Нусратшо Таваллоев

  Нусратшо Таваллоев соли 1933 дар деҳаи Бовуди ноҳияи Ванҷ ВМБК дар хонаводаи деҳқон таваллуд шудааст. Маълумоти 7-соларо дар мактаби миёнаи ба номи В.И.Ленини ҳамин ноҳия гирифта, соли 1946 ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғ дохил мешавад.
  Баъди хатми омӯзишгоҳ соли 1950 барои идомаи таҳсил ба ш.Душанбе омада, ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ба факултаи таъриху филология дохил шуд. Солҳои донишҷӯӣ ба баъзе танқисиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, ба тезӣ паси сар шуданд. Соли 1955 донишгоҳро хатм карда, Нусратшо Тавалоев дар нашриёти давлатии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд.
  Солҳои 1957-1958 дар Институти такмили ихтисос ба ҳайси котиби масъули бюллетени методии институт кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 1958 дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси хабарнигор, муҳаррири калон, мудири шӯъбаи махсус машгули кор буда, ҳоло мудирии бахши дарии идораи барномаҳои бурунмарзиро ба ӯҳда дорад. Таи 45 соли фаъолияташ ӯ дар пешрафти ин самт саҳми назаррас гузоштааст.
  Хизмати намунавию тулониашро ба назар гирифта, ба Н.Таваллоев соли 1983 унвони фахрии “Аълочии радио ва телевизиони давлатии ИҶШС” дода шуд. Дорои се ифтихорномаи радио ва телевизиони ИҶШС буда, 14 маи соли 1980 ба ифтихормомаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистои ва соли 1977 ба ифтихорномаи Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ифтихорномаи Шӯрои Вазирони ИҶШС оид ба дин ва ифтихорномаи
  Президиуми Шӯрои комитети ҳамраъйии кишварҳои Осиё ва Африқо ва чандин ифтихорномаҳои радио ва телевизони ИҶШС қадрёбӣ гаштааст. Барои фаъолияти тӯлониву пурсамараш исми мубораки Н.Таваллоев дар китоби ифтихории радио ва телевизиони Тоҷикистон сабт гашта, соли 1996 ба унвони ифтихории Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.