Сарварони ҳизбии ноҳия

Савзибек Шодмонбеков

  Савзибек Шодмонбеков соли 1896 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ, дар оилаи деҳқони камбизоат таваллуд ёфтааст. Солҳои 1930-1936 котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳияи Қалъаихумб ҲК(б) Тоҷикистон ва солҳои 1936-1937 сарвари кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷро ба ӯҳда доштааст. 

Фёдор Фёдоров

  Фёдор Фёдоров соли 1906 дар шаҳри Вязники вилояти Ивановск, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ рус, солҳои 1937-1941 вазифаи котиби аввали кумитаи ҳизби ноҳияи Ванҷи ҲК(б) Тоҷикистонро ба ӯҳда доштааст. 

Николай Савин

  Николай Савин соли 1910 дар деҳаи Осиновкаи вилояти Горкий, дар оилаи деҳқони камбағали рус ба дунё омадааст. Солҳои 1938-1941 Н.М.Савин вазифаи котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Вахон, 1941-1942 – котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ванҷро иҷро кардааст. 

Лев Вайсберг

  Лев Вайсберг соли 1910 дар шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина, дар оилаи хизматчии яҳудӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Л.С.Вайсберг солҳои 1940-1943 вазифаҳои котиби аввали кумитаи ҳизбии Қалъаихумб ва Ванҷро ба ӯҳда дошт.  

А.Г.Асмаков

  А.Г.Асмаков солҳои 1943-1945 дар вазифаи котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти Ванҷ кор мекард.

С. Ф. Мелников

  С. Ф. Мелников дар солҳои мураккаби охириҷангӣ ва баъдиҷангӣ (1945-1946) ба ташкилоти ҳизбии ноҳия сарварӣ кардааст. 

Николай Овчинников

  Николай Овчинников соли 1908 дар шаҳрчаи Саткеи вилояти Челябински Русия, дар оилаи коргари рус ба дунё омадааст. Н.И.Овчинников солҳои 1946-1948 котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияҳои Шуғнон ва Ванҷ будааст.  

Афанасий Олейников

  Афанасий Олейников соли 1910 дар деҳаи Красний Яри вилояти Қазоқистони Шарқӣ, дар оилаи деҳқони рус таваллуд шудааст. А.З.Олейников солҳои 1948-1951 ба кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ванҷ сарварӣ кардааст. 

Сафар Мастибеков

  Сафар Мастибеков соли 1914 дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. 
 С.Мастибеков дар солҳои 1952-1953 масъулияти котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ванҷ, сипас мудир, ҷонишини мудири шӯъбаи тарғиботу ташвиқоти кумитаи ҳизбии ноҳияи Рӯшонро ба зимма доштааст. 

Сайфиддин Раҷабов

  Сардорддин (Сайфиддин) Раҷабов соли 1918 дар деҳаи Роғи амлокдории Ванҷ, бекигарии Дарвози аморати Бухоро (ноҳияи Ванҷ. ВМКБ-и Тоҷикистон) дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. 
  С.Раҷабов солҳои 1953-1959 вазифаи котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷ, 1959-1963 раисии комиҷроияи ноҳия, 1963-1973 инпектори (нозир) ташкилотии кумитаи ҳизбии управленияи истеҳсолии кишоварзӣ, мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи ҳизб, сардори управленияи истеҳсолии хоҷагии қишлоқ ва ҷонишинии раиси комиҷроияи ноҳияи Ванҷро ба зимма дошт. Аз соли 1974 то охири ҳаёт (1983) дар вазифаи сардори Инспексияи давлатӣ оид ба хариду сифати маҳсулоти кишоварзии ноҳия кор кардааст.
Садордин Раҷабов дар даъватҳои 4 ва 5 (1955, 1959) Шӯрои Олӣ, ба депутатии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст. Дар Анҷуманҳои 1Х-Х Ҳизби коммунисти Тоҷикистон номзад ба аъзогии КМ ва дар Анҷумани Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба сифати аъзои Комиссияи тафтишотӣ интихоб шудааст. 

Аҳтам Неъматов

  Аҳтам Неъматов соли 1917 дар деҳаи Хоҷа Аҳрори вилояти Самарқанди ҶШС Ӯзбекистон, дар оилаи тоҷики тоҷир ба дунё омадааст. Солҳои 1959-1961 котиби якуми ҳизби ноҳияи Ванҷ будааст.

Ширинҷон Бегиҷонов

  Ширинҷон Бегиҷонов 6 ноябри соли 1928 дар деҳаи Ускроғи деҳшӯрои Ванҷ, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Солҳои 1961-1963 котибии дуюм ва якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷро ба ӯҳдадошт. Солҳои 1963-1965 ба ҳайси сардори Управленияи истеҳсолии кишоварзии ноҳияи Ванҷ кор кардааст. Аз соли 1965 фаъолияти роҳбарӣ ва ташкилотчигии Ш.Бегиҷонов чунин сурат гирифтаст: солҳои 1965-1968 раисии комиҷроияи шӯрои депутатҳои ноҳияи Ванҷ; 1968-1981 дар вазифаҳои роҳбарикунандаи шӯъбаҳои гуногуни Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон; 1981-1988 сардори Управленияи чорводорӣ ва байтории Вазорати хоҷагии мева ва сабзавоти Тоҷикистон; 1988-1993 сарбайтори Агропроми давлатии Тоҷикистон. Солҳои 1993-1995 дар вазифаи сармутахассиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии агросаноатии – «Саноати гӯшту шири Тоҷикистон»-ро (Таджикмясомолпром) кору фаъолият намудаст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Тошмат Маллаев 

  Тошмат Маллаев соли 1922 дар ноҳияи Қзилмазори вилояти Кӯлоб, дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд шудааст. Аз моҳи январ то декабри соли 1965 котиби аввали кумитаи ҳизби ноҳияи Ванҷ будааст.

Камол Сӯфиев

  Камол Сӯфиев соли 1931 дар деҳаи Кули Сӯфиёни ноҳияи Норак, дар оилаи деҳқони тоҷики кишоварз ба дунё омадааст. Дар солҳои 1965-1967 котибии аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ванҷро ба ӯҳда дошт.

Маҳмадулло Абдуллоев

  Маҳмадулло Абдуллоев соли 1931 дар деҳаи Узбайи деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷ ВМКБ, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш хеле барвақт, аз моҳи феврали соли 1947 ба сифати мураббӣ-тарбиятгари хонаи бачагон ва муаллимии мактаби миёнаи ба номи Ленини маркази ноҳияи Ванҷ оғоз ёфтааст. Баъди хатми факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнй) аз соли 1954 то 1956 касби муаллимиро дар мактаби номбурда идома додааст.
  М.Абдуллоев солҳои 1956-1961 мудирии шӯъбаи маорифи халқи ноҳияи Ванҷро ба ӯҳда дошт.Аз соли 1961 ба кори ҳизбӣ гузашта, то соли 1963 дар вазифаи котиби дуюми кумитаи ҳизби ноҳияи Ванҷ кор кардааст. Солҳои 1963-195 ба ҳайси шунавандаи мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар шаҳри Москва идомаи таҳсил дошт. Баъди хатми он солҳои 1965-1967 мудирии Шӯъбаи тарғиботӣ-ташвиқотии (про- паганда ва агитатсия) Кумитаи ҳизбии ВМКБ ба зимма доштааст.
  Санъати баланди роҳбарӣ ва ташкилотчигии Маҳмадулло Абдуллоев солҳои 1967-1987 ҳангоми дар вазифаи масъули котиби аввали кумитаи ноҳияи Ванҷи ҳизби коммунисти Тоҷикистон кору фаъолият намуданаш аён гардид.
  Дар ду даҳсолаи сарвари ҳизби ноҳия (дар он вақт шахси дар ин вазифа буда, роҳбари аввали ноҳия ҳисоб меёфт) будани М.Абдуллоев, Ванҷ ба пешравиҳои хеле назаррас соҳиб мешавад. Маҳз дар ин солҳо роҳҳои мошингарди мумфарш дурдасттарин гӯшаҳои ноҳияро бо марказ наздик намуданд, кӯпрукҳои зиёде соҳилҳои дарёю дарёчаҳои кӯҳиро бо ҳам пайвастанд. Ҷӯю каналҳои нав даштҳоро обёрию обод намуданд. Даштҳои Торӯғу Хумроғӣ (Сурхсангов) деҳшӯрои Водхуд, ки аз ин ҳисоб 250 гектар замини бекор ва санглох обёрӣ ва обод шуда- аст. Маркази ноҳия куллан симои худро тағйир дод. Дар қисмати шарқии он (Дашти Бовуд) маҳаллае бино ёфтааст, ки дар намуд чун маҳаллаи шаҳри ҳозиразамон ба назар мерасад. Кору хизмати маданӣ- равшанинамоӣ хеле пеш рафт. Биноҳои нави мактабу касалхонаҳои марказӣ қомат афрохтанд. Хонаҳои маданияту клубу китобхонаҳо маркази деҳшӯроҳоро зиннат медиҳанд. Чандин корхонаҳои саноатӣ, аз қабили истгоҳи пуриқтидори барқ, истеҳсоли мармар ва маҳсулот ба- рои мумфарш кардани роҳҳои автомобилӣ ва боз даҳҳо корхонаҳои дигар сохта шудаву сохтмонашон оғоз ёфта (заводи консерва) аз дурнамоиумедбахши ноҳия шаҳодат медоданд. Дар ҳамаи ин саҳми бевоси- таи М. Абдуллоев ва дигар роҳбарони солҳои 60-80-уми ноҳия кам нест.

Акбаршо Искандаров

  Акбаршо Искандаров зодаи ноҳияи Дарвоз (собиқ Қалъаихумб) буда, 1 августи соли 1951 дар деҳаи Кеврон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна (соли1967) техникуми политехникии шаҳри Душанбе (соли1970), дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) солҳои 1970-1975 таҳсил карда, ҳангоми дар корҳои ҳизбию маъмурӣ ифои вазифа доштан, ҳамзамон Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро хатм намудааст.
  Фаъолияти меҳнатиаш аз муҳандиси калони заминсози раёсати ноҳиявии хоҷагии қишлоқи ноҳияи Қалъаихумб (1973-1979), иқтисодчии калони раёсати ноҳиявии хоҷагии қишлоқ ва инспектори калони ноҳияи Қалъаихумб (1979-1982) оғоз гардида, солҳои 1982-1990 ба ҳайси муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ишкошим ва Котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷи ҳизби Коммунисти Тоҷикистон хизмат намудааст.
  Акбаршо Искандаров соли 1990 ба вазифаи Раиси Шӯрои вилоятии ВМКБ ва ҳамзамон вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд. Аз моҳи май то 16 ноябри соли 1992 вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамуд. Баъди ба истеъфоъ рафтани Президенти ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев, Акбаршо Искандаров то 19 ноябри соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи Президенти Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
   Чи тавре маълум аст, фаъолияти сиёсӣ ва роҳбарии ӯ ба давраи даргириҳои сиёсӣ рост омад. Баҳри пешгирӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон саъю талоши зиёд ба харҷ додааст. Чандин маротиба музокирот байни намояндагони ҷонибҳоро дар Душанбе, Хоруғ ва Қӯрғонтеппа ташкил намуд, вале боиси таассуф аст, ки онҳо бенатиҷа анҷом меёфтанд.
  Баъди баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба фаъолияти дипломатӣ гузашт. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон (1993-2001), сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳамзамон (2001-2007) ва ҳамзамон сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон таъин гардида, да рсатҳи баланди касбӣ ифои вазифа намудааст. Сипас, дар Вазорати корҳои хорҷии ҷумҳурӣ ба сифати сафир барои иҷрои супоришҳои махсус кор карда, баъди чанде аз корҳои расмии дипломатӣ канорагирӣ намуда, пурра ба фаъолияти тадқиқотӣ гузашт. Ҳоло дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси корманди пешбарӣ илмӣ фаъолият дошта, таҷрибаи ниҳоят ғании сиёсию дипломатӣ ва ҷомеашиносии хешро, аз диди тафаккури воқеан илмӣ баркашида пешкаши мутахассисон ва доираи васеи хонандагон мегардонад. Ба қалами доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Акбаршо Искандаров даҳҳо таҳқиқоти ҷолиби илмӣ тааллуқ дошта, аз тарафи мутахассисони соҳа баҳои баланд гирифтаанд. 

Раҳмониддин Лоиқов

  Раҳмониддин Лоиқов 10 марти соли 1944 дар деҳаи Баравни деҳшӯрои Жовиди ноҳияи Ванҷ, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна солҳои 1962-1965 дар факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (феълан ба номи Садриддин Айнӣ) таҳсил карда, баъди хатми он фаъолияти меҳнатиашро аз муаллими мактаби 8-солаи рақами 8-и ноҳияи Ванҷ соли 1966 оғоз намудааст.
  Р. Лоиқов аз соли 1969 то соли 1974 ба ҳайси котиби аввали Кумитаи комсомоли ноҳияи Ванҷ, 1974-1987 раиси Кумитаи назорати халқии ноҳия, 1987-1988 сарвари совхози «Россия»- и ноҳияи номбурда, 1988-1990 ҷонишинии аввали раиси шӯрои депутатҳои халқии ноҳияҳои Ванҷу Ишкошимро ба зимма дошт.
  Р. Лоиқов соли 1990 ба вазифаи котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ванҷ интихоб шуда, ба ҳамаи гирудорҳои давраи ҷанги ҳамватанӣ ва мушкилиҳои азнавсозии сохтори сиёсӣ ва давлатии ҷомеа нигоҳ накарда, аз иҷрои ин вазифа даст накашида, ба ҳизби коммунист содиқ мондааст.

Тамоми маводи сафҳа аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев гирифта шудааст.

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.