Олумбек Шаҳдоров

 shahdorovОлумбег Шаҳдоров, соли таваллудаш 10 маи соли 1924, зодаи деҳаи Жамаги ноҳияи Ванҷ. Фаъолияти кориаш аз соли 1941 оғоз меёбад. Аввал ба ҳайси омӯзгор дар мактаби 7-солаи “8-ми март” дар деҳаи Жамаг то соли 1946 фаъолият намудааст.
  Солҳои 1947-1949 донишҷӯи Донишгоҳи муаллимтайёркунии шаҳри Самарқанд, солҳои 1949-1954 омӯзгор, мудири қисми илмӣ. О.Шаҳдоров сентябри соли 1954 ба ноҳияи Куйбишев кӯчида, дар мактаби миёнаи рақами 4-и ба номи А.С.Пушкин ба ҳайси омӯзгор ва соли 1956 директории мактаб-интернати ҳамин ноҳияро ба ӯҳда доштааст. Солҳои 1957-1961 донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко. Баъди хатми он то ба нафақа баромадан идомаи шуғли омӯзгорӣ дошт. Хизмати намунавии О.Шаҳдоровро ба назар гирифта, соли 1974 ӯ бо унвони баланди ифтихории “Аълочии маорифи халқи СССР” мукофотонида шудааст. Ҳамчунин хизмати О.Шахдоров бо ордени “Нишони фахрӣ” ва чандин ифтихорномаҳо қадр шудааст.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.