Пазироӣ аз Сомонпаҳлавон

  Имрӯз Сомон Маҳмадбеков барандаи медали биринҷии Сабқати ҷаҳонӣ оид ба ҷудо дар шаҳри Загреби кишвари Хорватиё ба ватан баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе волидайн, ақрабо, ҳамдиёрон, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши зертобеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаю гулдастаҳо истиқбол карданд. Сомонро нахуст намояндагони кумита таҳният гуфта, баъдан  хабарнигорон аз ӯ ва аз волидайнаш дар бораи ӯ пурсишҳо карданд.
  Сомон яке аз беҳтарин ҷавонпаҳлавонони кишвар буда, дастовардҳои бузургро касб намудааст. Ҳамин сол дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Африқо миёни наврасон дар моҳи апрел дар Тунис соҳиби медали тилло ва дар Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми Аврупо миёни ҷавонони 21 сола дар шаҳри Аради Руминиё дар моҳи июл соҳиби ҷои аввал ва медали тилло гардида буд. Сомон дар шаҳри Иркутски Русистон таҳти роҳбарии мураббиёнаш, паҳлавонони шинохтаи диёр Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин мекунад. 

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.