Инсони закиву донишманд

Хотироте аз марди наҷиб, шахсияту инсони хирадманду доно Мададбек Тоҷибеков

  Инак, 5 баҳорест, ки ин инсони закиву донишманд моро тарк гуфтанд. Мададбек Тоҷибеков зодаи Ванҷзамин будаву даврони ҷавониашонро миёни арчазорону дар лаби даречаҳои шӯхи ин мавзеьи хушбоду ҳавои кишвар паси сар кардааст. Маҳз табиати диёр Мададбекро водор сохтааст, ки касби пурифтихори геологро пеша кунад. Дар факултаи геологияи Донишгоҳи миллӣ аз устодони сахтгиру меҳрубон паҳлуҳои нозуки илми геологияро аз худ намудаву ба шоҳроҳи илм раҳсипар гардидааст.
  Сароғоз фаьолияти худро дар Институти геологияи Академияи илмҳо ба роҳ мондаву ба омузиши геологияи минтақавӣ, геоморфология ва равандҳои геодинамикии замонавӣ сахт камари ҳиммат баст. Пас аз чанд муддат дар асоси натичаҳои илмии ба дастовардааш рисолаи номзадии хешро дифоь намуд…
  Баьдан бо таклифи садорати онвақти факултаи геология кору фаьолияти хешро дар ин махзани илму маьрифат давом дод. Тайи солҳои тӯлонӣ дар баробари иҷрои корҳои илмӣ, ба таьлиму тадриси ҷавонони маҳаллӣ – мутахассисони соҳа сахт машғул гардид. Дар радифи дигар устодони факулта хешро чун устоди пуртаҷриба нишон дода, миёни муҳассилин чун шоҳсутуни илму маьориф номвар гардид.
  Дар баробари эҷоди асару мақолаҳои илмии соҳавӣ, устод Мададбек Тоҷибеков чанд нафар ҷавононро гирд овардаву мактаби илмии худро боз намуд. Аз ин мактаби илмӣ имрӯз ҷавононе рӯйи кор омаданд, ки соҳиби унвону мартабаҳо гардидаанд. Маликдод Ғайратов, Раҷабалӣ Андамов, Рустам Талбонов ва зумра дигар устодони имрӯзи факулта маҳз сабақгирифтаи мактаби Мададбек Тоҷибеков хастанд, ки имруз фахр аз ин мекунанд.
  Марҳум доим дар ҷустуҷӯю навоварӣ буданд. Оид ба проблемаи кандашавии сарбанди кӯли Сарез тайи солҳои охир пурмаҳсул фаьолият доштанд. Чандин мақолаву навиштаҷоти илмиро дар ин самт рӯйи коғаз овардаву ифшо кардаанд. Оид ба ин проблема ҳамасола дар конфронсу симпозиумхо бо маьрӯзаҳои пурӯҳтавои илмӣ баромад менамуданд.
  Устод дар ҳаёти начандон тӯлонии худ ба касе бо чашми кам нанигаристаанд. Мудом дастгиру кӯмакрасон буданд. Лек, пайдо шуданд, инсонҳое, ки аз дастоварду комёбиҳои марҳум ғамгин гаштаву кушиш мекарданд, ки садди рохаш шаванд.
  Дар як нишасте бо устод, эшонро ғамгин дидам ва асли воқеаро пурсон гаштам. Гуфтанд: – “Фарҳодбой, дар умри хеш ба касе бо чашми кам назар накардаам. Тавонистам, то қадри имкон ба ҳар касе дасти кӯмак дароз кардаам. Вазифае аз касе талаб накардаам…”. Воқеан, пас аз як муддати ҳимояи рисолаи докториашон аз болои он кас мактубе ба унвонии Комиссиони Олии Аттестатсиони аз ҷониби ин қабил афрод ворид гардидааст. Марҳум дарҳол аз паси он “ислоҳ”-ҳо шуданд. Дар ҳузури аьзоёни КОА ҳақ будани нуқтаҳои назари хешро бори дигар исбот намудаву пас аз чанде соҳиби унвони доктори илмҳои геология ва минералогия гаштанд…
  Устод ҳар гоҳе, ки вориди бинои таьлимии факултаи геология мешуданд, ба ростӣ, нури факулта медаромад. Шогирдон дарҳол раҳравро холӣ мекарданду аз ду тараф устодро истикбол мегирифтанд…
  Мададбек Тоҷибеков тайи солҳои тӯлонӣ хело вазифаҳои пурмасьулиятро бар дӯш доштанд. Сараввал муовини декани факулта оид ба таьлим, раиси Шурои методӣ, мудирии кафедраҳои гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданокро сарбаландона иҷро кардаанд. Муаллифи зиеда аз 250 маколаву асари илмӣ, дастурамалу воситаи таьлими буданд….
  Ва имрӯз ҷои Устод холист.. Лек кору фаьолияти устодро мо шогирдон давомбахш хастем…

Фарҳод Ғафурзода – номзади илмҳои геология ва минерология.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.