Идрис Саидов

  Яке аз фарзандоне, ки дар ободии диёри Ванҷ саҳми босазои худро гузоштааст, Идрис Саидов мебошад. Идрис Саидов 1 июли соли 1952 дар деҳаи Баравни ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷ зода шудааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби №41-и зодгоҳ гирифта, мактаби миёнаи №6-и деҳаи Вравзро хатм карда, ҳамон сол (1969) донишҷӯи Техникуми политехникии Душанбе, факултаи мелеоратсия ва хоҷагии об (гидрофак) шуда, техникумро соли 1972 бомуваффақият ба итмом мерасонад.
Бо роҳхати Вазорати мелеоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ ба ноҳияи Колхозобод (Ҷ.Румӣ) фиристода шуда, дар муддати 2 сол дар он ҷо ба ҳайси муҳандис-мелеоратори идораи Тоҷикселхозтехника фаъолият мекунад. Соли 1974 ба зодгоҳаш, ноҳияи Ванҷ баргашта, дар идораи Мелеоратсия ва хоҷагии оби ноҳияи Ванҷ дар вазифаи муҳандис-мелеоратор то соли 1985 заҳмат мекашад.
Соли 1985 қобилияти кордонию ташкилотчигияшро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи сардори идораи Мелеоратсия ва хоҷагии оби ноҳияи Ванҷ таъйин менамоянд, ки дар тӯли 26 сол (то соли 2011) ифои вазифа мекунад. Аз соли 2011 то 2015 ба ҳайси муҳандиси калони Шӯъбаи сохтмони асосии Вазорати мелеоратсияи ҷумҳурӣ иҷрои вазифа кардааст. Соли 2015 ба нафақа баромада бошад ҳам, ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи мелеоратсия ва об бо ширкатҳои хусусӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ кор мекунад.
Дар давоми сарварияш дар бунёди каналҳою ҷӯйборҳо ва хатҳои обгузари ҳудуди ноҳия саҳм дорад. Солҳои 1980 канали Сурхсангов, 1985 канали Даштак, 1987 дар бунёди канали мавзеи Реғҷ (Бунай), 1989 канали Техарв, 1990 канали Баравни Тор, 2000 канали Лахш, обёрии мавзеҳои нав дар деҳаи Удоб, Дагти Язгулом, Баравни Жовид, канали Ғуҷоваст-Вишхарвак, канали Тореғи Вравз, сохтмони хати калони обгузари (дюкер) Сурхсангов, барқарорсозии насосҳои (дизел) обкаш дар мавзеъҳои Хумроғии 1 ва 2, Дашти Бовуд, Дашти Язгулом, Вишхарвак, Даштак, Баравни Водхуд, бунёди НОБ-и деҳаи Поймазор (бо ҳамкории МСДСП-и Хазинаи Оғохон), бо ҳамкории ташкилотҳои ғайридавлатӣ, мисли ҶДММ “Ҷовид” соҳилмустаҳкамкунии Рузвай, Бунай, Сурхсангов, Баҳрӯшон, Кеврон, ҶДММ “Азал” хати оби нӯшокии Удоб-Гиҷ,ҶДММ “Румайса” сохтмони канали Ғуҷоваст-Вишхарвак саҳми босазои худро гузоштааст.
Хизматҳояш бо ифтихорномаҳои Вазорати мелеоратсияи ҷумҳурӣ қадрдонӣ шуда, номаш дар китоби “70-солагии Вазорати мелеоратсияи Ҷумҳури Тоҷикистон” дарҷ гардидааст. Давлатмир Давлатов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.