Иқтисоди исломӣ

Иқтисоди исломӣ. Чаро?

  Иқтисод ба унвони яке аз масоили муҳимтарини башарӣ матраҳ аст ва Ислом низ ба он нигариши хос дорад. Иқтисоди исломӣ бар хилофи иқтисоди ғарбӣ бар қаноат ва парҳез аз масрафгироӣ таъкид дорад. Масрафгироӣ ба маънии баробар донистани хушбахтии шахсӣ бо хариди дороиҳои моддӣ ва масраф аст. Ин истилоҳот ағлаб интиқодот нисбат ба масрафро, ки бо Карл Маркс ва Торстайн Веблерро оғоз шуд, тадоӣ мекунад.
  Иқтисоди ғарбӣ ниёзҳои инсонро номаҳдуд ва манобеъву имконоти ҷаҳонро маҳдуд медонад. Дар ҳоле, ки дар Ислом манобеъ ва имконот номаҳдуд муаррифӣ шудаанд. Дар Қуръон дар ояти 34-и сураи “Иброҳим” омадааст:
“Ва агар бихоҳед неъматҳои Худовандро дар шумор биоваред наметавонед неъматҳои ӯро ба ҳадду ҳасре маҳдуд кунед”.
  Ислом масъалаи иқтисодро (бар асоси асолати инсон) ба унвони ҷузъе аз маҷмӯаи қавонини худ, ки танҳо метавонад қисмате аз навоҳии ҳаёти инсонро танзим кунад, мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода, ҳалли мушкилоти иқтисодиро дар ислоҳи мабонии ақидатӣ ва ахлоқии мардум медонад.
  “Ва агар мардум имон овардаву парҳезгор буданд, мо абвоби баракоти замину осмонро бар онҳо гушуда будем….”(Қуръон).
  Ислом иқтисодро дар ҷиҳати аҳдофи олияи башар медонад ва бар ин асос, нигариши сусиёлистӣ ё сармоядорӣ, ки иқтисодро мабно қарор медиҳанд, рад мекунад.
  Равиши Ислом дар тавзеъи сарват ҳаром донистани рибо ва истифода аз паймонҳои исломӣ ба мисоли музораъа, мусоқот, ҷиола ва ғайра аст.
  Иқтисод донише аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба камбуди коло, абзори тавлид ва ниёзҳои номаҳдуди башарӣ ба тахсиси беҳинаи колоҳо ва тавлидот мепардозад. Пурсиши бунёдин барои дониши иқтисод масъалаи ҳадди аксар шудани ризоят ва матлубияти инсонҳост. Ин дониш ба ду бахши аслии иқтисоди хурду калон тақсим мешавад.
  Мақсад аз навиштани ин муқаддима он аст, ки солҳои охир таваҷҷӯҳ ба иқтисоди исломӣ аз доираи кишварҳои мусулмоннишин ҳам берун шудааст. “Миллат ва Ислом” ҳамеша матолиберо ба нашр мерасонад, ки бо мазомини исломӣ тавъаманд. Аз ин ба баъд тасмим дорем, ки дар ин сафҳа бештар оид ба ҷавониби иқтисоди исломӣ ва пайванди он бо ҷомеаҳои мусулмоннишинро ба нашр бирасонем. Зеро ҳар мусулмон пеш аз истифодаи ҳар чизе ҳалол ва ҳаром будани онро дар мадди назар мегирад ва маҳз донистани ҳамин чиз барои мусулмонон ва дар иқтисоди исломӣ дорои аҳамияти аввалиндараҷа мебошад.
  Зоҳиршоҳи Давлат. 2008-11-14.

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.