Мирзо Ташрифов

  MirzotashrifМирзо Ташрифов соли 1933 дар деҳаи Баравн, деҳшӯрои Жовиди ноҳияи Ванҷ, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1947 чун деҳқон оғоз ёфт.
    Баъди хизмат дар сафҳои Артиши  Шӯравӣ (1952-1955) дар колхози ба номи Фрунзе (совхози “50-солагии СССР”) ба шуғли чӯпонӣ шурӯъ намуда, дар тӯли солиёни зиёд дар ин ҷода муваффақиятҳои назаррас ба даст меорад. Ҳамасола аз ҳар сад гӯсфанд то 114 сарӣ барра гирифта, солим парвариш менамуд. Бо туфайли ҳамин меҳнати садоқатмандона ӯ бо эътибори эътирофи ҳамдиёрону берун аз ноҳия сазовор гаштааст.
  Дорандаи унвонҳои ифтихории “Чорводори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба ҳайси намояндагии халқ депутатии Шӯроӣ Олии ҶШС Тоҷикистон соли 1971 (даъвати 8) интихоб гардидааст. Хизматҳои намунавии М.Ташрифов аз тарафи Ҳизби роҳбар ва ҳукумати Ҷумҳурӣ бо ордени  Инқилоби Октябр ва медалу ифтихорномаҳо қадр шудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев. Ҳуруфчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.