Мармари Даштак

  Дар солҳои охири 70 ва аввали 80-и асри XX кони санги мармареро, ки дар мавзеи Сахаи деҳаи Лугад ҷойгир аст, чунин ном мебурданд. Он солҳо гурӯҳи мутахассисон аз Маскав омада, онро омӯхта, ба коркардаш иҷозат доданд. Мутахассисони асосӣ аз Маскав онро идора карда, кор доимо зери назорати марказ буд.
  Сангро бо усули таркониш гирифта, барои коркард ба коргоҳи сангтарошӣ, ки аз кон дар масофаи 16 км дуртар дар мавзеи Ҷангал ҷойгир буд, мебурданд. Дар он ҷо сангро дар дастгоҳҳои сангтарошӣ бурида, баъдан суфта, ба қуттиҳо андохта,тавассути мошинҳо ба Душанбе ва аз онҷо бо қатора ба Маскав мебурданд.
  Ҳам дар кон ва ҳам дар корхона коргарони маҳаллӣ, ки курсҳои коркарди сангро дар Маскав гузашта буданд, кор мекарданд. Барои коргаронро ба ҷои кор расондан автобус ҷудо шуда буд. Баъди пошхӯрии Шӯравӣ кор дар ин ҷо бозистод. Баъдтар, аз соли 1998 кор бо усули буриши санг бо асбобҳои махсус шурӯъ гардид. Сангҳои ба шакли мукааб буридаро рост ба Душанбе мефиристоданд.
  Санги дар коргоҳи ин ҷо коркардшударо асосан дар сохтмони иншооти давлатӣ истифода мебаранд. Соли 2014 дар мавзеи Сахаи деҳаи Лугад корхонаи коркарди хокаи санги мармар сохта шуд ва дар охири ҳамон сол ба кор оғоз намуд. Дар он 15-20 нафар аз мардуми маҳаллӣ соҳиби ҷои кор гаштанд. Дар назди корхона сехи истеҳсоли блоки сементӣ низ амал мекунад. Умед аст, ки дар оянда чунин корхонаҳои саноатӣ зиёд мешаванду мардуми таҳҷоӣ ба қадре аз мушкилоти бекорӣ раҳоӣ меёбанд. Давлатмир Давлатов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.