Оҳангарӣ дар Ванҷ

 Коркарди оҳан ва аз он тайёр намудани олоти истеҳсолот, асбобу ускунаи рузғордорӣ яке аз ҳунарҳои аҷдодии мардуми Дарвозу Ванҷ буда, аз қадимулайём шӯҳрати ин диёрро ба дуриҳои дур бурдааст.
Барои сохтани маҳсулоти аълосифати пӯлодин оҳани мувофиқ дарёфт кардан лозим меомад. Хушбахтона, дар тамоми ҳаламравии Дарвоз аз ин ҷиҳат танқисӣ эҳсос намешуд.  Аз қадимулайём истеҳсоли чунин оҳан дар Ванҷ ба дараҷаи зарурии эҳтиёҷ ба роҳ монда шуда буд. Ба истиснои Қаротоғ, ки дар наздикиаш кони оҳани нисбатан пастсифаттар мавҷуд буд ва барои сохтани асбобҳои рӯзгордорӣ истифода бурда мешуд, дигар тамоми марказҳои коркарди оҳани Бухорои Шарқиро аз ин навъи фузулоти ниҳоят баландсифати табиӣ Ванҷ таъмин мекард.
 Истеҳсоли оҳан ё оҳангудозӣ аз касбҳои хеле қадимаи мардуми водии Ванҷ буд. Ба туфайли олимону саёҳони тоинқилобӣ ва солҳои аввали баъдиинқилобии рус доир ба заҳмати истеҳсолкунандагони оҳан дар Ванҷ маълумоти зиёде боқӣ мондааст, ки дар асоси онҳо ин шуғли ниҳоят зарурии бобоиро нисбатан возеҳ қаламдод намудан мумкин аст. Бино ба мушоҳидаи олимони равияҳои мухталифи табиатшиносӣ ва таъриху мардумшиносӣ Б.Л. Громбчевский, П.Е.Косяков, Н.Косиненко, Д.И.Мушкетов, Д.Д.Наливкин, М.С.Андреев ва дигарон, ки дар охири асри XIX – ибтидои асри ХХ дар ин диёр мушоҳидаҳои илмӣ кардаанд, истеҳсоли оҳан аз шуғлҳои асосии сокинони Ванҷ ва соҳаи сердаромаду то дараҷае зарурати иҷтимои истеҳсолкунандагонро таъминкунанда ба шумор мерафт.
 Гарчи маъдани оҳан дар бисёр ҷойҳои водии Ванҷ ёфт мешуд, маркази асосии истеҳсоли он деҳоти Техарв, Потов ва Пойимазор ҳисоб меёфтанд. Тибқи маълумоти Б.Л. Громбчевский оҳани аз ҷиҳати сифат беҳтарин дар Ҳарамдараи Ванван истеҳсол мешуд, ки дарёфту гудозиши он аз замонҳои хеле қадим ибтидо гирифтааст.
Оҳансанг ё маъданро бо зоғнӯлу (каноҷ) мисрони ҷойдорӣ сокинони маҳаллӣ аз кон берун оварда, онро дар кӯраҳое (одитарин печи домнагӣ), ки аз санги ба ҳарорати баланд тобовар сохта мешуданд, бо роҳи ҳашар мегудохтанд.
Олими бузурги мардумшинос М. С.Андреев, ки рафти истеҳсоли оҳанро бевосита мушоҳида кардаст, чунин менигорад:
«Дар кӯҳҳои Ванҷ тоҷикон маъдани оҳанро дар ҳар куҷо пайдо кардаанд, вале конҳои асосӣ ва муҳимтарин сетоанд: 1) кони Техарв; ҷои аз ҳама зиёд оҳанистеҳсолкунӣ дар наздики деҳаи Техарв, 2) Пойимазор – дар болооби Ванҷ ва 3) дар назди деҳаи Потов… Маъдани беҳтарин аз рӯи сифат маъдани Техарв, баъди он маъдани Потов ҳисоб меёбад. Дар конҳои Техарв, ки дар кӯҳ воқеанду аз ҳар тараф нақб канда шудаанд, аз равшании шамъ истифода бурда мешавад. Ба ҳисоби миёна барои дурусттар дидани маъдан камаш аз 4 шамъ истифода мешавад. Маъданро бо табар мекананд. Як одам дар як рӯз аз 20 то 40 пуд маъдан канда ҷамъ оварда метавонад. Аз ин мебарояд, ки кор он қадар вазнину пурмашаққат набудаст (дар ин ҷо муаллиф, бешубҳа қуввату қобилияти кории ба мардуми ин диёр хос бударо ба назар нагирифтааст. – Ҳ.П.). Ду нафар ба кандани маъдан машғул мешаванд. Се ё чор нафар, аз ҳама кам – ду нафар маъданро аз нақб берун мебароранд. Баъди он ки миқдори барои кӯраи гудозиш мувофиқи маъдан (аз 20 то 50 пуд, ки ба миқдори захираи ҳезум ва ангишти чӯб (лахча) вобаста буд) ҷамъ шуд, гурӯҳи одамон онро пуштора, ба воситаи пайроҳаҳои душворгузар, ки барои ин аз шикорчӯб (асои дароз аз ғалтаки чӯби сахт, ки дар охираш оҳани нӯктез васл шуда буд ва ба замин ғӯтида бехатарию мувозинати шикорчӣ ё кӯҳгардро нигоҳ медошт. – Ҳ.П.) истифода карда, мекашонданд. Гурӯҳи барои кандани маъдан сафарбаршуда одатан аз 5 то 20 нафар иборат аст. Агар ин одамон аз деҳаи Техарв набошанд, маъданро бор карда ба деҳаҳои худ мебаранд.
  Давраи мувофиқи аз кон кандани маъдан ва истеҳсоли оҳан охирҳои тирамоҳ, вақте ки корҳои саҳроӣ ба охир мерасанд, сар мешавад. Дар ин давра мардум гурӯҳғгурӯҳ ба кандани маъдан ва гудозиши он машғул мешаванд. Онҳое, ки ин корро тирамоҳ анҷом дода наметавонанд, аввали баҳор ба ин кор машғул мешаванд.
Аз қисми болои водии Ванҷ сар карда, то деҳаи Бунай истеҳсоли оҳан, баъди захираи маҳсулоти кишоварзӣ, муҳимтарин воситаи даромади иловагӣ ҳисоб меёбад, ки зиндагии мардумро таъмин менамояд»1.
Тибқи маълумоти олими номбурда дар Ванҷи Боло, дар он ҷое, ки захираи ҳезуму ангишт кофист, қариб ҳар соҳибхона кӯраи оҳангудозии худро дошта, ба иштироки пурраи ҳамаи аъзоёни оила ё ҳашар оҳан истеҳсол менамуданд. Дар қисми поёнии водии Ванҷ, ки захираи ҳезум камтар аст, чанд хонавода якҷоя ба тариқи шарикӣ ба кандани маъдан ва гудохтани оҳан машғул мешуданд. Масалан, дар Техарв, агар як кӯра ба 6 хонавода рост ояд, дар деҳаи поён – Бунай ба 18 хонавода рост меомад.
Миқдори аз кон баровардани маъдан ва истеҳсоли оҳан, пеш аз ҳама, ба захираи ҳезуму лахча (ангишти ҳезум) вобаста буд. Ба ҳисоби миёна дар кӯраҳои дастҷамъӣ аз 25 то 50 бори пуштораи маъдан, ки онро «марсанг» (бори пуштораи як мард, ки тахмин ба 3 пуд баробар буд) мегуфтанд, маъдан рехта ва гудохта мешуд.
  Кӯраи оҳангарӣ ба заминкане шабоҳат дошт, ки дарозиаш 3,5 ва баландиаш ба 2,5 метр баробар буда, бо сангу лой девор карда шуда буд. Бо мурури аз замин баланд шудан девор танг шуда, шакли гунбазро мегирифт. Дар пойгаҳаш чуқурие канда шуда буд, ки хамираи оҳани гудохташуда дар он ҷамъ мегардид. Баъди гузоштани қабати ҳезуму (барои ин кор бештар мувофиқ ҳезуми арча ҳисоб меёфт) маъдан дарашро бо санг девор карда баъд андова мекарданд. Дар чанд ҷои девор найчаи (булӯл) аз гили ба ҳарорати баланд тобовар тайёр карда андохта, нӯки он бо пӯсти бузие, ки барои дам кардан мувофиқ карда шуда буд, васл мегардид. Баъди сӯхта аз кор боромадани булӯл, онро вобаста ба сатҳи хамираи оҳан, баландтар ҷойгир менамуданд ва дар як ҳашар, вобаста ба ҳаҷми оҳани гудохташаванда, аз 10 то 30 булӯл аз кор мебаромад. Мӯҳлати тафсондану беист алов монда дам кардан аз 3 то 5 рӯз давом меёфт. Агар кӯра калонтар мебуду маъдану ҳезум бештар истифода бурда мешуд, мӯҳлати гудозиш аз 8 то 10 рӯз тӯл мекашид. Дар тамоми давраи идомаи ин амал маъдану лахча аз дарича (мӯрӣ) ба даруни кӯра партофта мешуд. Баъди анҷоми кор, кӯраро то хунук шудан дам медоданд. Ин ҳам 3-4 рӯз мӯҳлатро талаб мекард. Сипас девори дари кӯраро гирифта, оҳанро берун мекарданду бо путк қабатҳои болоии онро ҷудо менамуданд. Азбаски оҳан қабат ба қабат мебаст, онҳоро порча-порча ҷудо намуда, барои фурӯш омода мекарданд. Қабати аз ҳама сахти оҳан, яъне мағзаш, ки ниҳоят сахт буду «қурч»-аш мегуфтанд, ба пӯлоди асил шабоҳат дошта, дорои арзиши баланд буд. Онро фиристодагони оҳангарони номии аз давлату мулкҳои дигар омада, ба ивази молу маводи ниёзи мардуми диёр гирифта бо худ мебурданд2. Қайд кардан ба маврид аст, ки нишонаҳои кони оҳан ва оҳангудозӣ дар Ҷорф низ мавҷуданд, вале шояд аз сабаби камии миқдор, мушкилии истеҳсолу сифати ба талаби оҳангарони асил ҷавобгӯ надоштанаш, мавриди истифодаи васеъ қарор наёфта буд.
 Ҳамин тариқ, Ванҷ мулкҳои мустақилу ниммустақили Бухорои Шарқӣ ва Помирро дар тамоми давраҳои таърихи асрҳои миёна, то чоряки якуми асри ХХ аз оҳан таъмин мекард. Оҳани онро то қаламрави Қӯқанду Қошғар мебурданд. «Оҳани Ванҷ, – навиштааст Б.Л. Громбчевский, – дар Осиёи Миёна ва берун аз он шӯҳрати баланд дорад»3. Савдогарон аз бекигариҳои Бухорои Шарқӣ ва дигар мулку давлатҳои ҳамҷавору дур барои оҳан ба Ванҷ меомаданд. Гарчи дар худи Ванҷ устоҳои оҳангар кам набуданд, вале қурчро бо нархи баланд барои устоҳои номдори Қалъаихумб ва дигар марказҳои калони ҳунармандӣ мебурданд.
 Дар худи Ванҷ низ кори оҳангарӣ хеле васеъ ривоҷ ёфта буд. А.А. Семёнов ба маҳсулоти ҳунармандни маҳаллӣ баҳо дода қайд намудаст, ки «маҳсулоти оҳании ҳунармандони ин диёр бо мустаҳкамӣ ва хушсифатии худ фарқ мекунад»4. Аз рӯи мушоҳидаи мутахассисон дар ин ҷо номгӯи махсулоти зиёди рӯзгордорӣ, аз ҷумла дос, каланд, корд, теғи сартарошӣ, ханҷар ё дудама, ошбур, табар, теша, каноҷ, зоғнӯл, занҷири дар, чармбур, каҷик, оҳани лаҷом, ӯзангӣ, наъл, қайчӣ ва боз даҳҳо навъи асбобу усканаи зарурии хоҷагидорӣ сохта мешуд.
 Ҳамин тариқ, шарҳи мухтасари вазъи оҳангарӣ, ки дар боло ишорааш рафт, аз равнақи назарраси ин навъи ҳунармандӣ дар бекигарии Дарвоз шаҳодат медиҳад. Ҳарчанд меҳнатқаринии мардум дар тӯли қарнҳо ҳунари комили коркарди оҳанро нигоҳ медошт, вале ҳанӯз пойбарҷо будани хоҷагии натуралӣ, характери молӣ пайдо накардани маҳсулоти истеҳсолшуда, вобаста ба он тангии бозору пастии қобилияти харидории мардум, пешравии бемайлони ин шуғли аҷдодиро ҷиддан халалдор мекард. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

1  Андреев М. С.Выработка железа в долине Ванча (Верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, $11926.- С.5-7.
2  Ниг.: Андреев М. С.Асари номбурда. – С.7-14.
3  Ниг.: Пирумшоев Ҳ. Ванҷ (Очерки илмӣ-оммавӣ). – М., 2004. – С.561.
4  Семёнов А.А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – С.62.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.