Розиқбек Забиров

  rozabirfНомзади илмҳои биология, дотсент Розиқбек Забиров 28 феврали соли 1958 дар деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 4-и ноҳияи Ванҷ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ хизмати Ватанро адо намуда, соли 1979 ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мегардад. Соли 1984 донишгоҳро бомуваффақият ба анҷом расонда, дар бахши физиологияи растаниҳои факултаи биология ҳамчун корманди хурди илмӣ ба кор шурӯъ намуд. Солҳои 1988-1992 дар назди ДДТ аз аспирантура гузашта, онро ба ҳимояи рисолаи номзадии худ бомуваффақият ба анҷом мерасонад. Кӯшишу гайрати Розиқбек Забировро ба назар гирифта, соли 1995 ӯро ба докторантура тавсия доданд. Солҳои 1995-1998 ӯ дар бахши климатология ва метеорологияи факултаи ҷугрофияи ДДМ дар докторантура таҳсил карда, бо дастгирии олими шинохтаи рус профессор И.А.Шульгин кори доктории худро оид ба мавзӯи “Энергетика ва давраҳои ҳассоси ҷараёни ҳосилнокӣ” ба анҷом расонда, кӯшиш дорад онро барои дифоъ пешниҳод намояд. Мавзӯи кори илмии у ба шароити баландкӯҳ вобаста буда, таъсири нурҳои ултрабунафш на нурҳои фаъоли фотосинтетикиро ба ҳосилнокии рустаниҳои зироатӣ объекти омӯзиши худ қарор додааст. Аз рӯи тадқиқоти ӯ маълум мешавад, ки ҳосилнокии рустаниҳои зироатй хусусан ғалладона пеш аз ҳама аз давраҳои аввали расиши онҳо, вақте ки узвҳои репродуктивӣ ҳосил мешаванд, вобастагӣ доранд. Барои ҳамин фароҳам овардани шароити оптималӣ дар давраҳои аввали расиши рустаниҳои ғалладона, хусусан паст кардани шиддатнокии нурҳои рӯшноии офтоб ба ҳосилнокии хоҷагии ояндаи онҳо таъсири мусбат мерасонанд.
  Дигар масъалае, ки то ҳол мавриди баҳси олимони зиёде қарор гирифтааст, ин зиёд шудани расиши нурҳои кӯтоҳи ултрабунафши офтоб ва таъсири онҳо ба сохторҳои растаниҳо ва ҳосилнокии онҳо мебошад. Нурҳои кӯтоҳи ултрабунафши дараҷаи мавҷашон аз 280пм барои тамоми организмҳои зинда марговаранд. Барои ҳамин эҳтимолияти зиёд шудани ин нурҳо олимонро водор месозад ҳассосии растаниҳои зироатиро нисбат ба ин нурҳо омухта, навъҳои растаниҳоеро интихоб кунанд, ки нисбат ба таъсири нурҳои кӯтоҳи ултрабунафш устувор бошанд. Барои ҳамин мавзӯи кори илмии Розиқбек Забиров замонавӣ аст.
  Розиқбек Забиров муаллиф зиёда аз 50 корҳои илмӣ, 2 дастурамал ва як дастури таълимӣ мебошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.