Рӯстамбек Назриев

  Рустамбек Назриев 9 октябри соли 1960 дар деҳаи Ғӯмаяки ноҳияи Ванҷи ВМКБ, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1977 баъди бо баҳои аъло анҷом додани таълими мактаби миёнаи рақами 4-и ноҳия Ванҷ, ба факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1982 бомуваффақият хатм кардааст.
  Солҳои 1982-1984 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати афсар хизмат намуд. Аз моҳи ноябри соли 1984 то ин замон дар радиои Тоҷикистон ба сифати муҳаррири хурд, муҳаррир, хабарнигори махсус дар вилояти Хатлон, муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррир ва айни ҳол сармуҳаррири идораи “Ахбор” адои вазифа мекунад. Р.Назриев аз соли 1997 узви иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мебошад. Ӯ ба унвони ифтихории “Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ” қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

1 Назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.