оид ба эҷодиёти шоири тореволюциоиӣ Мулло Ёр ба баъзе хатогиҳо роҳ дода шудааст. Муаллиф қайд мекунад, ки «… аксарияти шеърҳои Мулло Ёр бо лаҳҷаи маҳаллӣ – лаҳҷаи Ванҷӣ навишта шудааст, ки ин қимати махсуси эҷодиёти ӯро ташкил медиҳад» (саҳ. 139).
  Аммо аксарияти намунаҳое, ки аз Мулло Ёр оварда шудааст на ба лаҳҷаи Ванҷӣ, балки ба лаҳҷаи Қалъаи Хумӣ (дарвозӣ) тааллуқ доранд. Чунончи:

Мусулмуну чӣ нушлуқ бӣ кӣ, Рохарв овар ай рӯму,
Хӯрокму оши боқлегиву тарси ҷоғар  ай рӯму
Ҳами ову чалу борундагӣ бай  закияна (?) бас бин
Заҳаст бозига фикри мурани гову  хар ай рӯму…

  Ин шеър бо лаҳҷаи Қалъаи Хумӣ навишта шудааст, зеро дар ин лаҳҷа аксар вақт ҳарфи «Н» дар охири калима ихтисор мешавад.  Масалан, дар лаҳҷаи Қалъаи Хум «руму», дар лаҳҷаи Ванҷ «рӯмун» (рӯямон) талаффуз карда мешавад.
  Дар ин шеър бисьёр ибораҳои вайрон низ дучор мешаванд, ки дар лаҳҷаҳои Дарвоз ягон маъное надоранд. Аз кабили закиян–зуқян (ғам хӯрдан), нажгар- нажғар (нагард), лағаи сум–луғайсум (дар зери по пахш кардан) ва ғайра.
Намунаи ин шеър дар Ванҷ чунин аст:

Мусулмоно, ин нушлуқ бӣ, ки Рохарв овар ай рӯмун,
Хӯрокмун оши боқлегину тарси жоғар  ай рӯмун.
Амин ову чалу борундагӣ бай  зуқяна бас бӣ,
Зааст бозигар фикри мурани гову хар  ай рӯмун…

  Аз сабаби бедиққатии муаллиф ҷои таваллуди Мулло Ёр қишлоқи Ғӯмаяк дар соҳили чапи дарёи Панҷ (?!) нишон дода шудааст, ҳоло он ки қишлоқн Ғӯмаяк дар соҳили рости дарёи Ванҷоб воқеъ гардидааст.
  Маҷмӯа, чуноне ки аз номаш маълум аст, мебоист намунаҳои беҳтарин ва оммавитарини асарҳои халқиро дар бар мегирифт, вале мутаассифона мо инро хеле кам мебинем. Дар маҷмӯа як қатор асарҳои халқӣ дохил шудаанд, ки борҳо дар маҷмӯаҳои фольклорӣ ва мақолаҳои оид ба фольклори Дарвоз навиштаи муаллифон оварда шудаанд.
  Тартибдиҳандаи маҷмӯа оид ба лаҳҷаҳои Дарвоз фикрҳои нодурустро баён мекунад. Вай менависад: «Характерноктарин хусусияти лаҳҷаҳои Дарвоз дар он аст, ки дар феълҳои замони ҳозира – оянда ҳиссачаи «ме» дар охири феъл меояд: мегӯям – гӯме мекунам-куме–»  (саҳ. 7).
  Дар асл ҳиссачаи «ме» дар лаҳҷаҳои Дарвоз метавонад ҳам дар аввал ва ҳам дар охири калима ояд: мегӯям-мегӯм, гӯме; меоям-меём, ёме; мекунам-мекунум, куме ва ғайра. Дар масъалаи кор фармудани «у» ва «и» низ ба чунин хатогӣ роҳ дода шудааст. Масалаи дар саҳифаи 7 муаллиф менависад: «Дар лаҳҷаҳои Дарвоз аз ҷиҳати фонетикӣ низ фарки калон мавҷуд аст… «у» ба «и» бармегардад (зардоли, собин)». Аммо вай қайд намекунад, ки дар кадом миврид ин ҳолат рӯй медиҳад. Ба «и» баргаштани «у» дар лаҳҷаи Дарвоз на хама вақт дида мешавад. Масалан, овози «у» дар калимаҳои ваду, оҳу, хун, дур, усто ва ғайра пурра нигоҳ дошта мешавад. Муаллиф боз қайд мекунад, ки «о» пеш аз «н» ва «м» ба «у» бармегардад» (саҳифаи 7). Ба «у» мубаддал шудани «о» низ равшан маънидод карда нашудааст. Масалан, «о» пеш аз «н» ва «м» дар калимаҳои сон, кон, ком, дом, ром ва дотарҳо дар ҳамин ҳолат мемонад.
  Муаллиф боз дар ҳамонҷо менависад: «Дар аввали калимаҳое, ки ба «а» ва «о» сар мешаванд, «ҳ» илова карда мешавад (ба ҷои олам-холам)», Ин фикр ҳам нодуруст аст, зеро дар лаҳҷаҳои Дарвоз овози «ҳ» ба калимаҳое, ки бо «а» ва «о» («и» ва «у»-ро низ илова мекунем Р. Б.) сар мешаванд, танҳо дар он маврид илова карда мешавад, ки ин овозҳо дар алифбои арабӣ бо «айн» сар шаванд. Монанди арус-ҳарус, адад-ҳадад, ид-ҳид, илоҷ-ҳилоҷ, ор кардан-ҳор кардан, умр-ҳумр, Умар-Ҳумар ва ғайра.
  Дар асар дар қисмати «фольклори бачагона» дар зери рақами 12 «буд набуд» ном сарлавҳаеро вомехӯрем, ки бо кадом мақсад ба фольклори бачагона дохил кардани он равшан нест. Ин қисмати асар бачагона набуда, балки пеш аз ҳама руҷӯи лирикиест, ки афсонагӯйҳо дар аввали ҳар афсона онро бо як маҳорати баланд, барои диққати шунавандагонро ҷалб намудан, такрор мекунанд. (Албатта варианти аз ин беҳтар ва оммавитарашро).
  Ғайр аз ин дар шарҳ додани луғатҳо низ баъзе камбудиҳо содир шудааст. Масалан, калимаи фараҷӣ, ки дар лаҳҷаҳои Дарвоз маънои либоси рӯйро (ҷома, чагман) остин накарда ба китф партофтан дорад, «баландии дара», ибораи фулуқ–овози пой, ба ҷои ҳозир шудан, шарҳ дода шудаанд.
  Маҷмӯа аз хатоҳои орфографӣ ҳам холӣ нест. Калимаҳоц оӣ–ой, як каф-як кап (як мушт), чаплоқ–чаплок (ҷома) унҷо-ӯнҷо (онҷо), лӯб-луб (ҷеғ задан) навишта шудаанд. Ҳаминро ҳам кайд кардан лозим аст, ки дар маҷмӯа ба транскрипция пурра аҳамият дода нашудааст. Муаллиф калимаҳоро гоҳо бо транскрипция ва гоҳо бе он додааст. Дар аксари афсонаҳо бошад, як усули муайяне мавҷуд нест. Дар як афсона гоҳо ба забони адабӣ ва гоҳо ба лаҳҷагӣ тамоил мекунад, ки ин қимати адабии асарро паст кардааст.
[1] Намунаҳои фольклори Дарвоз. Ҷамъкунанда ва тартибдиҳанда А. 3. Розенфельд. Муҳаррирон Р. Амонов ва 3. Воҳидов, Сталинобод, соли 1955.

4./Басир Расо. Ашъори тозаи Ерӣ //Садои Шарқ. –июни соли 1966. Саҳ.  100 – 106.

Ашъори тозаи Ёрӣ

  Дар бораи Мулло Ёр (мутахаллис ба Ёрӣ) ва эҷодиёташ нахустинбор С. М. Климчицкий соли 1949 дар «Фаҳлавиёти Дарвоз» ном мақолаи худ ахбор дода, порчаҳои парокандаи ашъори ӯро дастраси умум гардонда буд. Баъдҳо А. 3. Розенфельд боз якчанд шеъри ба тозагӣ ёфтшудаи ӯро дар китоби «Намунаҳои фольклори Дарвоз» (солҳои 1955, 1962) дохил кард.
  Дар вақтҳои охир баъзе аз ҷӯяндагони ашъори ёрӣ овоза паҳн кардаанд, ки гӯё Ёрӣ девони мукаммали худро дошта бошад. Мо ҳам, агар девони Ерӣ ба даст медаромад, беҳад хурсанд мешудем. Аммо рафти воқеа ва худи шеърҳои шоир гувоҳӣ медиҳанд, ки вай девоне такмил надодааст ва дигарон низ ашъори парокандаи ӯро дар як ҷо гирд наовардаанд. Аз 42 шеъре, ки дар дасти мост, 18 тои он ба шахсони алоҳидаи таърихӣ ва воқеаҳои ба вуқӯъ омада бахшида шудаанд. Ин он маъно дорад, ки Ёрӣ тамоман ба шеърнависӣ шуғл накарда, танҳо ба воқеаҳо ҳамовоз шудааст. Порчаҳои «Дар ҳаҷви Мулло Соир», «Ланги Омурнӣ», «Кори Турсун», «Дар мазаммати Мулло Вазир», «Гишхонзамин», «Шикоят аз қозиву раис», «Кори Давлатдодхох» ва бисьёр дигар аз он қобил шеърҳоанд, ки дар ҳузури шахсони мазамматшуда гуфта шудаанд. Қобилияти ҳозирҷавобӣ сабаб шуд, ки аҳли меҳнат эҷоди фошкунандаи макру фиреби истисморгарони худро аз забон ба забон такрор карда, дар хотир нигоҳ доранд. Табъи Ёрӣ он ҷо ҷӯш мезад, ки лозим буд.
  Хушбахтона, ба қарибӣ ҷузъгире ба даст даромад, ки дар он баъзе шеърҳо бо дасти худи Ёрӣ гирд омадааст. Дар ин ҷузъгир бидуни дастаависхи Ёрӣ боз чанд намунаи хати шоирон ва амалдорони табъи шоиридоштаи Дарвоз мавҷуд аст. Дар баёзи дигар, ки Ёрӣ тартиб додааст, дар қатори шеърҳои Бедил аз ашъори худаш низ чанд намуна овардааст.
Аз осори Ерӣ он чи китобат шудааст, танҳо миқдори ками он ашъоранд, ки дар баёзҳои чопӣ ва дастхат оварда шудаанд. Ин намунаҳо бешгар шеърҳое мебошанд, ки аз ҷиҳати баён ба ҳама хонандаи тоҷик мафҳуманд. Миқдори ин ғазалҳо кам ва овози эътирози Ерӣ ҳам ниҳоят заиф аст. Кисми зиёди ашъори Ёрй ба лаҳҷаи Дарвоз гуфта шудааст. Табъ ва зарофати ӯ низ дар ҳамин қабил шеърҳояш бештар зоҳир мешавад. Аммо онҳоро бе шарҳ ва тавзеҳоти муфассал (ба ҷуз порчаи «Ҳолам батар шуд», ки дар ҳамин шумора ба табъ мерасад) дастраси умум кардан мумкин нест.
  Шеърҳои тоза ба даст даромадаи Ёрӣ имконият медиҳанд, ки симои ин шоири халқии охирҳои асри XIX муайян карда шавад.
  Ин чанд порча, ки манзури толибони назм мегардад, аз ҳамин ҷузъгир ва баёзи худи Ерӣ дастнавис кардааст.
                                         КАМ – КАМ

Зи хуи бад шудам бо дарду меҳнат мубтало кам-кам,
Шудам аз сарбаландӣ паст ҳамчун хоки по кам-кам.
Ба ҳар сӯ меравам, э бахт, боре ёрӣ бар ман кун,
Фатири қоқ хӯрда, гаштаям бемағзи по кам-кам..

                      ОХИР ЧАРО НАГРЕХТӢ?

Эй гашта рӯзи равшанам аз меҳри рухсорат шабак,
Дар баҳри ғам саргаштаам, дур аз барат ҳамчун самак[1]  
3-ин гулшани беҳосилӣ чун ғунчаам хунинҷигар,
То шарҳи ҳоли худ кунад, ку аҳли розу маҳрамак?
Ҳаргаҳ ки ояд дар хаёл тарзи такаллумҳои ту,
Пошида гуё дам ба дам дар синаи решам намак.
Фарсудаҷисму лоғарам чандон. ки тарсам баъд аз ин,
Созад фалак номи маро аз сафҳаи эҷод ҳақ.
Хуршедосо дар ғамат бар ман даме ором не,
Субҳаст Рохарвам[2] ватан, шомаст, яъне Ғӯмаяк[3].
Гаҳ Юсуфоҳангӣ кунад, гоҳе Масеҳомашрабӣ,
Мавҷи сиришкам бар замин, ҷавлони оҳам бар фалак.
3-он дам ки аз мулки адам мондам бад-ин олам қадам,
Як дам ноёсудам зи ғам, умрам расида сиву як.
Ёри аз ин беҳудамулк охир чаро нагрехтй?
Пеши шалоқи нокасон мондам ҳаме монанди пак[4].

                                   РАВОСТ

Шӯхи бебоке, ки қатли бегуноҳон дӯсташ,
Ҷони сад сохибдил он ҷо бастаӣ як мӯсташ,
Сарв аз қаддаш хиҷил, сунбул зи мӯяш мунфеъил,
Савр по дар гил зи рашки қомати дилҷӯсташ.
Гар ба пеши чашми масташ барфишонам ҷон, равосг,
3-он ишоратҳо, ки бо ман дар хами абрӯсташ.
Аз чӣ рӯ хуршеди тобон бо ту созам ҳамбарӣ,
Ё ду ҷаъди анбарин ё наргиси ҷодусташ?
Новаки мижгони хунрезаш паи қатлам кифост,
Аз чй рӯ, ёраб, надонам ранҷа дар бозусташ?
Мазҳари раҳ пеши андози нигаҳҳо ёр нест,
Куштаи рашкам аз он, к-оина рӯ бо рӯсташ.
Сардмеҳриҳои хубон рӯзи Ёрӣ тира кард,
Ки шон гаштанд бо эшон мушавваш,
Асо дар дасту бар кӯрон асокаш.
Ба ҳам гаштанд ҳамчун ҳалқаи ҷим
Дилошон танг ҳамчун чашмаки мим…

[1] Самак – моҳӣ, ки дар қаҳри баҳр зиндагӣ кунад.
[2] Рохарв – деҳа, ҳоло маркази райони Ванҷ.
[3] Ғӯмаяк – зодгоҳи Ерӣ.
[4] Пак – як навъ бозист. Дар сари думи буз сурб баста пеши по зананд.

5./ А. Ҳабибзода. Мулло Ёри Ванҷӣ. – Душанбе, 1993. Саҳ. 3- 24/

САРСУХАН

  Чунон ки аз тадқиқотҳо ва пажӯҳишҳо ба назар мерасад, анъанаи тазкиранависӣ ё ки зикри аҳвол ва ашъори шуаро дар адабиёти тоҷик анъанаи қадим буда омада ба рӯзҳои мо расидааст. Хусусан дар асри XIX ва ибтидои асри XX дар Бухоро ва Қуқанд қариб 10 тазкира таклиф шудааст. Вале мутаассифона, ҳамаи он тазкираҳо танҳо шоирони сокини Бухоро, Самарқанд, Қуқанд, Тошканд, Хуҷанд, Истаравшан ва шоирони кӯҳистоне, ки дар ҳамон гирду атрофи шаҳрҳои марказ зиндагонӣ кардаанд, ба онҳо дохил кардаанд. Аммо аксар шоирони кӯҳистони Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон, ки дар маҳалҳои дурдаст зиндагӣ ва эҷод карда­анд, дар ин тазкираҳо дохил нашудаанд. Шоирон Фориғ, Мирзобобо, Мирзо Мурассаъ, шоир Фавқии Ҳисорӣ, Носеҳ, Абдураҳим Қозӣ Шафеъ, Хотирӣ, Мирзо Рачаб, Муҷрими Роғӣ, Мирзоқадами Кулобӣ, Шоҳидӣ, Ҷомӣ, Абдулҳай, Хундил, Бухорӣ, Ранҷа, Ғармӣ, Насимӣ, Ҳаҷрии Қаротегинӣ, Ҳабо, Қулӣ, Маъдум, Маҳмуд,, Ғабро, Маслак, Фитрат, Мавлавӣ Ҳиҷрӣ, Шамсиддин, Омӣ, Дарвозӣ, Маҳзун, Орӣ ва Ёрии Ванҷӣ ва боз дигарон аз ҳамин қабил шоирон мебошанд. Шоирони вилояти Бадахшони кӯҳистон, ҳамчун Суфӣ Муборакқадам, Шамшер, Шоҳфутур, Мирзоибод, Ҷаъфар, Шоҳабдуллоҳ, Заъифӣ ва дигарон низ дар ҳеҷ яке аз ин тазкираҳо ҷой нагирифтаанд. Сабаби ин воқеаро устод А. Деҳотӣ дар маколаи худ «Шоирони кӯҳистон» хеле дуруст нишон дода чунин қайд кардааст:
«…Албатта, эҷодиёти онҳоро (яъне шоирони кӯҳистонро) аз як ё ду-се ғазал иборат аст, гуфта гумон кардан дуруст нест. Ам­мо сабаби асосии номашҳур мондан ва ба тазкираҳо надаромада, гум шуда рафтани дигар асарҳои ин шоирон аз муҳити адабӣ ва аз марказҳои илмӣ дур будани онҳо бояд бошад»[1].
  Ин фикри устод А. Деҳотӣ дар ҳақиқат ҳам дуруст буда, са­баби асосии номашҳур мондани шоирони кӯҳистон мебошад. Воситаи номашҳур мондани Мулло Ёрмуҳаммади Ёрии Ванҷӣ низ дар ҳамин аст. Роҳҳои душворгузар ва пурхавфу хатари Дарвозу Ванҷи пеш аз инқилоби октябри ба ҳама кас пӯшида нест. Хусу­саи водии Ванҷ барои бероҳӣ ва дар як дараи наздики пиряхҳои куҳан воқеъ буданаш, ба шоҳони Дарвоз ҳамчун ҷои бадарғагоҳ низ истифода бурда мешудааст, ки ба ин фикр нақли С. И. Клим- чицкий доир ба шоир Ҳамидуллобек, ки бо ғазаби Мири Дарвоз ба Ванҷ бадарға шудааст, гувоҳӣ медиҳад. Аз он ҷустучӯҳои доир ба аҳволу ашъори Муллоёр чунин маълум шуд, ки то инқилоби Октябр касе доир ба ин шоир сухане нагуфта ва маълумоте надодааст ва ин кор бесабаб нест. Дар ин ҷо аз мақолаи устод Деҳотӣ ёдовар шуда, фикри ӯро баён кардан лозим донистем: ӯ чунин менависад: «…Даҳҳо шоирон ва адибони боистеъдод дар камбағалӣ, хорӣ, дар асорати надимии мирҳои Ҳисор, Кӯлоб, ҳокимони Балҷувон, Дарвоз ва ғайра ҷон додаанд, ё ба «гуноҳ»-и саркашӣ кардан аз мадҳкунии оиҳо (мирон, ҳокимон) маҳв ва бе- ному нишон карда шуданд»[2].
  Аз он ҷое, ки Ёрмуҳаммади Ёрӣ шоири пешқадам ва тарафдори халқи камбағал ва ифодакунандаи ҳамаи нобаробариҳои ҷамъияти феодалии замонаш буд ва ӯ мадҳи шаҳи Дарвоз Сироҷхонро ҳамчун фитрати пасти шоирӣ медонист ва зулмкории ӯро намеписандид, маҷбур шуда аз таъқиби ӯ роҳи Бухоро ва баъд роҳи Маккатуллоҳро пеш гирифтааст. Бо он нигоҳ накарда, кишӯҳрати Ёрӣ дар Ванҷ на кам аз Мулло Мушфиқӣ дар Бухоро бошад ҳам, вале касе аз тарсу бими Сироҷхон ва ҳокимони дигари Дарвоз доир ба шӯҳрати Муллоёр забои кушодан наметавонистанд. Олими сове­та С. И. Климчицкий доир ба шӯҳратмандии Муллоёр чунин менависад: «…Во многих чертах творчество Мулло Йора можно бы­ло бы сравнить с творчеством приобретевшего широкую известность в Бухаре и Самарканде поэта Мулло Мушфиқи»[3]. Дар Дарвоз ривояте мекунанд, ки гӯё Мулло Мушфиқӣ барои озмуни табъ ва мушоира ба Дарвоз омада ҳанӯз ба маркази ноҳия нарасида дар бадеҳа ва байтбарак аз як зани содаи дарвозӣ шикаст хӯрда, аз ҳамон ҷо ба Бухоро пас мегардад ва ба маркази Дарвоз–Қалъаи- хум рафтан дилёб намешавад. Доир ба мақолаи худ «Дарвазские фахлавийот» С. И. Климчицкий чунин менависад «Предмет на­стоящей статьи – не описание одного из дарвазских говоров таджикского языка, а отражение этих говоров в литературных произведениях поэтов преимущественно конца второй половины прошлого столетия, написанных не на таджикском литературном . языке этого периода, а на местном диаклекте. Материал по этому вопросу был собран мной во время поездок по Дарвазу в 1925 и 1930 г.г.»[4]
  С. И. Климчицкий дар мақолаи зикрёфта асосан доир ба лаҳҷаҳои сухангӯии мардумони Дарвоз ва чигуна инъикос ёфтани забони лаҳҷаи Дарвоз дар шеър сухан ронда анъанавӣ будани ин ҳодисаро кайд мекунад. ӯ менависад, ки дар адабиёти форсу то­ҷик ин анъанаро Бобо Тоҳири Ҳамадонӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдӣ, Восифӣ низ ба кор бурдааст. Муаллифи мақола қайд мекунад, ки  сабаби ба лаҳҷаи дарвозӣ навиштани шеър на аз он ҷост, ки ин муаллифон ба забони адабӣ шеър навиштанро наметавонистанд ва хоҳиши абадӣ гардонидани лаҳҷаи худ дар адабиёт дошта бошанд, балки ҳамчун воситаи услубӣ ба «мавзӯъҳои паст», ки баъдҳо аз адабиёти хаттии адабӣ бароварда шудааст, ин воситаро кор формудаанд. Вале мақсади асосии онҳо танҳо барои ҳазломез ва намакин кардани ашъори худ ва наздик кардани шакл ва мазмуни ашъорашон ба ҳаёти реалии мардум мебошад, ки ин то дараҷае ҳақиқӣ ва реалӣ будани ин масъаларо мефаҳмонад. Сабаби дигари бо услуби махсус, яъне лаҳҷаи дарвозӣ шеър эҷод кардани Муллоёр ва чанд нафари дигаре шоирони Дарвоз, ба назари мо, чунин менамояд, ки шоирон бо ин услубу воситаи ашъори танқидӣ ва фикрҳои иҷтимоӣ доштани ашъори худро аз чашми ҳокимони замон пӯшиданӣ будаанд, зеро аксари ҳокимон аз мардумони Бухоро ва туркнажод буданд, ки ин лаҳҷаро хуб намедонистанд. Илова бар ин ба хонандагон ва сомеъони маҳаллӣ фаҳмидан ва аз бар кардани шеърҳои ба лаҳҷаи онҳо навишта шуда осонтар ва ширинтар менамуд ва барои сурудани он шеърҳо душворӣ намекашиданд. Боз як хусусияти ин ашъор дар он аст, ки онро ба забони адабӣ баргардонидан низ душворӣ надорад.
  Мутаассифона, ҳангоме ки ман китоби «Ганҷи парешон»-ро тартиб медодам, аз маълумоти ин олими пухтакор ва домани васеи илмӣ дошта, забоншиноси шӯҳратманд С. И. Климчицкий, ки дар мақолаи «Дарвазские фахлавийот» ба таври пурратар исгифода накардаам. Хусусан маъмулотҳои пурқимати ӯ доир ба баъзе шоирони Дарвоз ва хоса аз Мулло Ёрмуҳаммади Ванҷӣ ба тариқи шояду бояд баҳра набурдем. Пас аз мутолиаи чандбора равшан гашт, ки доир ба шоирони маҳаллии Дарвоз ва аз ҷумла Мулло Ёрмуҳаммади Ёрӣ пеш аз ҳамаи олимони шӯравӣ С. И. Климчицкий маълумот дода будааст. Бартарии маълумоти ин олим боз дар он аст, ки ӯ ин маълумотро аз рӯи сарчашмаи хаттӣ, яъне баёзҳои дар Дарвоз ба дасти худаш расидагӣ баён кардааст. Ӯ дар бораи Муллоёрӣ Ёрӣ чунин менависад: «Наибо­лее выдающимся из перечисленных поэтов Мулло Йор-Йори и Мулло Азим-Кайфи. О Мулло Йоре сохранилось больше сведений. Приводимые ниже биографические данные об этом поэте взяты мною из баяза составленного дарвазским же поэтом Аулио Хусайном.
  Мулло Йормахмад как сообщается в этом баязе происходил родом из кишлака Гумуяк (Gumajak) Ванчского кента и родился в 1825 г. Одно время он был мирзой дарвазского шаха, но не по­ладив с ним, уехал в Мекку и более в Дарваз не возвращался».
  Дар ҷои дигар С. И. Климчицкий боз чунин менависад: «Наи­более известным в Дарвазе поэтами, произведения которых встре­чаются в местных баязах, являются: Мулло Ёрмахмад из селе­ния Ғумуяк долины р. Ванҷ, писавщий под псевдоним Ёри…».
  С. М. Климчицкий мақоларо асосан ба лаҳҷаи забони Дарвоз бахшида бошад ҳам, вале то андозае ба мавҷудияти шоирони маҳаллии он ҷо, ба ашъори ба лаҳҷа навиштаи он шоирон, ному тахаллус ва аз кадом деҳа будани аксарияти он шоирон ва вазни шеърии шеъри онҳоро ба қайд гирифтааст.
  Доир ба мазмун ва аҳамияти ашъори Мулло Ёр С. М. Клим­чицкий чунин менависад:
«Произведения Мулло Йора весьма разнообразны. Творчест­во Мулло Йора представляет большой интерес для истории тад­жикской литературы, тем более что в его стихах отражен ряд событий, нравы и обычаи дарвазского шахства, а не амирской Бу­хары. Во многих чертах творчество Мулло Йора можно было бы сравнить с творчеством приобретшего широкую известность в Бу­харе и Самарканде поэта Мулло Мушфики…»[5].
  Чунон ки мебинем, олими мазкур доир ба эҷодиёти Мулло Ёри Ёрӣ баҳои баланд додааст. Климчицкий аз осори шеърии Мулло Ёр танҳо 4 шеъри ӯро интихоб карда ва кайд мекунад, ки! сарфи назар аз мазмунашон, ман онҳоро ба мақсади инъикоси лаҳҷаи маҳаллии Дарвоз дар шеър, ки мақсади асосии ман буд, ба қайд гирифтам. Шеърҳои дар мақолаи худ овардаи Климчиц­кий аз инҳо иборатанд:

  1. Мусулмуну, чӣ нэшлэқ бӣ, ки Рохарв ай ру му…
  2. Маҷу эй бехабар як майдаи нуму нэшу янда…
  3. Мусулмуну, аҷаб ҳолам батар шӣ…
  4. Қори Турсун ҳамагӣ ҳилаи беҷо бидабаст…

  Ҳамаи ин 4 ғазал 23 байтро ташкил медиҳад.
  Чунин тахмин меравад, ки баёзе, ки С. И. Климчицкий аз ӯ ин 4 шеърро гирифта будааст, дар он ашъори Ёрӣ зиёдтар буда­аст, вале барои ба хати форсӣ лотинӣ ва боз ба русӣ тарчума кардан ва шарҳӣ он калимоти лаҳҷавиро додан кори басо душвор буда, муаллифи мақола аз кайди ашъори дигарн Ёрӣ худдорӣ кардааст. ӯ дар ин бора худаш чунин менависад:
«В числе приведенных ниже образцов дарвазской литературы мною выбраны независимо от содержания лишь те стихи Мулло Йора которые имеют непосредственное отношение к затронутой в настоящей работе теме – дарвазскому говору в произведениях дарвазских поэтов»[6].
  Аз ин гуфтаи муаллифи мақола, ба назари мо, чунин мена­мояд, ки дар он баёзи дастнависи Авлио Ҳусайни Мағмум боз чанд шеърҳои дигари Мулло Ёрмуҳаммад мавчуд будаанд.
  Мутаассифона, ҳоло аз он баёзҳое, ки С. И. Климчицкий соли 1025-ум дучор омада буд, асаре нест ва Авлио Ҳусайн низ ба Афғонистон муҳоҷир шуда рафта буд, ки ҳоло дар қайди ҳаёт ҳам нест. Бинобар гуфтаҳои боло то инқилоби Октябрь маълумоте доир ба ин  шоири боистеъдод ба шакли хаттӣ ба мо нарасидааст. Шахсе ки аввалин бор доир ба аҳволи Муллоёр рақам кашидааст, Мағмум-Авлио Ҳусайни Дарвозӣ (Қевронӣ) будааст, ки баъдҳо олими шӯравӣ С. И. Климчицкий солҳон 1925–30 аз баёзи ӯ аҳволи мухтасари Ёриро ба мо нақл кардааст.
  Ногуфта намонад, ки А. 3. Розенфельд дар «Намунаҳои фольклори Дарвоз» чунин қайд мекунад, ки бори аввал номи Мулло Ёрмуҳаммад дар очерки Н. А. Кисляков «Мардумони Ванҷ» (маҷаллаи «Резец» Ленинград,  № 23, 1934) зикр меёбад». С. И. Клим­чицкий аз ин очерк ва ном бохабар гашта буд ё не мо инро намедонем, аммо барои он ки ин муаллиф ҳанӯз солҳои 1925–30 материалҳои худро ҷамъ оварда буд, мо ӯро кашшофи аввалини шоир Мулло Ёр мешуморем. Пас аз тадқиқоти С. И. Климчицкий шахсе, ки дар роҳи тадқиқи аҳвол ва ашъори Муллоёр заҳмати фаровон кашида ва чандин бор ба Ванҷу Дарвозу Бадахшон сафар кардааст, донишманди мӯҳтарам, профессори донишгоҳи Ленинград, дӯстдори фольклор ва халқи тоҷик Анна Зиновевна Розенфельд мебошад. Ба кӯшишҳои зиёди ин олимаи боғайрат нигоҳ накарда, афсӯс ки ӯ доир ба аҳволи Муллоёр маълумоти тозаеро дарёфт кардан натавонистааст. Вале ӯ дар китоби худ «Намунаҳои фольклори Дарвоз» як боби махсусро бо унвони «Шоирони маҳаллӣ» кушода дар он аз осори 8 нафар шоирони маҳаллӣ намунаҳо зикр кардааст. Аз ҷумла аз Мулло Ёрмуҳаммад 143 байт ё ки 36 порча ва байти алоҳидаро дар он қайд мекунад. Бояд гӯем, ки А. 3. Розенфельд дар баробари ашъори фольклорӣ ва лаҳҷавӣ баъзе ғазал ва ашъори ба забони адабӣ гуфтаи Муллоёрро дар ин ҷо зикр мекунад ва сабаби он низ равшан аст, зеро ӯ ин ашъорро на аз сарчашмаҳои хаттӣ, балки аз даҳони мардум навишта гирифтааст, ки аз ин рӯ ба қайд гирифтани ҳамаи осори ба вай дучор омада ҳаққонӣ мебошад.
  Инро низ бояд зикр кунем, ки дар нашри осори Муллоёр, ки дар «Намунаҳои фольклори Дарвоз» ба қайд дароварда шудаанд, хато ва сохтакории зиёде ба назар мерасад. Чунончи дар як худи саҳифаи 226 китоб, шеъри аввал мақтаи он вайрон карда шуда ва як байтро кадоме сохтакорӣ карда ба он илова кардааст, ки он аз эҷоди Ёрӣ нест. Мақтаи он шеър дар асл чунин аст:

Бар фиреби ҷилваи дунёи дун, Ёрӣ, маноз,
К-ин аруси бевафо сад хонаи домод сӯхт.

  Аммо дар китоби А. 3. Резенфельд саҳван ба ҷои калимаи «Ёрӣ» «чандон» омада ва боз ин байт илова шудааст:

«Сарнавишти Ёрии бечора дар эҷоди халк,
Қисматаш ин буд чандон чора кард, барбод сӯхт».

  Хонандагони гиромӣ аз Лексика (алфоз)-и ин байт пай мебаранд, ки он тарзи гуфтори Муллоёр нест. Дар ҳамин саҳифа матлаи шеъри раками 4-ро гиред, ки мисраи аввали он «Дардо ки зи сирри рухи хубон шуда рафтем» ғалат ва бемантиқ буда, дар асл «Дардо ки асири рухи хубон шуда рафтем» мебошад. Ё ки дар шеъри раками 2 миёнаи сеюм ба ҷои калимаи «якрангӣ» «найрангӣ» ва дар шеъри рақами 9 ба ҷои калимаи «манқал» , «манзил» зикр ёфтааст. Камбудии дигар аз он иборат аст, ки баъзе шеърҳоро С. И. Климчицкий ба дигар шоирон ва А. 3. Розенфельд онҳоро ба шоир Ёрӣ нисбат додааст. Чунончӣ шеъри раками 4 («Намунаҳои фольклори Дарвоз», саҳ. 221)-ро Климчицкий ба шоир Саид Аҳмади Орӣ вале А. 3. Розенфельд онҳоро ба Ёрии Ванҷӣ нисбат медиҳад. Барои он ки С. И. Климчицкий он шеърҳоро аз сарчашмаи хаттӣ (баёзи Авлиё Ҳусайн) гирифтааст, маълумоти он саҳеҳтар бояд бошад. Матлаи он ғазали Орӣ чунин аст:

«Мэни дармунда ҳарчанде, ки мекунэм потелэк янда,
 Нашӣ ҳеч ҳосилам як пилтаи тоқи шилэк янда»…
(С. И. Климчицкий, т. т. б. АН СССР, 1940 том IX, стр. 89).

  Аз ин кабил ғалатҳо дар ашъори дар ин китоб дарҷёфтаи Ёрӣ боз бисёр аст. Ба ҳар ҳол А. 3. Розенфельд нисбат бар дигарон осори Муллоёрро бештар ҷамъ оварда ва дар баъзе аз поварақҳо сабаб ва макони эҷод шудани шеърҳои алоҳидаро шарҳ до­дааст. Бинобар ин ҳиссаи А. 3. Розенфельд дар омӯзиши аҳвол ва ашъори Муллоёр хеле бузург аст.
  Олимаи дигаре, ки аз Муллоёр ном бурда ва як шеъри ӯро ба нашр расондааст, Г. Галимова мебошад. У соли 1957 «Дастнависи номаълуми шеърҳои шоирони кӯҳистон /»Шарқи сурх,» № 9/ мақолае чоп карда як шеъри Муллоёрро низ ба нашр расонидааст. Аҳамияти бузурги ин мақола дар он аст, ки муаллиф дар он аз шоирони кӯҳистон номбурда ва зарурати омӯхтани аҳвол ва ашъо­ри шоирони кӯҳистонро ба миён мегузорад. Удар ин бора чунин менависад:   «Бояд кайд кард, ки бе омӯхтан ва муайян кардани баъзе хусусиятҳои хоси ин адабиёти «маҳаллӣ» дар бораи таърихи адабиёти тоҷики ин давра (яъне асри XIX ва ибтидои асри XX–А. Ҳ.) тасаввури пурра доштан мумкии нест».
  Гуфтан лозим аст, ки баъд аз мақолаи С. И. Климчицкий оид ба омӯхтани адабиёти маҳаллии Дарвоз, мақолаи Г. Галимова аҳамияти махсусро дорост.
  Соли 1966-ум дар ҳамин маҷаллаи «Садои Шарқ» (№ 6, саҳ. 100- 101) мақолаи шоир Басир Расо бо унвони «Ашъори тозаи Ёрӣ» чоп шудааст. ӯ дар ин мақола аввал аз маълумоти (И. Климчицкий ва А. 3. Розенфельд доир ба аҳволи шоир Ёрӣ хабар дода баъд дар бораи надоштани девони ашъори Ёрӣ чунин менависад: «…Аммо рафти воқеа ва худи шеърҳои шоир гувоҳӣ медиҳад, ки вай девоне такмил надодааст ва дигарон низ ашъори парокандаи уро дар як ҷо гирд наовардаанд».
  Ин гуна фикри баёнкардаи муаллиф ба назари мо дуруст наменамояд, зеро рафти воқеаи навиштани шеър ва шеърҳои шоир ба девон надоштани ӯ гувоҳ шуда наметавонанд. Дар ашъори мавҷудаи шоир ҳам ишорае ба девон надоштанаш ба назар намерасад. Илова бар ни Ёрӣ аз Дарвоз баромада ба Бухоро ва аз он ҷо ба Кобул, Ҳиндустон ва баъд ба Макка сафар кардааст, ки шояд ягон кас ва ё худи Ёрӣ дар он ҷойҳо девонашро тартиб дода бошад. Дар ин бора кайди С. И. Климчицкийро низ ба мадҳи назар гирифтан лознм аст. Ӯ дар ин хусус чунин менависад: «Ба ман гуфтанд, ки дар Дарвоз девони Мулло Ёр, Мирзо Хабо ва Мирзо Иззатшоҳ мавҷуд аст, вале ман худам онҳоро надидам». Вале чунон ки аз тадқиқотҳои баъдина маълум шуд, девони Ҳабо ва Мирзо Иззатшоҳ ҳоло ба даст омаданд, ки аз дуруст будани ишораи   С.И. Климчицкий гувоҳӣ медиҳанд ва аз тахмин дур нест, ки шояд девони Муллоёр ҳам дар дасти касе буда ва то кунун ба мо дастрас нашудааст. Аммо ба таври қатъӣ хукм кардан, ки шоир «девон надорад» ба фикри мо он кадар дуруст намебуд.
  Муаллифи он мақола боз чунин фикреро хам баён намудааст: «Аз 42 шеъре, ки дар дасти мост 18-тои он ба шахсони алоҳидаи таърихй ва воқеаҳон ба вучудомада бахшида шудаанд. Ин он маъноро дорад, ки Ёрӣ тамоман ба шеърнависӣ шуғл накарда, танҳо ба воқеахо ҳамовоз шудааст».
  Ба фикри мо, ба чунин хулоса омадани ин муаллиф низ 6a ҳеҷ гуна ҳақиқат рост намеояд. Зеро дар ашъори Ёрӣ шеърҳои ишқӣ кам нестанд ва ғайр аз ин шоир метавонад шеърҳои худро ба шахсони таърихӣ бахшида ва ин ҳеҷ гоҳ маънои шуғл надоштани ӯро ба шеърнависӣ намефаҳмонад. Аксари ашъори мавҷудаи Ёрӣ ба мавзӯъҳои гуиогун ва эҳсосоти шоирона навишта шуда­анд, ки пайдоиши онҳо бе шуғлу меҳнати эҷодӣ имконнопазир мебуд. Инъикоси воқеаҳои замон дар ашъори Ёрӣ гувоҳи шоири бузург будани ӯро мефаҳмонад. Б. Расо дар ин мақола кайд мекунад, ки ӯ ба баёзе «чузъгире» дучор омадааст, ки бо дасти худи Ёрӣ навишта шудааст. Дар он ҷузъгир ба ғайр аз дастнависи Ёрӣ боз чанд намунаи хати шоирон ва амалдорони табъи шоиридоштаи Дарвоз мавҷуд будааст. Баёзи дигареро, ки гӯё онро хам Ёрӣ тартиб додааст, дар қатори шеърҳои ашъори Мирзо Абдулқодири Бедил чандин намунаеро аз шеърҳои худи ӯ дар бар мегирад. Мутаассифоиа, Б. Расо исбот ва далелҳои бовариноки дастнависи Муллоёр будани ин ду баёз ва ё ки чузъгирро дар мақола зикр намекунад. ӯ дар ин мақола 17 шеъри Ёриро ба табъ расондааст, ки хело ҳам кори савоб аст. Аммо аз кадом сарчашма, кадом шеъри шоирро ба қайд даровард ва инчунин варақу саҳифаи он сарчашма боз ҳам беқайд монда, адреси шеърҳоро нишон намекунад. Аз ин чо ба хонанда боварии комил ҳосил намешавад, ки ин осори чопшуда аз баёзҳои дастнависи худи Ёрӣ бошанд.
  Олимони Афғонистон дар маҷмӯаи «Афғонистон» ва «Таърихи адабиёти Афғонистон» аз Муллоёр ба ин тариқ маълумот додаанд: «Ёрии Дарвозӣ аз шуарои бузурги қарни сездаҳи Дарвозӣ Бадахшон аст. Исмаш Мулло Ёрмуҳаммад бини Мулло Малик (ё ки Мунук-Манак) мебошанд. Вай ба тарафи Бухоро рафта ба дарбори амир Музаффархон расид, сипас ба тарафи Кобул омада, ба тарафи Ҳинд ва аз он ҷо ба сӯи Байтуллоҳ рафт.
  Шоҳ (амир Абдураҳмон–А. Ҳ.) дар ҷустуҷӯи ӯ кас фиристода ӯро наёфтанд. Вай аз шуарои охири қарни сездаҳ ва авоили қарни чордаҳ аст. Вай на танҳо дар забони форси ашъори нағзу зебо дорад, балки дар забони маҳаллӣ низ осори хубе аз ӯ дар даст аст».
  Илова бар ин маълумотҳо, гохе дар саҳифаҳои рӯзномаҳои республикавӣ ва хусусан газетаи «Бадахшони советӣ» хабар ва. мақолаҳо доир ба Муллоёр нашр шудаанд (мақолаи Қурбони Бурҳон дар «Бадахшони советӣ» 3 январи соли 1990) ва боз чандин дигар. Вале маълумотҳои тоза ва сарчашмаҳои боваринок дар ин мақолахо нест ё ки нишон дода нашудаанд. Ҳатто баъзеҳо ба хаёлоти зиёд кардани миқдори ашъор баъзе байт ва мисраъҳои аз одоб берун ва суханони пучи дурӯғгинро ба ин шоири бузург нисбат медиҳанд, ки ин барои костани обрӯй ва иззати ӯ мегардад. Муллоёр марди беҳудагӯй ва масхарабози кӯчагӣ набуда, фаҳшу беодобиро дар ашъораш роҳ намедод, зеро ӯ олим ва мусулмони бапарда буд ва беҳудагӯиро ба шаъни худ айб медонист. Вай шоири ҳаҷвгӯй буд, ки аз намунаҳои шеъраш маълум аст, лекин дар онҳо дашному калимоти беодобона ва қабеҳ ба назар намерасад, ки мо дар қисми таҳлили ашъораш боз дар ин бо­ра таваққуф хоҳем кард. Ба таври мухтасар, он чизе, ки доир ба аҳвол ва ашъори Муллоёри Ёрӣ дар адабиётҳои даврагии ба мо дастрас  буда аз ҳаминҳо иборат буданд. Муаллифи ин сатрҳо низ ду маротиба (солҳои 1970, 1975) ба мақсади дарёфти аҳвол ва осори Муллоёри Ёрӣ ба ноҳияи Ванҷ сафари илмӣ карда буд. Дар сафари аввал бо яке аз мардони аҳли маърифат ва донандаи осо­ри фольклории Муллоёр, шахси бисёр мӯътабари водин Ванҷ Му­хаммадшоев Хоча ҳамроҳӣ карда, то деҳаи Лангари ҳамон ноҳия рафта буд. Вале иқрор бояд шуд, ки ягон осори хаттии Муллоёри Ёриро ба даст оварда натавонистем. Аммо шеърҳои фольклорӣ ва ҳазломезу ҳаҷвангези шоирро шахсони зиёде ба мо хонданд. Хусусан Вазир ном ҳофиз ва сароянда ашъори зиёди Муллоёрро мехонд. Бори дигар бо шахси хело ҳам саводнок ва шарикдарси устод Айнӣ Мулло Давлат ном пирамарди нуронӣ мусоҳиб myдам. ӯ бо дасти худаш баъзе лаҳзаҳои ҳаёти Ёриро ба рӯи қоғаз сабт карда буд. Ман аз ин бозёфт хело хурсанд шуда, дастнависи мазкурро ба тасмаи аккосӣ бардоштем, вале насиби мо набудааст, он микрофильм вайрон шуда бо материалҳои фаровони дигар дар шуъбаи Помиршиносии АИ Точикистон беному нишон шуда рафтаанд. Яьне онҳоро дар вақташ ба рӯи қоғази фотографӣ бар- нагардонданд.
  Вале маълумотҳои даҳониро аз ҳамдиёрони шоир ҷамъ овар­да будем. Дар асоси маълумоти зикршудаи олимон ва маълумотҳои чамъовардаи худамон дар асари «Ганҷи парешон», ки соли 1984 аз нашр баромада буд, доир ба аҳволи мухтасари Ёрӣ маъ­лумот дода 20 адад ғазалу абёти парокандаи ӯро дар он чо сабт намуда будем («Ганҷи парешон», саҳ. 59–69.
  Акнун ба шарофати бозсозӣ ва худшиносии мардум ҳамдиёрони шоир қарор додаанд, ки соли таваллуди шоирро ба таври беҳтap ҷашн гирифта аз аҳвол ва ашъори ин шоири тавоно ёдовар шаванд, бинобар ин, як бори дигар саҳифаҳои зиндагӣ ва ашъори бадастомадаи ӯро ба қалам овардаи воҷибу зарур менамояд.
[1] А. Деҳотӣ, Куллиёт, ҷ. V, Душанбе, 1966, с. 301–302.
[2] Д. Деҳотӣ, Намунаҳои адабиёти тоҷик, Сталинобод, 1940, с. 217.
[3] С. И. Климчицкий, Труды, тад. базы, том IX, стр. 70.
[4] «Труды таджикистанский базы IX–история–язык–литература». Изд. АН (СССР, 1940 г., стр. 65.
[5] С.И.Труды т. Базы.Том IX, стр. 70.
[6] С. И. Климчицкий.  Ҳамои ҷо, с. 70.

                        ҲАСБИ ҲОЛИ ШОИР

  Муллоёрмуҳаммад, чунон ки дар боло низ ишора рафта буд, «соли 1825 дар деҳаи Ғумуяки ноҳияи Ванҷ, дар оилаи деҳқони камбағал Мулло Малик таваллуд ёфтааст. Вале Қурбони Бурҳон дар мақолаи худ («Бадахшони советӣ», аз 3 январи соли 1990) соли таваллудашро 1839 ва дар оилаи деҳқони миёнаҳол ба дунё омаданашро сабт кардааст. Лекин аз ашъори пур аз нолаву фи­ғони шоир тамоман равшан аст, ки ӯ аз табақаи деҳқони камбағал ва хоҷагиҳои пурмӯҳтоҷи рӯзгори зишт мебошад. Шеърҳои шоир мисли «Аз хӯрдани тутпӯсти қоқ лухшида пӯсти ной мун» ва «Хӯрокмон оши боқлогин…» ва дигарон равшан аст, ки ӯ дар оилаи камбағал ба дунё омадааст. Соли таваллуди шоирро низ муаллиф аз рӯи тахмини бесарчашма баён кардааст ва ба назари мо маълумоти С. И. Климчицкий, ки аз баёзи Авлио Ҳусайни Дарвозӣ гирифта шудааст, дурустар менамояд. Зеро Авлио Ҳусайн шояд Муллоёрро худаш ба чашми худ дида буд. Бинобар пи таваллуди Муллоёр 1825 дуруст мебошад. Шоир доир ба та­наллудгоҳи худ низ ишора карда мегӯяд: «Субҳ аст Рохарвам ватан, шом аст яъне Ғумуяк»
  Афсӯс, ки аксари шоирони пешина таърих ва рӯзи эҷоди шеърҳои худро зикр намекарданд, вагарна дар як шеъраш Ёрӣ ба синни сиюяк солагӣ даромадани худро чунин ишора кардааст:

«3-он дам, ки аз мулки адам, мондам ба ин олам кадам,
Як рӯз носудам зи ғам, умрам расида сиву як…».

  Вале ҳоло равшан нест, ки шоир онро дар кадом сол гуфтааст, ки аз он соли ҳақиқати таваллудашро маълум мекардем. Хуб маьлум намешавад, ки падари Муллоёр Мулло Малик хату савод доштааст ё не? Вале лақаби муллоӣ, ки ба исмаш пайвастааст, дадели шахси бохату савод будани падараш мебошад. Аз рӯи тахмин Муллоёр назди падараш савод бароварда баъд дар назди Мулло Гул ном шахсе аз деҳаи Одешт сабақ гирифтааст. А.З. Розенфельд аз забони касе чунин ривоятеро накл мекунад:. «Рӯзе муаллими Муллоёр Мулло Гул ба қишлоқи Одешт мерафт. Дар рӯ ба рӯи Одешт хари Мулло Гул афтида мемурад. Мулло Соир Мулло Гулро масхара мекунад, дар ин вакт Муллоёр расида меояд ва мебинад, ки устодаш ғамгин аст. Пас Мулло Гул саргузаштро баён мекунад. Муллоёр аз номи Мулло Гул он шеъри ҳаҷвиро дар хусуси Мулло Соир эҷод мекунад». Аз ин ривоят чунин пай бурдан мумкин аст, ки шояд Муллоёр дар назди Мулло Гул чанд вақте таҳсил карда бошад.
  Доир ба таҳсили Муллоёр дар мадрасаҳои Бухоро низ маълумоти саҳеҳе ба даст надорем. Аммо аз рӯи маълумоти даҳонии ҳамдеҳааш Мулло Давлат, ки вай дар Бухоро таҳсил карда аст, гӯё Муллоёр ба пайванди яке аз хешдухтаронаш, ки зани кадом амалдори амири Бухоро будааст, дар яке аз мадрасаҳои Бухоро хонда ва мадрасаро хатм кардааст. Ин ривоят ҳам он қа- дар аз ҳақиқат дур нест, зеро амалдорони Бухоро духтарони соҳибҷамоли Ванчу Дарвоз, Қаротегину Кӯлоб, Ҳисор ва ҳатто Бадахшони дурдастро ба ҳар роҳ бурда ба худ завҷа мекарданд. Илова ба ин, аз осори боқимондаи Ёрӣ низ пай бурда мешавад ки вай илми шеърро хуб медонистааст. ӯ пас аз хатми Мадраса ба зодгоҳи худ Ванҷ баргашта мири Дарвоз Сироҷхон ӯро ба мирзоии худаш таъйн мекунад. Агар шоир маълумоти мадрасавӣ намедошт, шояд ба вазифаи мирзои хам таъин намешуд. Дар ашъори Ёрӣ ишорае доир ба мирзо буданаш дар мухаммаси ҳаҷви Муло Соир ба назар мерасад:

«Мулло Гул, гар раис дам зад, бигӯ ҳарфи дигар бозаш,
Нахоҳад аз кадим Мирзо мухаммас баҳри хар мезад».

  Ба назари мо калимаи Мирзо дар ин байт ишора ба амали мирзоии Муллоёр мебошад. Аз ин байти Ёрӣ низ маълум мешавад, ки ӯ марди сурхмӯ ва мирзо будааст:

«…Ёрии сурхсар ин байта барои мегуфт,
Ки бидонанд ҳама мардум, ки мирзо бедабаст».

  Муллоёр ҳамчун шоири пешқадами замон бо тарзи ахлоку одоб ва таври ҳокимият кардани Сироҷхон розӣ шуда натавониста муносибати онҳо бо ҳам вайрон мешавад. Шоир ҳокими замонро ҳаҷв мекунад ва бо ин ҳаёти худро дар хавфу хатар мегузорад. Ҳосидон ва наздикони ҳоким Сироҷхонро бар зидди шоир мешӯронанд ва ӯ маҷбур шуда аз таъқиби ҳоким ба Бухоро раҳсипор мегардад. Ӯ ба Бухоро расида дар .мадҳи писари амир Музаффар Абдулаҳадхон, ки номзади валиаҳди амир буд, мухаммаси мадҳия менависад. Вале дарбориёни амир, ки аз он мухаммас огоҳ мешаванд, қасдан шоирро метарсонанд, ки «бо ин қасидаат амир туро мекушад». Дар ин асно амир, ки он коғази мухаммас навишта дар дасташ буда ва бо хизматгори узбекзабонаш гапзанон карда аз соҳиби нависандаи он мадҳ мепурсад, хизматгор ба тарафи Муллоёр ишора карда «бӯкишӣ» яъне ин кас гуфтааст. Аммо Муллоёр, ки забони узбакиро намедонист, калимаи «бӯкишӣ»-ро «бикӯш», яъне мекуштааст, дониста аз Бухоро гуреза шу­да боз ба Ванҷ бармегардад. Ӯ медонист, ки дигар аз таъқиби Сироҷхон халосӣ иамеёбад ва бино бар ин, бо ватани азизаш видоъ карда ба тарафи Кобул ва аз он ҷо ба сӯи Ҳиндустон ва дар охир ба сӯи Маккатуллоҳ раҳсипор мегардад ва чодари ғурбатро ба cap карда номаълум шуда меравад. Доир ба симо ва шакли зоҳирии Муллоёр низ як далели раднашаванда дар даст дорем, ки шоир ва рафики наздики Муллоёр ба таври ҳазлу мазоҳ ба ӯ гуфтааст, ки он чунин мебошад:

Одами сурхест ба мавзеи Ванҷ,
Ҳар нафасе мерасадаш дарду ранҷ.
Ришу сараш сурху қадаш пурдароз
Нолакунон меравад ҳар сӯ ба ноз…
Одами обист зи дарёи шӯр,
Он палиди сурхсари чашмкӯр.
Нест зи синфи башар он зардлаб,
Камтарак аз хирс чу дорад насаб…
Ёфт зи дасти Ҳумедӣ, нобакор
Сабт ҳамин қисса чу дар шаъни Ёр.

  Ин шеър сохтакорӣ ва ё ғалат нест, зеро онро С. И. Климчиций аз баёз гирифтааст ва знмнан худи Муллоёр ҳам ба дӯсташ  гилагузорӣ карда ба як лаҳзаи он шеър ишора мекунад:

Чаро бо дӯстонат ҳарфи бедастур мегӯӣ?
Муллоёри ғариби бенаворо кӯр мегӯӣ?

  Аз ин порчаҳо маълум мешавад, ки дар ҳақиқат ҳам он шоирон бо ҳам ҳазлу мазоҳ ва ҳаҷву латифа мегуфтаанд.
  Ба мо аз ин шеърҳо симои зоҳирии Муллоёр ба назар равшан мегардад, ки шоир мисли бисёр мардумони Ванч сурхбашара ва баландқад будааст. Профессор А. 3. Розенфельд дар поварақи китобаш (с. 227) кайд кардааст, ки «Малик – акаи Муллоёр, ки деҳқонӣ мекард». Вале ба назари мо ин кайд саҳв аст, зеро Ма­лик исми падари Муллоёр будааст, на исми акааш.
  Муллоёр аз худ як писар ва як духтарро ба мерос гузоштааст, ки ҳар дуи онҳо низ онқадар боақлу идрок ва ҳушёру бедор набудаанд. Шоир дар як шеъраш ба ин маънӣ чунин ишора кардааст:

Бишондум беди маҷнун cap зад ангет,
Бидохтум харбуза ӯ каҷкапар шӣ…

  Муллоёр аз ҳаёти дар Ванҷ мегузарондааш аз ҳар ҷиҳат норозӣ буда, ҳамеша худро танқид ва мазаммат мекунад, ки чаро аз ин мулк тезтар баромада намеравад? Мисолҳои зеринро хонем:

Ало, эй Ванҷ, расво мекунӣ, нағзак макун, пур кун,
Карай рут мижаву абрума, ам ришома ни хэр кун.
Гарангобод Рохарват, ба мо бисёр таҷанг дорад,
Ту дандун кун паноҳу гинаи ғаждуна туфсур кун…

Дигар:

Ёрӣ, аз ин беҳуда мулк охир чаро нагрехти?
Пеши шалоқи нокасон мондам басе монанди пак.

Дигар:

Ҷамъияти дилро талабидем ба олам,
Аз Ванҷзамин сахт гурезон шуда рафтем.

  Аз ин қабил шикоят аз зиндагии дар Ванҷ гузаронидаи Муллоёр боз ҳам овардан мумкин буд, вале аксари ашъори шоир аз шикоят пур аст, ки мо онро дар қисми таҳлили ашъораш боз мехонем. Аз ашъори шоир маълум аст, ки ӯ аз аҳволи бади иқтисодӣ. беқадру қиматии илму адаб дар замонаш, аз таъқиб ва зулми ҳокимони замонаш «корд ба гулӯ» расида аз ватани азизаш дар гурез мешавад. Маълумоти равшане ба даст надорем, вале аз рӯи нақли ҳамдиёронаш ӯ дигар ба Ванҷ пас нагашта гӯё ба Маккаи муборака рафта боқии умрро дар ҳамон чо ба cap бурдааст. Он чизе, ки дар баъзе мақолаҳои ҷаридаҳо, ки гӯё аз Макка ду ҳочӣ омада ва дар бораи ӯ нақл карда бошанд ва гӯё дар он ҷо зану бача доштааст ва мисли онҳо ҳамагӣ суханҳои бофтаи дурӯғи маҳз мебошанд ва ҳеҷ гуна далели росгӣ дар онҳо пест,, зеро шоир ҳарчанд умри дароз ҳам дида бошад, аз 80–90 зиёда умр надидааст, ки ҳоҷиён ӯро дида бошанд, зеро барои таваллуди Муллоёр расо 166 сол мегузарад, ки воқеаи дидани ҳоҷиён ӯро боваринок наменамояд. Чизи дигаре, ки ба ҳасби ҳоли Ёрӣ мансуб аст, ин зодгоҳи модараш мебошад. Ҳамаи маълумотҳо ба он гувоҳӣ медиҳанд,. ки модари Муллоёр аз деҳаи Сангевни дарози ноҳаи Қалъаихум будааст. Профессор А. 3. Розенфельд дар поварақи саҳифаи (230) китобаш доир ба Сангевни дароз чунин шарҳ додааст: «Сангевни дароз – қишлоқест дар райони Қалъаи хум, ки падару модари Муллоёр аз он қишлоқ будаанд». Шояд ин маълумот рост бошад ва падару модари Муллоёр аввалҳо дар ин деҳа зиндагӣ карда, сонӣ ба деҳаи Ғумуяки Ванҷ ҳиҷрат кар­да бошанд. Аммо шоир Муллоёр дар ашъораш чунон ки боло зикр ёфт, деҳаи худро Ғумуяк медонад ва ҳамдиёронаш низ ӯро аз ҳамин деҳа мегӯянд, ки он ба ҳақиқат бояд дуруст бошад. Муллоёр ба ҳиҷрат ба танҳои рафта духтару писараш дар ҳамин деҳаи момбурда умр ба cap бурдаанд, ки аз ҳасби ҳоли онҳо маъ­лумоти дурусте ба даст надорем.
  Чунин аст ба таври мухтасар ҳасби ҳоли Муллоёр то замони навиштани ин рисола.

МЕРОСИ АДАБИИ ЁРӢ

  Чунон ки маълум аст шоир Мулло Ёрмуҳаммад аз қисми аввали номаш ба худ тахаллуси адабӣ интихоб кардааст. Дар акcap ашъораш, ҳамчун анъана, аз тахаллуси худ ёдовар шудааст.
  Агарчанде  ки С. И. Климчицкий аз мавҷуд будани девони ашъори Ҳабо, Иззатшоҳ ва Муллоёр дар Дарвоз шунида бошад ҳам, вале онҳоро ба чашми худ надида будааст. Аммо чунон ки боло зикри он рафта буд, девони Ҳабо ва Иззатшоҳ ҳоло ба даст омадаанд. Доир ба девони Ҳабо муаллифи ин сатрҳо дар «Очерки Адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри IX  (Душанбе, «Дониш» 1989, саҳ 160–167) пурра маълумот додааст Девони Иззатшоҳро ҳамкор ва шарқшиноси хело ҳам ба завқ Мирганов Савлатшоҳ ба нашр омода кардааст. Гумон меравад, ки девон ва ашъори шоир, ки аксар бар зидди зулм ва нобаробариҳои ҷамъияти феодализм ва хусусан бар зидди шаҳи Дарвоз Сироҷхон ва дигарон буд, аз тарафи ин ҳокимони бедод ва ё оташи бебоконаи гулханҳои шахспарастӣ ва китобсузиҳо аз миён рафта бошад. Лекин дар баёзу ҷунгҳо ва маҷмӯаҳои ашъор баъзе шеърҳои парокандан шоир ба қайд гирифта шудаанд. Аз чумла 4 адад шеъри шоирро С. И. Климчицкий аз баёзи Авлио Ҳусайни Мағмум, 17 шеърро Б. Расо аз ду баёзи дастнависи Дарвоз гирифтааст, ки онҳо бо чунин унвонҳо чоп шудаанд:

  1. Кам-кам–2 байт.
  2. Охир чаро нагрехтӣ–8 байт.
  3. Равост–7 байт.
  4. Худоё, гар зи ман ҳастӣ ту рози–4 байт.
  5. Мулло Соир–10 байт.
  6. Кори Давлатдодхоҳ–8 байт.
  7. Чоки гиребон шуда рафтем–4 байт.
  8. Бевафоиро надонистам–4 байт.
  9. Санавбар ҳам нест–6 байт.
  10. Ханҷари ҷаллод сӯхт–5 байт.
  11. Кам кардай–5 байт.
  12. Мақсуд чист?–7 байт.
  13. Ҳасташ–6 байт.
  14. Наҷуме–6 байт.
  15. Мулло Вазир–2 байт.
  16. Умри худ кӯтоҳ мебинам–2 байт.
  17. Ҳолам батар шуд–9 байт.

  Ҷамъ дар ин маҷалла 95 байти Ёрӣ ба нашр расида буд. Дар баёзи      № 819 шоирони Дарвоз, захираи АИ Тоҷикистон се ғазали Ёрӣ сабт шудааст, ки аз он якеро Г. Галимова ба чоп расонидааст, ки аз 8 байт иборат мебошад.
Ашъори зеринро нигорандаи ин сатрҳо дар баёзҳои зиёде дучор омад:

  1. Фасли баҳор мавсими гул нолаи ҳазор–8 байт (маҷмеъ – ул – ашъор, В 1210, вар. 62 б, захираи Институти шарқшиносии Ле­нинград).
  2. Дар чаман аз рашки қадат сарвро бунёд сӯхт, баёзи рақами 61, вар. 13, захираи Институти шарқшиносӣ. АИ Узбекистан 5 байт.
  3. Чун қадат дар чамани даҳр санавбар ҳам нест, баёзи рақами 61, вар. 13, баёзи рақами 527, саҳ. 13 нусхаи чопӣ (баёз фитрати Дарвозӣ), маҷмӯаи Афғонистон, нашри соли 1955, саҳ 335/8 байт).
  4. Гуландоме, ки олам зери по чун соя паст ҳасташ. Баёзи рақами 819, вар. 51, захираи дастнависҳо АИ Тоҷикистон, 6 байт.
  5. Қасида дар мадҳи амирзода Абдулаҳад. (Таърихи адабиёти Афғонистон, 15 байт, саҳ. 335).
  6. Ақлу заковату фаҳм ай бехавар наҷуме–3 байт, Таърихи адабиёти Афғонистон, саҳ. 335.
  7. Ба cap аз ҳасрати оинаи дидор оҳангам, 6 байт. (Баёзи 291, в. 284) захираи АИ Ӯзбекистон.

  Метавон гуфт, ки он чизе, ки ба рӯи қоғаз навишта шуда ва ба Муллоёр нисбат дода шудаанд, ҳаминҳо буданд, ки мо сарчашмаи онҳоро қайд кардем. Вале аз он ҷое, ки Ёрӣ дар баробари забони адабӣ ба лаҳҷаи маҳаллии худ низ шеърҳои зиёде гуфтааст ва зимнан ба ғайр аз ду ғазали он ки ба лаҳҷа гуфта шуда ва дар баёзи рақ. 819 захираи АИ Тоҷикистон ба хат ва қайд дароварда шудаанд, боқии ашъори ба Муллоёр нисбат додашуда аз даҳони мардум ҷамъ оварда шудааст, ки бештари онро про­фессор А. 3. Розенфельд ҷамъ оварда ва баъзе шеърҳо аз рӯзномаҳои ҷорӣ гирифта шудааст, ки сарчашмаҳои онҳо қайд наёфтааст. Бинобар ин аз рӯи онҳо ба таҳлили амиқ ва хулосаҳои илмӣ омадан кори душвор аст. Аз он осоре, ки А. 3. Розенфельд ба Муллоёр нисбат дода чоп кардааст ба назар мерасад, ки баъзе аз он ашъор аз зодаи табъи Муллоёр набуда, онҳо пеш аз ба дунё омадани Муллоёр ҳам ҳамчун ашъори мардумӣ вуҷуд доштаанд. Чунончӣ шеърҳои зери рақами 17, 18, 19, 29 (саҳифаи 227) ва раками 22-и саҳифаи 228-ро гирем. Ин шеърҳои халқӣ таърихи қадим доранд. Барои равшан шудан дубайтии саҳифаи 228-и ра­ками 22-ро хонем:

Ало Наҷмон, ки Наҷмон катхудо шӣ,
Чилими нукрагӣ аз даст хато шӣ.
Чилими нукрагӣ бандаш биринҷӣ,
Ки рангу рӯи ёрам каҳрабо шӣ.
  Ин дубайтӣ аз афсонаи бо сурудаш, ки қаҳрамонаш Наҷмон мебошад, хело ҳам кадима аст ва ин афсонаро бо сурудаш дар вилояти Бадахшон ҳанӯз бисёриҳо медонанд. Феълан байти аввали он чунон аст:

Хабар омад, ки Наҷмон катхудо шуд,
Чилими нуқрагин аз даст хато шуд.

   Аз ин ҷо ба назари мо чунин намуд, ки қитъаи «Навиштам ман дар ин деволи хона» низ пеш аз ба вучуд омадани Муллоёр вуҷуд дошта ва мо онро дар вариантҳои зиёд, вале ба ҳамин як мазмун дар баёзҳои зиёде дучор омадаем. Масалан, Мубораки  вахонӣ онро дар хонаи худ ба ин тариқ навиштааст:

Навиштам май дар ин устуни хона,
Бимонад аз мани мискин нишона,
Агар пурсанд он мискин куҷо шуд,
Бигӯ, бигрехт аз ҷаври замона.

   Чи тавре ки мебинем, ин қитъа фақат бо калимаи «деволи хона» ва «устуни хона» аз хам фарқ, карда, дар аслаш як чиз мебошанд. Ин гуна ашъорро ашъори оворагардӣ халқӣ гуфта ва он эҷоди  Муллоёр намебошад.
  Ғайр аз инҳо чи тавре ки боло ишора рафта буд, шеъри рақа­ми 4 («Намунаҳои фольклори Дарвоз»,- саҳифаи 321) на аз табъи Ёрӣ, балки аз осори  Саид Аҳмади Орӣ мебошад. (С. И. Климчицкий, труды Таджикис- танской базы, история-язык-литература. Изд . Акад. Наук СССР, с. 89). Чунин ба назар намуд, ки шеърҳои рақами 17, 18, 19, 20 аз ашъори Муллоёр набуда, шеърҳои халқи ва оворагард мебошанд.
  Ба тариқи хулосаи ин кисм ҳаминро бояд гӯем, ки осори аз сарчашмаҳои гирифташудаи Ёрӣ аз 9 ғазал ва як қасида, ки чамъ 63 байтро дар бар мегиранд, иборат буда, осори дигар аз ҷаридаҳо ва аз даҳони мардум ҳамчун осори шифоии мардумӣ чамъ оварда шудааст.

МАЗМУН ВА ҒОЯИ АШЪОРИ ЁРӢ

  Ёрӣ аз бузургтарин шоирони охири асри XIX ва ибтидои асри  XX Бухорои Шарқӣ мебошад. Бинобар ин ашъораш низ мазмунан гуногун ва пурдомана мебошад. А. 3. Розенфельд дуруст қайд кардааст, ки «эҷодиёти Муллоёр шаклан бой ва гуногунмазмун аст, ӯ қисми зиёди шеърҳои худро ба тасвири аҳволи вазнини деҳқонони он давраи Дарвоз бахшидааст»1      (с. 140).
 Муаллифи дигар С. И. Климчицкий дар мақолаи худ доир ба эҷодиётӣ Муллоёр чунин менависад: «Произведения Мулло Йора весма разнообразны. Творчество Мулло Йора представляет большой интерес для таджикской литературы, тем более что, в его стихах отражен ряд событий, нравы и обычаи Дарвазского шахства а не амирской Бухары»2 (с. 70).
  Ҳамин муаллиф доир ба мазмуни ашъори шоирони Дарвоз умуман ва шеърҳои ба шева ва лаҳҷаи маҳаллӣ навиштаи шоирони Дарвоз, хусусан чунин баҳо медиҳад:
«Описание местной жизни, осмеяние какого-либо лица или со­бытия, сопровождаемое нередко скабрезной шуткой, таково их обычное содержание. Оно несколько не умиляет их литературной ценности. Реализм в отображении местных нравов и описании со­бытий и отдельных лиц увеличивает их социально-историческую значимость. Эти же произведения являются ценными документа­ми, фиксирующими особенности живого говора»3 (с. 66).
  Дар ҳақиқат ҳам осори боқимондаи Муллоёр хело гуногун ва пурмазмун офарида шудааст. ӯ ҳамчун анъана ва шоири боистеъдод шеърҳои анъанавӣ, яъне ишқӣ-лирикиро ба дараҷаи устодона месарояд. Албатта, шоири пурэҳсоси ишқу муҳаббат жанри шеърии ғазалро беш аз ҳама меписандад. Ёрӣ ҳам пеш аз ҳама шеърҳои бисёр хуберо, ки мазмуни ишқӣ доранд, ба шакли ғазал ба риштаи назм кашидааст. Ғазалҳои шоир, ки ба қаҳрамони ли­рики бахшида шуда ва бо мақтаҳои зерин оғоз меёбанд, аз қабили ҳамин мазмуни лирикӣ дошта мебошанд:

  1. Дар чаман аз рашки каддат сарвро бунёд сӯхт,

        То кунад ёд аз хиромат қомати шамшод сухт… 5 байт.

  1. Чун қадат дар чамани даҳр санавбар ҳам нест,

         Ба узори ту муқобил гули аҳмар хам нест… 8 байт.

  1. Гуландоме, ки олам зери по чун соя паст асташ,

         Ба авҷи хонаи хуршед истиғно нишаст асташ… 6 байт.

  1. Ба cap аз ҳасрати оинаи дидор оҳангам

        Лаби захме намоён аст дар мавҷи ранги сангам… 6 байт..

  1. Чу гул андар чаман ман худнамоиро намедонистам,

        Чу булбул шӯру афғону навоеро намедонистам… 4 байт..

  1. Эй гашта рӯзи равшанам аз меҳри рухсорат шабак,

         Дар баҳри ғам саргаштаам, дур аз барат ҳамчун самак. 6 б…

  1. Шӯхи бебоке, ки қатли бегуноҳон дӯсташ,

       Ҷоии сад соҳибдил он ҷо бастаи як мусташ… 7 б.

  1. Дардо, ки асири рухи ҷонон рафтем,

        Парвонаи он шамъи шабистон шуда рафтем… 4 б.

  1. Аз арақ то бар гули рухсор шабнам кардаӣ,

        Андалебосо маро шайдои олам кардаӣ… 5 б.

  1. Гар ман ошиқ нестам мақсуд чист?

       Ашки сурху ранги зарду оҳи дардолуд чист? 7 б.

  1. Фасли баҳору мавсими гул нолаи ҳазор,

         Афғон, ки нест дар назар он ёри гулъизор… 8 б.

  1. Эй гули боғи дилбари, то ту шудӣ зи май ҷудо,

       Сабру сукун зи дил ҷудо, рӯҳ шуда зи тан ҷудо… 6 б.

  1. Умрҳо шуд, ки гирифтори тум, эй ҳелагарӣ,

        Ҳама дам ташнаи дидори тум, эй ҳелагарӣ.. 6 б.

  1. Газам лабҳои майгуни рухи Гулрезахотунро,

        Бинӯшам оби ширини лаби Гулрезахотунро… 4 б.

  Илова бар ин ғазалҳо як мухаммаси мадҳия низ ба тариқи аиъанаи классикони гузаштаи адабиёти форсу тоҷик гуфтааст, ки аз 15 байт иборат мебошад. Ба тарзи дигар гӯем, ашъори мазму­ни ишқӣ ва анъанавӣ доштаи шоир Ёрӣ, ки ҳоло дастраси мо ме­бошад 14 ғазал ва як қасидаро, ки хамагӣ 112 байт мебошанд, ташкил медиҳад. Аз ин ҷо ба чунин фикр омадан мумкин аст, ки аксари ашъори шоир мазмуни шикоят аз зиндагӣ ва нобаробариҳои иҷтимоии замонашро ба назар мерасонад. Ёрӣ дар ин шеър- ҳо аҳволи вазнини худ ва ҳамдиёрони худро ба тасвир кашидааст. Шеърҳои бо матлаъҳои зерин аз ҳамин қабиланд:

  1. Мусулмуну чи нэшлэк бӣ, ки Рохарв овар ай рӯму,

        Хурокму оши боқлегиву тарси ҷоғар ай рӯму… ? б.

  1. Мусулмуно аҷаб ҳолэм батар шӣ,

        Ки бахту толеҳам дар кӯҳу ҷар шӣ…  9 6.

  1. Ғамэнда чова ҳолам ту нагуфтӣ дилбарэм яхпэк,

        Нашӣ парвот аз хуни дилу чашми тарэм яхпэк… 3 б.

  1. Ало, эй Ванҷ, расво мекунӣ, нағзак макун, пур кун,

        Караи рут мижаву аврума, ам ришома ни хэр кун… 4 б.

  1. Дар ин дунёи дун худро ачаб гумроҳ мебинам,

        Яке коре накардам, рузи худ бегоҳ мебинам… 6 б.

  1. Зи хӯи бад шудам бо дарду меҳнат мубтало кам-кам,

         Шудам аз сарбаландӣ паст амчу хоки по кам-кам…      3 б.

  1. Айшу нишоти ин ҷаҳон ҳеҷ насиби мо нашуд,

        Аз молу мулки бегарон ҳеҷ насиби мо нашуд…

  1. Арзи ғуломӣ мекунам пеши ту шоҳи мун,

        Аз хӯрдани тутпэсти қоқ лӯхсида пӯсти нои  мун… 4 б.

  Ин қисми ашъор аз 8 ғазал ва порчаҳо иборат буда, 36 байтро фаро мегиранд, ки шоир дар онҳо, асосан аз қамбағалӣ, беқадрии замона нисбат ба шоирон ва ҳунармандон, набудани хӯроку либосвори ва ё ки ба тарзи дигар гӯем, аҳволу зиидагии деҳқонони бенавои Ванҷи онрӯзаро инъикос намудааст. Хуб равшан баён кардааст, ки хӯроки он замон оши боқилогин ва тутпэсти қоқ буда пӯсти гулӯи бисёр одамонро захмдор ва бисёриҳоро ба касалии жоғар гирифтор карда будааст. Доир ба қадру қиммати шоирон нарасидани амалдорон ва баъзе мардумон Ёрӣ чунин шикоят кардааст: «Дар мулки Ванҷ оҳанчикак ай мо болотар шинаме, Хайрон бимондум, эй худо, худма аз Ванҷ ко кэме?»
  Шоир дар ин байт «оҳанчикак» устоди оҳангарро гуфтааст, ки дар маъракаҳо аз вай, яъне шоир баландтар нишаста будааст ва барои ин ӯ дар Ванҷ чӣ кор кардан ва ба кучо рафтани худро надониста ҳайрон будааст. Аз ин ҷо маълум аст, ки як қисми аш­ъори шоир мазмунҳои шикоят аз аҳвол ва замонро дар бар мегирифтааст.
  Мавзӯи панду ҳикмат, ки мавзӯи анъанавӣ мебошад, дар ашъори Муллоёр низ хело хуб ба кор бурда шудааст. Панду насиҳат дар тамоми давраҳои башарият дорои аҳамияти фаровон буда, барои тарбияи насли наврас мавзӯи зарурӣ мебошад. Бесабаб нест, ки шоир Ёрӣ ба ин мавзӯъ даст зада хонандагоии худро аз таҷрибаи зиндагии худ ва суханони ҳакимонаи гузаштагонамон огоҳ мекунад. Барои равшан шудани фикрамон ин як ғазали шоирро хонем:

Файзу футуҳи дониш аз бехабар наҷӯме,
Ҷурғоту шири қаймоқ ай гови фар наҷуме.
Доим ниҳоли худрӯй тумч асту талх меваш,
Кори қабули мардум ай бепадар наҷуме.
Ай хом пухтакорӣ чашми умед надорам,
Тутпусте дар чувозук аз тути тар наҷуме.
Ҳастам ҳамеша, Ёрӣ, дар чустуҷӯи мазмун,
Монанди мардуми Зинг дар кӯча хар наҷуме.

Ё ки:

Наҷӯ, эй бехабар, як майдаи нуму нишун янда,
Бэбими ай пага бозе ки чу ман одамун янда…

    Чунон ки мебинем Ёрӣ аз панду насиҳатгӯӣ низ дар канор намондааст. Сад афсӯс, ки мо осори пурратари Ёриро дар даст надорем, агарна бисёр фикрҳои баланди шоиронаву олимонаро дар боби одам ва одамгарӣ мехондем.
  Як қисми зиёди ашъори Муллоёр ба масъалаҳои иҷтимои танқиди амалдорон, ҳокимон, қозию маъсумон ва умуман синфи доро равона карда шудааст. Асоси шӯҳрати Муллоёр дар байни ҳамдиёронаш ҳамин қисми ашъори ӯ, ки аксарият ба лаҳҷаи маҳалли (дарвозӣ) эҷод карда шудаанд, ба рӯи кор овардааст. Сабаби ин шӯҳрати шоирро мо дар қисми интихоби сабку услубаш  хоҳем гуфт. Вале дар ин ҷо бояд бигӯем, ки Муллоёр шоири мубориз ва пешқадами замонаш буда, бар зидди ҳамагуна ҷабру зулм ва нобаробариҳои ҷамъиятӣ муборизаи беамон мебурдааст. ӯ ҳамеша ва дар ҳама ҳолат тарафдори халқи камбағал ва деҳқон буда, амалдорон ва гуруҳҳои бекорхӯрро зери танқид мегирад.
  Муллоёр дар чанде аз шеърҳояш, қозӣ, раис, муфти, Давлатдодхоҳ, Мулло Соир, Саидқосим ва дигаронро ҳаҷву масхара кар­дааст. Ӯ дар ин шеърҳо ахлоқу одоб, чашмгуруснагӣ, тамаъкорӣ, зулмкорӣ ва моли мардум хӯрдани онҳоро бе ҳеҷ тарсу бим ошкоро баён намудааст. Шеърҳои бо матлаъҳои зерини шоир аз ҳамин қабил ашъор мебошанд:

  1. Худовандо, зи ман ҳастӣ ту розӣ… 6 байт.
  2. Дар замону асри он амир Музаффар подшо… 8 байт.
  3. Ҳамон рӯзе, ки беморе зи мурдан дар ҳазар мезад…  8 байт.
  4. Бирафтэм сап-сапак андар сари ду… 5 байт.

  Ин гуна ашъори танқидии Муллоёр ҳоло 27 байт ба даст омадааст вале пай бурда мешавад, ки онҳо дар асл хело зиёд будаанд. Муллоёр шоири гӯшанишин ва хилватгузида набуда аксар ба воқеаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии замонаш ҳамовозӣ карда, бисёрии воқеаҳои маҳаллиро ба шакли шеърӣ ба қайд даровардааст. Чунончӣ, воқеаи маъзул шудани Давлат Додхоҳ, омадани Қосим Додхоҳ, муборизаи Ал-файзхон ва гирифтани Кобулро ва дигар воқеаҳо дар ашъори ӯ инъикоси худро ёфтаанд, аммо мутаасифона, ашъори дар ҳаҷви Сироҷхон ва баъзе воқеоти дигар ба мо дастрас нашудаанд. Гумон меравад, ки онҳоро Сироҷхон ва ҳамтабақонаш аз байн бурда нобуд кардаанд. Басир Расо дар мақолаи номбурда чунин менависад: «Аз 42 шеър, ки дар дасти мост,, 18-тои он ба шахсони алоҳидаи таърихи ва воқеаҳои ба вуқӯъомада бахшида шудаанд… Порчаҳои «Дар ҳаҷви Мулло Соир», «Лан­ги Омурнӣ», «Қори Турсун», «Дар мазаммати Мулло Вазир», «Гишхонзамии», «Шикоят аз қозию раис», «Қори Давлатдодхоҳ» ва бисёри дигар аз он қабил шеърҳоянд, ки дар ҳузури шахсони мазамматшуда гуфта шудаанд». (С. Ш. № 6–1966, саҳ. 100). Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки як қисми ашъори Муллоёр шеърҳои танқидии ӯ буда, дар соҳибҷавобӣ ва ҳаҷвгӯи низ истеъдоди кофӣ доштааст.
  Аз осори бадастомадаи миқдоран хело ҳам ками Муллоёр пай бурда мешавад, ки ӯ шоири пешқадами замони худ, инъикоскунандаи аҳволи деҳқонони кӯҳистон, муборизи ашаддии нобаробариҳои ҷамъияти феодализм будааст. Шоир дар ашъораш ғояҳои баланди одамдустӣ, донишомӯзӣ, баробарҳуқуқии иҷтимоӣ ва мисли онҳоро инъикос намуда, ҳатто ба фоидаи шахсии худ нигоҳ накарда ҳокими замони худашро (Сироҷхон)-ро ҳаҷв карда, ҳимматбаландӣ ва баландфитратии худро нишон додааст. Мулло­ёр дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёт ва воқеаҳои рӯйдодаи таърих тарафдори мардуми меҳнатӣ мебошад. ӯ ба фоидаи ҳамагон ва ахлоқи ҳамида мардумро даъват намудааст. Муллоёр дар ҳаёт ва ашъораш ғояҳои баланди одамиятро тарғиб намуда, намунаи барҷастаи беҳтарин ахлоқу одоби мардуми худ мебошад. Бесабаб нест, ки халқи Ванҷу Дарвоз номи ӯро мӯътабар дониста, шӯҳрати уро ба дараҷаи шоир Мушфиқии Бухорои баробар медонанд. Дар Ванҷу Дарвоз кам одаме ёфт мешавад, ки доир ба Муллоёр ҳикоятеро ва ё шеърашро надонад. Аз ҳамин сабаб аст, ки мар­думи Ванҷу Дарвоз бисёр осори адабии халқиро ба номи Мулло­ёр нисбат медиҳанд, дар тасаввуроти онҳо аз Ёрй шоири шӯҳратмандтар ва ҳозирҷавобтар набудааст. Дар ҳақиқат ҳам мардуми Бухорои Шарқӣ ашъор ва шахсияти ӯро дӯст медоранд. Ӯро шои­ри маҳбуби халқ меҳисобанд ва ҳамаи ин маҳбубият ва шӯҳрат беасос набуда, далелҳои ҳақиқӣ доранд.

                                 САБК ВА УСЛУБИ ЭҶОДИИ ЁРӢ

  Ёрӣ асосан ба сабки қадимии адабӣ, яъне сабки хуросонӣ шеър менависад. Дар ашъори ӯ калимоти илмӣ, маъмурӣ, (идоравӣ) ва калимоти. душворфаҳми арабӣ ва мисли инҳо дида  намешавад. Ӯ шеърро бо калимоти ҳамафаҳм, соддаву хушоҳанг оро дода, бо ибороти адабию бадеи рангу бор менамояд. Ашъори бо лафзу забон и адабӣ навиштаи Муллоёр хело фаҳмо, равон, хушоҳанг ва бо ибороти дилангез навишта шудаанд, ки ҳусни шеъри ӯ салобати махсусеро доро мебошанд. Барои лутфу латофати ғазалҳои шоирро дарк кардан чанд матлаи ғазалҳои ӯро хонем:

  1. Дар чаман аз рашки қаддат сарвро бунёд сӯхт,

        То кунад ёд аз хиромат қомати шамшод сӯхт. 

                                         * * *

  1. Чун қадат дар чамани даҳр сунавбар ҳам нест,

        Бо узори ту муқобил гули аҳмар ҳам нест

                                          * * *

  1. Гуландоме, ки олам зери по чун соя пастасташ,

        Ба авҷи хонаи хуршеди истиғно нишаст асташ.                             

                                             * * *

  1. Эй гашта рӯзи равшанам аз меҳри рухсорат шабак,

         Дар баҳри ғам саргаштаам дур аз барат ҳамчун самак.

                                              * * *

  1. Шӯхи бебоке, ки қатли бегуноҳон дӯсташ,

          Ҷони сад соҳибдил он ҷо бастаи як мӯсташ.

                                               * * *

  1. Гар ман ошиқ нестам, з-ин гиряам мақсуд чист?

           Ашки сурху рӯи зарду оҳи дардолуд чист?

                                               * * *

  1. Аз арақ то бар гули рухсор шабнам кардаӣ,

          Андалебосо маро шайдои олам кардаӣ.

  Кӯтоҳ ва ҳамчун хулосаи фишурдаи ғазалиёти Ёрӣ хонандаро ҳаяҷон ва бетаъсир намонда ба ҳар кас завқ ва латофати хосе мебахшад. Санъати сухан, таносуби алфоз, санъатҳои бадеӣ ва дигар аломатҳои шеърӣ дар ашъори Муллоёри Ёрӣ устодона ба кор бурда шудаанд. Вале дар баробари сабки хуросонӣ Муллоёр ва чанд тан аз шуарои Дарвоз як услубу равиши ба лаҳҷаи маҳаллӣ шеър гуфтанро ихтиёр карда ба ин восита сабки аҷиберо ба кор бурдаанд. С.И. Климчицкий ин равишро анъаиавӣ шуморида, ашъори Бобо Тоҳири Ҳамадонӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Шайх Саъдӣ, Амир Тазавариро ёдовар шудааст. Аммо ба назари мо, ғайр аз Бобо Тоҳир ашъори шоирони боло номбаршударо лаҳҷавӣ гуфтан дуруст намебуд. Шояд як-ду шеър барои ҳазлу намакрези бар ашъорашон гуфта бошанд, вале ашъори Ҳофиз ва Саъдиро лаҳҷавӣ гуфтан дуруст наменамояд.
 Дар ин чо саволе ба пеш меояд, ки чаро ба ин лаҳҷаи маҳаллӣ танҳо шоир Муллоёр ва чанд каси дигар аз шоирони  Дарвоз Шуғл варзидаанд? Агарчанде ки мо дар боло дар ин хусус нуқтаи назари С. И. Климчицкийро зикр карда будем, вале ба назари мо ин воситаро пеш гирифтани Муллоёр ва шоирони Дарвоз бесабаб наменамояд. Ба фикри мо, пеш аз ҳама ҳаминро бояд бигӯем, ки ин услубро шоирони Дарвоз ҳамчун парда ба рӯи ашъорашон кашида, аз чашми амалдорон ва ҳокимон пинҳон кардани фикрҳои танқидиашон ба кор бурдаанд. Илова бар ин Муллоёр дар байни мардум шӯҳрати зиёде дошт ва ӯ мехост, ки ашъорашр» ҳамаи ҳамдиёронаш донанд, аз ёд кунанд, дар тӯю сурҳо сароянд. Шояд боз як сабаби ба ин равиш шеър гуфтанро шоирон як навъ бо намак кардани шеърҳояшон ва роҳ додани ҳазлу шӯхӣ ин услубро ба кор бурда бошанд. Аммо чуноне, ки аз мазмунҳои ингуна шеърҳо маълум мешавад, бештари онҳо ба шакли ҳаҷв, ҳазл ва масъалаҳои иҷтимоӣ бахшида шудаанд, ки боз ҳам пардапӯшӣ намудани ин ашъор диққати шахсро ба худ бештар мекашад. С. И. Климчицкий ин навъ шеърҳоро «фахлавиёт» номида аст ва ҳамаи онҳо дар яке аз баҳрҳои арӯз гуфта шудаанд. Чунончи аз эҷодиёти Муллоёр ду шеър дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим, як шеър дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ва як шеър дар баҳри рамали мусаммани маҳбуни мақсур, ки ҳар чораш ашъори ба лаҳҷа эҷодшуда мебошанд. Ғайр аз Муллоёр шоирони Дарвоз Мулло Азими Кайфӣ, 3 шеър, Мирзо Маҳмуди дарвозӣ як ғазал, Мулло Мирхоҷаи Ноҷӣ 2 ғазал, Мирзо Лиқо як ғазал, Саид Аҳмади Орӣ як ғазал, шоир Ҷонии Хумби валигӣ як ғазал ва шоир Ҳамидуллоҳи Дарвозӣ як ғазал ба ҳамин тартиб гуфтаанд, ки ҳамагӣ 15 ғазал (яъне 90 байт) – ро дар бар мегиранд. Олими забоншинос ва ҳам адабиётшинос С. И .Климчицкий аҳамияти ин адабиётро сазовор баҳо медиҳад: «Сбор и систматизация этой «об­ластной» поэзии Таджикистана являются неотложной задачей и должны ставить новую главу в истории таджикской литературы и таджикского языка». Дар ҳақиқат ҳам ин навъи ашъор дар таърихи адабиёти тоҷик ва хусусан дар қисми доираи адабии Дарвоз воқеаи нав буда, як қисми адабиёти доираи адабии Дарвозро ташкил медиҳад.
  Ин навъи ашъор аз як тараф барои ба ёдгор гузоштани забони лаҳҷавии маҳаллӣ ва пардапӯш кардани мазмуни ашъор аз золимон ва ҳокимон, инчунин барои фаҳмо будан барои ҳамаи мардуми маҳаллӣ хело хуб бошад ҳам, вале аз доираи танги маҳаллӣ баромада натавонистан ва барои хонандаи умуми форсзабонон номафҳум ва ё душворфаҳм буданашон он қадар чолиби диққат набуда, ва баъдҳо ривоҷу равнақ наёфта аз миён рафта- аст.
  Бунёдгузори ин навъи шеърӣ (лаҳҷавӣ) ба тариқи равшан маълум нест. Аммо аз он ҷое, ки Муллоёр бисёр табъи шӯх ва шахси ҳаззол будааст, чунин гумон меравад, ки ососгузор ва пешгуфтори ингуна ашъор ҳам бояд Муллоёр бошад. Дар ин ҷо далели аввал он аст, ки амалдорон ва ҳокимонӣ дарвозии замони шоир аксар аз тири ҳаҷви Муллоёр захмдор ва расво шуда­анд, чунончи ӯ ин мазмунро дар як шеъраш чунин изҳор карда­аст:

«Ёрӣ бигуфт ин сухан, дар мулки Ванҷу ҷои танг,
Гирам қаламро гар ба каф, сад мирро расво кунам».

  Далели дигар он ки Муллоёр нисбат ба Мулло Азими Кайфӣ ва дигарон ба ин лаҳҷа зиёдтар шеър навиштааст. Аз ин ҷо, тахмии меравад, ки ин шеваро дар доираи адабии Дарвоз шоир Муллоёр аз дигарон пештар ва бештар ба кор бурдааст.
  Хусусияти ин ашъор дар он аст, ки баъзе аз онҳоро бо андак таҳрир ба забони адабӣ баргардонидан ва ҳамафаҳм сохтан ҳеҷ душворӣ надорад. Чунончӣ Басир Расо шеъри бо радифи «шӣ»-и Муллоёрро бо феъли «шуд» иваз карда ва он шеър ҳеҷгуна шеърияти худро гум накардааст:

Мусулмоно, аҷаб ҳолам батар шуд,
Ки бахту толеъам дар кӯҳ ҷар шуд.

  Хусусияти дигари ин навъи шеърӣ боз дар он аст, ки дар онҳо баъзе калимава ибораҳои хело ҳам қадимӣ ба кор бурда шудаанд, ки ҳоло дар забони адабии асри XIX ва ибтидои асри ХХ ба аксар одамон нофаҳмо мебошанд. Чунончи калимаҳои дар яке аз шеърҳои Муллоёр дучоршударо гирем: Нэшлэқ (сиёҳии даp хоб касро пaxш мекардагӣ), Бай Зиқяна (барои зик шудан), «лиғаи сум кардан» (зери по кардан, пахш кардан), «жувуқмун» (пахш кардан), «Нажғар» (ин тавр нагард), «Тагдарӣ» (остона, гуфтааст А. 3. Розенфельд, вале дар асл ин рамкаи дар аст, ки даррро ба он мечаспонанд ва он аз се қисм иборат аст: сардарӣ, нахлӯдарӣ ва тагдарӣ) ва мисли инҳо. Дар ҳолати дигар кардани ин калимаҳо шеърҳо вайрои мешаванд. Албатта, пайдоиши шеърҳои лаҳҷавиро дар Дарвоз воқеаи ногаҳонӣ донистан мумкин нест ва чунон ки С. И. Климчицкий менависад, дар таърихи адабиёти форсу тоҷик вай ҳамчун анъана ва воситаи намакин гардонидани ашъори шоирон буда ва шоирони маҳаллӣ ба он низ рӯй овардаанд. Ин сабку услуб дар илми адабиётшиносӣ ба худ ному унвоне нагирифта ва ӯро танҳо «услуби лаҳҷавӣ» гуфтан мумкин аст.
  Бинобар он ки осори шеърие, ки шоирони Дарвоз ба лаҳҷаи худ навиш- таанд навиштаанд, ба ғайр аз як-ду шеър, ки Г. Галимова, А. 3. Розенфель ва нависандаи ин сатрҳо ба нашр расонидаанд, дигараш ба хонандагони имрӯза он кадар дастрас нестанд. Зеро ғайр аз  С. И. Климчицкий касе ба ҷамъ овардан ва ба нашр омодакардан  овардан ва ба ҷамъ кардани онҳо машғул нагардидааст ва С. И. Климчицкий баъзе аз инҳоро дар ҳамон мақолаи «Фаҳлавиёти Дарвоз» аз нуқтаи назари забоншиносӣ соли 1940 дар маҷмӯаи «Труды Таджикской базӣ,» т. IX история–язык–литература» ба кайд гирифтааст, ки дар ин 51 соли охир онҳо ба нашр нарасида мондаанд. Ба он нигоҳ, накарда, ки мақолаи мазкур ба забони русӣ навишта шуда буд, то кунун ба забони тоҷикӣ ба хонанда пешниҳод нашудаанд. Ногуфта намонад, ки ин шеърҳои лаҳҷавиро ҳам С. И. Климчицкий ва ҳам А. 3. Розенфельд бо бисёр ғалатиҳо ва носаҳеҳӣ нашр кардаанд. Вале ба хат дохил кардани ин навъ ашъор барои шахси он лаҳҷаро намедонистагӣ бисёр ҳам душвор аст, зеро ҳарфу овозҳое, ки тарзи садо ва талаффузи лаҳҷаро инъикос мекардагӣ дар алифбои лотинӣ ва ҳам русӣ, инчунин хати арабӣ камӣ мекунанд. Аз ин рӯй, олимони номбурдаи болоро айб расондан мумкин нест.
  Шояд дар тарзи навиштани мо ҳам ин хатоҳо такрор шаванд, зеро мо низ намояндаи ин лаҳҷа нестам. Аммо, ба ҳар ҳол, ин қисми ашъорони тоҷикро ба хонандагон пешкаш намудан аз фоида дур наменамояд. Бинобар он ки ин лаҳҷа ва тарзи шеърсароӣ фаромуш нашавад, мо қисми мулҳақот ин ашъорро пешкаши хонандагон мегардонем.
  Хулоса, Муллоёри Ёрии Дарвозӣ яке аз бузургтарин шоиро­ни доираи адабии охири асри XIX ва ибтидои асри XX Дарвоз буда, то кунун ҳам дар байни ҳамдиёронаш шӯҳрати босазо до­рад. Бинобар он ки ҳамдиёрони шоир мехоҳанд ҷашни ёдоварии соли таваллуди ин марди аҷиб ва шоири дӯст- доштаашонро қайд кунанд, мо низ ҳамчун тӯёна ашъори мавҷудаи шоирро, ки дар онҳо баъзе шеърҳои тоза ёфт шуда ва то ку­нун нашр нашуда низ мавҷуд аст, ба хонандагони гиромӣ пешкаш менамоем.

PS. (Дар ин ҷо ва дар боқимонда мақолаҳо низ матни аслӣ оварда шуда, намунаи шеърҳои шоирро бошад барои такрор нашуданашон  дар охир меорем. Зеро ин шеърҳо дар охири китоб дар қисмати навиштаи Басир Расо оварда мешаванд.)

6./ Ғуломмуҳаммад Ҳиҷрати Дарвозӣ. Маҷмуаи адабиёти Дарвоз. Таҳияи  С. Мерган, С. Каландар. – Душанбе,  2006. /

                       Ғуломмуҳаммад Ҳиҷрати Дарвозӣ                        

Ёрии Дарвозӣ

 Муллоёрмуҳаммад валади Муллоабдулмалик аз аҳолии алоқаи Ванҷи Дарвоз Бадахшон мебошад, ки ин қаря ба ҳудуди Шуғнон иттисол мепазирад. Муллоёрмуҳаммади марҳум дар ашъор барои худ Ёрӣ тахаллус гузошта ва аз рӯи ҳақиқат метавон ашъори ӯро, қобили зикр ва таъриф шумурд.
  Ёрӣ дар мадориси ватания таҳсили улум намуда, мукорин ба соли 1297 ҳиҷрӣ ба Бухоро мусофират намуда, бар ҳасби исрори дӯстон қасидае тақцими ҳузури амир Музаффархон менамояд. Тавъам ба мавқеъе, ки қасидае Ёрӣ аз назари амир гузориш меёбад, ҳукми эъдоми ду нафар аҳолии Бухоро дар асари кадом ҷурмашон аз назди амир содир мешавад.
  Мавқеъе, ки маҳкуминӣ эъдом ба Ёрӣ муаррафӣ мешаванд, бечора аз боисе, ки тамоми давраи ҳаёти худро дар завоёи водиҳои шоиронаи Дарвоз бо камоли роқат ба cap бурда ва дар муддатулумр номи қатл ва эъдомро нашунида, фавкулодда мукаддар шуда, муроҷиат мекунад. Агарчи мутолиаи қасидаи ӯ фавқулодда тарафи таваҷҷуҳи амир Музаффархон воқеъ шуда, ӯро ба хузури худ мехоҳад, то мавриди илтифот қарор диҳад, вале Ёрӣ бидуни он ки худро ба подшоҳ муаррафӣ карда бошад, таври махфӣ аз Бухоро ҳаракат карда, озими Байтуллоҳи шариф мегардад ва то охири зиндагонии худ дар он ҷо ҳаёт ба cap бурда, ба Дарвоз авдат накардааст ва ахиран дар он буқъаи мутабаррика, зодуллоҳу шарафуҳо ва таъзимуҳо вафот намудааст.
  Ашъори Ёрӣ агарчи, мутаассифона, ба кисми китоб мудавван нашуда, вале агар саъй шавад, мумкин аз ашъори мавҷудаи ӯ, ки дар баёзҳо масбутаст, китобе ташаккул шавад. Алҳол ашъори ӯро метавон ба ду ҳисса тақсим кард, ки қисмати аъзами он иборат аз нашоиди адибонаи ӯ ба сабки шуарои форсизабони дунё ва қисмати дигари он, ба лаҳҷаи мухсусан Дарвоз мебошад.
Барои эзоҳи мақсад, баъзе осори шоиронаи ӯро дар зайл дарҷ менамоем.

7./ Пешгуфтор ба китоби Басир Расо  «Мулло Ёри Ванҷӣ. Табъи оташбор. Шеърҳо»-   Душанбе-2008. 170 саҳ.//                      
 Нодир Одилов, Узви пайвастаи Академияи  улуми педагогӣ ва иҷтимоии Россия, профессор.

Шоир Мулло Ёр аз нуқтаи назари муҳаққиқ ва шоир Басир Расо

  Омӯхтан ва барқарор намудани матни саҳеҳи ашъори Мулло Ёрмуҳаммад – мутахаллис ба Ёрӣ бозсохтани як хаварнақи фурӯрехтаеро мемонад, ки ба дастури аввала овардани он дониши бостоншиносӣ, санъати меъмориву муҳандисиро тақозо дорад.
  Мулло Ёр дар баъзе тазкира ва баёзҳои чопии дар Бухоро ва Кобулу Самарқанд интишорёфта ва дастхатҳо ҷое бо номи Мулло Ёри Ванҷӣ ва ҷое Дарвозӣ ёдовар шудааст. Аз ҷумла, муаллифи «Маҷмӯаи адабиёти Дарвоз» Ғулом Муҳаммад Ҳиҷрати Дарвозӣ чунин меорад: «Мулло Ёрмуҳаммад аз аҳолии алоқаи Ванҷи Дарвози Бадахшон мебошад». Дар воқеъ, ӯ дар водии Ванҷ, ки замонҳои пеш аз ҷиҳати маъмурӣ ба қаламрави Дарвоз мансуб буд, ба дунё омада аст. Дар собиқа ҳудуди маъмурии Дарвоз аз Ванҷ сар шуда, дар ҳавзи Посюни Тавилдара ба охир мерасид. Ҳоло яке аз ноҳияҳои собиқ Дарвоз – Қалъаи Хумбро Дарвоз ном ниҳодаанд.
  Бояд хотирнишон кард, ки тазкираву баёзҳо одатан аз мунтахаб ё худ гулчини беҳтарин ашъори шуарои классикӣ ва муосир мураттаб мешуданд ва дар радифи ашъори бузургони тоҷик қарор гирифтани ғазалиёти Мулло Ёр ба нафосат, назокат ва таровату малоҳати табъи шоирии ӯ далолат мекунад. Мутаассифона аз ин ашъори латифу ғариби ӯ то ба замони мо кам боқӣ мондааст ва мероси хаттии шоир дар шакли девон ва умуман навиштаҷоте ҳануз дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Гуфтаниам, ки кофтуковҳои Басир Расо ҳам дар ин самт, яъне пайдо кардани ашъори китобатии Мулло Ёр боз идома хоҳад ёфт. Ашъори Мулло Ёр ағлаб дар забонҳо боқӣ монда, ба таври шифоҳӣ онро нигоҳ дошта, аз як забон ба забони дигар ирсол мешуд, ки дар ин амал чизе аз матни ибтидоӣ меафтад ва чизе бо салоҳдиди худи китобаткунанда илова мешуд. Бинобар ин омӯхтан ва барқарор кардани матни асосии ашъори шоир ба мушкилоти зиёде дучор меояд. Аввалан, барои ҷудо кардани ин иловаҳо аз асли ин матн маҳорати баланди матншиносӣ, лаҳҷашиносӣ ва назмшиносиро талаб мекунад, яъне таҳқиқу таҳлили ашъори шифоҳии Мулло Ёр ва барқарор намудани ашъораш талабгори он аст, ки: а) шахси муҳаққиқ ба абёти классикӣ хуб шинос бошад; б) шеваеро, ки шоир ба он шеър эҷод кардааст, мукаммал донад. Басир Расо дорои ин имкониятҳо буда, тавониста аст бо табъи шоириаш ва намояндаи шеваи ванҷ буданаш вазифаи пеша кардаашро ба хубӣ адо кунад.
  Дар ин замина омӯхтани эҷодиёти шоирони Кӯҳис-тон, аз ҷумла Мулло Ёр барои ҳамаҷониба донистан ва таҳлили вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии гузаштаи ин мавзеъ аҳамияти беназир дорад. Дар сарсухани Басир Расо ин фикр ба таври мӯъҷаз ифода ёфта аст.
  Ашъори Мулло Ёр маҳсули муҳити зиндагии ӯ буда, инъикоси маҷрои пуртуғёни давру замони шоир аст.
  Мураттиби маҷмӯа Басир Расо аз ним аср зиёд боз ба омӯхтани эҷодиёти Мулло Ёр машғул аст. Ёд дорам, ки аввалин бор соли 1949 шеърҳои гирдовардаашро ӯ ба камина, яъне сотири ин сатрҳо, ки он айём ҳавову ҳаваси шеърхонӣ доштам, вале дар бораи шеъри Мулло Ёр ва шахсияти ӯ ягон иттилое надоштам ва бародари бисёр ҳам гиромии мо, ки баъдтар бо унвони номзади фанни педагогӣ сазовор гардида ҳам олим буду ҳам табъи баланди шоирӣ дошт – Ғафлат Мирзоев қироат намуда буд. Ана аз ҳамон солҳо Мулло Ёр мавқеи омӯзиши Басир Расо қарор гирифта буд ва аввалин мақола ҳам дар бораи Мулло Ёр дар матбуоти тоҷик ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Акнун бо заҳмати ин шоири моҳир ашъори Мулло Ёр дар маҷмӯае гирд оварда шуда, бо сарсухани олимонае ифтитоҳ ёфта аст. Маҷмӯаи ашъори Мулло Ёр, ки дар он ғазалҳои бо лаҳҷаи Ванҷӣ суруда нисбат ба ашъори бо забони адабӣ эҷодкардааш бисёртаранд, барои омӯхтани таърихи шеваҳои забони тоҷик аҳамияти аввалдараҷа доранд.

8./Басир Расо. Мулло Ёри Ванҷӣ. Табъи оташбор. Шеърҳо.-Душанбе-2008. 170 саҳ./

                                                                                 Басир Расо

Ёриро табъу забони оташ аст

  Дар қаламрави Бадахшон, алалхусус Ванҷу Вахё ва Дарвоз эҳтирому маҳбубияти шоири оташзабон Ёрӣ то ба ҳаддест, ки бе ном бурдани вай, гӯё дар ин тобеот шеъру шоирӣ вуҷуд надошта бошад. Ин аз як тараф баҳои сатҳӣ менамояд, вале чун ба ҷараёни воқеоти замон ва мундариҷоти эҷодиёти дастрасбудаи шоирони ҳамзамони Ёрӣ амиқтар шинос шавем, ба осонӣ дарк хоҳем кард, ки ин баҳогузории мардум ба шоири дӯстдоштаашон заминаи қавӣ ва бурҳони қотеъ дорад. Саволе ба миён меояд, ки сабаби ҳама ин шӯҳрати Ёрӣ дар чист? Баҳри чӣ шоироне, ки шеърашон дар маҷмӯъ нисбат ба Ёрӣ бештар асту аз нуқтаи назари нафосати калом аз ӯ камӣ надо­ранд, ба ин шӯҳрат соҳиб нашуда, шоире ки аксар бо як забони тезутунд ва баъзан бо лаҳҷаи маҳаллӣ шеър месуруд, ин қадар мақбули доираи васеи мардум гаштааст. Дар мақоле омадааст, ки аз бисёр истеъмол кардан шаҳд ҳам ба дил мезанад! Ин «шаҳд» аз «сари зулфу кокул» хондани шои­рони ҳамзамони Ёрӣ буд, ки мардум онро дар сари ҳар қадам мешуниданд.
  Ба қавли муҳаққиқи маъруфи Эрон доктор Парвиз Нотили Хонларӣ: «Ҳама ҷо гутугӯ аз себи занахдону холу хату гесуву зулфу қади сарви маъшуқ ва ғами фироқу орзуи васласт», на нидое аз дарду алами рӯзгори номусоиди мардуми бе пушту паноҳ ва бехонумонгашта.
  Дар давроне ки Амир Му­заффар бо дастгирии генерал-губернатори Турки­стон Кауфман бо хунрезиҳову харобиҳои зиёде Дарвозу Ванҷу Вахёро мутеи аморати худ гар­донида, ба дӯши халқи мазлум боз як андози гарон­таре зам мекард ва билохира, шӯриши мардум ба муқобили ҳокимони аз худрафтаи аморат дар солҳои ҳафтодуми асри XIX мардуми бехонумонгашта бо кадом гӯш «аз сари зулфу кокул» суру­дани шоиронро гӯш мекарданд? Ин услуби шеъргӯӣ ҳамон шаҳди бадилзада буд. Халқи ситам­дида муштоқи овози нав, овозе буд, ки аз номи онҳо ва табъи дили омма садо диҳад. Ин овоз аз водии Ванҷ дар шахсияти шоири бузурги асри XIX ва ав­вали асри XX – и тоҷик Ёрӣ дар кӯҳистони Бадах­шон ва берун аз ин ҳудуд танинандоз шуд.
  Ёрӣ байни мардум азиз ва шуҳратманд аст. Далели ҳама ин он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ҳангоми вохурӣ бо сокинони ноҳияи Ванҷ номи зодаи ин диёр – Ёриро бо эҳтиром ёдовар шуда, шеърашро қироат карданд. Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки аз дастовардҳои адабӣ ва фарҳангии аҷдодонамон дар гузашта фақат ифтихор намудан кам аст, онро ҳифз ва инкишоф бояд дод. Мо аз худ ба ворисонамон чи дастоварде ба мерос мегузорем? Ва иброз намуданд: «Мусаллам аст, ки гузаштагони мо – тоҷикон аз азал фарҳангдӯсту тамаддунсоз буданд. Мо имрӯз бо адабиёти оламгири миллати худ, ки ганҷинаи илму адаби оламшумул аст, ифтихор менамоем. Ба ҳама маълум аст, ки сокинони Ванҷу Дарвоз низ ба монанди аҷдодони хирадмандамон ба адабиёт, фарҳанг ва санъати мусиқиву овозхонӣ, ки намунаҳои барҷастаи он шашмақому фалакхонӣ мебошанд, меҳру муҳаббат ва дилабастагии зиёд доранд.
  Ҳамаи мо ашъори пурҳикмати Мулло Ёри Ванҷӣ ва маҳорати овозхонии ҳунармандони бузурги халқ – Акашариф Ҷӯраев ва Абдулло Назриевро, ки бо сабки хоси мардуми куҳистон месароиданд хуб дар хотир дорем ва онҳоро дӯст медорем.
  Гузаштагони мо дар тамоми давраҳои таърихӣ анъанаву суннатҳои миллии фарҳангиро нигоҳ доштаанд ва онҳоро бо такмилу сайқали тоза аз насл ба насл ба мерос гузошта, рисолати инсониву миллии худро адо кардаанд. Аз ин рӯ, мо низ дар назди наслҳои ояндаи миллати худ вазифадор ва қарздорем, ки дастовардҳои фарҳангиро бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш ба мерос гузорем».
  То давраи инқилоб (1917) дар Бадахшону Дарвоз доираҳои калони адабӣ вуҷуд доштанд. Аз ҷумла дар доираи адабии Дарвоз шоирону орифони зиёде аз қабили Ҳабои Дарвозӣ, Баҳрини Дарвозӣ, Фитрати Дарвозӣ, Мулло Ёри Ванҷӣ, Розӣ, Мирзо Лиқо, Ноҷӣ, Ғофил, Иззат, Орӣ, Шафеъ ва чанде дигар ба камол расидаанд, ки Ёрӣ дар ин миён мавқеи хосе дошт. Вале афсӯс эҷодиёти аксари онҳо дастраси мардум нагаштааст. Аз ҷумла, шоири тозагӯ Мулло Ёри Ванҷӣ, ки тундгӯ буд, ба камбудию нуқсонҳои замонааш тоб наоварда тамасхур мекард. Нимаи дуюми асри 19 баъд аз ҳаҷви шоҳони Дарвоз ӯ дид, ки дар ин қаламрав зиндагӣ кардан нашояд, ноилоҷ ба Бухоро ҳиҷрат кард. Аммо дар Бухоро низ беадолатиҳои зиёдеро дида, ҷасурона ба танқиду сарзаниши амалдорони аморати манғития гузашт.
  Ёрӣ шоири муборизу ҳақбин ва ҳақгӯ буд. Ба сохтакориҳои замона бо чашми дил менигаристу фош мекард. Мисли дигарон ҳоли табоҳи халқро дида, аз сари зулф намехонд. Шоир ин ҳама хунрезӣ ва бедодиҳои манғитро бо нигоҳи ибратбинаш дида, бо сӯзу гудозе иброз медорад, ки ба доди халқи бенаво касе намерасад ва ҳолу аҳволи халқи бечораву ситамкашида ба ҷое расида аст, ки мурдааш навҳагар намеёбад:

Агар бо чашми ибратбин ту ин дунёи дун бинӣ,
Зи бедоди шаҳони фитна толеъ сарнагун бинӣ.
Худоё, навҳагар набвад халоиқро дар ин даврон,
Ба ҳар ҷое назар афтад, фиғону ҷӯи хун бинӣ.

  Ана ҳамин ҷиҳат, яъне аз номи халқ ва табъи дили он бо шеваи халқиву ибораҳои нишонраси шоирона ма­заммат ва фош сохтани табақаи золим Ёриро аз ди­гар шоирони ҳамзамонаш як сару гардан боло бар­дошт.
  Ҳангоме ки Амир Музаффар бо ёрии Русияи подшоҳӣ бо хунрезиҳои зиёде қисми ғарбии Ба­дахшонро тобеи аморати Бухоро намуд, шоире ба ҷуз Ёрӣ бар зидди ин хунрезиҳо овози эътироз ба­ланд накардааст. Ҷураъте, ки дар ниҳоди Ёрӣ мас­кун буд, дар он айём дар ягон шоири ҳамзабону ҳамзамонаш зоҳир нагаштааст. Шоҳиди ҳама ин бедодиҳо ва харобиҳои мулку бенавоии мардум – Ёрӣ бе парда ҷасурона хитоб мекунад:

Олам аз шӯру шари манғитиён лабрез аст,
Ханҷари наҳси замон аз ду бараш хунрез аст…
Ёрӣ осоише аз умр ба Дарвоз маҷӯ,
Ки дар ин ҷо дами селоваи даврон тез аст.

  Ёрӣ дар қитъаи дигаре бераҳмӣ, хирасарӣ ва ғурури фиръавнии сарбозони манғитияро фош карда, рӯирост мегӯяд, ки оҳу нолаи мардуми бечора, ба қавли шоир «мардуми бенавҳагар», ба дили манғит таъсире надорад. Табиати гург хунрезист ва бо ҳар роҳу тадбир ин амалро ба ҷо меорад.

Ғуруру нилаи ин хираманғит,
Зи оҳу сӯзи мардум хам намеша.

  Ёрӣ дар даҳаи аввали асри ХХ аз олам чашм пӯшидааст, аммо дар байни мардуми кӯҳистон як ақидае ҳукмфармост, ки гӯё шоир ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст ва омодаи тамасхури нуқсу иллати зиндагӣ! Ҳарчанд ин ибораи мо нав набошад ҳам, боз як бори дигар ҷоиз аст такрор кунем, ки ҳар шоир чун аз номи халқ ва табъи дили он сухан гуфт ва ба шодиву андӯҳи он шарик гашт, бо халқаш ҷовид хоҳад монд.
  Ёрӣ тахаллуси адабии Ёрмуҳаммад – фарзанди Дод аст, ки соли 1829 дар деҳаи Ғӯмаяки қаламрави Ванҷ чашм ба олами равшан кушодааст. Дод марди бомаърифат ва саводнок будааст ва ҷуз касби деҳқонӣ чун падараш Рустамбек ҳунари дуредгарӣ, деворгарӣ ва дар зарурат оҳангарӣ ҳам доштааст. Дар боби хо­надони Дороб ва фарзандаш Рустамбек баъдтар сухан хоҳад рафт.
  Ёрӣ маълумоти ибтидоӣ – хондан ва машқи на­виштанро аз падараш Дод омӯхтааст. Падар шавқу завқ ва рағбати писарро нисбати илму фарҳанг дарк намуда, ӯро назди марди донишманд – Мулло Тоҳири Гишхунӣ ба шогирдӣ мегузорад. Ёрӣ девони Хоҷа Ҳофиз ва Мирзо Бедилро дар ҳузури ӯ хатм карда, баъди фавти Мулло Тоҳир таҳсилро идома дода, панҷ сол аз Мулло Гул ва Мулло Бои Рохарвӣ сабақ гирифтааст. Мулло Бой ва Мулло Гул аз уламои пешқадам ва равшанфикри замони худ будаанд ва шогирдонашон дар рӯҳи садоқат ба илму дин тарбият меёфтаанд.
  Аз ҷараёни зиндагӣ ва каломи Ёрӣ возеҳ аст, ки ҳангоми таҳсил бо дигар муллобачаҳо созгор набудааст ва ҳар замон ба ину он амалдоре, ки фарзандонашон ҳамсабақи ӯ будаанд ва доир ба воқеоти дар маҳал рух­дода шеъри тамасхуромезе мебахшид. Аҳли тамаъ ва амалдорон ба ҳамсабақҳои Ёрӣ ҳаргуна сафсата ва суханони пучро ёд медоданд, ки дар онҳо Ёрӣ сарзаниш мешуд. Ниҳоят, ҳасаду рашки онҳо ба он оварда расонд, ки Ёрӣ қалам ба даст гирифта, ҷавоб гардонад:

Худовандо, зи ман бошӣ ту розӣ,
Нигаҳ дор аз хурӯши қавми қозӣ…
На тарс аз қозиву на аз раисам,
Малул аз муфтии мазҳарнависам.
Ки шон гаштанд бо эшон мушавваш,
Асо дар дасту бар кӯрон асокаш…
Агар хоҳед, ки ёбед ин тариқа,
Зи ман расму нишони ин фариқа,
Нигини табъ дар ангушт созед,
Пас он гаҳ … Ёрӣ мушт созед.
Занед бар … худ ҳар як ду-се бор,
Ки то огаҳ шавед аз назму ашъор.

  Дар ашъори Ёрӣ на танҳо аҳволи сангину тоқатфарсои ӯ, балки вазъи ноҳамвору ногувори диёраш низ инъикос меёбад.
  Ёрӣ баъди вафоти устодаш Мулло Бой ба ҳоли ноҳинҷоре гирифтор шуда, ниҳоят ба зодгоҳаш – Ғӯмаяк бармегардад ва ба деҳқонӣ машғул мешавад.
  Дар ашъораш баробари мазаммати зулму ситами амалдорон, шикоят аз бедодиҳои замона, харобии мулку қашшоқии мардум, аз таҳсили чандинсолааш низ гила кардааст, ки илмаш самаре надода, ҳолаш хароб аст.

Мани дармунда ҳарчанде, ки кардм потлк янда,
Нагардид ҳосилум як пилтаи тоқишлиқ янда.
Ҳама дар ин замуна соҳиби нунанду ҳам ҷума,
Мани фалҳос бод кабме ва ранги бодхрк янда…
Накан ҷоне дар ин дунё, ғами амдо махур Ёрӣ,
К-аз аввал то ба охир кас наёфта ризқи худ янда.

  Солҳои ҳафтодуми асри XIX шоҳи Дарвоз Саид Муҳаммади Сироҷхон шӯҳрати Ёриро шунида, ӯро ба хизмати дарбор ба сифати дабир даъват мекунад. Соли 1878 Сироҷхон аз ҷониби аморат аз тахт фароварда мешавад ва хизмати Ёрӣ низ дар дарбор хотима меёбад. Баъди чанде иқомат дар зодгоҳаш Ғӯмаяк ба хулосае меояд, ки аз ин мулк фирор бояд кард:

Дилм мега, бхез, чу кн бра бай млки обода,
Чи естмӣ баҳри як қошқ ҳапукови тунк янда

ва шоири озурдадил тарки диёр карда, азми сафари Бухоро мекунад. Муҳоҷират ба ин нияту орзуе буд, ки дар Бухоро ҳам таҳсил мекунад ва ҳам аз шӯру шари замона раҳо ёфта, каме дами беғам мезанад. Вале ин тавр нашуд.
  Дар адабиёти классикии форсу тоҷик анвоъ ва ашколи гуногуни шеърӣ ривоҷ доштанд, ки яке аз онҳо мадҳия буд. Ёрӣ, ки аз адабиёти ғании миллати худ ва аз осори мадҳиясароёни форсу тоҷик ба хубӣ огоҳ буд, қалами худро дар ин навъи шеър боре озмудааст. Дар ин шеъри ӯ ҳамон ташбеҳу истиороти анъанавӣ истифода шудаанд. Ва Ёрӣ аз рӯи анъана чун дигар шоирон ба амири Бухоро дастовезе дар шакли мадҳия пешкаш намудааст. Инак, намунае аз он қасида:

… Қасри иқболат ба таъйиди зафар маъмур бод,
Дидаи бахт аз ғубори мақдамат пурнур бод,
Номи некат чун садо дар шаш ҷиҳат машҳур бод,
Дар саховат Ҳотами Тай бар дарат муздур бод,
Дар шуҷоат дастбӯсат Рустаму Исфандиёр…

  Ба ақидае, гӯё ин мадҳия ба амир хеле хуш омада, ба Ёрӣ ҷомаи зарбафт тӯҳфа мекунад. Аҳли дарбор, хусусан шоирони тамаллуқкор аз рашку ҳасад бо ҳар роҳ дили Ёриро ранҷонида, охир маҷбур месозанд тарки Бухоро карда, ба Афғонистон муҳоҷират кунад.
  Ёрӣ аз кори кардааш, яъне мадҳиягӯӣ пушаймон шуда, ин ҳолати ноумедиро чунин тасвир намудааст:

Ноумедам ҳама аз мулки Бухор,
Нимараҳ мондаам ба дидаи чор…
По куҷое кашему сар ба куҷо,
Набувад пеши чашм ғайри ғубор.
Мо ғариби диёри хештанем,
Бар ғарибон куҷост сабру қарор …
Содалавҳӣ бас аст, эй Ёрӣ,
Лутф з-ин мардумон умед мадор.
Бори реҳлат ба мулки дигар банд,
Бу ки гардӣ зи бахт бархурдор.

  Ин гуна ҳодисот дар таърихи адабиёт ва дар ҳаёти шоирони форсу тоҷик зиёд ба назар мерасанд, ки ба мушкили «шоир-шоҳ» иртибот дорад. Ин қасида, ки як лаҳзае аз зиндагии Ёрӣ аст, ҳамин мушкилро ба хотир меорад ва ба достони Фирдавсӣ ва Маҳмуди Ғазнавӣ, мутаассибони Кунияву Шамси Табрез ва чанди дигар шабоҳат дорад.
  Шоир «содалавҳӣ бас аст, эй Ёрӣ» мегӯяду вале боз аз содалавҳӣ гӯшаи мулке меҷӯяд, ки бахт ёраш гардад. Ва билохира, Ёрии овораву ноумед аз зиндагӣ дилсард шуда, мегӯяд: «Ҳосили умр ба ҳар марҳилае нокомист» Ҳамин нокомиву ноумедӣ буд, ки баъди ситоиши шоҳи Дарвоз ва дар тарозуи адлу инсоф баркашидани амали ҳокимон ва дастгирашон – шоҳ, Ёрӣ ҳолу аҳволи мардуми бехонумонро мушоҳида карда, қотеона овози эътироз баланд намуда, аз ситоиши шоҳ пушаймон шуданашро эълом медорад.

Аз ҳаводис аҷабо хаставу нолон шудаам,
Хотирозурдаву бо ҳоли парешон шудаам.
Ёрӣ бо ин ҳама ошуфтагӣ дар охири кор,
Аз санои шаҳи Дарвоз пушаймон шудаам.

  Дар таърих чунин ҳолат кам ба вуқуъ пайвастааст, ки шоире баъди сурудани мадҳия, яъне ба арши аъло бардоштани ин ё он шахси мушаххас аз қавлаш гашта, дар охир мамдуҳашро ҳиҷо гуфта бошад. Ин амалро ҳаким Фирдавсӣ, Хоқонии Шервонӣ ва Ёрӣ ба ҷо овардаанд. Шоир аз иншои мадҳия дар васфи амири манғит ва шоҳи Дарвоз пушаймон шуданашро рӯирост изҳор намуда, ҳама бадбахтии мулку мардумро аз бефитратии шоҳон мебинад. Кишваркушоии шоҳон, ки ба сари мардум балои азиме меорад, фитнаи навбатии онҳост. Ёрӣ дар шеъри дигар илова бар ин хитоб, ки:

Агар бо чашми ибратбин ту ин дунёи дун бинӣ,
Зи бедоди шаҳони фитна толеъ сарнагун бинӣ

ба зури мардум ва қудраташон, ки метавонад ба ҳама бедодигарӣ хотима бахшад, такя намуда, мегӯяд:

Қатра гар якҷо шавад Ёрӣ, занад селоб ҷӯш,
Худ ба зӯри мардуми Дарвоз мебошам гуво.

  Ин сатрҳо ба шӯриши мардуми Дарвоз дар солҳои 70-уми асри Х1Х бахшида шудаанд, ки бо пирӯзии халқи заҳматкаш анҷом ёфта буд. Дар воқеъ, ин шӯриш амирро маҷбур сохт, ки гумоштааш – Давлатдодхоро ба Бухоро даъват карда, зиндонӣ кунад.
  Чунон ки таъкид шуд, Ёрӣ баъди ҳама ноумедиҳо аз дарбор ва дарбориёни аморати Бухоро озурдахотир шуда, тарки таҳсил дар мадрасаи Кӯкалтош намуда, ба умеди дарёфти гӯшаи оромтару мусоиде барои зиндагӣ ба Афғонистон кӯч мебандад. Аз рӯи ривоятҳо Ёрӣ чанде дар шаҳрҳои Қундузу Кобул ва баъдтар дар мавзеи Зебоки вилояти Файзободи Афғонистон зиндагӣ кардааст. Баъзе ашъори солҳои баъдинаи Ёрӣ бо лутфу марҳамати ҷавони зебокӣ Аҳмадшоҳ, ки толибилми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд, ба даст омадааст. Аҳмадшоҳ мегуфт, ки гузаштагонаш аз водии Ванҷ будаанд ва дар Зебок чунин хонаводаҳо кам нестанд.
  Сабаби фирори Ёрӣ аз зодгоҳаш ва билохира аз ватани аҷдодиаш бисёранд. Ба қавли Мирзо Абдулқодири Бедил:

Зиндагӣ нақди ҳазор озор аст,
Ҳар қадар кам шумарӣ, бисёр аст.

  Гуфтем, ки Ёрӣ аз дасти дасисабозону ҳасудони дарбори аморат тарки Бухоро намуд, вале чаро ба зодгоҳаш барнагашта ба Афғонистон кӯч баст? Аз ашъори Ёрӣ возеҳ аст, ки дар ватани аҷдодӣ аз забони тезу тундаш қариб ҳама дарҳо ба рӯяш баста буданд. Дар зодгоҳаш низ ҳама миру қозиву муфтиву муллоҳои ҷоҳилу нодонро бо ҳаҷви тезу тундаш фош карда, қадру эътиборашонро назди мардум ба хоки сиёҳ яксон карда буд. Ба ақидаи муаллифи ин сатрҳо, аз ин ваҷҳ, шоир дубора ба зодгоҳаш барнагашт, зеро:

Дар забон Ёрӣ аз баски ҷунуноҳанг буд,
Мадҳи миру қозиву муллову муфтӣ нанг буд,
Ҳокимони давр андар ишрату кайфу сафо,
Зиндагии мардуми бечора бо ҳар ранг буд,
Воизон аз минбару меҳроб буданд ваъзхон,
Дар амал аъмолу хӯшон ҳилаву найранг буд.
Баҳри ҷавлони саманди Ёрии оташзабон,
Осмону домани бурҷу бари Ванҷ танг буд.

  Дар дигар гӯшаҳои қаламрави аморат низ зистан барои Ёрӣ душвор ва монеаҳо бе ҳадду ҳисоб буданд, зеро дар ҳама ҷо ҳукм дар дасти мирону қозиву муфтиҳо буд ва илоҷи ягонаи раҳоӣ аз шиканҷа ба мулки бегона бори реҳлат бастан буд ва шоир ҳамчунон кард.
  Табъи равону ҳозирҷавобӣ Ёриро дар андак муддат овозадор сохт ва шоҳи афғон Абдураҳмонхон (1880 – 1901) ба суроғаш одам мефиристад. Баъди чанде қосидон ба шоҳ хабар мерасонанд, ки шоири гуреза аз Афғонистон ба кишвари Ҳинд паноҳ бурдааст. Дар Ҳиндустон чанд муддат зистани Ёрӣ маълум нест, вале инаш дақиқ аст, ки аз он ҷо бо роҳи баҳр ба Арабистони Саудӣ рафтааст.
  Мураттиби «Маҷмӯаи адабиёти Дарвоз» Ғулом Муҳаммад Ҳиҷрати Дарвозӣ дар шарҳи ҳол ва ҳиҷрати Ёрӣ дар тазкирааш, ки ҳоло дар бойгонии шарқшиноси маъруф Савлатшои Мерган маҳфуз аст, чунин нигошта аст: «Мулло Ёрмуҳаммад … аз аҳолии алоқаи Ванҷи Дарвози Бадахшон мебошад, ки ин қария ба ҳудуди Шуғнон иттисол мепазирад. Мулло Ёрмуҳаммади марҳум дар ашъор барои худ Ёрӣ тахаллус гузошта ва аз рӯи ҳақиқат метавон ашъори ӯро қобили зикр ва таъриф шумурд. Ёрӣ дар мадориси ватания таҳсили улум намудааст ва ба Бухоро мусофират намуда, бар ҳасби исрори дӯстон қасидае тақдими ҳузури Амир Музаффархон менамояд. Тавъам ба мавқеъе, ки қасидаи Ёрӣ аз назари Амир гузориш меёбад, ҳукми эъдоми ду нафар аз аҳолии Бухоро дар асари кадом ҷурмашон аз назди Амир содир мешавад.
  Мавқеъе, ки маҳкумини эъдом ба Ёрӣ муаррифӣ мешаванд, бечора аз боисе, ки тамоми давраи ҳаёти худро дар завоёи водиҳои шоиронаи Дарвоз бо камоли роҳат ба сар бурда ва дар муддат-ул-умр номи қатл ва эъдомро нашунида, фавқулодда мукаддар шуда, муроҷиъат (фирор) мекунад.
  Агарчи мутолиъаи қасидаи ӯ фавқулодда тарафи таваҷҷуҳи Амир Музаффархон воқеъ шуда, ӯро ба ҳузури худ мехоҳад, то мавриди илтифот қарор диҳад, вале Ёрӣ бидуни он ки худро ба подшоҳ муъаррифӣ карда бошад, таври махфӣ аз Бухоро ҳаракат намуда, озими Байтуллоҳи Шариф мегардад ва то охири зиндагонии худ дар он диёр ҳаёт ба сар бурда, ба Дарвоз авдат накардааст. Ва ахиран дар он буқъаи мутабаррика – зодаллоҳу шарафуҳо ва таъзимуҳо вафот намуда аст.
  Ашъори Ёрӣ, агарчи мутаассифона, ба қисми китоб мудавван нашуда, вале агар саъй шавад, мумкин аз ашъори мавҷудаи ӯ, ки дар баёзҳо масбут аст, китобе ташкил шавад. Ала айю ҳол ашъори ӯро ба ду ҳисса тақсим метавон кард, ки қисмати аъзами он иборат аз нашоиди адибонаи ӯ ба сабки шеъри форсизабонони Осиё ва қисмати дигари он ба лаҳҷаи махсуси дарвозӣ мебошад».
  Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ, аз ҷумла тазкира ва баёзҳо дар боби эҷодиёт ва шарҳи ҳоли Ёрӣ бештар дар кишвари Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Ин табиист, зеро шоир дар айни камолоти эҷодиаш аз зодгоҳаш ба Афғонистон кӯч баста, муддате дар ин қаламрав зиндагӣ ва эҷод намуда аст. Аз ин рӯ рағбат зоҳир намудани шоҳи Афғонистон Абдураҳмонхон ба шахсияти шоири овозадор Ёрӣ бе сабаб набуд.
  Муаллифони таърихи адабиёти Афғонистон Ёриро аз шоирони бузурги форсизабони асри XIX муаррифӣ намуда, шеърҳоеашро ба тариқи намуна дарҷ намудаанд, ки дар дигар сарчашмаҳои чопӣ дида намешаванд. Ин баҳогузорӣ ба табъу санъати шоирии Ёрӣ аз ҷониби муҳаққиқини бурунмарзӣ ба пояи баланду қавии шеъри ин шоири исёнгари тоҷик такя мекунад.
  Адабиётшинос ва адиби маъруфи афғон Шоҳабдуллои Бадахшӣ Ёриро чун шоири баркамол ва овозадори тоҷик ба қалам дода аст. Муаллиф дар тазкирааш «Армуғони Бадахшон», ки дар Кобул ба табъ расида аст, оиди адибони Бадахшон маълумоти шарҳиҳолӣ дода, аз ҳар шоир чандтоӣ шеър ба тариқи намуна оварда аст. Шоҳабдуллои Бадахшӣ Ёриро аз ҷумлаи шоирони забардасти аср номбар намуда, ба Ҳиҷрати Дарвозӣ ҳамақида аст. Азбаски муаллиф дар даст маводу санади кофӣ надоштааст, дар тазкирааш дар боби Ёрӣ ва шахсияту шоирияш бештар ҳамон маълумотеро дарҷ намудааст, ки Ҳиҷрати Дарвозӣ дар « Маҷмӯаи адабиёти Дарвоз» оварда аст. Инашро низ бояд қайд намуд, ки шеърҳои ҳамчун намуна аз эҷоди Ёрӣ интишордодаи Шоҳабдуллои Бадахшӣ низ аксар ҳамон шеърҳоеанд, ки Ҳиҷрати Дарвозӣ дар асараш зикр намуда аст.
  Охири солҳои 90-уми асри XIX яке аз рӯҳониёни бонуфузи Дарвоз Хоҷа Обид ба тавофи Маккаи мукаррама рафта, иттифоқан бо Ёрӣ, ки пеш аз ин бо ҳам шинос будаанд, вомехӯрад ва меҳмони шоир ҳам шудааст. Ёрӣ баъди солҳои зиёди ғарибӣ аз дидани ҷамоли ҳамдиёр ва дӯсти даврони ҷавонӣ ба ваҷд омада, гуфта аст:

Дидани дӯст бари дидаву дил ид бувад,
Хоса он дӯст агар Хоҷаи Обид бувад.

  Хоҷа Обид баъди ҳаҷ ба зодгоҳаш Дарвоз баргашта, бо нияти расонидани хушхабар, ки Ёрӣ сиҳату саломат аст, ба деҳаи Ғӯмаяк ташриф меорад ва ба фарзандонаш Ғиёс ва Мирзо ва хешу ҳамдиёронаш мужда мерасонад, ки Мулло Ёрӣ иқоматгоҳашро дар шаҳри муқаддаси ислом – Мадина қарор додааст. Хоҷа Обид маҷмуаи шеърҳои Ёриро бо ҳусни хати худаш дар шакли девони саҳҳофишуда ба фарзанди калони шоир Ғиёс, ки табъи шоирӣ дошта аст, туҳфа намуда аст.
  Мавлавӣ Хоҷа Обид соли 1927 дар сӯҳбат ба Қуввати Хол иброз дошта аст, ки ҳангоми тавофи дубораи Каъба дар соли 1915 аз Шамсиддин ном марди дарвозии муқими Мадина фаҳмида аст, ки Ёрӣ баъди ду соли зилзилаи харобиовари Тоҷикистон дар соли 1913 аз олам чашм пӯшидааст.
  Ба қавли шоир ва муҳаққиқ Муъмин Қаноат – воқифи розу рӯзгори Мавлавӣ Хоҷа Обид, ки аз хешони наздики ӯст, алъон мазори ин бузургвор дар соҳили чапи руди Панҷ – рӯ ба рӯи деҳаи Курговад зиёратгоҳи мардуми Дарвози Афғонистон гашта аст.
  Дар эҷодиёти Ёрӣ мавзӯи ватанхоҳӣ, яъне меҳри диёр ва муҳаббат ба мардумонаш ба дараҷаест, ки дигар шоирони ҳамзамонаш ба зинаву андешаҳои ӯ намерасанд.
  Баъзе зотҳои кӯтоҳбину бадандеши зоҳирпараст мардуми мавзеи Рохарвро, бе хабар аз олами ботинии ин мардум, ба гӯлӣ (ба маънии бефаҳмӣ) сарзаниш мекардаанд. Ёрӣ бо як ғазабе таънагаронро мазаммат карда, бо ҳиссиёту ифтихоре хитоб мекунад:

Чун мазраи Рохарви мо,
Як гӯшае обод нест.
Аз гӯли мо донотаре,
Дар Мисру дар Бағдод нест.

Аз ҳунару чобукии мардуми Рохарв ба ваҷд омада мегӯяд:

Зинҳор бо ӯ барвабар,
Бо қрчиаш пӯлод нест,
Шасти таши устоияш,
Дар тешаи Фарҳод нест.

  Ёрӣ баъди чашидани шарбати ғурбат, ба ин хулоса меояд, ки кайфияти дар диёр будан аз ҳама сарвати олам волотар аст ва орзуи дар ватан буданро таманно мекунад:

Мевом, ки дар Ванвани боло бошум,
Бо сандали рт ай дми моло бошум.
Безорум ай ин мӯзаи глгуни хиром,
Дар хуна грснашини доро бошум.

  Ёрӣ дар шеъри «Нома аз ғурбат» дар орзуи он аст, ки бори дигар баҳори зодгоҳаш Ғӯмаякро бинад, аз ин дунёи пурозор бе армон мегузарад ва бар мурғи рамзии номабар тавалло мекунад, ки номаи сарбастаи ғарибиашро ба диёраш – ба хешу ақрабояш расонад. Шоири аз дидори фарзанду хешу табору диёр дурафтодаву ғурбатзада бо сӯзу алами зиёде дарди дил мекунад:

Бар дидаи аз ғам пуроб,
Онро, ки андар ғурбат аст,
Бошад ба ҷои тӯтиё,
Хоку ғубори Ғӯмаяк.

  Мероси адабии Ёрӣ ҳарҷониба омӯхта нашудааст. Он чӣ дастрас аст ва китобат шудааст, танҳо миқдори ками он намунаҳои шеъриеанд, ки дар тазкира ва баёзҳои чопӣ ва дастхат сабт шудаанд. Ин намунаҳо бештар он шеърҳоеанд, ки аз ҷиҳати баён ба ҳама хонандаи тоҷик мафҳуманд. Миқдори ғазалҳои тазкира ва баёзҳои чопӣ кам ва овози эътирози худи Ёрӣ ҳам заиф аст. Ин табиист, зеро китобаткунанда ва ношири он замона ҳеҷ гоҳ аз ҳудуди манфиати табақаи ҳоким берун баромада наметавонист ва зинҳор роҳ намедод, ки шеърҳои пур аз эътирози Ёрӣ, ки бепарда ба мазаммати ҳокимон равона шудаанд, интишор ёбанд. Аз эҷодиёти Ёрӣ, ки аз рӯи тазкираву баёзҳо ва аз даҳони мардум сабт шудаанд, яъне он чи то имрӯз дастрас аст, дар ин маҷмӯа гирд оварда шудаанд. Хушбахтона ҳусни хати Ёрӣ, ба қавли худаш, шеваи нигоришаш, дар баёзи «Шарҳи Бедил» бо каме шарҳи ҳолу аҳволаш ва авроқи парешоне дар ҷузгираш, ки дар дасти набераи бародараш Малик – сокини мавзеи Даҳанаи шаҳри Кӯлоб – марҳум Додихудо маҳфуз аст, ба мо ба ёдгор мондааст. Донандагони ашъори Ёрӣ Қуввати Хол, Давлат Абдуллозода, Муҳаммадхоҷаи Хоҷа, Абдуллои Аскарда, Одили Фозил, Ирфони Беназир мегуфтанд, ки девони шоир, ки гӯё худаш мураттаб сохта будаасту онро Хоҷа Обид аз Арабистон оварда ба фарзандонаш тақдим намуда буд, то соли 1923 вуҷуд дошт. Дар ин сол дастаи роҳзани Фатҳалишоҳ ба водии Ванҷ ҳуҷум оварда, девони Ёриро аз дасти додарзодааш, фарзанди Малик – Мулло Назрӣ кашида мегирад. Оқибат худи Фатҳалишоҳ ба зарбаи аскарони инқилобӣ тоб наоварда, ба Афғонистон мегурезад. Бо ҳамин девони Ёрӣ даст ба даст шуда, то ба имрӯз бе ному нишон аст. Намунае аз ин дасхат чунин аст:

Аз қаландаре пурсиданд:
– Маърифат чист?
Гуфт: натиҷаи бекорӣ, ки агар шуғли дигаре даст ба ҳам медод, ҳеч кас дар ин хаёл намеафтод.
Гар қобили касбу амале мезодем,
Дар вартаи фикри худ намеафтодем.
Дидем, ки дасти мо ба ҷое нарасид,
Аз сайъи ҷунун доди гиребон додем.

  Доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ёрӣ дар матбуоти даврӣ бори нахуст шарқшиноси рус С.И. Климчитский мақолае навишта, дар қисмати «Фаҳлавиёти Дарвоз» («Осори базаи Тоҷикистонии АУ СССР») ворид намудааст. Ҳарчанд мақола сатҳист ва эҷодиёти Ёрӣ таҳлил нашуда бошад ҳам, бо ҳама норасоиҳо танҳо зикри он ки шоире бо номи Ёрӣ дар қаламрави Ванҷ будаасту бо лаҳҷаи маҳаллӣ шеър мегуфтааст, хизмати арзанда аст.
  Шахси дуввуме, ки оид ба Ёрӣ каму беш маълумот додааст, олими фолклоршинос А.З.Розенфелд аст, ки дар китоби «Намунаҳои фолклори Дарвоз» (Сталинобод, соли 1955) аз ашъори шоир чанд намуна овардааст. Шеърҳои ҳамчун намуна оварда аз назари имлоӣ, маъноӣ ва лаҳҷавӣ хатои зиёде доранд. Шарҳи ҳолу номи падари Ёрӣ дар навиштаҷоти ҳар ду олим ба хато рафтааст.
  Муаллифи ин сатрҳо оиди ҳарду навиштаҷоти олимони рус дар бораи Ёрӣ дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (12 октябри соли 1956) ва рӯзномаи «Маориф ва маданият» (27 август соли 1959) фикру андешаамро баён намуда, навишта будам, ки падари шоир Мулло Ёр – мутахаллис ба Ёрӣ – Дод ном дорад ва ӯ фарзанди Рустамбек аст. Инчунин намунаҳои саҳеҳи шеъри Ёриро бо лаҳҷаи ванҷӣ ба ҳаводорони ашъори шоир пешкаш намуда будам.
  Бояд бо таассуф қайд намуд, ки минбаъд ҳам тадқиқотчиёни адабиёти асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ тоҷик ба сарсарикорӣ роҳ дода, боз ҳамон саҳву хатои пешинро такрор намудаанд. Аз ҷумла олими адабиётшинос А.Ҳабибов дар ҳама навиштаҷоташ соли таваллуд ва вафоти Ёриро ғалат нишон дода, номи падари Ёриро Мулло Малик ба қалам додааст, ки он боиси такрори ин хато дар навиштаҳои муҳаққиқони баъдина гаштааст. Малик бародари калонии Ёрист, на падараш. Ин хато, ки гӯё Ёрӣ писари Мулло Малик аст, дар «Тазкираи адибони Бадахшон» (Душанбе, соли 2005, мураттибон – Лаълҷубаи Мирзоҳасан ва Алидоди Чароғабдол) низ такрор ёфта, ду намунаи шеъри Ёрӣ пур аз хатои имлоӣ ва маънавии лаҳҷавӣ ба табъ расидаанд.
  Солҳои охир дар тарғибу ташвиқ ва шахсияти Ёрӣ дар заминаи ашъори дастрасбудаи шоир олимони тоҷик Г. Галимова, Н.Одилов, К.Бекзода, Н.Баравнӣ, Ё.Назар, С.Мерган ва дигарон мақолаҳо навишта, баъзе ҷиҳатҳои пардапечи ҳаёту фаъолияти эҷодии Ёриро кушоданӣ шудаанд. Рӯзноманигор Б.Назурдинов соли 1992 аз шеърҳои пароканда ва нопурраи дар матбуоти давр интишорёфта дар ҳаҷми 233 байт дар матбааи «Помир» маҷмӯаи ашъори Ёриро ба табъ расонида аст, ки шоистаи зикр аст.
   Ашъори Ёрӣ дар услуби баён ва истеъмоли калимаву ибороти хоси гӯишҳои ванҷӣ, ба ибораи дигар, лаҳҷаи Ванҷӣ ба сурудаҳои Бобо Тоҳири Ҳамадонӣ-мутахаллис ба Урён (1002-1060), Пиндори Розӣ (ваф. 1011), Муҳаммади Мағрибӣ, Сафиаддини Ардабилӣ, Муҳаммад Сӯфии Мозандаронӣ, Бадри Шервонӣ (1387-1450) аз ҳама ҷиҳат ҳамоҳанганд. Саволе ба миён меояд, ки ин чи гӯиш ва лаҳҷаест, ки Ёрӣ аз Бадахшон, Бобо Тоҳир аз Ҳамадон, Сӯфӣ аз Мозандарон ва Бадр аз Шервон, ки дар масофа мавзеву шаҳрҳои аз ҳам басе дуранд, бо як шева шеър сурудаанд? Мураттиби «Мунтахаби ашъор»-и Бобо Тоҳир (соли 1963, ш. Душанбе) шоири тоҷик М.Раҳимӣ дар пешгуфтори маҷмуа овардаанд, ки «Рубоиҳои Бобо Тоҳир дар шеваи кӯҳии Лурӣ гуфта шуда, ба шеваҳои шарқӣ – ҷануби Тоҷикистон низ нисбате доранд». Барои тасдиқи ин андешаи М.Раҳимӣ сурудаҳои Ёрӣ ва рубоиҳои халқии ҷануби Тоҷикистон бурҳони қотеъанд. Акнун ба худи Бобо Тоҳир муроҷиат мекунем, ки оиди услуби баён ва забони шеъраш чи мегӯяд. Шоир шеваи гӯишҳои худро, ки дар мо расм шуда аст онро лаҳҷаи маҳаллии Лурӣ хонем, забони паҳлавӣ номидааст.

Ало, то зори чун ту дилбарастум,
Саропо ҳамчу сӯта миҷмарастум.
Забони паҳлавиро устодам,
Китоби ошиқонро мистарастум.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ забони «Шоҳнома»-и безаволашро забони паҳлавӣ эълон намудааст:

Зи ман гашт дасти фасоҳат қавӣ,
Бипардохтам дафтари паҳлавӣ.
Набиштанд бар номаи Хусравӣ,
Набуд он замон хат магар паҳлавӣ.
«Калила» ба тозӣ шуд аз паҳлавӣ,
Бад-ин сон, ки акнун ҳаме бишнавӣ

Боз аз забони Мавлоно Ҷомӣ омада аст, ки:

Маснавии Маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

  Ингуна мисолҳо, ки бузургони мо забони асарҳояшонро забони паҳлавӣ хондаанд, бисёранд. Забони паҳлавӣ, ки ба қавли Хоҷаи бузургвор – Ҳофиз гулбонги паҳлавист, ҳамон забони форсии замони салтанати Ашкониён ва Сосониён аст, ки онро то асрҳои VIII-IХ чунин мегуфтанд. Яъне паҳлавӣ ҳамон забони форсии дарист, ки бо мурури замон гӯишу лаҳҷаҳои он интихобан такмил ёфта, имрӯз чун забони адабӣ дар муомилот аст ва ба ҳама форсизабонон фаҳмо.
  Ба ин далел, ки Бобо Тоҳир шеваи шеърашро паҳлавӣ хондааст, инак чанд намуна аз ин шоири Ҳамадонӣ, ки зодгоҳаш дар масофа аз мо басо дур аст, вале маъно ва шеваи баёнаш ба сокинони ҷануби Тоҷикистон ошно:

Ду чашмунт пиёлай пур зи май бӣ,
Ду зулфунт хироҷи мулки Рай бӣ.
Ҳаме ваъда карӣ имрӯзу фардо,
Назунум му, ки фардои ту кай бӣ.
Кашим оҳе, ки гардун бохабар шӣ,
Дили девонаам девонатар шӣ.
Битарс аз сӯзи оҳи сӯтадилҳо,
Ки оҳи сӯтадилҳо коргар шӣ.
Зи ҳоли хештан му бехабар бим,
Назунум дар сафар ё дар ҳазар бим.
Фиғон ай дасти ту, эй бе муриват,
Ҳамезунум, ки умре дарвадар бим.

  Пиндори Розӣ (Х-Х1) зодаи мулки Эрон-кӯҳистони Рай аст ва аксар бо шеваи дайламӣ шеър мегуфтааст. Бештари эҷодаш шеърҳои ҳаҷвианд.

Май фаро овар, ки баҳра мебарӣ,
Май нишотафзои шодиоварӣ.
Ҳар киро, ки май набу, шодӣ набу,
Ин ҷаҳонро хуррамӣ бо май дарӣ.
Аблаҳон гӯянд, к-ин май бӣ ҳаром,
Менадунум, к-ин ҳаром аз чӣ барӣ.

Намуна аз намояндаи ҷануби Тоҷикистон – зодаи кӯҳистони Ванҷ – Ёрӣ:

Мусулмоно, аҷаб ҳолм батар шӣ,
Ки бахту толеам дар кӯҳ ҷар шӣ.
Надим дар умри хд як рӯзи бе ғам,
Ба ҳар млке ки рафтм, шӯру шар шӣ.

Аз суҳбати фачи ҳар марди дағал навомем,
Дар оврингу кӯтал ёбуи шал навомем,
Дар як канора Ёрӣ, мевом, ки тоқа бошум,
Ҷамъияти харону мобузи кал навомем.

Наҷӯ, эй бехебар, як майдаи ному нишун янда,
Набимӣ ай саҳар бозе ки гуман одамун янда.
Таъин дониста бим ки ин клетӣ ҷои хирсунай,
Надуме ай қадим бахши чи уман одамун янда …

  Ибороти «бӣ», «шӣ», «карӣ», «навомем», «мевом», «мобуз», «бим», «надуме», «уман», дар лаҳҷаи маҳалҳои ҷануби Тоҷикистон, Ҳамадон, Рай канори оби Шервон мафҳуми «буд, бошад», «бошад, шуд», «кардӣ», «намефорадам», «мефорадам», «модабуз», «будам»-ро доранд.
  Нигорандаи тазкираи «Сарояндагони шеъри порсӣ дар Қафқоз» муҳаққиқи тавонои Эрон Азизи Давлатободӣ дар боби Бадри Шервонӣ ва тавзеҳоташ ба девони шоир чунин овардааст: «Дар девони Бадри Шервонӣ (1387-1450) ду ғазал ва як муламмаъ ба гӯиши махсусе мавҷуд аст, ки дар матни девон онро «забони канори об» ёд карда аст.
  Ба назари нигоранда ду ғазал ва як муламмаъи мундариҷ дар девони Бадр ба забони озарӣ ё забони қадими озарӣ, ки яке аз шохаҳои забонҳои эронӣ аст, суруда шудааст. Ин забон бо лаҳҷаҳои он пеш аз тағйири забони мардуми Озарбойҷон ба туркӣ то ҳудуди садаи ёздаҳуми ҳиҷрӣ дар ин сомон ривоҷ доштааст.»
  Акнун ба сурудаҳои Бадри Шервонӣ муроҷиат мекунем то бифаҳмем, ки «забони канори об» чи забон ва лаҳҷаест, ки асрҳо боз дар Қафқоз ба он гуфтугӯ ва шеър месурудаанд:

Чу ман дилбар хушу соҳибҷамола,
Ба рух бадра ба абрувон ҳилола.
Ҳазорон дил барӣ бо нозу шева,
Ба нозу дилбарӣ соҳибкамола.
Аж удам к-у шаванда ружа пӯша,
Рухонам зарду хунин арсум ола.
Ба кӯрий душманон бусе ба ман де,
Бижан ку душманум аж дур нола.
Ман аж меҳрар чу зарра веқарорум,
Напурсӣ Бадри саргардун чи ҳола.
                                ХХХ

Аж ту ве сабру қарорум, чи карум,
Аж ғамар хаставу зорум, чи карум.
Бикашум ҷавру ҷафову ситамар,
Нея ғайр ай ту нигорум, чи карум.
Душманум ҳар чи бивожа, гӯ бивож,
Аж туе дуст надорум, чи карум.
Эй дилором, чу ман ку башареж,
Дар дил ором надорум, чи карум.
Дил ба меҳрар чу бибастум чун Бадр,
Нея як зарра қарорум, чи карум.

  Дар зодгоҳи Ёрӣ ва бисёр маҳалҳои ҷануби Тоҷикистон вожаҳои «ве» ба маънои «бе» (ве қарор – беқарор), «карум» ба маънои «кардам, бикунам», «нея» ба маънои «не, нест», «удам» ба маънои «он дам, он лаҳза», «угам» ба мафҳуми «он гоҳ, баъд», «пӯша» ба маънои «пӯшад» ва амсоли инҳо ба мардум шиносанд.
  Дар китоби муқаддаси Зардуштӣ «Авесто» вожаҳое амсоли «ява» ва «яфре» сабт шудаанд, ки дар лаҳҷаи Ванҷӣ то кунун дар истеъмоланд. Ванҷӣ бо лаҳҷаи худаш «боло будам» гуфтанӣ бошад, «амява бим» мегӯяд, ё «амяфре бим» ба маънои «поён будам».
  Аз мушоҳидаҳо чунин бармеояд, ки гӯишу лаҳҷаҳои забони қадимаи форсӣ-паҳлавӣ бештар дар мавзеоти кӯҳистон боқӣ мондаанд, ки нисбатан аз водиҳо дар канораанд ва бо дигар лаҳҷаву забонҳо кам омезиш ёфтаанд. Барои мисол бисёр вожаҳои лаҳҷаи мардуми кӯҳистон аз қабили: агане – вагарна, амтарӣ – ҳамин тавр, анда -ин ҷо, бима -биомад, бу-бошад ки, бган – бигӯянд, шт – бех, думӣ – медонӣ, жовян -хоидан, ита -ин хел, нӯл- минқор, кос – шифт, лӯв – фарёд, сорян – поидан, набӣ – набуд, нашӣ – нашуд, нажғар – наафт, навомем – намефорадам, амғал -ҳозир, худи ҳозир, му – ман, шава – шавад, тор – боло, карам –кардам ва амсоли инҳо бо мурури замон ба сокинони водиҳои Тоҷикистон бегона ва нофаҳмо метобанд.
  Ин ибораҳо дар гӯишу лаҳҷаҳои ванҷӣ, лурӣ, дайламӣ, бахтиёрӣ ва канори об то имрӯз дар истеъмоланд ва аз лаҳҷаҳои забони паҳлавӣ – форсии қадим дониста шудаанд.
  Ба назари нигорандаи ин сатрҳо захираи луғавии мардуми маҳалҳои кӯҳистон, ки шеваи гуфтори худашонро доранд, нисбат ба сокинони водиҳо ғанитар аст, зеро онҳо ҳам бо шеваи худашон фикрашонро баён мекунанду ҳам бо забони адабии имрӯзаи ба ҳама фаҳмо.
  Дар водиҳо, алалхусус дар шаҳрҳо ва марказҳои маъмурӣ ва фарҳангӣ забон бештар такомул ёфта, ба дараҷаи забони умумӣ, яъне забони адабӣ расидааст, ки барои ҳамаи тоҷикзабонон фаҳмост. Аз ин ваҷҳ, ки дар Ҳамадон лаҳҷаи лурӣ, дар Рай дайламӣ, дар кӯҳистони Тоҷикистон лаҳҷаи ванҷӣ, язгуломӣ, вахонӣ, яғнобӣ, дар Қафқоз забони канори об ҳазорсолаҳоро пушти сар карда, то рӯзҳои мо боқӣ мондаанду мардум бо ин лаҳҷаҳо гуфтугӯ доранд ва ҳатто шеър месароянд, ҷои таассуф ва сарзаниши ин мардум ба қафомондагӣ нест. Ин лаҳҷаҳо аз забони қадимаи мардуми эронинажод – забони паҳлавӣ, яъне форсии дарӣ маншаъ мегиранд ва саҳифаи пур аз нигориши тамаддуни оламшумули халқҳои эронинажоданд.
  Масъалаи омӯзиш ва тадқиқи ҳамаҷонибаи лаҳҷаҳо аз миён бардошта нашудааст. Бо вуҷуди он ки дар ин ҷода бисёр корҳо анҷом ёфта, рисолаҳо интишор ёфтаанд, вале ин дар амали тадқиқу таҳлили гӯишу лаҳҷаҳо ҳанӯз кофӣ нест. Рафту ин кор ҷомаи амал пӯшад, ба ин васила эҷодиёти шоири соҳиби табъи оташбор – Ёрӣ, ки аксари шеъраш ба лаҳҷаи Ванҷӣ суруда шудаанд, дастраси доираи васеи хонанда хоҳад шуд.
  Чунон ки зикр шуд, дар таърихи адабиёти нимаи дувуми асри XIX ва ибтидои асри ХХ тоҷик бидуни Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва устод Садриддини Айнӣ чун Ёрӣ кам шоире ҷуръат карда фисқу фасоди дарбор ва зулму тааддии гумоштагони аморатро дар маҳалҳо ҷасурона мазаммату фош кардааст. Ёрӣ шоири исёнгару мубориз аст.
  Бо шеваи ванҷӣ, мардуми диёр Ёриро ҳамчун шоири берӯ, яъне ҷасуру нотарс ном бурдаанд ва сурудаҳои шоир далели ин баҳогузории мардум нисбат ба шоири овозадори диёрашон мебошад. Дар воқеъ, ба ҷуз Ёрӣ каси дигаре аз шоирони ҳамзамону ҳамзабонаш ҷуръат карда нагуфтааст.

Олам аз шӯру шари манғитиён лабрез аст,
Ханҷари наҳси замон аз ду бараш хунрез аст,

  Ёрӣ шоири воқеъбин ва ҳақиқатгӯ пеши назар меояд. Бисёр шеърҳояш ба ҳодисаву воқеоте бахшида шудаанд, ки дар зиндагӣ ба вуқуъ пайвастаанд ва ӯ ин ҳолатро бо забони тезу тунд ва қалами буррояш баён намуда аст.
  Қувват Хол мегуфт: аксар вақт Ёриро воқеаву ҳолате ба ҷӯш меоварду чизе мегуфт: масалан рафтори махсумони Одешт, ки «Худовандо зи ман бошӣ ту розӣ …» гуфта аст. Мисоли дигар: шавҳари хоҳараш Гулхуним кӯҳнадӯз будааст ва бо дӯхтани сандалу чоруқ рӯз мегузаронида аст. Рӯзе ҳангоми тановули таъом Ёрӣ медарояду дастархони харобро дида, дафъатан ба домод хитоб мекунад:

Ба мулки Ванҷ то кай мекашӣ дарди сар ай кӯкт,
Ва зангирёт бхӯраймун, илоҳо бшканад чӯкт.

  Ёрӣ дар ҷавонӣ лоғарандом буда аст. Рӯзе китоб дар бағал дар кӯчаҳои Рохарв мегашт, ки деҳқони тануманде ӯро дида, эрод мегирад: «Анна ин мазаи муллобачагиву хондан, рагупай мондаӣ» мегӯяд. Ёрӣ ҷавоб мегӯяд: «Биё, бо ин андоми лоғару рагупай гӯштин мегирем» ва деҳқонро дар гӯштин зада, чун шоҳин болои синааш савор, хитоб мекунад:

Ҳар кӣ ва муло лоф зо,
Худо фархи сарндаш зо.
Ва ин дасту ва ин бозу,
Сари ҳавзи тарндаш зо.

  Ёрӣ шоири маҳбуби мардум аст ва маҳбубияташ бо ин далел маълум мешавад, ки шеъраш вирди забонҳост. Кам шоир аст, ки ашъорашро мардум ба андозаи сурудаҳои Ёрӣ аз бар донанд, алалхусус дар қаламрави Ванҷу Дарвоз. Донандагони ашъори Ёрӣ аз насли калонсол Муминшо Сӯфӣ, Бачабеги Шобег, Нуруллобеги Маҳрам, Ёрмуҳаммади Шер, Абдулло Назар, Дарғӣ Муҳаммадӣ, Давлат Вазир, Толибеги Тошзода, Иқболи Нағзибег, Қосими Техарвӣ, Шозамони Скадӣ, Шаҳдори Жамагӣ, Хизматшои Дарвозӣ, Олимшо Гулоб, Саидшарифи Мирзошариф бо фарзандонаш Аҳмаду Самад, Рӯзӣ Розизода, Диловари Қаноат буданд. Ин анъанаи наҷибро ҷавонон идома дода, руҳи шоирро шод ва номашро зинда медоранд. Аз зумраи ҷавонон шоир ва муҳаққиқ Мӯъмин Қаноат, Ғафлат Мирзо, Идибек Насрин, Аҳмадҷони Муҳаммадхоҷа, Ҳайдаршо Пирумшо, Нарзулло Ҷонов, Тоза Ёр, Зур Ёр, Фармон ва Қозӣ Самадовҳо, Саймирбеги Юсуф бо писараш Назрибег, Назрибеги Неъматулло, Султон Замир, Нусрат тавалло, Маҳмадулло Абдулло, Муборакшо Иронзода, Давлатшоҳи Ғайратшо,  Ғайрат Шамсуддин, Саидшои Лашкар, Назришо Қудрат, Ғаффори Мирзо, Назарӣ Вазир, Зоҳиршо Шарифзода, Муҳаммадрозиқи Назар, Розиқ Назрибек ва дигарон ба ашъори Ёрӣ рағбати зиёде доранд ва шеърашро бисёр медонанд.

Ёриро табъу забони оташ аст,
Сатри мавзуну каломи дилкаш аст.

  Оре, Ёриро забон оташ асту калом дилкаш ва ба ин васила рӯҳи сухансарои оташтабъу оташзабон, устоди каломи мавзуну баландпарвоз – Ёрӣ бо халқаш ҷовид аст. Ва имрӯз ҳамдиёронаш чун подоши хизмат дар рушду камоли каломи бадеъ миёни ду силсила кӯҳҳои сар ба фалак кашидаи водӣ дар дили Ванҷ – мавзеи Рохарв қуллаи сав-вум – ҳайкали шоирро бунёд кардаанд. Дар пойтахти давлати тоҷик шаҳри Душанбе низ яке аз кӯчаҳои ободи шаҳр ба ифтихори шоири маҳбуб Мулло Ёри Ванҷӣ номгузорӣ шуда аст.

     Ғазал
              Мухаммас
       Қитъа
        Рубоӣ
       Абёт

Ёрии оташзабону шӯхтабъ,
Алвидоъ бо ҳамдиёрон мекунад

Навиштам андар ин девори хона,
Ки монад аз мани мискин нишона.
Агар пурсанд он мискин куҷо шуд?
Бигӯ, бигрехт аз ҷаври замона.
Ба ёрон алвидоъ гуфтему рафтем,
Ба ҷону дил дуо гуфтему рафтем.
Ҳамон ёре ки бо мо дошт улфат,
Нигаҳдораш Худо гуфтему рафтем.
Коғаз, ту зи ман дуои бисёр бигӯ,
Аз сӯзи дилу синаи афгор бигӯ.
Ҳар он ки туро зи ҳоли мо мепурсад,
Пурсони маро саломи бисёр бигӯ.
Э варақ, аз ҷониби мо ҷумла ёронро салом,
Ҳар ки моро дӯст дорад, дӯстдоронро салом.
Ҳар калону кӯдаке аз мо бипурсад, э варақ,
Бар калонон бандаему ҷумла хурдонро салом.

Ҳастасташ

Гуландоме ки олам зери по чун соя паст ҳасташ,
Ба авҷи хонаи хуршед истиғно нишаст ҳасташ.
Суроғи худ ба ҷуз анқо касе ё раб, чӣ дарёбад,
Ки олам куштаи тири нигоҳи чашми маст ҳасташ.
Фасоҳат ҳам, малоҳат ҳам, назокат ҳам, латофат ҳам,
Зи асбоби таҷаммул ҳар чи хоҳӣ гар ту, ҳаст ҳасташ
Ба сони ғунча даст андар ҳиҷоби остин дорад,
Магар аз хуни ошиқ чун ҳино ранге ба даст ҳасташ
Ба бозори муҳаббат толеи худ ҷайби худ кардам,
Бад-он гесу назар кардам, саропо то шикаст ҳасташ.
Дили ғамдидаи ушшоқ дар баҳри талаб Ёрӣ,
Чу моҳӣ то муҳайёи тапидан шуд, ба шаст ҳасташ.

              ХАНҶАРИ ҶАЛЛОД СӯХТ

Дар чаман аз рашки қаддат сарвро бунёд сӯхт,
То кунад ёд аз хиромат қомати шамшод сӯхт.
Оташи ишқат зи бас к-аз манқали дил шӯъла зад,
Дар гулӯ ҳангоми қатлам ханҷари ҷаллод сӯхт.
Фитратам аз баски расвоипараст афтода аст,
Вазъи бебоконаи ман шеваи иршод сӯхт.
Ҳеҷ кас тӯҳматнишони доғи маҳрумӣ мабод,
Бесутунро сина бар ҷон кандани Фарҳод сӯхт.
Бар фиребу ҷилваи дунёи дун чандин маноз,
К-ин арӯси бевафо сад хонаи домод сӯхт.
Сарнавишти Ёрии бечора дар эҷоди халқ,
Қисматаш ин буд, чандин чора кард, барбод сӯхт.

                   Ишқи оташбор

Эй маро аз дарди ишқат не зиён, не суд ҳам,
Эй зи ишқат ҳосили ман, дӯстон падруд ҳам.
Ишқбозӣ гарчи расвоист, аммо кас чу ман,
Ошиқи расво набудасту нахоҳад буд ҳам.
Ёди айёме, ки бо ҳам комронӣ доштем,
Рӯзгори васл рафту толеъи масъуд ҳам.
Гаҳ диламро хун кунӣ, гаҳ оварӣ ҷонро ба лаб,
Эй дили хунин фидоят, ҷони дардолуд ҳам.
Ишқ гӯ з-ин пас ба ҷонам туҳмати хомӣ мазан,
Ишқи оташбор дорам, синаи пурдуд ҳам.
Он ситамгар то ба кай гӯяд, ки Ёриро кӣ кушт?
Баҳри қатлам кард ишорат, балки худ фармуд ҳам.

         Шайдои олам кардаӣ

Аз арақ то бар гули рухсор шабнам кардаӣ,
Андалебосо маро шайдои олам кардаӣ,
Кишвари дил бо сипоҳи дарду ғам бигрифтаӣ,
Ишратободам ҳама тороҷи мотам кардаӣ.
Хору зорам куштаӣ, дар хоку хун афгандаӣ,
Ин сазои ман, ки ошиқ гаштаам, кам кардаӣ,
Сӯзи бедорӣ, ки чун шавқам дар ин ҳирмонсарост,
Бар рухат, эй маҳҷабин, худ ҳам мусаллам кардаӣ.
Гуфтам андар дида ҳамчун мардумак ҷоят кунам,
Ваҳ, чи созам, чун назар аз дидаҳо рам карда
Куштаи рашкам, ки дур аз ман рақиби шумро
Дар ҳарими васл мегӯянд, ки маҳрам кардаӣ.
Бас ки даври орази моҳат хати мушкин дамид,
Ҳамчу қурбони шаби идам муҳаррам кардаӣ.
Тири миҷгонат зи баҳри куштани Ёрӣ бас аст,
Теғи абруро чаро ин сон тунукдам кардаӣ?

         Охир чаро нагрехтӣ?

Эй гашта рӯзи равшанам бе меҳри рухсорат шабак,
Дар баҳри ғам саргаштаам дур аз барат ҳамчун самак.
З-ин гулшани беҳосилӣ чун ғунчаам хунинҷигар,
То шарҳи ҳоли худ кунам, ку аҳли розу маҳрамак?
Ҳаргаҳ хаёлосо шавад тарзи такаллумҳои ту,
Пошида гӯё дам ба дам бар синаи решам намак.
Фарсудаҷисму лоғарам чандон, ки тарсам баъд аз ин,
Созад фалак номи маро аз сафҳаи эҷод ҳак.
Хуршедосо аз ғамат бар ман даме ором не,
Субҳ аст Рохарвам ватан, шом аст яъне Ғӯмаяк.
Гаҳ Юсуфоҳангӣ кунад, гоҳе Масеҳомашрабӣ,
Мавҷи сиришкам бар замин, ҷавлони оҳам бар фалак.
З-он дам, ки аз мулки адам мондам ба ин олам қадам,
Як дам наёсудам зи ғам, умрам расида сивуяк,
Ёрӣ, аз ин беҳудамулк охир чаро нагрехтӣ?
Пеши шалоқи нокасон мондӣ ҳаме монанди пак.

        Гурезон шуда рафтем

Дардо, ки асири рухи хубон шуда рафтем,
Парвонаи он шамъи шабистон шуда рафтем.
Ҷамъияти дилро талабидем ба олам
Аз дасти фалак чокгребон шуда рафтем.
Аз ҷавру ҷафои туву аз таънаи ағёр
Аз Ванҷзамин сахт гурезон шуда рафтем.
Дар водии ишқи ту қаландар шуда Ёрӣ
Доманзада дар чӯлу биёбон шуда рафтем.

                      Мақсуд чист?

Гар ман ошиқ нестам з-ин гиряам мақсуд чист ?
Ашки сурху ранги зарду оҳи дардолуд чист ?
Пои дил дар қайди занҷири муҳаббат мубталост,
Чун кунам тадбири кор, эй дӯстон, беҳбуд чист ?
Умрҳо шуд соядори ҷабҳа хоки пои туст,
Боз мепурсӣ, ки рухсори ту гардолуд чист ?
Теғ бар сар, доғ дар дил, дар вафодорӣ чу шамъ,
Фарши таслимам, дигар табъи ту нохушнуд чист?
Шеваи ишқу пас он гаҳ фикри мастурӣ хатост,
Кисвати маҳбуби моро рабти тору пуд чист?
Васли ёрам даст доду доманаш додам зи даст,
З-ин пас акнун судани дасти надомат суд чист ?
Оташи рухсораат гар ҷони Ёриро бисӯхт,
Бар хати мушкинат, эй маҳ, инфиоли дуд чист?

                 Надонистам

Чу гул андар чаман ман худнамоиро надонистам,
Чу булбул шӯру афғони риёиро надонистам.
Ба пои шӯълаи шамъи муҳаббат ҳамчу парвона,
Шудам хокистару қалбошноиро надонистам.
Агар чанде ки дар олам надидам ошнорӯе,
Вафо кардам ба ҳар кас, бевафоиро надонистам.
Надорад салтанат ғайр аз кудурат ҳеҷ маҷмуъе,
Дареғо, қадри айши зиндагониро надонистам.
Ба гардун ҳамчу Маҷнун содалавҳ афтодаам, Ёрӣ,
Ба ҳар ёре ки дил бастам, ҷудоиро надонистам.

           Санавбар ҳам нест

Чун қадат дар чамани даҳр санавбар ҳам нест,
Ба узори ту муқобил гули аҳмар ҳам нест,
Сафҳаи рӯи ту ҷоно чи бало хушрақамест,
Ки хати сабзи варо ҳоҷати мистар ҳам нест,
Ин на дерест ки оҳи дили садпораи ман,
Интиқом аз ту кашад, фурсати маҳшар ҳам нест,
Соқиё бода биёвар, ки дар ин хилвати хос,
Муҳтасиб нест рақиби касу ахтар ҳам нест,
Ба ниёзе нарасад он ки чи мазмун дорад,
Номаи шавқ, ки дар боли кабутар ҳам нест.
Нисбати лаъли лабатро ба шакар натвон кард,
Ки ба ширинии ӯ нисбати шаккар ҳам нест.
Хун шав, эй нола зи андуҳи зиёнкории ман,
Ки дил аз каф шуду дилдор муяссар ҳам нест,
Ёриё, давлати фақре ки ту дорӣ, ҳошо,
Ин дам аз ҳазрати султони Музаффар ҳам нест.

Қомати дилҷӯсташ

Шӯхи бебоке ки қатли бегуноҳон хӯсташ,
Ҷони сад соҳибдил инҷо бастаи як мӯсташ.
Гул зи рухсораш хиҷил, сунбул зи зулфаш мунфаъил,
Сарв по дар гил зи рашки қомати дилҷӯсташ,
Гар ба пеши чашми масташ ҷон фидо созам равост.
З-он ишоратҳо, ки бо ман дар хами абрӯсташ.
Аз чи рӯ хуршеди тобон бо ту созад ҳамсарӣ,
Ё ду ҷаъди анбарин ё наргиси ҷодусташ ?
Новаки хунрези мижгонаш паи қатлам кифост,
Аз чи рӯ, ё раб, надонам ранҷа дар бозӯсташ?
Мазҳари рӯяш, ки андози нигаҳро ёр нест,
Куштаи рашкам аз он к-оина рӯ бо рӯсташ,
Сардмеҳриҳои хубон рӯзи Ёрӣ тира кард,
Домани саҳро сувайдо аз рами оҳусташ.

                 Зи ман ҷудо

Эй гули боғи дилбарӣ, то ту шудӣ зи ман ҷудо,
Сабру сукун зи даст рафт, руҳ шуда зи тан ҷудо.
Шарҳи ҷафои ишқро карда зи оташи ҷигар
Синаи Бесутун ҷудо, тешаи Кӯҳкан ҷудо.
То ба чаман даромадӣ, аз қаду орази ту шуд,
Хор ба дил, қадам ба гил, сарв ҷудо, суман ҷудо.
Юсуфи Мисри ҳусниву аз паи як назораат,
Карда ғулу зи ҳар тараф мард ҷудову зан ҷудо.
Маснади тахти дилхушӣ, тарки алоиқ асту бас,
Каш-каши даҳр ҳар тараф, ман шуда аз ватан ҷудо.
Даъвии пучи муддаӣ, Ёрӣ махар ба ними ҷав,
Нисбати сеҳр дон ҷудо, мартабаи сухан ҷудо.

Ба май саҷҷода рангин кун

«Ба май саҷҷода рангин кун»,[1]
Маро чун Ҳотами Чин кун.
Ба марги хеш мотам кун,
Дилу ҷон маҳрами ғам кун.
Ғами саргашта яксон кун,
Ҷаҳон бар хеш осон кун.
Ба роҳи каҷ марав ҳаргиз,
Машав гумроҳи гавҳар низ.
Гаҳе дарё, гаҳе дурр шав,
Гаҳе булбул, гаҳе гул шав.
Ба хатти гулрухон бингар,
Бисӯзон хомаву дафтар,
Ба пеши зулф нозе кун,
Дили худро намозӣ кун.
Саре бар азму ҷӯш афкан,
Ҷаҳоне дар хурӯш афкан,
Ба риндӣ хирқа дар бар кун,
Сару савдои дилбар кун,
«Гарат пири муғон гӯяд,
Ки солик бехабар набвад,
Зи роху расми манзилҳо.»
Қалам бар гир, эй Ёрӣ,
Агар лаҳне равон дорӣ,
Санои Хоҷа Ҳофиз гӯ,
Ба сад шукреву мӯ бар мӯ.
Кунад гар Хоҷа имдодат,
Расад лутфе ба эҷодат,
Бувад к-аз роҳи такроре,
Ба умқи шевану зорӣ,
Бигирӣ унс бар дилҳо,
Биёбӣ роҳи маҳфилҳо.

                Мавҷи раги сангам

Ба сар аз ҳасрати оинаи дидор оҳангам,
Лаби захме намоён аст дар мавҷи раги сангам.
Чу шамъ аз мазраъи офат назири мо чӣ мепурсӣ?
Ҳама бар дӯш барқам, сели ашкам, шӯъла дар чангам.
Чӣ лутфе, гар ба ёдам пур кунӣ паймонаи ҳасрат,
Ки дар даврат чу гул соғар ба дасту зор шуд рангам.
Хаёл андешаи хомеву фикри маснаде дорад,
Чӣ фикру оташе дорад хаёли нашъаоҳангам.
Ба фасли гул чу шабнам гоҳ аз худ меравам, Ёрӣ,
Ки бо бедаступоӣ низ дар рафтан намелангам.

                   Донистам

Лиқои умри одам бевафо будаст, донистам,
Ҳама кораш ба худкомӣ ҷафо будаст, донистам.
Саросар мулку манзил бевафо будаст, донистам.
Аёлу зан ба ҷон ҳамчун бало будаст, донистам.
Чу дил бастан ба симу зар хато будаст, донистам.

Ҳавои ишрати дунё ҳавас будаст, агар донӣ,
Ки меҳнат андар ин дунё абас будаст, агар донӣ.
Муҳиби шарбати дунё магас будаст, агар донӣ,
Куҷо мурғони доно дар қафас будаст, агар донӣ
Вафое дар паи некӣ ҷафо будаст, донистам.

Паи нафсу ҳаво доим ҳарису мубтало будам:
Ба меҳнат рӯзу шаб аз умри худ як дам наёсудам,
Ки аз рӯи ҷаҳолат дӯст аз душман наёзмудам,
Ҳаёту зиндагониро ба роҳи фисқ мебурдам,
Маро иблиси малъун дар қафо будаст, донистам.

Накарда дар ҷаҳон ман хизмати аҳли хирадмандон,
Набурдам баҳраи обе зи ҷӯбори ҷавонмардон,
Зи файзи фозилон файзе маро ҳосил нашуд чандон,
Ғариқи баҳри исёнам ва аммо бандаи раҳмон,
Ба кирдори бадам ҳукми қазо будаст, донистам.

Маро ҳоло худат аз ҳамнишинонам ҷудо кардӣ,
Ба чандин кулфату дарду балоҳо мубтало кардӣ,
Зи хешу ақрабо, ёру бародарҳо ҷудо кардӣ,
Муқими банди ғам, охир гирифтори бало кардӣ,
Чунин андар азал ҳукми қазо будаст, донистам.

Карими ламязал аз қудрати покат умед дорам,
Ба чандин ҷурмҳо ман илтиҷо бар даргаҳат дорам,
Агар чанде гунаҳгорам, умед аз раҳматат дорам,
Туӣ дар ҳарду олам меҳрубон ёру мададгорам,
Раҳобахшандаат, Ерӣ, сафо будаст, донистам.

         Тавсифи баҳор

Ақл мегӯяд, биё, ин нолаи дил гӯш дор,
Бишнавед ёрон, ҳикоят мекунам ман аз баҳор.
Дар ҷаҳони бевафо шояд бимонад ёдгор,
Ҷони худро аз барои номи Ҳақ созам нисор,
Ман бибӯсам хоки пои майпарастони баҳор.

Чун баҳор ояд, бубахшояд дарахтонро самар,
Себу бодому анору меваҳои лабшакар,
Ҳамд мегӯяд ҷамеи ҷонвар бар якдигар,
Ин замин чун парниёни сабз гардад дар назар,
Файз борад дар замин аз қатраборони баҳор.

Э баҳор, одам будӣ гар, мешудам ман навкарат,
Шамъ дар олам наӣ то гаштаме гирди сарат,
Маскану роғат надидам, мешудам хоки дарат,
Саҳни гулҳоро назар кардам, будандӣ чокарат,
Чун қалам сар мебарорад дар найистони баҳор.

Ҷамъи махлуқон ба зикри Ҳақ нишаста саф ба саф,
Як тараф гул дидаму фарёди булбул як тараф,
Навҳаи дилдодагону ҷилваи гул як тараф,
Хубрӯён дар тамошо, чатри сунбул як тараф,
Ақлу ҳушу ҷону тан созед қурбони баҳор.

Навбаҳор омад зи пешам рафт монанди ҳубоб,
Ман ба бедорӣ бидидам, ё магар дидам ба хоб.
Кас намонад дар ҷаҳон аз хурдани ҷоми шароб,
Эй Худо, эҳсон намо осонӣ дар рӯзи ҳисоб,
Ақлу ҳушамро рабуда нозанинони баҳор.

Ҷои булбул солҳо будӣ гулистони ирам,
Пои гул дар хор банду шиква кардӣ дам ба дам,
Нолаи булбул шунидам ман ба вақти субҳидам,
Лахти хунин аз ҷигар мерехт чун борони ғам,
Зор менолам ба суги ҳамнишинони баҳор.

Файзи тобистон нарафта бо накӯӣ бар абас,
Дар хурӯш омад замин аз гармии бисёр бас,
Нест дар гӯшам садое ғайри овози ҷарас,
Бар сари болини хобам базмҳо дорад магас.
Дар ҷаҳони бевафо серӯза меҳмонӣ баҳор.

Тирамоҳ ояд ба ранги пир тобад бӯстон,
Бас дарахти сабз оваҳ, рафта дар коми хазон,
Ғунчаи бодоми гулрезаст, бингар арғувон.
Боғ сар то по хазон, ҳайрон бимонда боғбон,
Бенишоне рангу бӯ аз ному унвони баҳор.

Сардии дӯзах ба дунё зад, зимистон офарид,
Аз насими ҷаннаташ бингар гулистон офарид.
Сабзаву себаргаро аз оби борон офарид,
Лоларо аз доғи дил андар биёбон офарид.
Олами ҳастӣ мутеъ бошад ба фармони баҳор.

Чун зимистон мерасад, дилгир мегардад чаман,
Ларзаи бетаб заифонро канад ҷон аз бадан.
Ҷои булбулро бигирад ғулбаву зоғу заған,
Дар сари оташ шавад ҷанге миёни марду зан,
Э дареғ аз ҷилваи серӯза даврони баҳор.

Ман надонам Ёриё, бар дил чӣ армон доштӣ,
Тухми шодӣ дар замини бевафоӣ коштӣ.
Ҷангҳо дорад фалақ, бо кас накарда оштӣ,
Донаи шодӣ нагун шуд, бори ғам бардоштӣ,
Мерасӣ оё ба ин ғам то ба домони баҳор?

      УМРИ ХУД КӯТОҲ МЕБИНАМ

Дар ин дунёи дун худро аҷаб гумроҳ мебинам,
Ягон коре накарда рӯзи худ бегоҳ мебинам.
Зиҳӣ онон ки дар дунё бикарданд кори уқборо,
Накарда ҳеҷ коре худ миёни чоҳ мебинам.
На савму на салот аз ман, на ҳаҷу на закот аз ман,
Ба баҳри бекарон худро аҷаб гумроҳ мебинам.
Дар ин дунёи беҳосил, ба фисқи узр ман монеъ,

Чи ҳосил гар ки худро чун саги даргоҳ мебинам.
Ба айёми ҷавонӣ қадри умри худ надонистам,
Кунун дар вақти пирӣ умри худ кӯтоҳ мебинам…
Худовандо, ту Ёриро ба вақти марг имон деҳ,
Ки худро аз сагони осии даргоҳ мебинам.

               Моҳлиқои Зниф

Душ дидам санаме мева ба домонаш дошт,
Гарави мулки Яман уқда ба зулфонаш дошт.
Чашми ҷодуи варо дидаму ҳайрон гаштам,
Маҳви хотир нигаҳи бесарусомонаш дошт.
Қад чу сарвеву даҳон пиставу бинӣ чу алиф,
Норҳо пеши бару хол занахдонаш дошт.
ӯ маро диду бихандид, вале ҳеҷ нагуфт,
Тири ишқаш ба дилам хаставу ҳайронаш дошт.
Маскани он санами моҳлиқо буд Зниф,
Лоиқи ҷонишинаш Водхуди ҷононаш дошт.
Қосидо, кам ҷӯ сифоти маи гулранг аз ӯ,
Ёрии шоири муҷрим ба дил армонаш дошт.

                              Кам-кам

Зи хӯи бад шудам бо дарду меҳнат мубтало кам-кам,
Шудам аз сарбаландӣ паст ҳамчун хоки по кам-кам.
Ба ҳар сӯ меравам, Борӣ Худоё, ёрӣ бар ман кун,
Фатири қоқ хӯрда гаштаам бе мағзи по кам-кам…
Чӣ ҷӯӣ аз қазо роҳи гурезу чораву тадбир?
Зи аъмолат шавӣ охир гирифтори бало кам-кам.
Зи дарди чашм, Ёрӣ, гиря пеши Ҳақтаолло кун,
Ки шояд аз карам бахшад туро рӯзе шифо кам-кам.

               Ҳайфай

Дусад корай дар ин дунё,
Маро андар назар ҳайфай.
Ба чашми пиразан сурма,
Сухан гуфтан ба кар ҳайфай.
Ба дасти тифл додан гул,
Либоси мард бар номард,
Яке зини мурассаъро,
Задан бар пушти хар ҳайфай.
Ба Дарвоз нест деҳқонӣ,
Ба афғон не мусулмонӣ,
Ба мулки Ванҷай арзонӣ,
Ба шуғнӣ тути тар ҳайфай.
Касе ки бо худои худ,
Худои хеш нашносад,
Забону чашму гӯшу тан,
Ду дасту пову сар ҳайфай.

    Моҷарои шайху мурид

Биё қосидо худ ба азми шитоб,
Ҳикоят кунам аз дари осиёб,
Миёни яке пири кору мурид,
Шуда моҷарое ки бояд шунид…
Муридаш бигуфто: маро навбат аст
Гар оӣ ба пешам, сазоят лат аст.
Зи дасти аёлат ба ҷон омадам,
Дарунам ба сӯзу давон омадам.
Бидонам, ки шайхиву пири сулук,
Мабодо бидозам ба поят алук,
Агар шеванат то ба афлок раст,
Намонам расонӣ ба кафчок даст.
Агарчи таҷангиву ҳам пири ғӯл,
Намонам барӣ даст бар сӯи дӯл,
Мурид зад ба по шайхи ноҷурро,
Чу гурге биёрад хари бӯрро.
Зи зарби лагадкӯбиҳои мурид,
Ба гирди табан шайхи бечора…

       Ёбуи лангу кӯчаи танг

Насиб аз зиндагӣ шуд ёбуи ланг,
Бару ҷавлонгоҳаш кӯчаи танг.
Чи гӯям ман, ба ин умри дурӯза
Бидидам зиндагониро ба ҳар ранг.
Зи бахту толеи баргашта ин сар
Задам бар ҳар дареву пой бар санг.
Ба ҳар мулке ки рафтам, ҷумла дидам
Шаб аз оромӣ дуру рӯз бе ранг.
Ниҳоди ин ҷаҳони мо саросар
Будаст олуда бо ҳар буғзу найранг.
Ба умре ҳаст Ёриро ба гардан
Сипоре бас гарону танг отанг.
 
            Дар ситоиши Амир

Эй шаҳаншоҳи малоиклашкари гардунвиқор,
Ахтари бурҷи саодат, моҳи авҷи ифтихор,
Офтоби дину миллат, сояи парвардигор,
Фахри даврон, қурратулайни шаҳаншоҳи Бухор.
Бод доим аслу наслу тахту бахтат барқарор,

Қасри иқболат ба таъйиди зафар маъмур бод.
Дидаи бахт аз ғубори мақдамат пурнур бод.
Номи некат чун садо дар шаш ҷиҳат машҳур бод.
Дар саховат Ҳотами Тай бар дарат муздур бод.
Дар шуҷоат дастбусат Рустаму Исфандиёр …

        Дар ситоиши шоҳи Дарвоз

Аё, эй он ки дилҳоро зи ёдат мояи шодӣ,
Ғубори хоки поят тӯтиёи чашми ободӣ,
Дили ғамдидаи мардум ту додӣ аз ғам озодӣ,
Аз он рӯзе қадам бар арсаи Дарвоз бинҳодӣ,
Чу ваҳм овораи дашти адам шуд зулму бедодӣ.

Раиятпарварӣ шуд хатм бо номат ҷаҳонбоно,
Ба даврони ту олам гашт хуррам, шод давроно,
Ҷаҳон чун нақш то зери нигинат шуд ба фармоно,
Чу Нушервони одил дар тариқи адл, султоно,
Ба гӯшат мерасад ҳар дам садои анти лоҳонӣ.

Бад-ин тамкинсалоят ҳар тараф наззора месозӣ,
Дили бадхоҳ аз теғи сиёсат пора месозӣ,
Ҳазорон чораҷӯи ҳукмро бечора месозӣ,
Чу шоҳин баткаполонро зи мулк овора месозӣ,
Ту акнун, эй шаҳо, шунқори насли одамизодӣ,

Зи ҷуди ҳимматат дарёст маҳви гавҳарафшонӣ,
Ба дониш сад Фалотуне биёбонмарди нодонӣ,
Ба сират чун Сулаймонӣ, ба сурат Юсуфи сонӣ,
Хиҷолатпарвар аз акси ту бошад нусхаи Монӣ,
Ба тасвири рухат ҳайратрақам сад килки Беҳзодӣ,

Дуои давлатат гӯем то дар ҷисм ҷон бошад,
Тариқи хидматат пӯем то дар тан тавон бошад.
Ҷаҳондорӣ ба номат бод илоҳо то ҷаҳон бошад,
Бадандеши ту ҳар кас андар ин дорулмакон бошад,
Ба фарқаш бод ё раб, тешаи хунрези фарҳодӣ,

Шаҳаншоҳо, ба мадҳат гарчи гуфтам шеъри ломазмун,
Бикун авфам, ки ҳастам ғунчаосо бо дили пурхун,
Мани Ёрӣ зи бахти норасои хештан акнун,
Хиҷолатпарвари яъсам ба зери гунбади гардун,
Ки дорам табъи чун оби равону толеи бодӣ.

                  Пушаймонӣ

Аз ҳаводис аҷабо хаставу нолон шудаам,
Хотирозурдаву бо ҳоли парешон шудаам.
Ёрӣ бо ин ҳама ошуфтагӣ дар охири кор,
Аз санои шаҳи Дарвоз пушаймон шудаам.

                 Шоҳони фитна

Агар бо чашми ибратбин ту ин дунёи дун бинӣ,
Зи бедоди шаҳони фитна толеъ сарнагун бинӣ.
Худоё, навҳагар набвад халоиқро дар ин даврон,
Ба ҳар ҷое назар афтад, фиғону ҷӯи хун бинӣ.

                            Янда

Наҷӯ, эй бехабар, як майдаи нуму ншун янда,
Набимӣ ай саҳар бозе, ки гуман одамун янда.
Таъин дониста бим, ки ин клетӣ ҷои хирсунай,
Надуме ай қадим бахши чӣ уман одамун янда…
Бтарс ай хови пуржоғар, ки венога даруни пӯст,
Бмунӣ унгамак тарвозаи питу сутун янда.
Ваам як нола боқлӯгини қоқат мекунӣ ҳалқа,
Шкам омос, қуртқ дам, ду поят сарнгун янда.
Хамуш, Ёрӣ, дар ин фачмулк охир чанд менолӣ,
Надорӣ раҳ, ки бгрезӣ, бшин ай дарди ҷун янда.

                    Ғами амдо махур

Мани дармунда ҳарчанде ки кардм потлк янда,
Нагардид ҳосилум як пилтаи тоқишлик янда.
Ҳама дар ин замуна соҳиби нунанду ҳам ҷума,
Мани фалҳос бод кабме ва ранги бодхрк янда,
Агар накнм чу чаплоқи ҷғелма поргию чиргӣ,
Бмрме охир ай личӣ зимистуни хунук янда.
Дилм мега, бхез чу кн бра бай млки обода,
Чи естмӣ баҳри як қошқ ҳапкови тунк янда?
Брафтан блблон ай боғ рӯи жужу вужнда.
Заам важғап, кнм қоп-қоп чун мурғи крк янда,
Бифармим як тари отолае ман як сапи орда,
Ҳанӯз як қурт нахурда мешава сад кас флқ янда,
Наёфтаст ранги ман хрптие ҳар ҷо худовандо,
Ба ғайр аз шира як носри ҷавини шлмтк янда,
Накан ҷоне дар ин дунё, ғами амдо махур Ёрӣ,
К-аз аввал то ба охир кас наёфта рзқи худ янд

                  Ноумедӣ

Ноумедам ҳама аз мулки Бухор,
Нимараҳ мондаам ба дидаи чор.
Мулку авзои мулк бегона,
Н-омадам ҳамдиёри хеш дучор.
По куҷое кашему сар ба куҷо,
Набувад пеши чашм ғайри ғубор.
Мо ғариби диёри хештанем,
Ба ғарибон куҷост сабру қарор.
Ку шиносу даре, ки сар кӯбем,
Дида осоишоте як миқдор.
Содалавҳӣ бас аст, эй Ёрӣ,
Лутф з-ин мардумон умед мадор.
Бори реҳлат ба мулки дигар банд,
Бу ки гардӣ зи бахт бархурдор. 

              Чӣ чора кунам

«Тан гирифтам, зи санги хора кунам,
Дили бетобро чи чора кунам?»[2]
Ҳокимони замона тизи харанд,
Хешро з-ин миён канора қунам.
Гар расад зӯри даст дар танашон,
Салаву ҷома пора-пора кунам.
Дар қазо рафтаву зи танҳоӣ,
Сол чанд аст, ки истихора кунам.
Дар раҳи вораҳӣ зи кулфату ғам,
Бар Худову Расул зора кунам.
Ёрӣ дар ресмони сабҳаи умр,
Донаи ашкро қатора кунам.

          БАР СӯФИЁН ИХЛОС НЕСТ

Чун маро бар сӯфиёни ин замон ихлос нест,
Ҳарки ихлосаш бувад, аз бандагони хос нест.
Хурдани сӯфира бинӣ ҳушт ай сар мепарад,
Ҳеҷ гови оғулӣ монанди ӯ алмос нест.
З-инҳоре тори мӯе з-ӯ маҷӯ, к-аз мумсикӣ,
Нос дорад дар капар, аммо бигӯяд нос нест.
Пога моломоли саргинасту аз фарти харӣ,
Чавгади мрғун варанги хонааш ифлос нест.
Тозагӣ амдо маҷӯ Ёрӣ зи табъи сӯфиён,
Як сари мӯ тозагӣ аз погааш то кос нест.

               Дармон нест

Зиндагиро низому сомон нест,
Дард афзуну лек дармон нест,
Заррае шафқате ба даврон нест,
Ҳиммате дар ниҳоди мирон нест,
Аз азал моми чархи каҷрафтор …
«Нон ба вақте диҳад, ки дандон нест»

           Аз бару аз шт мез

Ҳамчу мурғи крке раҳгзараш кт мезад,
Бенаворо ҳама дам кӯдаки хрпт мезад.
Пешпо одами бетолеъи кулфатзадаро,
Ранги як тоқишлик кӯсаву ҳам рт мезад.
Тешаи бе дами айёму таши кунди фалак,
Фуқароро ҳама ҷо аз бару аз шт мезад.
Ёрӣ дар кашмакаши манғиту саркардаи Ванҷ,
Ба димоғу даҳану чашми фалак ст мезад.

                     Хунрез аст

Олам аз шӯру шари манғитиён лабрез аст,
Ханҷари наҳси замон аз ду бараш хунрез аст.
Аз бари кӯҳу даман роҳату осоиш рафт,
Хирману кӯфаи мазлум ҳама ҷо бе без аст.
Навбаҳор омадаву лек ба ҳар ҷо бошад
Ҷони мардум ба гарав гарчи ҳаво гулбез аст.
Ёрӣ осоише аз умр ба Дарвоз маҷӯ,
Ки дар ин ҷо дами селоваи даврон тез аст.
 
                           Наҷӯме

Файзу футӯҳи дониш ай бехабар наҷӯме,
Ҷурғоту ширу қаймоқ ай гови фар наҷӯме,
Доим ниҳоли худрӯ тумчасту талх меваш,
Кори қабули мардум ай бепадар наҷӯме,
Аз хом пухтакорӣ чашми талаб надорум,
Тутписте дар ҷвозк ай тути тар наҷӯме.
Ҳастум ва як-ду лқма парвардаи қаноат,
Нволаи даҳанпур шому саҳар наҷӯме,
Мегӯм шеъри холис, ранги халоиқига,
Ай гову хар навомем, лоқу лапар наҷӯме,
Ҳастум ҳамеша Ёрӣ дар ҷӯстуҷӯи мазмун,
Ҳамранги мардуми Зинг дар кӯча хар наҷӯме.

                        Ҳелагарӣ

Умрҳо шуд, ки гирифтори тум, эй ҳелагарӣ,
Ҳама дам ташнаи дидори тум, эй ҳелагарӣ,
Ранги парвона надорум ба касе майлу ҳавас,
Моили оташи рухсори тум, эй ҳелагарӣ,
Рӯз дар пеши дарт мисли сагон нуж кнам,
Шав ҳама дар паси деволи тум, эй ҳелагарӣ.
Нест ҳечи ғамум ай евару шӯи сияҳут,
Талхакаф ай хши қимори тум, эй ҳелагарӣ,
Рама мепояву месораву қаҳрш храме,
Ёри дилталху длафгори тум, эй ҳелагарӣ,
Ғами ишқи ту мна бефараи давр караст,
Ҷигари хаставу бемори тум, эй ҳелагарӣ,
Ёрии мазлуму бечорара ғамгин караӣ,
Ба ҳазор доғ харидори тум, эй ҳелагарӣ.

                 Беҷо бидабаст

Кори Турсун ҳамааш ҳелаи беҷо бидабаст,
Оқибат ҳосили кораш раҳи Вахё бидабаст.
Ҷанги Дарвоза бдохтаст Карими[3] катасар,
Ки ба ин умаданш аҳмақи гумро бидабаст.
Ҳайфи он рӯзи даводав, ки набим Қалъаи Хум,
Агане аз сари ку вақти тамошо бидабаст.
Нисфи мардум, ки бимурданд таги тири камун,
Сабаби чанди дигар тармаву сармо бидабаст,
Мурдаи мардуми Дарвоза ба шотӣ барамен,
Бурдани мурдаи узбак ба ҷуволо бидабаст.
Мн бдуме, ки та Зоғурсира ҷкмез каран,
Тарси дунё ҳамааш дар дли онҳо бидабаст.
Амзашун зон, ки паси глханашон гашта ҳалок,
Ванҷӣ бай узбака як марги муфоҷо бидабаст.
Мрдара бор каран мардуми узбак ба ҷвол,
Ту гумон мекунӣ, ки харбзасавдо бидабаст.
Ёрии сурхсар ин байта барое мегуфт,
То бган мардуми Дарвоз, ки мирзо бидабаст.

                Кори Давлатдодхо

Дар замону асри он мири Музаффар подшо,
Як ғуломе буд, номаш буд Давлатдодхо[4].
Хизмате фармуд шаҳ ӯро ба Дарвози шариф,
Дафъатан ҳамроҳи сарбозони худ ӯ шуд ба роҳ…
Муддати сӣ рӯз он бадбахт азоби раҳ кашид,
Баъд аз он омад, расид бар он диёри пурбало.
Муддати ду сол он ҷо маснаду маъво гирифт,
Баъд аз ин ду сол ҷояш рафт Қосимдодхо…
Меҳрубонӣ кард ҳазрат гуфт: гӯед ӯ биёд,
Лек шамшераш бигиред аз миёни ӯ шумо…
Ҳамдигарҳоро бидида дар вилоёти Ғузор,
Карда беҳад дар ҳаққи фарзандҳои худ дуо…
Чун дароварданд назди ҳазрат он мардудро,
Бар даҳони ӯ задандӣ мушт хизматгорҳо…
Ресмон бар гарданаш бастанд бо сад ҷабру зулм,
Бурда партофтанд хизматгорҳо ӯро ба чоҳ…
Қатра гар якҷо шавад, Ёрӣ, занад селоб ҷӯш,
Худ ба зӯри мардуми Дарвоз мебошам гуво.

         Кори беҷо кардаӣ

Абулфайзо[5], номи худ охир ҳувайдо кардаӣ,
Дар миёни подшоҳон шӯра барпо кардаӣ.
Сӯхтастӣ Хилдиён охир ба сад ҷавру ситам,
Аз сари банди Птев Хӯфа тамошо кардаӣ.
Як сари мӯе набудат раҳму шафқат дар ниҳод,
Такя бар авбош бас коре ту беҷо кардаӣ.
Ғасбу тороҷ аст касбу дурӣ аз ҳар кори хайр,
Роҳу рафтори шағолу рӯбаҳосо кардаӣ…

              Ҳолум батар шӣ

Мусулмоно, аҷаб ҳолм батар шӣ,
Ки бахту толеам дар кӯҳ ҷар шӣ.
Надим дар умри хд як рӯзи бе ғам,
Ба ҳар млке ки рафтм, шӯру шар шӣ.
Ба ҳар кас лофи якрангӣ задум ман,
Маро душмантар ай каждуми зар шӣ.
Ба боғи хамб мундум остаак по,
Билағжидум ки мағзоям бадар шӣ.
Ба ҳар хуна, ки рафтум, соҳиби он,
Ҳануз дар пога бим, к-ӯ бадар шӣ.
Бидонум як лави нуне ки бхрм,
Нвола дар глу чун лки дар шӣ.
Бхӯрум ов ай боло бизом қурт,
Ки поюнтар брафту тумбатар шӣ.
Бшундум беди маҷнун, сар зад ангет,
Бдохтум харбза, ӯ каҷкапар шӣ.
Чаро Ёрӣ, зи бахти хеш нолӣ?
Ки толеъ дар азал ин буду бар шӣ.

Авалободи днёра надуме

Ғал ун ҷуни шрин ай дар бадар шӣ,
Навои андалебун зери пар шӣ.
Авалободи днёра надуме,
Ахирободи днё гӯзи хар шӣ.
Брафтан блблон ай боғу бустон,
Ки крҷк пеши глҳо нағмагар шӣ,
Чӣ чр-чр мекнӣ, эй хоҷа крҷк,
Нмози шум шавкӯрк бадар шӣ.
Биё, Ёрӣ та ай Дарвоз хезем,
Ки манғит ума ай Шғнун бадар шӣ.

                 Чӣ нжлқ бӣ?

Мусулмоно, чӣ нжлк бӣ, ки Рохарв овар ай рӯмун,
Хрокмун оши боқлӯгину тарси жоғар ай рӯмун.
Ҳамин ову чалу борундагӣ бай зқяна бас бӣ,
Зааст бозига фкри мурани гову хар ай рӯмун.
Ба хоки даҳр яксон гаштаам чун таҳпаликоҳе,
Лғайсум мекунад як подаи гову хар ай рӯмун.
Таги хешат маҷақмун кардаӣ, охир чӣ зулм аст ин,
Ту эй деволи заҳмат, иқа бисёр нажғар ай рӯмун.
Ба ранги тухми крмк паҳлигардун рағди қоқнда,
Ба ҳар дам золи дунё мешапад хокистар ай рӯмун.
Бимонад амта мирзоӣ, ба ранги модагови фар
Ба пода мисли тевл мепарад як лаг нар ай рӯмун,
Таги бори ғами дунё ба ранги тагдарӣ, Ёрӣ
Стм мондем амзо, боз мезад подар ай рӯмун.

               Навомем ғалак

Мачаке ай ду лави ёр навомем ғалак,
Шалпари зорму гуфтор навомем ғалак.
Занакун ҷамъ шиян мағзшакӣ дар шлақак,
Бевабозор дар ин кор навомем ғалак.
Боша чарми бқагов ай алами лойора,
Чоруқу мӯзаи блғор навомем ғалак.
Чнграк шставу чшмом ҷлқ дар хуна,
Оши берӯғани бозор навомем ғалак.
Хаставу зору ғабучк ба таи бори ғамм,
Санамо, вуч накн, ай тор навомем ғалак.
Орифи маънӣ ҳама карда ай ин млк фирор,
Суҳбати қавми дилозор навомем ғалак.
Блблу қумрӣ, ки жӯлидапару бол шиян,
Баҳси крҷк ба сари хор навомем ғалак.
Ёриё, чақ-чақу дспарниву кашталгирӣ,
Бо длу синаи авгор навомем ғалак.

                          Дарбадарӣ

Умрҳо шуд, ки ба ҳар мулку дари бегона,
Ҳамчу абри сари кӯем парешону ғариб.
Ба кӣ гӯему чи гӯем, ки аз толеъи шум,
Ай дареғо, ки ғаму дарбадарӣ гашт насиб.
Ёрӣ аз олами каҷрав караму лутф маҷӯ,
К-ин ҷаҳон худ ҳама дар вартаи домасту фиреб.

               Аз вайрона меҷӯ

Маро ҳамрангӣ аз парвона меҷӯ,
Суроғамро зи ҳар фарзона меҷӯ.
Ба лафзу маънӣ ганҷи шойгонам,
Бирав ин ганҷ аз вайрона меҷӯ.

                      Сагш ср кнаме

Шав ки умам ва дарт шамъи ту мл-мл кнаме,
Чархаша мунда амат пилташа фр-фр кнаме.
Важғапе зом таги полисаи оғлва прӯ,
Ай друн гови фарш нолшу нхшр кнаме.
Ва длм гуфта брам бингарм ун ҷуни шрин,
Рафтму дим, ки вапшт ховаю хр-хр кнаме.
Бахши ведор каранш санге ҳавола бкарм,
Саги зорш, ки бдӣ, бай рӯма ҳр-ҳр кнаме.
Лифама зом ва миюн бахши грехтан, угам,
Ва дилм боз бигуфтм, ки сагш ср кнаме.
Боз рӯзи дига рафтм, ки бшинм ва қатиш,
Мна ки дӣ ва паси новаҷо мнҷр кнаме.
Хуб вагармш, ки ва мн ҳеҷ гапи рост назад,
Ин дли Ёрира ҳар дам ва дрӯғ пр кнаме.

                          САЗОИ МО

Ало, эй Ванҷ, расво мекунӣ нағзак, макун, баркун,
Карӣ рт мижаву аврӯ, биёву ришма ҳам хр кун.
Гарангободи Рохарвт ба мо бисёр таҷанг умад,
Надорум қуввати жоғар, биёву Маймана сур кун.
Надонистем шукри неъмату инай сазои мо,
Фалак амяндамун партофт, гуфт: «оли тавамр кун»
Дили мо чун ҳавас маъзур бишкаст аз ғами даврон,
Ту метунӣ ки кавшерш ба қалъину нашодир кун.
Чӣ парво дорӣ, эй аблаҳ, ту аз неку бади олам,
Ва ранги гов ишкам пур куну шав хезу нхшр кун.
Ҷунун ғоратгари халқаст дар бозичаи дунё,
Ту дандун кун паноҳу генаи ғайждуна туфср кун,
Биё Ёрӣ, зи дасти сӯҳбати ин қавми дангоса,
Ва ранги абр бигрезу фиғон монанди тундр кун.

Дар мазаммати қозиву муфтӣ

Худовандо, зи ман бошӣ ту розӣ,
Нигаҳдор аз хурӯши қавми қозӣ,
На бим аз қозиву на аз раисам,
Малул аз муфтии мазҳарнависам,
Ки шон гаштанд бо эшон мушавваш,
Асо дар дасту бар кӯрон асокаш,
Ба ҳам шистанд ҳамчун ҳалқаи ҷим,
Дилошон танг мисли чашмаки мим.
Агар хоҳед, ки ёбед ин тариқа,
Зи ман расму русуми ин фариқа,
Нигини табъ дар ангушт созед,
Пас он гаҳ … Ёрӣ мушт созед.
Занед бар … худ ҳар як ду-се бор,
Ки то огаҳ шавед аз назму ашъор.

       Злфа парешун караӣ

Ғал бдуме, ки ту ҷун, злфа парешун караӣ,
Мнаки хрптка бесару сомун караӣ.
Амза зрвиму хапак шк-шки шк шим ба дарт,
Ови чшмм зи ғами буса чу Ҷайҳун караӣ.
Ба азизуну бзргуну калони Дарвоз,
Мни саҳмотаи дилхастара ҳайрун караӣ.
Ошиқи шефта Ёрист, нагӯ к-ай Ванҷай,
Ба хдо, ки мна дилбаста чу Маҷнун караӣ.

            Фош мегӯм

Фош мегӯм, ки ай дстаи зебосанаме,
Канда шӣ риштаи умед зи ҷону танме.
Ови чашмм ба раҳи дилбари бе меҳру вафо,
Амтаре рехт, ки дар дида намундаст наме.
Ёриро марҳамат аз моҳвашон нест умед,
Ай парӣ нест бай одам сари лтфу караме.

                Як ҳарф бас

Марди ҳақҷӯ одиласту додрас,
Марди доно камгапасту камҳавас.
Эй ки дар тинат на инастӣ на он,
Дар сари хони касӣ, як ҳарф бас.

               Тани танҳо

Брафтм сап-сапак андар Сари ду,
Ки Наврӯзм бдо як аспи ёбу.
Чунон рохим, ки ай Гишхун бадар шим,
Ба тавларзаву сармо сар ба сар шим.
Бгфтмшун, ки эи ёрон муборак,
Куҷо реме ақиби мо қаторак?
Нигаҳшун мекунум ҳар чор ҳастанд,
Ҳашарвор аз қафоям роҷа бастанд.
Таву тавларзаву сардарду сармо,
Ҳама як, Ёрии бечора танҳо.

Дар мазаммати Мулло Вазир

Гум шав аз ин диёр, ту эй хирасар Вазир,
Дандон фитода аз даҳанат мисли гурги пир,
Ҷо ёб, ҷой, рафта ба он ҷой ҷой гир,
К-аз шумият мабод занон тарки шӯ кунанд,
Ҳаргаҳ туро бубинану авру ғрӯ кунанд.

                   Навомем

Аз суҳбати фачи ҳар марди дағал навомем,
Дар оврингу кӯтал ёбуи шал навомем.
Дар як канора Ёрӣ, мевом, ки тоқа бошум,
Ҷамьияти харону мобузи кал навомем.

              Чӣ кме?

Думӣ андар шави ҳиҷрон чи кме,
Бе ту дар майлиси хубон чи кме?
Осмун бинаму дасте ба дуо,
Дигаре ҷои ту, эй ҷон, чи кме?

              Нокомӣ

Ҳосили умр ба ҳар марҳилае нокомист,
Мурғи толеъ зи қафас раста ба чанги домест.
Ёриё номи ту дар дафтари аъмоли замон.
Аз азал сабт ба бе толеъиву бадномист.

           Нохун надора

Дили бечораам дармун надора,
Азоби зиндагонӣ пун надора.
Зи дасти муфлисӣ овора Ёрӣ,
Бари сархориаш нохун надора.

             Сангеви дроз

Дар млки Сангеви дроз,
Дод мезанан ай беваҳо.
Гуфтм, нахр ғам э, тағо
Бай мони Гишхун амтарай.

                  Майли ҷинс

Ба ҷинси худ кунад ҳар ҷинс оҳанг,
Надорад ҳеҷ кас аз ҷинси худ нанг.
Ба ҷинси хеш дорад майл ҳар ҷинс,
Фаришта бо фаришта инс бо инс.

Дар мазаммати мири ҳарис

Баски ай сарвати днёӣ надорӣ серӣ,
Кнадат кашяни сармояи мардм дерӣ.
Э Худо, дар талаби носрие првоӣ,
Ин дъо ай тани ҳар гшнае дорад Ёрӣ.

          Шиква набуд

Солҳоест, ки аз васвасаи буду набуд,
Сари ҳарфе ба забонам гилаолуд набуд.
Бо ҳама шӯру шари зиндагиву нодорӣ,
Шиквае аз амали мардуми Бовуд набуд.

Дар ҷавоби таънагарон

Чун мазраи Рохарви мо,
Як гӯшае обод нест,
Аз гӯли мо донотаре,
Дар Мисру дар Бағдод нест,
Зинҳор бо ӯ барвабар,
Бо қрчиаш пулод нест.
Шасти таши устоияш,
Дар тешаи Фарҳод нест.

               СИПОС

Мардони сахитабъи диёри Бунай,
Гар даст расад, кунам навозиш бо най.
Дарёи саховатанду кӯҳи ҳиммат,
Доранд ҳавои лутф андар рагу пай.
Ёрӣ ба ҳузурашон забонкӯтоҳам,
Ин некиашон чи сон ба ҷо ораму кай.

Водхд ва сари хд шӣ

Ай шӯру шару тақдир,
Ай дсти ҷавону пир,
Ҳай валвала барпо шӣ,
Кори фачу беҷо шӣ.
Ай мардми гарданкаш,
Не риш раҳӣ не фаш.
Мир ай ҳамааш гт шӣ,
Водхд ва сари хд шӣ.

Насиби мо нашӣ

З-айшу нишоти ин ҷаҳон,
Ай молу мулки бегарон,
Ҳеҷ насиби мо нашӣ.
З-ангуру нону харбза,
Тути шрини хушмаза,
Ҳеҷ насиби мо нашӣ.
Ай маскаву ширу панир,
Ҳалвои бодому фатир,
Ҳеҷ насиби мо нашӣ …
Ай меҳри маҳруёни Ванҷ,
К-ар як ба ин мулканд ганҷ,
Ҳеҷ насиби мо нашӣ.

Ноҳисобдун

Шдам ай гшнагӣ дар роҳ,
Ба айёми хазон,
Ай дари содадиле,
Брдаи нуне талабон.
Соҳиби хуна бгфтм,
Ки ба мн деҳ дарак,
Ай шарикуну хару
Хингила, э гшнамарак.
Ай кҷо омадаеву
Сни ко дар сафаре.
Гшнаву тшнаи ин ра,
Ҳаматун чанд нафаре?
Гфтамш, Ҳотами Тойӣ ту:
Ва пштканда харак,
Мнаму амраи мн,
Нӯкари ша, Ванҷимарак.
Зани ун сода, ҳақи
Чоркаса нунм дод,
Тӯшаи ра шда вофиру
Расидм ба мрод.

          Потов

Брафтм қад-қади Потов,
Бхӯрм шав фақат барфов,
Бмундм то саҳар партов,
Найин гӯшай, брам Потов.

              Меҳмонӣ

Кӯтале тай кардаву бе азму ҳол,
Ноилоҷе мо шудем меҳмони Хол.
Чашм мурғак рафту омад дар назар,
Дар қрутовош рӯған хол-хол.

              Нун наёвӣ

Илоҳӣ Паткновӣ нун наёвӣ,
Ба вахти мрдант эмун наёвӣ.
Ба вахти мрдант иллову билло,
Шарике беҳтар ай шайтун наёвӣ.

              Ҳоли хароб

Ба як ҳоли харобум ай замуна,
Зи сӯзишҳо кабобум ай замуна.
Надим як лаҳза осоиш ай ин умр,
Шда гум сарҳисобум ай замуна.

Чашми меҳр кӯрай

Замуна бар дабирон тезу тундай,
Чу ови Панҷ сар то по зрндай.
Наку гар бингарӣ, рӯшод бинӣ,
Ки чашми меҳр кӯру зеҳн кундай.

Сарборӣ ба ранҷ

Ғам бори груне ба ҳама мардуми Ванҷай,
Нодориву бечорагӣ сарборӣ ба ранҷай.
Ҳуҷҷат[6], ки варо Ванҷи ману ганҷи мане хонд,
Оре, бари мирони пакар хамбани ганҷай.

    Олӣ ки фамим, чо кме

Аспо заам дар млки Ванҷ,
Ин байтро иншо кме,
Рангм ва ранги заъфарон,
Мн ақлу фаҳм якҷо кме.
Жоғар карам мсли капар,
Ай одамӣ гаштм бадар,
Имрӯз ай рӯзи дигар,
Сад хандаи беҷо кме.
Дар маърака оҳанчкун,
Ай мнда боло шинамен,
Мн бо ҷамеъи кӯдакун,
Буҷилма харболо кме.
Дука ббин ай ростӣ,
Пешқапаи чармк задаст,
Днё ва ранги чармкай,
Оли ки фамим, ҷо кме.

            Рӯ магардон

Санами гулрухаки марворӣ,
Рӯ магардон ба худо аз ёрӣ.
Аҷабе нест, ки дар рӯзи мабод,
Пухтакор аст, биёяд коре.
Нест молешу ба охир ёбад,
Дилаки санги туро бо зорӣ.
Як раҳе ноз куну чашм андоз.
Бо лаби ханда ба сӯи Ёрӣ.
 
            Толеи шум

Навмам ба ниго ба гулситон ғайр ай шл,
Глҳо ба баҳор мундаан ай ҳосл.
Ай толеи шум Ёрӣ надиву нашамӣ,
На нолаи блблеву не ҷлваи гл.

          Ай алавнаи ҷун

Не завқу на шавқ мундаастм ба миён,
З-алавнаи ҷун кме ҳама кори ҷаҳон.
Дасту дилм ай ҷаври фалак лозр шӣ,
Ай ёриву некиҳо наёфтем нишон.

                Фикри хато

Салаву фаш ба сарут нозебост,
Риши паҳни чапарут доми балост.
Суханат ланҷу фачу бе маънӣ,
Бидарӣ домани мантиқ чапу рост.
Ба авом гӯӣ ҳаме муллоям,
Дам фрӯ бар, ҳама ин фикри хатост.

             ВАНВАНИ БОЛО

Мевом, ки дар Ванвани боло бошум,
Бо сандали рт ай дми моло бошум.
Безорум ай ин мӯзаи глгуни хиром,
Дар хуна грснашини доро бошум.

                Гила аз умр

Ҳолу аҳволи парешон дорам,
Шиква аз толеъу даврон дорам.
Ҳеҷ як банда ба додам нарасид,
Сели хуноба ба домон дорам.
Ёрӣ аз ҷавру ситамҳои замон,
Гила аз умр фаровон дорам.

          Хираманғит

Ғами дунё ба андак кам намеша,
Зи оби дидаи мо нам намеша.
Ғуруру нилаи ин хираманғит,
Зи оҳу сӯзи мардум хам намеша.

            Сӯзи дил

Олам ҳама дар шӯру ғрев афтодай,
Сӯзе ба дил аз Маҳваши Зев афтодай.
Мардум ба кинояе ба Ёрӣ меган,
Ҳайфи бачазан, ба чанги дев афтодай.

             Маёзор дилро

Маёзор дилро ба номеҳрубонӣ,
Ки ошуфтаҳоласту бе меҳрубоне.
Надорад раҳоӣ зи тадбири Ёрӣ,
Илоҷи ҳама дарду ранҷаш ту донӣ.

           Интизор бош

Ёрӣ бирав муқими сари кӯи ёр бош,
Лутфу атое аз карамаш интизор бош.
Гар бо имое медиҳадат ваъдаи висол,
Гӯяш ба илтиҷой, ки дар як қарор бош.

                   Ита нест

Дар ғамт мурдаму мегӯм, ки ғамхор ита нест,
Ранги зарди мна бин, ҳеҷ гули хор ита нест.
Мурдм аз баҳрату аз ҳоли мнт нест хабар,
Ба худо духтараке, одами ҳушёр ита нест.

                  Сабзина

Эй духтари сабзинаи дар бунги Сро,
Рӯят сни мардумону пштат сни мо.
Як бори дигар ҷониби мо гар нигарӣ,
Каҳдуди сиё бадар шавад аз дили мо

                           Назира

Агар он шӯхи дарвозӣ ба даст орад дили моро,
Ба тори гесуяш бахшам дилу ҷону сару поро.
Ба ҷонон ҳарчӣ бахшам ман зи мулки хеш мебахшам,
На чун Ҳофизи Шерозӣ Самарқанду Бухороро…
Агар меҳмон шавад, ҷонро ба иқдомаш фидо созам,
Ба пояндозиаш бахшам Раву Жовуду Убгоро …

            Рехта риши пияри мо

Уфтод яке рӯз ба Роғак гзари мо,
Омос шӣ ай бори грун пшти хари мо.
Маълум шудӣ пеши халоиқ ҳнари мо,
Ай беҳнарӣ рехта риши пияри мо.

             Дил дағдағагар шӣ

Наврӯзу баҳор омаду дил дағдағагар шӣ,
Сарсабзу пур ай лола ҳама кӯҳу камар шӣ.
Ай пойлучӣ умада талхам паи кафян,
Як гудапияр ума, ки гови шаҳӣ ҷар шӣ.

                Бубин

Усто ту дар ин боғи пур аз мева бубин,
Дар ҳар таи тут қофилаи бева бубин.
Рангзард занон дидаам рӯзи баҳор,
Боз о туву нозу мастиву шева бубин.

         Сайли Рузвай

Ин моҳа бубин баромад ай пушти Нусай,
Аз қалъа баромадем сайли Рузвай.
Хубони ҷаҳону нозукон ай Рузвай,
Аввал дилуҷон сӯзану охир рагупай.
Сангест миёни ҳардушон ғалт занаме,
Гаҳ бар дари ин занаду гаҳ бар дари вай.

            Насиҳат гӯш дор

Омадам бар хонаат бо хоҳиши парвардигор,
Э бародар, назди ман шин, ин насиҳат гӯш дор.
Тезиву тундӣ макун ҳаргиз ту дар рӯзи баҳор,
Орзуи мо ҳамин аст, ки ду гул гирад қарор,
Мекунад камбудиҳо маълум ба пешат рӯзгор,
Арзи ҳолатро бигӯям наздат имрӯз ошкор…

               Мебинум

Днёра чи ҷои бевафо мебинум,
Хдма зи ғарибони Худо мебинум.
Бо ун ҳама молу сарваташ Қорунро,
Дар кӯчаи охират гадо мебинум.

               Омадаам

Ба дарат, э маҳи ман, рӯ ба ниёз омадаам,
Зи раҳи пурхатару дуру дароз омадаам.
Дари дилдориву уммед ба рӯям бастӣ,
Офарине ба мани хира, ки боз омадаам.

              Болош чунай

Зи соқаш то ба зону симгунай,
Худо дона аз ин болош чунай?
Аз ин болош мн таҳқиқ кардм,
Нҳоли мевадори сарнгунай.

            Катхдо шӣ

Шнавяй ин ки Наҷмон катхдо шӣ,
Нгини нқра ай дастш хато шӣ.
Нгини нқраи бандш бринҷӣ,
Ки рангу рӯйи ёрм каҳрабо шӣ.

                    Нашӣ парвот

Ғамндат чова ҳолм, ту напрсӣ дилбарм яхпк,
Нашӣ парвот ай хуни дилу чашми тарм яхпк.
Чӣ медунӣ, ки чанд вахт ай бароят ҷун каме охӣ,
Биё доманкашун як бор бай тори сарм яхпк.
Угам флхок ворӣ дар таи мткин бчк сарма,
Каполндам чи сивое ббин мағзи сарм яхпк.
Чи саргардуниҳову навҳа дорад ай ғамт Ёрӣ,
Чу симобе ҳаросун гаштаам оромӣ не яхпк.

                      Ланги омурнӣ

Аё, эй ланги Омурнӣ[7], ки беҷо ҳай карӣ харта,
Зи пурҷӯшӣ чу гирдобӣ, ки охир мехурӣ сарта.
Наӣ он лангаки дастон андар ҷангали Ғӯмай,
Ба вақти подабонӣ ҳар саҳар мекарданат … ?
Ба ранги … сарқоқиву аз ту ёру додар не,
Пагоҳӣ пири беморе …. модари фарта.
Агар Омурниёнро нест дар дил фикри …
Ба …. хеш ту фӯғе тарош он шохи ар-арта.
      
                           АБЁТ

 Бӯсаи лаъли лабат ҷуз ман ба осонӣ кӣ ёфт,
Ҷои кони лаълро ҷуз аз Бадахшонӣ кӣ ёфт?

                                ¤¤¤

Дар рӯзаки тӯй ҷангу ҷадал фойда надорад,
Озор макун, оқибаташ чора надорад.        

                              ¤¤¤

Мир ай параи Лӯла ҳай лӯву мағал дора,
Дар веху сари зунш сад ғал-ғали ғал дора.

                               ¤¤¤

Ҷониби мумсик, ки шуд дар об ғарқ,
«Деҳ» магӯ, «ма» – гӯ, ки дасташро диҳад.

                              ¤¤¤

Ҳақтаоло фаҳм бар мо дода аст,
Кундзеҳниҳо ба мулло дода аст.

                                ¤¤¤

Ман туро санҷида мегӯм, эй писар,
Аз хуруҷи нимчамулло алҳазар.

                              ¤¤¤

Чашми чоку чеҳраи муллотарош,
Бар тамаъ олуда буду гашт фош.

                            ¤¤¤

Аз гадотабъон лави нуне наҷӯ,
Чун намедорад равоят ови ҷӯ.

                              ¤¤¤

Блблон бе даму хониш шудаан андар боғ,
Ҷояшон машғала доранд кунун ғулбаву зоғ.

                             ¤¤¤

Чун туро бошад ба оғил молу гов,
Бенаворо шир бахшу рӯ матов.

                               ¤¤¤

Гар туро набвад саломе ё паём,
Алвидоъ, одамгариҳо шуд тамом.

                               ¤¤¤

Ҳимматат бошад ба ҳар коре баланд,
Мешавӣ дар байни мардум арҷманд.

                                 ¤¤¤

Бас сиво дидам, зи омолу калом
Нест бар муллову муфтӣ эҳтиром.

                               ¤¤¤

Аз дами досу тавар аз пешу пас,
Ҷангали Зуго надорад хору хас.

                                 ¤¤¤

Риш чун тахтаи дар, салла чу манги гулхор,
Ин қадар бори гарон дар тани озурда мадор.

                                  ¤¤¤

Ин чи шӣ, дар қаҳратуне ему веб,
Ас нашӣ гову хари моро насиб.

                                     ¤¤¤

Ин тараф дар сӯзу авғон марду зан,
Ун тараф дар нозу неъмат ғӯтазан.

                                    ¤¤¤

Марди берӯда, ки дар кнҷи кадо ғап задааст,
Мокии дмрту болест, ки важғап задааст.

                                   ¤¤¤

Муфтӣ бо хӯи фачу пои каҷу гардани қоз,
Малакутист, ки аз арзу само гӯяд роз?

                              ¤¤¤

Лқмаи нуни касе нест, ки дар чанги ту нест,
Лозрови сари ку дар хнкӣ ранги ту нест.

                               ¤¤¤

Ун шарике, ки ба вақте ба сарт шуна занад,
Дар ҳазар бош, ки рӯзе ба тагт фуна занад.

                               ¤¤¤

Бар гшна агар срхаву палпанг хшай,
Бар бангии ҳангӣ ғӯраи банг хшай.

                                ¤¤¤

Хшдуман агар рӯи хушт пеш ора,
Дар ҳар сари ханда нштару неш ора.

                               ¤¤¤

Панге, ки чапун надораву блҳавасай,
Дар ҳут ҳавои лолазорш ҳавасай.

                               ¤¤¤

На ҳар як шохи сархам мевадор аст,
Ҳазорон шохи хам бар мева зор аст….

                           ¤¤¤

Ту дур аз коргоҳ астӣ, чи донӣ,
Ки пуди зиндагӣ муҳтоҷи тор аст.

                         ¤¤¤

Коми мо аз мевааш шодоб шуд,
Ҷон раҳо аз вартаи гирдоб шуд.

                         ¤¤¤

Ман ғуломи марди олиҳимматам,
Кадхудоён лек дар Ванҷанд кам.

Шасти шахкамон

Дар Жамаг аз шасти тири Шахкамон[8],
Селаи нахчирро набвад амон.
Аз камонаш бе хатое меравад,
Ҳири ӯ бар сайду аз мо осмон.
Паҳлавонмардӣ ба номаш хатм шуд,
Дар Бадахшон зӯриаш шуд достон,
Ҳақтаоло додааташ сад ҳунар,
Ёриё, устоияш андак мадон.

Нома аз ғурбат

Рафтем бо сад сӯзи дил,
Чун аз диёри Ғӯмаяк,
Як умр маҳрум мондем,
Мо аз канори Ғӯмаяк.
Чандон, ки андар ғурбатем,
Дар дил намонад орзу,
Бинем агар бори дигар,
Фасли баҳори Ғӯмаяк.
Шояд, ки рӯзе мерасад,
Бо боли мурғи номабар,
Ин номаи сарбаста бар
Хешу табори Ғӯмаяк.
Бар дидаи аз ғам пуроб,
Онро, ки андар ғурбат аст,
Бошад ба ҷои тӯтиё,
Хоку ғубори Ғӯмаяк.

[1] Дар пайравии Хоҷа ҳофиз
[2] – Байт аз Фонӣ.
[3] Турсун ва Карим – гумоштагони манғития дар шоҳигарии Дарвоз
[4] Давлатдодхо – гумоштаи Аморати Бухоро дар Дарвоз. Солҳои ҳафтодуми асри 19 ӯ ба номуси духтаре таҷовуз кардааст, ки он боиси ошӯби мардум гаштааст. Барои паст намудани ғазаби мардуми Дарвоз Амир Музаффар фармон медиҳад, то ӯро зиндонӣ кунанд.
[5] Аз рӯи санадҳои бойгонии таърихнигор, профессор ҳ.Пирумшоев, баъди ишғол намудани Дарвоз аз ҷониби сарбозони манғития соли 1878 шоҳи Дарвоз Саид Муҳаммад Сироҷхон ба вилояти Фарғона ва гурӯҳе бо сарварии бародараш Абулфайзхон (дар баъзе сарчашмаҳо Абдулфайзхон) ба Афғонистон фирор намуда, бо дастаи роҳзанаш чандин мавзеъро тороҷ намудааст. Аз ҷумла, мавзеъи Хилдиёнро мавриди ғорат қарор дода, хонаву дари мардумро оташ зада аст. Хилдиён мавзеест дар Афғонистон – рӯ ба рӯи Хуф ва Пасхуфи ҳозираи ноҳияи Рӯшон. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки Абулфайзхон баъди шикаст хӯрданаш дар Афғонистон ба Шуғнон гурехта, аз он ҷо рафта дар мавзеи Учқурғони уезди Марғелон қарор мегирад.
[6] ҳуҷҷат – тахаллуси ҳаким Носири Хисрави қубодиёнӣ (1004-1088). Ба ривояте ҳаким баъди сайру саёҳати ин диёр қаноатмандона «Ванҷи ману ганҷи ман» гӯён хитоб намуда аст.
[7] Ланги Омурнӣ – лақаби ҳокими Омурн (ноҳия дар Афғонистон) аст, ки Ёриро санҷидани шуда шеъре гуфтааст. Шеъри ҳокими Омурн дастрас нашуд ва номаш низ номаълум аст.
[8] Аз рӯи нақли усто Шайхи Одина бобокалонаш Шахкамон – паҳлавон ва сайёди моҳир аз Жамаги Язгулом – шарикдарси Ёрӣ буда аст.

                         Аз рӯзгори Дороб ва фарзандаш Рустамбек – бобои Ёрӣ

  Донандаи розу ниёзу ҳолу аҳволи хонадони Дороб ва фарзандонаш Олимбеку Рустамбек – марди доно ва фозили ванҷӣ Қуввати Хол (1907-1988), ки ба қавли худаш гузаштагонаш ба ин хонадон пайвандие доштаанд, дар муддати як моҳе, ки ӯ ровӣ буду камина қаламкашаш, чунин иброз дошт: «соли 1927 баъди хатми мактаби дусолаи адлия маро бо роҳхати Ҳукумати Тоҷикистон ба ноҳияи Ховалинг фиристоданд. Солҳои 1927-1929 дар Ховалинг ва Оби Гарм раиси суди халқӣ будам. Дар Ховалинг бештар дар ҷустуҷӯи маълумоте дар бораи бародари калонии Рустамбек – Олимбек будам. Аз рӯи нақли бобоям ин ду бародар – саркардагони ҷавонони Ванҷ дар кадом ҷанге ба ёрии шоҳи Дарвоз сафарбар шуда будаанд. Ин ду бародар ҷавонони далеру тануманд будаанд. Баъди анҷоми кашмакашиҳои ҳокимони Дарвозу Кӯлоб алайҳи мирони Ҳисору Вахш бародари калонӣ Олимбек муқими шаҳри Кӯлоб, ё мавзеи дигаре дар атрофи он мешавад. Ман чандон суроғу пай кардам, маълумоти дақиқтаре ба даст наомад.
  Дар Ховалинг мӯйсафеди огоҳдиле бо номи Бобои Забирхон мегуфтанд, ки «падарам дар ҷавонӣ шиносе доштаанд, бо номи Олимбеки Дороб, ки замоне саркардаи сипоҳиён будааст. Ҳокими Кӯлоб барои ҷасорату мардонагиаш дар муҳорибаҳо дар минтақаи Даҳана ба ӯ қитъаи замине инъом карда будааст». Олимбек умри Саъдиёна дида асту вале фарзанд надоштааст.
  Рустамбек баъди ғолибият дар ҷангҳо ба Дарвоз баргашта, муддате саркардаи сарбозони шоҳ будааст. Дар деҳаи Сангев ба духтаре хонадор шуда, баъдтар ба деҳааш Ғӯмаяк баргаштааст.
  Зани Рустамбек аз хешони наздики Хоҷа Обиди Дарвозӣ будааст, ки дар боло зикраш гузашт. Рустамбек ду писар доштааст: Дод ва Маҳмадбек. Чун Дод ба камол мерасад, ӯро ба Васила ном духтаре хонадор мекунанд, ки духтари амаки қозӣ Иззатманд[1] будааст. Иззатманд се амак доштааст ва зани Дод – Васила духтари кадомашон бошад, маълум нест. Аз Доду Васила чаҳор фарзанд ба дунё меояд: Малик, Худоӣ, Муллоёр ва Гулхуним. Муллоёр ду фарзанд доштааст: Ғиёс ва Мирзо. Ҳамсари Ёрӣ Амчигул (Ҳамчугул) духтари Рабеъ аст, яъне духтари амаки Рафиқ ва Ҳикоят – бобо ва бибии профессор Нодир Одилов. Фарзанди бобои Рафиқ марди фозил ва рӯзгордида Раҷаб, ки солҳои зиёде корманди ҳизбӣ ва давлатӣ буд, мегуфт, ки аз рӯи нақли мардум Амчигул зани зебо ва ҳунарманде буда аст. Марди огоҳдилу доно, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ – Ҳиматшои Карамшо аз нақли падару амакҳояш ривоят мекунад, ки гӯё Ёрӣ пеш аз ҳиҷраташ аз Ванҷ ба ҳамсараш Амчигул насиҳат мекунад, ки «роҳ дуру олам пур аз ҳаводис аст», дар сурати баъди чор – панҷ сол аз сафар барнагаштанаш, ҳамсараш метавонад худро озод шумурда, барои хору зор нашудани фарзандон ба ҷуфти муносибе ба шавҳар барояд. Дар воқеъ, ҳамин тавр ҳам шуд. Ёрӣ дубора ба зодгоҳаш барнагашт. Мардум ин ҳолатро ҳаргуна маънидод мекунанд: баъзеҳо ранҷурӣ ва азоби дурии роҳ гӯянд, дигарон ин ҳолро аз шеърҳои тезу тунди шоир дар ҳаҷви миру мансабдорон ва сарватмандон навиштаи ӯ мебинанд. Дар охир, марде бо номи Саидмуҳиддини Скадӣ, ки дар замонаш ҳаводору тарафдори Ёрӣ буд, аз рӯи хайрхоҳӣ, Амчигулро ба никоҳ дароварда, ӯро бо ду фарзандаш ба хонаи худ меорад. Саидмуҳиддин марди орифмизоҷ буд ва ба мардуми бечораву бенаво дасти ёрӣ дароз менамуд. Соли 1934 бо дасисае ӯро бо ҳамроҳии писараш Назришо, ки замоне ноиби қозии Ванҷ будааст, зиндонӣ мекунанд. Назришо бо ҳар роҳу тадбир аз мансабдорони ГПУ илтимосу илтиҷо мекунад, ки ба ҷои падараш ӯро муҷозот кунанд. Чун ГПУ дар амали Саидмуҳиддин кори норавое наёфтанд, ки сабаби харобии давлати Шӯро гардаду вайронии мулк, пиронсолиашро ба назар гирифта, ӯро озод намуданд, аммо ҷигарбандаш Назришо бе ному нишон шуд. Саидмуҳиддин соли 1935 аз олам даргузашт. Амчигул низ баъди умри дарози бобаракат, ҳамон сол дар сини 95 солагӣ аз зиндагӣ чашм пӯшидааст. Набераи Ёрӣ ва Амчигул, яъне духтари Ғиёс – Сафармоҳ солҳои 80-уми асри 20 вафот кардааст. Наберааш Бегимо ҳоло дар қайди ҳаёт аст
  Фарзанди калони Ёрӣ – Ғиёс табъи шоирӣ доштааст ва чун падараш ба ину он воқеа шеър мебахшида аст. Чанд сатри шеъри гилаомезашро, ки ходими илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев – фарзанди омӯзгори собиқадори Ванҷ Ҷаббор Мирзоев, ки ҳаводори ашъори шоир буд – пайдо карда аст, далели ин даъвост. Ривоят мекунанд, ки боре Абдусамадбег писари Иззатманд аз чи бошад, ки дар кадом маъракае Ғиёсро даъват накарда аст ва Ғиёс баъди шунидани ин хабар ранҷида, ин сатрҳоро иншо кардааст:
                               Ҳамсояйи пайндатм,
                               Убари ов палиндатм,
                               Тан ки надой, эй Авсамад,
                               Ай хешу қавми бобатм.

                               Мо мундаем дур ай нига,
                               Кардӣ ту ҷаҳт ай ҷойи га,
                               Дар байни хешо баъди ин,
                               Рафту умад ай койи га?

  Фарзанди дигараш – Мирзо гунгмиҷоз буд ва шояд аз ҳамин ҷиҳат бошад, ки мардум ӯро Мирзоча мехонданд. Бештар дар деҳаи Бовуд дар хонаи Қозӣ Иззатманд мезист. Ба қавли амаки Абдусамадбек – фарзанди Иззатманд Мирзо ба падараш Ёрӣ ва набераи амакаш Ширинбек бисёр монанд будааст. Мирзо гунги модарзод набудааст. Дар хурдсолӣ чи беадабие мекунаду зани амакаш ӯро дар таги оби хунуки фиҷол (шаршараи сунъӣ) медорад. Баъди ранҷурии дуру дарозе саломат мемонад, вале аз забон маҳрум мешавад.
  Ба ростӣ, Мирзо ба Ширинбек монанд буд, яъне гуфтаниам, ки ҳардуяшон мардони тануманд ва зебо буданд. Ман амаки Мирзоро бештару наздиктар мешиносам, зеро маро чандин маротиба аз деҳаи Бовуд ба хонаи падарам деҳаи Бунигаи ҷамоаи Водхуд бурда оварда буд. Бобоям Назир нисбат ба амаки Мирзо эҳтироми зиёде дошт.
  Одатан одамони гунг гапашонро бо имову ишора фаҳмонданӣ мешаванд, вале Мирзо аз ин қабил гунгҳо набуд. ӯ номи касеро талаффуз карданӣ бошад, ҳиҷо ба ҳиҷо, гӯё гап мезадагӣ барин, нафасашро кашиш медоду ҳарфи охирини номро сиво талаффуз мекард. Барои мисол номи маро гуфтанӣ мешуд, дар ҳамин вазни номи ман фақат ҳарфи охири ном «О»-ро мешунидам. Узви шунавоии Мирзо комил буд, садои пасттаринро ҳам мешунид. Замоне машшоқу ҳофизи номӣ Драв Шамсиддинов ба аёдати апааш – зани амаки Абдусамадбек-янгаи Нозюн ба деҳаи Бовуд меомад, дутор ё сетор менавохт ва Мирзо ҳама тан гӯш шуда, кайфияти хосае мебурд. Ман қаҳру ғазаби Мирзоро барои коре, ё амали норавое дар ёд надорам. Аз касе ё амале малол шуданашро бо сарҷунбонӣ ифода менамуду бас. Аммо боре оби чашм рехтанашро дидаам. Ин ҳодиса дар ҳолате рух дод, ки Драв Шамсиддинов бо сетор ғазалеро суруд. Матлаи ғазал:
Гуландоме ки олам зери по чун соя паст ҳасташ,
Ба авҷи хонаи хуршед истиғно нишаст ҳасташ,
буда, анҷоми ғазал чунин аст:
Дили ғамдидаи ушшоқ дар баҳри талаб Ёрӣ,
Чу моҳӣ то муҳайёи тапидан шуд, ба шаст ҳасташ.
  Суруд дар авҷе танинандоз мешуд, ки ҳар каси каму беш аз аҳволи Ёрӣ ва воқеоти замон огоҳ, агар дилаш аз санги хоро ҳам мебуд, оби чашм мерехт. Ин ҳолати ҳузнангез гувоҳи он аст, ки шунавоии Мирзо мукаммал буд ва бо шунидани номи падараш оби дида рехт. Бори дувум оби чашми Мирзоро соли 1940, вақте падарам Муҳаммадбасирро, ки соли 1937 «душмани халқ» эълон шуда буду аз зиндони Намангони Узбакистон бо роҳи Помир ба Ванҷ барои мурофиаи судӣ оварда буданд, дидам. Корманди милиса Назармаҳмади Одештӣ ба бобои Назир ваъда дода аст, ки рӯзи навбатдориам набераатро назди падараш мебарам. Азбаски девори атрофи ҳабсхона бисёр баланд буд, амаки Мирзо маро бо як азобе сари девор баровард ва Назармаҳмад бо зинапояе поён фароварда, пеши падарам бурд. Ман, ки бе падар калон мешудам, тарҳи чеҳраи падарам дар хотирам набуд. Баъди навозиши бисёре ва оби дида рехтани падарам, аз мӯйлабаш, ки дар кӯдакӣ барои ман бозичае буд, дарк намудам, ки ин марди хушбурут падари ман аст. Ман навозиши ширини падарро бори аввал эҳсос менамудам. Аз ин пеш ингуна навозишро дар хотир надорам, вале аз ин баъд ман дар ҳукми ятимони аз навозиши падар маҳрумшуда будам.
  Мирзо ба иллати гунгӣ зану фарзанд надошт ва соли 1942 дар замони ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар синни 80 ё 81 солагӣ аз олам гузаштааст. Ман борҳо бо язнаамон Қуввати Хол оиди синну соли амаки Мирзо баҳс кардаам. Ба қавли Қуввати Хол «Ҳақтаолло ба Мирзо ба ҷуз забон ҳама чиз: қаду бару бозуи тавоно, чеҳраи кушодаву тарҳи рӯи зебо дода.» Дар ҳақиқат, бисёре аз одамони ин синну сол бо асо мегарданд, вале амаки Мирзо бо ин умраш аз ҷангали Зуго пуштора чунон бори калони ҳезум меовард, ки на ҳар ҷавоне метавонист онро бардорад.
  Бародари калонии Ёрӣ – Мулло Малик, ки баъзе тадқиқотчиён ӯро ба хато падари шоир донистаанд, марди бо маърифату соҳибмаълумот ва қории Қуръон будааст. Чаҳор фарзанди Мулло Малик: Мулло Одина, Мулло Назрӣ, Гул ва Ҷрӯв саводи ибтидоиро аз падарашон омӯхтаанд. Мулло Одина дар ҳусни хат устоди нотакрор будааст ва хати настаълиқро бисер зебо менавиштааст. Девони Хоҷа Ҳофиз ва Мирзо Абдулқодири Бедил бо ҳусни хати зебо ва хонои Мулло Одина нусхабардорӣ шудаанд. Девони Хоҷа Ҳофиз бо хати ин хаттот солҳои 70-уми асри ХХ аз ҷониби марди фозили Потовӣ Қуввати Хол ба муаллифи ин сатрҳо тӯҳфаи бебаҳое шудааст.
  Мулло Одина чаҳор фарзанд доштааст: Аёз, Гулворӣ, Бухорӣ ва Ҳисорӣ. Набераҳои Мулло Одина – фарзандони Ҳисорӣ имрӯз дар ҷодаҳои гуногун фаъолият доранд. Аҳмади Ҳисорӣ чун арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият дорад. Адҳами Ҳисорӣ солҳо боз омӯзгори насли наврас аст. Ҳикмати Ҳисорӣ олими маъруфи тоҷик, доктори илми биология, узви вобастаи Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Пажуҳишгоҳи растанишиносии АИ Тоҷикистон аст. Шораҳмати Ҳисорӣ яке аз муҳандисони номдори соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ эътироф шуда, Ҳомиди Ҳисорӣ касби муҳандис-механикро интихоб кардааст.
  Фарзанди хурдии Мулло Малик Мулло Назрӣ марди ориф ва донишманд будааст. Ин ҳамон Мулло Назриест, ки соли 1923 яке аз аҳли хонадони шоҳони Дарвоз Фатҳалишо бо дастаи роҳзанаш бо мақсади ғоратгарӣ ба қаламрави Ванҷ ҳуҷум оварда, девони Ёриро аз дасташ кашида гирифта буд. Оқибат Фатҳалишо ба зарбаи сарбозони инқилобӣ ва мардум тоб наоварда, шармандавор ба Афғонистон фирор намуда буд.
  Мулло Назрӣ шаш фарзанд доштааст: Дод, Ҷаббор, Маҳмуд, Идимо, Моҳбибӣ ва Саид. Фарзанди калонии Мулло Назрӣ – Додро солҳои сивуми асри 20 чун «унсури ноустувор нисбат ба давлати Шӯро» ба Кӯлоб муҳоҷир карда, аз сарҳади давлатӣ дуртар бурдаанд. Ин ба он ният будааст, ки худо накарда Дод ба душманони синфӣ забон як карда, ба Афғонистон ё ягон давлати дигар фирор накунад. Дод дар деҳаи Даҳанаи назди шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекард ва ба кори деҳқонӣ машғул буд ва баъзан шеър мегуфт. Фарзандонаш дар ҳамин мавзеъ истиқомат доранд. Ҷузгире бо чанд варақи дастхати Ёрӣ дар дасти Дод буд.
  Фарзанди хурдии Мулло Назрӣ – Саид муқими деҳаи Ғӯмаяк буда, ба деҳқонӣ машғул аст. Фарзанди Саид – Рустамбек, ки корманди радиои тоҷик аст, табъи шоирӣ дорад ва шеърҳояш дар матбуоти даврӣ интишор меёбанд. Намунае аз эҷоди ӯ, ки ба хотираи бобокалонаш Ёрӣ бахшида аст:

Мардони ҷонфидо, дар тӯли асрҳо,
Умри азизашон хизрона бурдаанд.
Лаҳни асили хеш, то дуриҳои дур,
Лабрези шеъри тар қудсона бурдаанд.
Он рӯҳҳои ғам мардони зиндадил,
Ёрони бовафо, соҳибдилони пир,
Рӯъёи ҷоми ҷам, авроқи зиндагӣ,
Бо хомаи умед, не бо камону тир.
Имонашон қавӣ, виҷдонашон сухан,
Вомондагони пеш, дар остони шеър.
Ҷамъи муҳаббате, дар умри хештан,
Ангезаҳои дил, рӯҳу равони шеър.
Пайғамбарони ҳақ, дар осмони дил,
Нерӯи зиндагӣ, дар маҳфили ҳунар.
Ҷовид гаштаанд, чун шӯълаҳои меҳр,
Исёнгари сухан, бар аҳли бехабар.

  Зодгоҳи Ёрӣ Ғӯмаяк дар гузаштаи начандон дур як гӯшаи зебоманзаре буд, вале дар асари сели даҳшатовари 1 августи соли 1996 хароб шуда, дар доманаи кӯҳ чанд хона ва чанд дарахт намунае аз боғоти анбуҳи он боқӣ мондаанд. Ба қавли устод Рӯдакӣ:

Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд,
Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон буд.

  Абераву чабераи Ёрӣ аз ин даҳшати табиат бехонумон гашта, бо сӯзу гудозе арзи ҳол менамуданд. Саид Назрӣ дар сӯгвории зодгоҳаш Ғӯмаяк навҳагар буд:

Ё илоҳо, тавба кардам, ногаҳон тӯфон шудӣ,
Ғӯмаяк бо боғу роғаш зери хок яксон шудӣ.
Рӯи дилҳоро сиёҳӣ аз ду ҷониб бар гирифт.
Чеҳраҳо пажмурда гашту дидаҳо гирён шудӣ.
Ғӯмаяк будӣ макону маскани аҷдоди мо,
Аҳли деҳа ҳар тараф овораву сарсон шудӣ.

  Муаллим Ҷумъа Сиязода, ки солҳо боз машқи шеър менамуду ба бисёр воқеот шеър мебахшид, аз фоҷиаи Ғӯмаяк низ дар канор намонда, бо сӯгворие дарди дил намуда аст:

Деҳаи обод будӣ дар замонҳои куҳан,
Дар шаҳомоту тароват буд рашки сад чаман,
Ман чи гӯям, ҳарфи авсофаш нагунҷад дар сухан,
Даҳшате бар Ванҷ омад, навҳагар шуд марду зан,
Зери лою санг шуд зебодиёри Ғӯмаяк…

Шуд равон з-ин нохушӣ аз дидагонам ашки ғам,
Оҳи дардолуд аз дил мекашидам дам ба дам,
Дил тасаллӣ додаму ин ҳарфҳо кардам рақам,
Ин мухаммас гуфтаам, Ҷумъа, ба сад дарду алам,
То бимонад сатрҳоям ёдгори Ғӯмаяк.

[1] Қозӣ Иззатманд марди фозилу мактабдоре буд. Соли 1929 бо фитнабозии фирқаи ношуде ҳамроҳи як идда аҳли илму ҳунари мардуми Ванҷ, ба монанди: Мулло Умар, Мулло Насриддин, Мулло Файзулло, Сӯфӣ Мирзошариф ва Мулло Одина чун «душманони халқ ва унсурони ба сохти шӯро бегона» дар маркази Бадахшони шӯравӣ ба қатл расонида шуд.

                  ЛУҒАТ

 Аврун – абрӯ
Агане – вагарна
Ай –аз
Ай ҷойи га – аз дигар ҷо
Ай койи га – ба кадом ваҷҳ
Ай ко бӣ – аз куҷо буд
Айқирун – фиғон, мағал
Аманда – ҳамин ҷо, дар ин ҷо
Амат – амаат
Амза – ҳамин қадар, миқдор
Амтарай – ҳамин тавр аст
Амута – аломати рад, ҳамин тавр
Амчигул – ҳамчун гул, монанди гул
Анда – ин ҷо
Аранге – бо ҳилае
Ағба – оқиба, кӯтал
Афк – гиреҳ
Афлок – фалак, холӣ
Ахса – атса
Аъмол – амал

Б

Бадар шӣ – берун шуд
Бай мова – тарафи боло
Бай монӣ – дар мо ҳам
Бай мофре – тарафи поён
Батар – бадтар
Бахши чӣ – барои чи
Бахя – дарз
Бган – бигӯянд
Бдуме – медонам
Бе дам – тешаи бе дам , тешаи кунд
Бебандов – бе кас, бечора
Бева – зани бе шавҳар
Бзнов – оби чакка, ки аз халта чакад
Бқ – кулӯла
Бидабаст –будааст
Бим – тарс
Бим – будам
Бима – омад
Бӣ – буд, будаст, бошад
Боба – падар
Бовуд – деҳа
Бу – бошад, ки…
Бунига – деҳа.
Бчк – бикӯб, бизан

В

Ваам –бо ҳамин
Ваам дасти чапум – бо ҳамин дасти чапам
Вагармш – қурбонаш шавам
Важғап -афтидагӣ, якҷо монда
Ванван – деҳа
Вардорш кашӣ -дунболагираш кард
Вардошт – бардошт
Ватрақта гӣ (бгӣ) – дар ҷоят ист (шин)
Веда – зани бемаънӣ
Венога – ногаҳон
Вех – бех, бунёд
Взнич – алаф
Влнга – шӯъла
Вожидан – гуфтан
Вофир – фаровон
Всто – усто

Г

Гво – гувоҳ, шоҳид
Гена – бозии бачагона, амсоли буҷулбозӣ
Гишхун –деҳа
Главшун – сурхча
Го-го – гоҳ-гоҳ
Грмайман – дар як ҷо истодан
Грмбаст – гулдурос
Грмбаст давӣ -тез давид
Грун – гарон, вазнин
Гт – мағлуб
Гудапияр – падарлаънат
Гӯлабата – бе ақл
Гшна – гурусна

Ғ

Ғайжд -чиркин, олуда
Ғайждун -кӯдакон
Ғал-ҳозир,амғал -амғалак – худи ҳозир, ин замон Ғӯмаяк -деҳа, зодгоҳи Ёрӣ
Ғдора -кӯзача
Ғмк -дам, нафас
Ғрӯ – гиреҳ
Ғузор – шаҳр дар Узбекистон
Ғулу – ғулув, зиёда, аз ҳад берун

Д

Дамбаста – хира, дамгирифта
Дамдор –азиз, меҳрубон
Дангоса – пакар,бе ҳунар
Дспарнӣ – дастпаронӣ
Девол – девор
Диёр – намоён, чашмрас
Диёр – маҳал, зодгоҳ
Диёргӣ – ба чашм намоён, чашмрас
Дим – дидам
Диянӣ – дидорбинӣ
Дрягӣ – даридагӣ
Дсмӯза – даспӯшаки чармӣ барои хордарав
Дук – олати ресандагӣ
Думӣ – медонӣ
Дуно – доно
Дух – дуд

Ж

Жавай – мавзеъ дар Афғонистон
Жамаг – деҳа дар Язгулом
Жмблӣ – кирми аз намӣ пайдошуда
Жовуд – деҳа
Жовян – хоидан
Жоғар – иллате, ки аз вайронии хун дар гардан пайдо мешавад
Жғарва – вайрона

З

Зааст – задаст
Зқян -ғам хурдан.
Змба – теппача, баландӣ
Зниф -деҳа дар Афғоннстон
Знк – дам, знкта бги – даматро гир
Зо – зад
Зон -заданд
Зор – дилбастагӣ, муҳтоҷӣ
Зоғурсӣ -кӯтал
Зош – задаш
Зрвян – зорӣ, илтиҷо
Зрнд – гирдоб

И

И – ин
Ибара -ин тараф, ин сӯ
Иқа – ин қадар
Инай – ин аст
Инс – одам
Ита -ин хел, ин тавр

К

Кабме – менушам
Капар – обкаду, носкаду
Караӣ – кардаӣ
Кашян – кашидан, бурдан
Кисват – либос, пӯшок
Кифо – кофӣ
Кме -мекунам, кардан
Кос – шифти хона
Кравск – ташна
Крҷк -гунҷишк
Крйег – алафи индов
Крк – мурғи курк, мокиёне, ки барои ҷӯҷабарорӣ болои тухм мешинад
Кт –нӯл задан, минқор задан.
Курговад – деҳа дар ноҳияи Дарвоз
Кӯк – дарз

Қ

Қалъаи Хумб – маркази ноҳияи Дарвоз
Қрзмб – анбӯҳ
Қрмб – санглох, серсанг
Қрт – кулӯла, лунда
Қрч – соф, холис

Л

Лав – лаб
Лавунд- марди муҷаррад, марди ҳузарб
Ладо – навозиш
Лаҳн – забон, шева
Лич – луч, бараҳна
Личак – бе изо, бе парда, бе шарм
Лоқ – либос
Лғайсум -лагадкӯб
Лғат – лагат, шалоқ
Лӯв – фарёд, овоз баровардан
Лӯла – теппа, баландӣ

М

Мавлавӣ – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
Майдун – майдон
Маймана -шаҳр дар Афғонистон
Мак – гардан
Манг –ғарами ҳезум
Мевом -мефорадам, мехоҳам
Мега -мегӯяд
Мемун – меҳмон
Мерад -меравад
Мерам -меравам
Месора -мана месора – роҳи маро мепояд
Мешапат- шапидан, пошидан, задан
Мирзо – доно
Мн – ман
Мнҷр – кулӯла
Мобуз -модабув
Мткин – санги кулӯла
Муҷрим – гунаҳгор

Н

Набим -набудам
Набимӣ – намебинӣ
Набӣ -набуд
Набу – набуд
Навма – наомад
Навомем -намехоҳам
Надуме -намедонам
Нажғар -нагард, на афт, нағел
Назир – ҳамранг, монанд
Наҷӯме – намеҷӯям
Нарайӣ – раҳо наёфт
Нахо – наход
Нашӣ – нашуд
Нваҷо – новаҷо, ҷои мондани дег, табақу карсон
Нила – пилк, шахнила -хирачашм
Новмеш -намехоҳад
Носрӣ – бурда, пора
Нумаке –андаке
Нумакеш бду – андакаш бидеҳ
Нусай -мазеъ дар Афгонистон
Нхшр – кавша
Ншлқ –бало, офат
Ншун – нишон, осор

О

Ов – об
Овла – обила
Овринг – роҳи мушкилгузари кӯҳӣ
Олак – бе қадру қимат
Оли – ҳоло, ҳамин дам
Омурн -мавзеъ дар Афғонистон

П

Палӣ – паҳлу
Пак – бозии кӯдакона, ки дар сурб ё курғошим порчаи пусти бузро насб карда, пеши по зананд
Пдшк – пашм (бӯи пдшк – бӯи пашми сӯхта)
Питк – паҳн
Пияр – падар
Плефта – ёва, гапи бе маънӣ
Поргӣ – дарбеҳ
Потлк -почазанӣ
Пр – пур
Првоян – аз гуруснагӣ ба ҳалокат расидан
Птк – пӯк,чӯби кирмхурда
Птхус – чангу ғубор
Пун – поён

Р

Рав – деҳа
Рай – шаҳр дар Эрон
Рағд -замини холии 6е ягон ҷиҳоз
Роғак – маҳал
Рохарв -маркази Ванҷ
Рохидан -тез рафтан, роҳ рафтан.
Рт – чизи фарсудаи бе ранг, бе мӯй
Рузвай – деҳа дар ноҳияи Дарвоз

С

Саҳмота – сода, нодида
Саҷҷода – ҷойнамоз
Сангев –деҳа дар ноҳияи Дарвоз
Сандал – чоруқ. пойафзол
Сапи орд -як каф орд.
Сари ду–Сари деҳ – маҳал
Селова –шамшер, ханҷари дудама
Сепист – талқони себ
Сни ко – ба куҷо, ба кадом тараф
Содалавҳ – содадил
Сп – нобино, кӯр
Ст -хок
Сувайдо – гарди чашм, нишон
Суд – фоида, баҳра
Сулук – роҳ, тариқат
Суро – Сарой -маҳалла
Сустан -маҳалла

Т

Тава -бад, одами мумсик.
Таносуби рангҳо дар шеваи диёри Ёрӣ
Таш – потеша
Тимч -талху турш
Тлаяк –сагбача
Тоқишлик -кулоҳи куҳна
Трғза – ғазаб
Тум – туам
Тутпист -тути дар осиёб орд карда, талқони тут

У

Убго –деҳа дар ноҳияи Ванҷ
Угам – он гоҳ
Ума – омад
Умам – модарам
Умам – омадам
Уман -омаданд
Ун – он
Уфтаст – афсӯс, уфтаст кар – афсус хӯрд

Ф

Фалҳос – сода, бе фаҳм
Фар -ҳайвони бе насл
Фархи сар – фарқи сар
Фач – бемаза
Фиҷол – обпар, шаршараи сунъӣ
Фиток – ҳуштак
Фияк – шонаи китф, фияки овдйи -як навъ олоти деҳқонӣ, ки аз чӯб дар шакли шонаи китф месозанд
Фк – манаҳ
Флқ – ҳозир шудан
Флқаст гристан – якбора гиря кардан
Флхок – чормағз
Фравҷов -оби баъди шустушӯи дегу табақ
Фрҷа – фурсат
Фрнӣ – оби ордолуд
Фрфрок-чапагардон

Х

Хамб -ҳамвор, боғи хамб- боғи ҳамвор
Хамбо –чобук
Хдма – худамро
Хилдиён – мавзеъ дар Афғонистон
Хмгӣ – майда, нонреза
Хмча – навда
Хпк – майда, гард, зарра
Храме -мехурад
Храхӯра – бодхурда, ранҷур, пес
Хрме -мехурам
Хрптӣ -ношуд,бе ҳавсала
Хср -падарарӯс
Хуф – деҳа дар Рӯшон
Хуш -хушдоман

Ҳ

Ҳалалот – фарёд, шавқун
Ҳапуков – атола, оби ордолуд
Ҳелагарӣ – азиз, меҳрубон

Ч

Чавгад -катаки мурғон
Чаплоқ -ҷомаи дарида
Чармк – чарс, далер
Чи кме – чи мекунам
Члфс -одами беҳунар
Чова – чигуна.
Чу кн – шитоб кун, ҳамла кун

Ҷ

Ҷавин – нони аз орди ҷав пухташуда
Ҷал, ҷалтарак – тезтар, тезтарак
Ҷаҳт – даъват тӯй, зиёфат
Ҷвозк – ҳован
Ҷилак – латтапора
Ҷинҷ – оҷинг
Ҷлдқ – айёр, бе изо
Ҷлқ – лабрез, пур
Ҷрм – ҷирм, дард. Хуб бе ҷрм шияй? – Хуб бе дард шудаӣ?
Ҷрт – боди мухолиф
Ҷрту прт – даму ҳавсала
Ҷғел – чигил, дарида
Ҷун – ҷон
Ҷундарнок – бе қарор, бе адаб
Ҷӯгун – чавгон

Ш

Шамбар -якҷомонда, дар як ҷо қарор гирифта
Шаст – олати моҳигирӣ
Шаст – чолокӣ, чобукӣ
Шахин – орди нахӯд
Шим – шудам
Шӣ –шуд
Шлмтк –хом, бе таъм
Шт –бех, бунёд
Шғнӣ – шуғнонӣ

Э

Эвар – бародари шавҳар
Эвол – убол
Эмун – имон
Эстаан – истодан
Эфтаан – афтидан
Эфтагӣ – нони дар танур афтида

Я

Ява -боло, баландӣ, осмон
Яла – кушода
Янда -ин ҷо
Яфре -поён, пастхамӣ

Таносуби рангҳо дар шеваи диёри Ёрӣ

Бӯр – бӯри бе нур, бӯри хингала
Зард – зарди гули хор, зарди залич (парранда), зарди заъфарон
Кабуд – кабуди нил, нилобигун
Сабз – сабзи талха, ранги навбаҳор
Сафед – сафеди шир, сафеди барф
Сиёҳ – сёҳи лахча, сиёҳи пари зоғ, сиёҳи куни дег
Сурх – сурхи гули нор, сурхи аловката
Хинг – хинги кавӣ, хинги лозур

9./ Пирумшоев Ҳ .  Ванҷ. – М., 2004. -Саҳ. 359- 360

               Ҳайдаршо Пирумшоев

                  Мулло Ёри Ванҷӣ

  Ёрӣ бузургтарин намояндаи адабиёти классикии форс – тоҷик дар Ванҷи тоинқилобӣ мебошад. Аз ҷавонӣ ба сурудани шеър оғоз кард. Ба марказҳои фарҳангии замони худ дар робита буд. Дар кори эҷодӣ бештар ба сабки Мирзо Абдулқодири Бедил майл дошт. Вале ба шакли Бедил мураккаб наменавишт. ӯ танҳо ҷасорати Бедилро пайравӣ мекард.
  Соли таваллуди ӯ то ҳанӯз дақиқ маълум нест. Муҳаққиқи асри Ёрӣ устод Басир Расо бар ин назар аст, ки шоир соли 1829 дар деҳаи Ғӯмаяки Ванҷ таваллуд шудааст. Бобояш Рустамбек аз авлоди косибон, падараш Доди дуредгар буд.
  Муҳити танги ноҳия, ки барои аҳли илм созгор набуд, сабаби он гашт, ки шоир дар охирҳои зиндагӣ ватани худро тарк намуда, ба Бухоро, Афғонистон, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ фирор кунад. Оқибат соли 1913 дар шаҳри Маккаи Арабистон вафот кард. Ёрӣ воқеан охирин намояндаи бузурги адабиёти клас­сикии мост, ки дар гӯшаю канори Бухорои Шарқӣ овора гардида, рисолати шоирии худро идома бахшид. Шеъри Ёрӣ шеъри маънӣ ва воқеияти иҷтимоии халқи мо дар охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри XX буд. Ҳатто ин мероси андаки ӯ, ки ба ҳукми тасодуф дар байни мардум боқӣ мондааст – гувоҳи он аст, ки ин шоири ҷасур ва озода то охири умр дар назди мушкилоти иҷтимоӣ ва фарҳангии замони худ cap нафароварда, балки то охир дар ҷодаи илму фарҳанг устуворона пеш рафт. Ва борҳо таъкид намудааст, ки: “Ҳастам ҳамеша Ёрӣ дар чустуҷӯи мазмун”. Во- қеан шоирони мазмунофар дар асрҳои охири таърихи мо хеле ангӯштшумор буданд. Шоирони зиёд доштем, вале аксар тақлидкор ва мазҳабӣ буданд. Ёрӣ маҳз бо ҷасоратҳои иҷтимоӣ ва ҳунарии худ аз назари муҳаққиқони имрӯзаи минтақа сазовори баландтарин баҳои адабӣ гардид.
  Шоири ҳассос ва огоҳ оқибати кори худро дар он муҳити фосид дуруст пешбинӣ намуда, гуфтааст:

Сарнавишти Ёрии бечора гар эҷоди халқ,
Қисматаш ин буд чандин чора кард, барбод сӯхт.

10./Аз муқаддимаи китоби «Девони Ҳофизи Шерозӣ (Бар асоси нусхаи дастхати Мулло Ёри Ванҷӣ)»- Душанбе, «Ирфон», 2018, 496 саҳ. (Ин дастхат бо қалами Мулло Ёр соли 1868 м. дар мавзеи Рохарв ба форсӣ китобат шудааст) /

ҒАФФОР МИРЗОЕВ

 БА ҶОИ МУҚАДДИМА

  Китоби «Девони Ҳофиз», ки хонандаи гиромӣ дар даст дорад, нусхаи аслӣ ва баргардони сирилики дастнависи бо хатти форсӣ китобатшудаи шоири шинохта ва намояндаи тавонои адабиёти классикии форс-тоҷик Мулло Ёрмуҳаммад маъруф бо тахаллуси Мулло Ёри Ванҷӣ ва ё дар дигар тазкираҳо Мулло Ёри Дарвозӣ мебошад. Аз назари мо ин китоб ду арзиши илмию омӯзишӣ дорад, ки бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор бигирад. Аввалан, он дарбаргирандаи маҷмӯи ашъори лирикии барҷастатарин шоири классики мо – Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ мебошад, ки дар байни хосу ом бо мероси ғанӣ ва ашъори баландмазмуну шакаринаш ҳамеша маҳбубият дорад. Сониян, ин нусхаи китобатшуда бо дасти яке шоирон ва донишмандони охири асри XIX ва ибтидои XX-и тоҷик Мулло Ёр дар як гӯшаи дурдасти аморати Бухорои давр ба анҷом расидааст, ки дар бораи фаъолияту эҷодиёташ камтарин манбаъҳои хаттӣ мавҷуданд ва дар ҳошияи ин дастнавис маълумоти муфидеро дар мавриди худи шоир ва дар бораи вазъи иҷтимоию фарҳангии замонаш низ метавон пайдо кард. Гарчи баъзе маълумотҳое дар мавриди хушнависӣ ва хаттотии Ёрӣ дар баробари шоирияш дар таҳқиқотҳо ба назар мерасиданд, вале намунаи комил ва муътамади онҳо то ба ҳол дастрас набуд ва рӯи чопро надида буданд. Инчунин, ҳунари хаттотӣ кардан ва таҳсилкарда будани Мулло Ёрро низ баъзе муҳаққиқон ба шубҳа менигаристанд.
  Мо дар ин ҷо ҷиҳати аввали арзишии китобро ба худи хонанда ҳавола мекунем, то бо зарфияту ҳавсалаи худ аз олами маънӣ ва ашъори ноби лисонулғайб баҳраҳо бардорад. Масъалаи муқоиса ва баррасии мутуни девонро низ бигузор муҳаққиқони адабу шеър таҳлилу таҳқиқ ва ибрози назар намоянд. Ҳамзамон, сари ашъори ин нобиғаи шеър ва ғазалсарои беназир аз ҷониби адабиётшиносону муҳаққиқони мухталиф таълифоти зиёде ба табъ расидааст, ки чизи наверо ба он илова намудан аз ҳавсалаи кори мо берун аст. Вале таваҷҷуҳи худ ва хонандаро бештар ба хусусияти нусхаи китобати Мулло Ёр, ба шакли тадвини он, хушнависӣ, фарқиятҳои дастхат аз дигар нусхаҳои нашршуда, маълумоти изофии худи шоир, ороиш, марҳилаву шароити навишти китоб ва таъриху нигаҳдошти он ҳамчун намунаи ҳазорон китобҳое, ки дар даврони пурталотуми бесомониҳо дар даруни ғорҳову чоҳҳо ва коҳдонҳо аз сӯхтану нобудшуданҳо раҳидаанд, равона месозем. Зеро нусхаи дастнависи Мулло Ёр, ки аввалин бор рӯи чопро мебинад, фарқиятҳое бо дигар нусхаҳои ба табърасидаро дар худ дорад, дар поварақҳояш аз забони худи Мулло Ёр чанд асноди муҳим баён ёфтаанд ва билохира тавзеҳҳо,  ҳусни хат ва дигар ифодаҳои бадеии поварақи дастнавис аз ҷаҳони маънавиву умқи андешаи ин шоир ва равшанфикри камомӯхташудаи тоинқилобии тоҷик дарак медиҳанд. Инчунин, маврид ба зикр аст, ки бо таъкиди муътақидонаи соҳибони дастхат ва нафарони огоҳи минтақа тамоми маводи моддии китоб аз қабили коғаз, ранг, риштаҳои саҳифабандӣ, муқова, ки аз пӯсти гов ва пӯсти дарахти буруҷ (бурс) тайёр шудааст ва ғайра ҳама аз ашёи маҳаллӣ омода шудаанд. Ин мавод дар бораи рушди адабу фарҳанг ва санъати китобату китобнависӣ дар асри XIX дар водии Дарвоз маълумоти ҷолибе медиҳад. Бештар аз ҳама он равшангари ин нукта аст, ки машъали илму дониш дар ин минтақаи дурдасти Бухоро пеш аз инқилоби болшевикӣ низ, хомӯш набуд.
  «Девони Ҳофиз» дар баробари дигар китобҳо яке аз дастурҳои таълимии мадрасаҳои давр ва инчунин дастури омӯзишии ҷӯяндагони илму маърифат дар тамоми гӯшаҳои аморати Бухоро ва аз он ҷумла дар шоҳигарии Дарвозу Ванҷ буд. Дилбастагӣ ва пойбандӣ бо китоб аз хислатҳои фитрии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Тоҷикон аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида, беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсӯҳбати хушгуфтору беозор ва манбаи такомулу пешрафт медонистанд. Бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ гуфтаанд ва тавсифу муаррифӣ намудаанд. Санъату ҳунари китобнигорӣ, китобсозӣ ва китобдорӣ дар таърихи фарҳанги мардуми мо решаҳои амиқ дошта, тоҷикон дар тамоми минтақаву музофотҳо ҳамеша китобро дар радифи муқаддасоти худ гузоштаанд. Дар даврони мушкил ва фоҷеаноки таърих низ дар баробари миллатамон китобҳоямон зарбаи ҷонкоҳи рӯзгорро хӯрдаву ҳамқадаму ҳамтақдири мардумамон будаанд, ки инро шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ бадоҳатан чунин баён кардааст:

Шуморо ҳам чу осӣ зинда гӯронданд,
Шуморо чун Бруно зинда сӯзонданд.
Шуморо ҳам хафа карданд, афшурданд, озурданд.
Шуморо ҳам ба зери дорҳо бурданд.
Шуморо ҳам чу як қонуншикан куштанд.
Шуморо ҳам чу балвогар, чу яғмогар,
Чу исёнгар, чу вайронгар
Басо бераҳм парронданд.
Шумо дар чоҳҳо, дар ғорҳо,
Дар гӯрҳои кӯҳна мадфунед.
Шумо ҳам ғарқи дарёҳо,
Шумо ҳам ғарқаи хунед.
Шумо дар хоку хун ғалтон,
Шуморо сӯхт Искандар,
Қутайба кард хокистар,
Шуморо кушт Чингизхон.
Шумо бо буғзу ноинсофии хонандагони хеш
Чи ҷанги беамон кардед,
К-охир қаҳрамон мурдед….

  Таъриху саргузашти ин китоб низ, аниқтараш ин дастнависи китобатшуда сар то ба пой айни ин гуфтаҳоро мемонад. Он дар як даврони бисёр пурталотум ва фоҷеабори ҳаёти мардумамон дар даруни коҳдонҳову чоҳҳо ва ғорҳо нигаҳбонӣ шуда, хушбахтона баръакси ҳазорон китобҳои дигар аз нобудшавӣ эмин мондааст. Бо таъкиди худи котиби нусха – Мулло Ёр онро саду панҷоҳ сол пеш дар мавзеи Рохарви ноҳияи Ванҷ китобат намуда ба анҷом расонидааст. Нуктаи ҷолиб дар баробари таърихи нигориши китоб, маълумоти саҳеҳ дар мавриди номи дурусти худ ва номи падараш, ки пайваста мавриди баҳсу мунозира байни муҳаққиқони осори ӯ мегашт, боз дар он аст, ки дар мақтаи дастнавис китобаткунанда онро «нусхаи шариф» ном бурдааст, ки аз ҳурмату эҳтироми ӯ ва шояд ихлоси тамоми ҳамзамононаш низ нисбат ба китоб гувоҳӣ медиҳад: «Таммат ҳозиҳи-н-нусха аш-шарифа мин яди-л-фақири-л-ҳақир Мулло Ёр ибни Додихудо дар мавзеи Рохарв санаи 1285», яъне ин нусхаи шариф ба дасти фақири ҳақир Мулло Ёр фарзанди Додихудо дар мавзеи Рохарв дар соли 1285 (ҳиҷрии қамарӣ – баробар бо 1868-и мелодӣ) ба поён расидааст.
  Ин нусхаи дастнависи Мулло Ёр ба дасти муаллифи ин сатрҳо аз тағоям, шахси фозилу донишманд ва адабпарвар, муаллими мактаби миёнаи рақами 37-и деҳаи Одешти ноҳияи Ванҷ  Шамсуддинов Ғайратшоҳ дар соли 2013 расида буд. Чун он кас худ шахси мулоҳизакору боандеша буд ва синну солаш низ ба ҷое расида буд, ҳангоми дар рухсатӣ дар деҳа буданам пас аз оне, ки иззати меҳмондориро ба ҷо оварда буд, ду рӯз пас дубора маро алоҳида ба наздаш ба деҳаи Одешт даъват кард. Пайхас кардам, ки тағоям кори ҷиддие дорад ва ё чизеро ба ман дар танҳоӣ таъкид карданӣ ҳаст. Баъди пазироӣ ва чанде гуфту гӯй атрофи вазъи илму адаби давр аз ҷояш баланд шуду бо қомати нимхамидаи худ оҳиста – оҳиста қадамзанон ба хонаи хобаш ворид шуда, аз сандуқи кунҷи хона аз байни ашёи шахсияш, аз даруни матои қадимае чанд китоби печонидашударо гирифта ба назди ман овард. Онҳоро боэхтиёт кушода таъкид кард, ки актояш нусхаи хеле кӯҳнаи «Қуръони Карим» аст, чандтои дигараш китобҳои таълимии давраи донишҷӯияш мебошанд, як дастнависи шеърҳои шоири муосири ноҳияи Ванҷ Ҷумъа Сиёев ва дигараш дастхати «Девони Ҳофиз» бо қалами Мулло Ёр аст. «Девони Ҳофиз» аз ҳама кӯҳнатару фарсудатар ба назар мерасид, ки бо хатти зебои форсӣ хушнависӣ шуда буд, кунҷхои он рехта ва мудаввар шуда буданд, ҳангоми варақзанӣ баъзе саҳифаҳои ҷудошудааш қариб аз ҳам мерехтанд, ки бар асари табодули тӯлонии намию хушкӣ ба он ҳосил шуда буд. Чанде саҳифаҳои аввал ва охири китоб набуданд, аз будагиҳо варақхои аввалаш бар иллати рехтану доғдор шудани коғаз базӯр хонда мешуд ва ҳарфҳо низ бо душворӣ шинохта мешуданд. Хушбахтона авроқи дар байн буда хуб ва хоно нигоҳ дошта шуда буд, ки аз маърифату санъати хушнависии хаттот гувоҳӣ медод. Тағоям китобро ба ман супорида, хоҳиш намуд, ки агар бо ягон шакл он рӯи чопро бубинад ва дастраси ҳамагон гардад, хеле хуб мешавад.
  Аз нақли тағоям нусхаро ба ӯ амакаш Назриддин Сайфиддинов, ки соли 1973 дар синни 96 солагӣ вафот карда буд, додааст. Бобои Назриддин бо «ҷурми» сохтаи аксулинқилобчии сохтори шӯравӣ ҳангоми таъқиботи сталинӣ чандин маротиб маҳбасҳо ва муҳоҷиратҳои иҷборию бадарғаҳоро паси сар карда, саломатӣ ва дороиҳои зиёди худро аз даст дода буд, вале бо тамоми ҳастияш ин китобҳоро ҳифз кардааст. Китоб ба Назриддин аз падараш Сайфиддин ибни Мулло Ямин ба мерос омадааст ва ӯ бошад, шояд онро аз падараш Мулло Ямин соҳиб шуда буд. Аз рӯи нақли тағоям Ғайратшоҳ нусхаи аслиро худи Мулло Ёр ба яке аз наздикони Мулло Ямин, ки барои даъвати тӯй ба назди ӯ ба деҳаи Ғӯмаяк омада буд, чун тӯҳфаи тӯёна ба Мулло Ямин мефиристад ва китоб то ба имрӯз дар ин хонадон истифодаву нигаҳдорӣ шудааст. Солҳои таъқибот ва аз он баъд ҳам муддати тӯлоние  мавҷудияти онро аз дигарон пинҳон медоштанд, вале дар ҳалқаҳои алоҳида ашхоси адабпарвар, ташнагони илму маърифат ва толибилмон дар баробари дигар китобхо пайваста онро пинҳонӣ истифода кардаанд, ки чандин муддат чун амонат дар дасти мударрисони маҳаллӣ ва инчунин баъдтар барои истифода дар дасти шахсиятҳои фарҳангпарвар Муҳаммадхоҷа Хоҷаев, Юсуф Қудратов, Ҷаббор Мирзоев, Зиёратшо Шамсуддинов ва дигар шахсон низ будааст.
  Лозим ба зикр аст, ки нусхаи Мулло Ёр ба вуҷуди доштани баъзе каму костиҳо аз дигар нусхаҳо ва ҳатто аз нусхаҳои роиҷу матбуи замони шӯравӣ низ бартариятҳо дорад. Масалан, дар муқоиса бо нусхаи «Куллиёти Ҳофизи Шерозӣ», ки нашриёти «Ирфон» соли 1983 бо сарсухан ва мураттабсозии адабиётшиноси шинохта Ҷамшед Шанбезода ба нашр расонидааст, чандин шеърҳояш мукаммалтар омадаанд. Барои мисол, мисраъҳои мобайнии ғазали 102 дар ин куллиёт чунин омадаанд:

…Сар зи мастӣ барнагирад то ба субҳи рӯзи ҳашр,
Ҳар кӣ ӯ чун ман дар азал як ҷуръа хӯрд аз ҷоми дӯст.
Бас нагӯям шаммае аз шарҳи шавқи худ аз он-к,
Дарди сар бошад намудан беш аз ин иброми дӯст…

  Ин мисраъҳо ва ин ғазал дар нусхаи Мулло Ёр ба ин зайл нигошта шудаанд, ки аз назари мо аз ҷиҳати бадеиву лирикӣ, ифодаи мазмун, пасу пеш омадани байтҳо, қофияи шеърӣ ва умуман асолаташ ба табъу рӯҳи шеъри Ҳофиз наздиктару мувофиқтаранд:

…Ман нагуфтам шаммае аз шарҳи шавқи худ аз он-к,
Пас куҷо хоҳам намудан баъд аз ин эҳроми дӯст.
Сар зи мастӣ барнагирам то ба субҳи рӯзи ҳашр,
Ҳар кӣ ӯ чун дар азал хурдаст май аз ҷоми дӯст…

  Ин гуна ҳолатҳо ва ҷой доштани байтҳое, ки дар дигар нусхаҳо аслан вуҷуд надоранд, дар боқимонда низ ғазалҳои нусхаи Ёрӣ хеле зиёд ба чашм мехӯранд.
  Мусаллам аст, ки Мулло Ёр худ чун шоири варзида, соҳиби табъи баланд ва инчунин мирзои шоҳ, яъне ки котиби расмии Шоҳи Дарвоз Сироҷиддинхон буд, ҳангоми хаттотӣ ва китобат кардан кӯшиш мекард, ҳама сарчашмаҳои аслӣ ва нозукиҳои шеъриро риоя кунад. Ин услубро шоир дар тамоми фаъолияти адабиву фарҳангӣ ва эҷодиёти шахсияш ҳам идома додааст.
  Як нигоҳи сатҳӣ ба мероси камшумор ва назари муҳаққиқонаш аз қабили устоди равоншод Басир Расо кофӣ аст хулоса намуд, ки Мулло Ёр аз пазируфтатарин ва боризтарин широну адабпарварони нимаи дуюми қарни XIX ва ибтидои қарни XX дар Бухорои Шарқӣ ба шумор меравад. Шеъри ӯ намунаи баланди назми классикии форсу тоҷик, дорои мазмуну мундариҷаи олӣ ва шеъри эътирози иҷтимоӣ аст. Мутаасифона, чун девони худи шоир, ки муҳаққиқон мавҷудияташро этироф доранд, дар даст нест ва абёти боқимондааш аз даҳонҳо ҷамъоварӣ шудаву сохтакориҳои фаровонро бархурдор шудааст, хонандаро ба нофаҳмиҳову инҳирофҳо дар мавриди осор ва шахсияти худи шоир низ рӯ ба рӯ кардааст. Яке аз ин инҳирофҳову тасаввурҳои барғалат дар ҳаққи Мулло Ёр ин аст, ки гӯё Ёрӣ як шахси таҳсилнакарда, худрӯй ва «ҳарзагӯю таҳқиргӯ»-и кӯчаву бозор аст. Ин гуна баҳодиҳиҳои сатҳӣ дар нисбати дигар шоирони шинохтаи классикии форс-тоҷик аз он ҷумла дар нисбати Носири Хисрав низ пеш аз ин баён шуда буданд, ки ҷустуҷӯҳои баъдинаи таҳқиқотӣ ин гуфтаҳоро ботил сохт. Ашъори адабии боқимондаи Мулло Ёр ва маълумотҳои мувассақи хаттӣ дар бораи ӯ, аз он ҷумла ин нусхаи хаттии бо дасти худаш нигошташуда, ки бо як хушнависиву хушбаёнӣ ва ифодаи маъниҳои баланд дар поварақҳояш омода шудааст, бозгӯӣ аз он мекунанд, ки Ёрӣ як шахсияти воқеии илмиву фарҳангӣ, мактабдида, шахси муаддаб ва равшанфикри замонаш аст. Ҳатто ифодаи мазмуни ашъору ғазалиёти боқимондааш бо забони фасеҳу равшан ва ноби адабӣ моро ба ин фикр раҳнамун мекунад:

Агар бо чашми ибратбин ту ин дунёи дун бинӣ,
Зи бедоди шаҳони фитна толеъ сарнагун бинӣ.
Худоё, навҳагар набвад халоиқро дар ин даврон,
Ба ҳар ҷое назар афтад, фиғону ҷӯи хун бинӣ…

  Мероси адабӣ ва эҷодиёти Ёрӣ ба таври лозима омӯхта нашудааст, ки сабабаш пеш аз ҳама набудани манбаъҳои муътамади хаттӣ мебошанд. Он миқдори муайян, ки китобат шудаву дар баёзҳо нашр шудаанд, аксараш аз забони шифоҳии мардум гирдоварӣ шудаанд ва шумораи хеле камаш аз дигар тазкираҳои мавҷуда оварда шудаанд. Дар ашъори ӯ гарчи вазъи иҷтимоӣ ва зиндагии рӯзмарраи оммаи васеи мардум ҷойгоҳи асосӣ дошта бошад ҳам, вале шеъри ирфонӣ ва васфи муҳаббату ишқи инсонӣ низ мавқеи хоса дорад:

Аз арақ то бар гули рухсор шабнам кардаӣ,
Андалебосо маро шайдои олам кардаӣ.
Кишвари дил бо сипоҳи дарду ғам бигрифтаӣ,
Ишратободам ҳама тороҷи мотам кардаӣ.
Хору зорам куштаӣ, дар хоку хун афкандаӣ,
Ин сазои ман, ки ошиқ гаштаам, кам кардаӣ….
Тири миҷгонат зи баҳри куштани Ёрӣ бас аст.
Теғи абруро чаро ин сон тунукдам кардаӣ?

  Ҳамин тариқ, гумон намеравад, ки Ёрӣ бо ин маҳорату истеъдоди баланди шоирӣ ва қобилияти хушнависияш девони ашъори худро тартиб надода бошад. Андешаи муҳаққиқони эҷодиёташ, ки мавҷуд будани девонашро эътироф доранд, вале то ҳанӯз дар даст нест,  ин фикрро боз қаввитар месозад. Зеро ин нусхаи дастхати «Девони Ҳофиз» ҳам, ки аз ҷониби ӯ китобат шуда буд, бо иллати носозгории даврони шоир то имрӯз дастраси бояду шояди хонанда набуд. Умед аст, ки девони худи Ёрӣ низ рӯзе пайдо ва ба дасти хонандааш мерасад.
  Дар ин байн хондани бисёр саҳифаҳои дастнависи нусхаи «Девони Ҳофиз», ки Мулло Ёр китобат кардааст ва бо иллати кӯҳнагии коғаз ва таъсири намиву хушкӣ осеб дида буданд, душвориҳоеро пеш меовард. Вале, бо заҳмату кӯшиши бародари фарҳангӣ ва донишманд, хонандаи хуби матнҳои хатти настаълиқу шикастаи форсӣ, корманди Институти фалсафаи АУ Қурбоналӣ Идрисов, ки худ аз мухлисони ашъори Мулло Ёр ба шумор меравад, ин мушкилӣ бартараф шудаву дастнависи Ёрӣ бо муқоиса бо дигар нусхаҳои муътамад барқарор шудааст. Бо назардошти ин гуфтаҳо сипосу эҳтироми худро ба эшон баён мекунем. Умедворем, нашри ин нусхаи китоби «Девони Ҳофиз», ки бо дасти Мулло Ёри Ванҷӣ китобату ороиш ёфтааст ва дастраси хонанда мегардад, як такони ҷиддиеро аз ин пас сари омӯзишу таҳқиқи васеътари осори худи ин шоири равшанзамир эҷод хоҳад кард.

  Чанд намуна аз ҳусни хати Мулло Ёр дар дастхати «Девони Ҳофизи Шерозӣ» ва муқоваи китоб. Ин дастхат дар дасти муаллими мактаби миёнаи № 37 – и деҳаи Одешти ноҳияи Ванҷ Шамсуддинов Ғайратшо нигоҳдорӣ шудааст.

                                                       Мундариҷа 

 Муқаддима…………………………………………………………………………4-5   

1. Климчицкий С. И. ДАРВАЗСКИЕ ФАХЛАВИЙОТ. АКАДЕМИЯ НАУК СССР. ТРУДЫ ТАДЖИКИСТАНСКОЙ БАЗЫ.т.IX.1938 ……………………………………6-9                                                            

2. Намунаҳои фольклори Дарвоз. Ҷамъкунанда ва тартибдиҳанда А. 3. Розенфельд. Муҳаррирон Р. Амонов ва 3. Воҳидов, Сталинобод, соли 1955………………………………………………10-14      

3. Басиров Р. Намунаҳои фольклори Дарвоз//Комсомоли Тоҷикистон.12 10.1956./ …………………….15-18

4. Басир Расо. Ашъори тозаи Ерӣ//Садои Шарқ.–июни ё1966. Саҳ. 100./… ……………………………19-2

5. Ҳабибзода А.  Мулло Ёри Ванҷӣ. – Душанбе, 1993. Саҳ. 3- 24…21-39

6. Ғуломмуҳаммад Ҳиҷрати Дарвозӣ. Маҷмуаи адабиёти Дарвоз. Таҳияи С. Мерган, С. Каландар. – Душанбе, 2006…………………..………40                    

7. Нодир Одилов. Шоир Мулло Ёр Аз нуқтаи назари муҳаққиқ ва шоир Басир Расо…………………………………………………………….41-12

8. Басир Расо. «Мулло Ёри Ванҷӣ. Табъи оташбор. Шеърҳо».-Душанбе-2008……………………………………………………….43-102

9.Пирумшоев Ҳайдаршо. Мулло Ёри Ванҷӣ./Китоби Ванҷ. Сах. 359 360……………………………103

10. Мирзоев Ғаффор. Муқаддима. /Китоби «Девони Ҳофизи Шерозӣ (Бар асоси нусхаи дастхати Мулло Ёри Ванҷӣ)»- Душанбе, «Ирфон», 2018……………..……………………………………………………..104-117

  1. Даст марезод устоди муҳтарам Ғаффор Мирзоев. Дар воқеъ ин хело хидмати бесобиқа ва сутуданӣ аст, ки тамоми таҳқиқотеро ки олимон дар мавриди Мулло Ёрии Ванҷӣ анҷом додаанд, дар як китоб гирдоварӣ намудаед. Ин раҳнамои хубе аст барои ошноӣ бо ашъору зиндагии Мулло Ёрӣ. Ва ҳар касе ният дорад дар оянда кореро дар мавриди шоири шаҳир анҷом диҳад бисёре аз ин китоб бо суҳулат метавонад бисёр далоил ва манобееро пайдо кунад, ки қблан барои ҳар муҳаққиқ пайдо намудани он дар як ҷой хело мушкил буд. Руҳи Муллоёр шод бод ва ба устод Ғаффор Мирзо сиҳатмандӣ ва дар кору фаолияти илмиаш барору муваффақият таманно дорам..

  2. Дар хакикат бисёр кори оличанобе кардадед бародарони азиз!Ман як таклиф дорам.Хамин нусхаи девонро,ки бисёр дар акс фарсуда метобад намешавад,ки хамин устоди мактаби №37 Шамсуддинов Гайратшох химмат карда ба фонди дастхатхои Маркази ховаршиносии АФ ЧТ супорад.Ончо хам тартиби нигахдори меъёри худро дорад ва хам китоб тармим карда мешавад.Вагарна баъди 5-10 сол дигар ин девон аз фарсудагии зиёд хамаи харфхояш мерезанд!Ташаккур.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.