Мададбек Тоҷибеков

  tojibekmМададбек Тоҷибеков – доктори илмҳои геологияю минералогия. М.Тоҷибеков 28 сентябри соли 1948 дар деҳаи Ардобаки ҷамоати Жовиди ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар оилаи деҳқон таваллуд шудаст. Пас аз хатми мактаб- интернати ноҳияи Рӯшон, солҳои 1967-1971 донишҷӯи факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва солҳои 1971-1973 аввал муҳаққиқ-худомӯз, сипас ба ҳайси лаборанти калони кафедраи минералогия ва петрографияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1973-1992 ба ҳайси ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ АУ ҶТ адои вазифа доштааст. Соли 1986 дар Шӯрои илмии Донишгоҳ политехникии ш.Фрунзе оид ба мавзӯи «Ҳаракатҳои навтарини неотектоникии минтақаи Тоҷикистони Ҷанубӣ рисолаи номзадиро ҳимоя намуд.
  Аз соли 1992 дотсенти кафедраи геология ва менеҷменти техникию маъдан, ҷонишини декан оид ба таълим (1993) ва илмро (1994-1995) ба дӯш дошта барои рушди сифати таълим хизмати назаррасеро ба ҷо овардааст.
  М.Тоҷибеков муаллифи зиёда аз 100 мақолаву фишурдаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ буда, рисолаҳои «Зилзила ва муҳити зист» бо ҳаммуаллифии К.Вазиров (1997) ва «Дастур оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ-саҳроӣ аз геология» дар шарикмуаллифӣ бо С.Казаков,
  А.Ҳасанов (2000) ва боз чандин дастурҳои методию таълифоти илмиро ба табъ расондааст. Ӯ борҳо чун иштирокчии конференсияҳои байналхалқӣ илми тоҷикро дар минбарҳои баланд муаррифӣнамудааст. (Аз китоби “Ванҷи ман”-и Ҳ. Пирумшо).

Тоҷибеков Мадатбек

  Тоҷибеков Мадатбек доктори илмхои геологияю минералогия, профессори кафедраи гидрогеология ва геологияи мухандисӣ 28 сентябри соли 1949 дар деҳаи Ардобаки ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1955 ба синфи 1-ум дохил шуда, то синфи 9-ум дар ноҳияи Ванҷ таҳсил намудааст. Сипас солҳои 1964-1966 таҳсилашро дар интернати давлатии ноҳияи Рӯшон идома додаст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1966 ба факултети геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда онро соли 1971 ба итмом расонидааст. Баъди хатми ин донишгоҳ дар кафедраи минералогия ва петрографияи факултети номбурда ба ҳайси тадқиқотчӣ-коромӯз фаъолият намуда, аз соли 1972 дар Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон аввал ба ҳайси лаборанти калон, сипас ходими илмӣ фаъолият намудааст.
  Соли 1986 дар шаҳри Фрунзеи (ҳозира Бишкек) РСС Қирғизистон рисолаи номзадиро дар мавзуи «Пастхамиҳои миёнакӯҳии Ҳисору Олой дар марҳилаи нави инкишофи геологӣ» зери рохбарии профессор М.М.Кухтиков ва номзади илмҳои геология ва минерология Л.М.Лисков ҳимоя намудааст. Дар давоми солхои 1987-1992 ҳамчун котиби Шӯрои дисертатсиони оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ доир ба илмҳои геологияю минералогия бо ихтисоси 04.00.04-«Геотектоника» дар назди Институти геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифоаи вазифа намудааст.
  Аз соли 1992 то соли 2002 ба сифати дотсент, муовини декан оид ба таълим, илм ва тарбия, сипас аз соли 2002 то 2008 ба ҳайси мудири кафедраи гидрогелогия ва геологияи муҳандисӣ фаъолият намудааст. Соли 2007 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон рисолаи докториро дар мавзӯи «Қонуниятҳои асосии сохтори геологӣ ва таърихи пайдоиши пастхамиҳои миёнакӯҳии қисмати Ҷанубу Шарқии Осиёи Миёна дар марҳилаи нави геологӣ» ҳимоя намудааст. Солхои 2008-2009 ба ҳайси декани факултети геология, 2009-2012 ҳамчун мудири кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок фаъолият намудааст. Аз соли 2012 то дами марг ба ҳайси профессори кафедраи гидрогеология ва гелогияи муҳандисӣ фаъолият намуд.
  Иштирокчии чандин кофронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ мебошад. Зиёда аз 220 кори илмӣ, илмию методӣ, аз он ҷумла 4 монография оид ба неотектоника, геоморфология, гелогияи минтақавӣ, сейсмотектоника, гидрогелогия ва геологияи муҳандисии мавзеъҳои Хисору Олой, Помир ва Пастхамии Тоҷик иншо намудааст. Таҳти роҳбарии ӯ 2 рисолаи номзадӣ ва як рисолаи докторӣ дифоъ карда шудааст ва 1 рисолаи номзадӣ дар арафаи ҳимоя мебошад. Рохбари 6 аспиранти дохилию хориҷиро ба ухда дошт. Бо назардошти хизматҳои шоёни илмию омузгорӣ Точибеков М. бо нишони фахрии «Аълочии маъорифи Точикистон» сарфароз гардидааст.
  Ҳангоми фаъолияташ дар Донишгоҳи миллии Точикистон ва ҳамкориаш дар факултети географияи Донишгоҳи омӯзгории Точикистон ба номи С.Айни Тоҷибеков Мадатбек ҳазорҳо кадрҳои баландихтисоси соҳаи геологияю географияро ба воя расонидааст, ки дар риштаҳои мухталифи ин соҳаҳо имрӯзҳо кору фаъолият намуда, эшонро танҳо бо арзу сипосу некномӣ ёдовар мешаванд.
  Точибеков Мадатбек бо некномию ҳалимӣ, хоксорию таҳаммулгароияш дар байни хешу табор, ҳамкорону дӯстон, ва шогирдонаш шӯҳратёр буд ва ҳамчунин дар қалби эшон ҷовидон боқӣ хохад монд. Тоҷибеков Ҷурабек.

  1. Бо Устод Точибеков пеш аз огози донишчуи ошнои доштем ва даврони донишчуи дар баробари Устоду шогирд будан дустии комил баркарор шуд ки то охирин лахзаои хаёти муаллим боки монд. Бе шак аз ин дусти, шогирди ва хамкори хотироти саропо нек ва шухе боки монд. Афсуз ки умр вафо накард…

  2. Худо биёмурза амакма джоша джанатул фирдавс гардона АЛЛОХ.Чи кадаре бигуем дар хаки бузургмарди амакам кам аст.
    Ёдашон ба хайр.

Добавить комментарий для Меҳмон Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.