Осиёби ванҷӣ

  Осиёб як корхонаи хурди мардумӣ мебошад, ки аз даврони қадим маълуму машҳур аст. Осиёб таърихи кӯҳан дорад. Аз қадим мардум онро барои ордкунии гандуму ҷаву нахӯду боқило истифода мекарданд. Дар Ванҷ он аз ибтидо воситае барои ордкунии ғалладона ва мева истифода мешуд. Бар зами навъҳои ғаладона дар он тутро тутпуст ва себро сепуст мекарданд. Агарчанде имрӯз аз он хеле кам истифода мекунанд, дар баъзе деҳот дар мавриди корбурд қарор дорад.
  Осиёби ванҷӣ аз ду қисми асосӣ иборат аст: чӯлхуна ва болохуна. Дар чӯлхуна чарх ва сари нов ҷойгиранд. Дар болохуна тагсангу болосанг, дӯлу кавчок (ё кафчок), ктктоку хунаи чқраки ҷои орд мавҷуданд. Чарх ду нӯгаш тез буда, яке дар поён ва як нӯгаш дар боло мебошад. Дар сари болоияш оҳан насб мекунанд, ки ба мисрон монанд аст ва “нароҳан” номида мешавад.  Болотар аз он “болосанг” маҳкам карда мешавад, ки боиси гардиши сангҳо мегардад. Миёнаҷои оҳанро “глӣ” меноманд, ки бо “чӯкак”-ҳои махсус ба хотири “глирав” нашудан маҳкам карда мешавад. “Глирав” ин на ба байни сангҳо, балки ба об афтодани ғалладонаҳо мебошад.
  Об аз “саров” ҷорӣ шуда, ба чарх мезанад, чарх ба гардиш омада,сангро мегардонад.  Дар дӯл ғалла мерезанд, “ктктокчӯв”,  ки дар “кавчок” маҳкам шудааст, “кт-кт” (монанди парранда нӯл задан)  карда, дона рехтан мегирад ва ба мобайнин сангҳо афтода, ҳал шуда, пеш партофта мешавад ва орд дар “хамбанак” ҷамъ мешавад.
  Дар Ванҷи Боло осиёбҳои бобогӣ дар Змахсун, Пойимазор, Сунгад, Ванвани Поён, Мурғудга, Старғ, Лангар, Мдехарв, Шрговаду Ғҷовас боқӣ мондаанд, ки аксар дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд. Шоҳин Абдуллоев. Деҳаи Ванван. 05.06. 2018.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.