Муҳаммадӣ Муҳаббатов

   mhamadimhabatЯке аз чеҳраҳои шинохтаи варзиши миллӣ – гӯштигирӣ, Муҳаммадӣ Муҳаббатов 22 апрели соли 1963 ба дунё омадааст.
  Шуғли гӯштиро ҳанӯз аз синни хурди мактабӣ сар намуда, солҳои 1978- 1979 дар мусобиқаҳои мактаббачагону наврасони вилоят ва умумиҷумҳурӣ, ба ҳамаи ҳарифони худ дастболо гашта, ба гирифтани ҷои якум мушарраф гардидааст.
  Ҳанӯз соли 1979 ҳангоми дар синфи 9 хонданаш дар мусобиқае, ки ба муносибати иди инқилоб дар Ванҷ барпо гардид, сездаҳ ҳарифашро мағлуб намуд. Устоди мактабиаш паҳлавон Ҳукуматшо Ғайратов Муҳаммадиро бо зафар табрик намуда, гуфта буд: “Ба ифтихори ҳунари волои паҳлавони наврас, ки сокинони ноҳия ба ояндаи ӯ уммеди калон доранд, хоҳиш мекунам, кафкӯбӣ намоем”. Ин аввалин шӯҳрати волои Муҳаммадӣ дар фатҳи зинаҳои нав банави гӯштигирӣ буд.
  Ба нозукиҳо ва санъати баланди гӯштӣ ин паҳлавон, махсусап дар солҳои адои хизмати ҳарбӣ ва таҳсил дар Донишкадаи варзиши ҷумҳурӣ комёб шудааст.
  Дар байни сарбозони минтақаи Закавказия чандин маротиба голибият ба даст дароварда, ба мукофотҳои баланди фахрию касбӣ ноил гаштааст.
  Ин паҳлавон дар мусобиқаҳои расмии солҳои 1985-1986 ҷумҳурӣ доир ба гӯштии миллӣ ба ҳамаи ҳарифони ҳамвазнаш ғолиб омада, қаҳрамони варзиши ин солҳо эълон шуд. Ҳамчунин дар солҳои 1986-1988 дар мусобиқаҳои расмӣ доир ба тарзҳои гӯштии самбо ва дзюдо дастболо шуда, соҳиби медалҳои тилло гаштааст.
  Ғолиби 7 каратаи мусобиқаҳо дар тарзҳои мухталифи гӯштӣ (дзюдо, самбо ва миллӣ) мебошад. Муҳаммадипаҳлавон дорандаи 11 медалҳои тиллову нуқра ва биринҷӣ дар Тоҷикистон буда, инчунин дар чандин қувваозмоиҳои умумииттифоқӣ, минтақавӣ, спартакиадаи халқҳои ИҶШС ва ғайра борҳо дастболо гаштаст. Ӯ аз бисёр варзишгарони шинохта бо ҷасорати ба худ хос фарқ мекунад. Ӯ устоди варзиши ИҶШС ва миллӣ аст.
  Шиносоии амиқ бо фаъолияти варзишии паҳлавон, нишондиҳандаҳои хеле назарраси он аз нақши мукаммали Муҳаммадипаҳлавон дар ҳаёти варзиши чумҳурӣ гувоҳӣ медиҳанд.
  Ӯ имрӯз мураббии ҷавонони зиёди лаёқатманде мебошад, ки дар оянда ливои варзиши тоҷикро баланд нигоҳ хоҳанд дошт. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.