Моҳрухон Бидонова

  Соли 2005 аз сабабе, ки шохи дарахт чашмамро зарб дода буд, ба маркази саломатӣ (поликлиника)-и ноҳиявӣ ба Рохарв рафтам. Чун бинои асосӣ дар таъмир буд, марказро муваққатан дар бинои интернат ҷой карда буданд. Ҳуҷраи духтури чашмро ëфта, бо иҷозат дохили ҳуҷра шудам. Маро онҷо хоҳари меҳрубону хушсухан ва дилсӯзе, ки бояд хислати ҳақиқии ҳар духтур бошад, пешвоз гирифт. Чашмамро муоина карда, доруворӣ дод.
  Ин табиби ҳозиқ ва соҳибэҳтироми хурду калони ноҳия апаи Моҳрухон буд. Моҳрухон Бидонова 1 сентябри соли 1962 дар деҳаи хуштабиату хушманзараи Мдехарви ҷамоати Рованд зода шудааст. Маълумоти миëнаро дар мактаби зодгоҳаш гирифтааст. Соли 1980 баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тибии Тоҷикистон супурд. Соли 1986 ДТТ ба номи Синоро бо ихтисоси офтолмолог ба итмом расонид.
  Ҳамон сол бо роҳхат ба ноҳияи Ванҷ баргашта, дар маркази саломатӣ ба кор даромад. Апаи Моҳрухон духтури дорои дараҷаи олӣ буда, собиқаи кории 33 сола дорад. Ва 17 сол дар маркази саломатии маркази ноҳияи Ванҷ кор кардааст. Аз соли 2002 то соли 2005 дар вазифаи директори Коллеҷи тибии ноҳияи Ванҷ адои вазифа намудааст.
  Чун табиби дилу дидаҳо буд, то ҳоло аз ӯ ба некӣ ном мебаранд. Баъд ба пойтахт омада, ҳоло дар беморхонаи Каряи Боло (дар 5-ум корпус) ҳамчун духтури бемориҳои чашм адои вазифа мекунад. Мо ба ин табиби асил дар фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳо таманно дорем. Давлатмир Давлатов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.