Мо аз он майдонғарибон нестем

  Баъзан дар олами рӯъё ва гоҳе ҳам дар дунёи воқеӣ ба тасодуфу ҳаводисе рӯ ба рӯ мешавем, ки ё дафтари хотираҳоро варақгардон месозад ва ё баръакс – гузаштаро дар ҳоли ҳозир ба намоиш мегузорад. Аз асли мақсуд дур намеравам: зуду оҷил сари ҳадаф бармегардам. Аз замоне, ки мо ба муаррифӣ ва дастгирии бештари иттилоотии варзишгарон (дар мисоли паҳлавонони водии Ванҷ) даст ба кор шудем, бо аксари эшон дидору суҳбатҳо, мусоҳиба ва гуфтумонҳо доштем. Ҳарфу андешаҳои зиёди гуфтанӣ (навиштанӣ) буд, ҳаст ва дар оянда низ хоҳад буд…
  Аммо аз ҳама бештар рафтору гуфтор, ҷиддият ва ваъдаҳои биёраки майдондорамон, паҳлавони хушному хушбаён, хушкору хушсухан, Хушқадам Хусравови алъон Қаҳамони ҷаҳон дар риштаи самбо (нахустин қаҳрамони ҷаҳон аз Бадахшон дар куштӣ) дар зеҳнам хутур менамояд.
  Хушқадам бо он ки пай дар пай дар сабқатҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ба мақомҳои ифтихории дуввум ва саввум сазовор мешуд, аз роҳи пешгирифта ва тасмими қаҳрамон шудан дар ин ҷода барнамегашт, ки барнамегашт. Ва хато ҳам накард! Аҳсан, биёраки азиз! Ёдам ҳаст: зимни як суҳбат (соли 2011) гуфта буд, ки “ака, бо инояти Худо, ман бояд чемпиони ҷаҳон шавам”, баъдтар иброз дошт, ки “ба ҳар навъе бояд орзуи бобаму мураббиамро ҷомаи амал пӯшонам!”. Ва пӯшонд! Офарин, азизи дил! Ту, на фақат орзуи бобату мураббӣ, ту орзуи кулли мардуми сарзамини мардхезро дар мисоли рӯшан нишон додӣ! Бар падару аҳлу авлоду модару тамомии табори дуру наздикат 1000 аҳсан!.
  Зери як матлаби банда дар девори фейсбукиам (як сол пеш, 2017) бошад, Хушқадам шарҳе гузошта буд. Онро айнан меоварам:
“Мо аз он майдон ғарибон нестем,
Ки дили мо бетақазо бишкананд!
Гардани гардуни гардон бишканем,
Пеш аз он ки гардани мо бишкананд!”
  Дарвоқеъ, бо гузашти як сол Хушқадам Носирпури Хусрав исбот кард, ки “мо аз он майдонғарибон нестем, қабл аз он ки гардани мо бишкананд, мо омодаем, ки гардани гардуни гардон бишканем!” Ва чӣ мегӯед, ки ҳама ин пайкор, саъю кӯшиш, заҳмату ранҷ ва тамрину омодагиҳои Хушқадам чӣ натиҷа доданд?!
  Албатта, натиҷаи олӣ ва беназир!. Ӯ унвони Қаҳрамониро ба даст овард, худ сарбаланд буд, сарбаландтар шуд, сари болои моро боз ҳам болотар кард! Худо ёру мададгорат, биёраки ҷун! Бош то бошем! Ифтихори Ванҷ, фахри Бадахшон, номбардори Тоҷикистон!
  Ба ҷои хотима: Акнун роҳ барои фатҳи қуллаҳои буланди варзишӣ, ба даст овардани унвони Қаҳрамонии ҷаҳон барои биёракои азизу гиромиамон: Сомон ва Маҳмадбек Маҳмадбековҳо, Зафар Олимшоев, Охиров Нозимҷон, Назарзода Анӯшервон Бузургмеҳр, Суруш Эркаев ва дигар азизони дилу дида боз шуд!. Мо мунтазири пирӯзиҳои Шумо ҳастем! Худо ёру мададгор!. Хилватшоҳ Маҳмуд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.